[Ҳамон] Касоне, ки фариштагон [-и азоб] дар ҳоле ҷонашонро мегиранд, ки [ба сабаби ширк дар дунё] ба худ ситам карда буданд. Пас, [онон дар ҳангоми марг] сари таслим фуруд меоваранд [ва мегӯянд:] «Мо ҳеҷ [кори] баде намекардем. Оре, мусалламан Аллоҳ таоло ба он чи мекардед доност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
28. Касоне ҳастанд, ки бар худ ситам раво доштаанд дар ҳоли куфрашон, чун фариштагон ҷонашонро биситонанд, сари таслим фуруд оранд ва гӯянд: «Мо ҳеҷ кори баде (ширке) намекардем». Фариштагон барояшон гӯянд: Оре, Аллоҳ аз корҳое, ки мекардед, огоҳ аст ва бар он амалҳоятон ҷазоятон хоҳад дод.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\16
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\16
الترجمة الطاجيكية
ٱلَّذِينَ تَتَوَفَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ ظَالِمِيٓ أَنفُسِهِمۡۖ فَأَلۡقَوُاْ ٱلسَّلَمَ مَا كُنَّا نَعۡمَلُ مِن سُوٓءِۭۚ بَلَىٰٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Касоне ҳастанд, ки бар худ ситам раво доштаанд, чун фариштагон ҷонашонро биситонанд, сари таслим фуруд оранд ва гӯянд: «Мо ҳеҷ кори баде намекардем». Оре, Худо аз корҳое, ки мекардед, огоҳ аст.
Tajik - Tajik translation