ترجمة معاني سورة النّمل باللغة الطاجيكية من كتاب Tajik - Tajik translation
ﰡ
آية رقم 1
НАМЛ
То, син. Ин аст оёти Қуръон ва китоби равшангар.
آية رقم 2
ﭙﭚﭛ
ﭜ
Раҳнамун ва хушхабарест барои мӯъминон:
آية رقم 3
онон, ки намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва ба рӯзи қиёмат яқин доранд.
آية رقم 4
Амалҳои онҳоеро, ки ба охират имон надоранд, дар дар назарашон биёростем. Аз ин рӯй саргашта мондаанд.
آية رقم 5
Онҳо ҳамон касонанд, ки азоби сахт аз они онҳост ва дар охират зиёнкортаранд.
آية رقم 6
Ту касе ҳастӣ, ки Қуръон аз ҷониби Худои ҳакиму доно ба ту нозил мешавад.
آية رقم 7
Мӯсо ба хонаводаи худ гуфт: «Ман аз дур оташе дидам, ба зудӣ, ки аз он бароятон хабаре биёварам ё пораи оташе. Шояд гарм шавед».
آية رقم 8
Чун ба оташ расид, садояш доданд, ки баракат дода шуда он, ки даруни оташ аст ва он, ки дар канори он аст. Ва пок аст Худои якто, он Парвардигори ҷаҳониён!
آية رقم 9
ﮥﮦﮧﮨﮩﮪ
ﮫ
«Эй Мӯсо, Ман Худои ғолибу ҳаким ҳастам.
آية رقم 10
Асоятро бияфкан!»; Чун дидаш, ки монанди море меҷунбад, гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. «Эй Мӯсо, матарс. Паёмбарон набояд, ки дар назди ман битарсанд,
آية رقم 11
ғайри касе, ки гуноҳе карда бошад ва пас аз бадкорӣ некӯкор шавад. Зеро Ман бахшояндаву меҳрубонам!
آية رقم 12
Дастатро дар гиребон бибар, то бе ҳеҷ осебе сафед берун ояд. Бо нӯҳ нишона назди Фиръавн ва қавмаш бирав, ки мардуме фосиқанд».
آية رقم 13
Чун нишонаҳои равшани Моро диданд, гуфтанд: «Ин ҷодуе ошкор аст!»
آية رقم 14
Бо он, ки дар дил ба он яқин оварда буданд, вале аз рӯи ситаму бартариҷӯӣ инкораш карданд. Пас бингар, ки оқибати табаҳкорон чӣ гуна бувад!
آية رقم 15
Мо ба Довуду Сулаймон дониш додем. Гуфтанд: «Шукр Худоро аст, ки моро бар бисёре аз бандагони мӯъмини худ бартарӣ дод!»
آية رقم 16
Ва Сулаймон вориси Довуд шуд ва гуфт: «Эй мардум, ба мо забони мурғон омӯхтанд ва аз ҳар неъмате ато карданд. Ва ин иноятест ошкор!»
آية رقم 17
Сипоҳиёни Сулаймон аз ҷинну одами ва парранда гирд омаданд ва онҳо ба саф мерафтанд.
آية رقم 18
То ба водии мӯрчагон расиданд. Мӯрчае гуфт: «Эй мӯрчагон, ба лонаҳои худ дароед, то Сулаймону лашкариёнаш шуморо бехабар помол накунанд».
آية رقم 19
Сулаймон аз сухани ӯ лабханд заду гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро тавфиқ деҳ то шукри неъмати туро, ки бар ман ва падару модари ман арзонӣ доштаӣ, ба ҷой оварам ва корҳои шоистае кунам, ки ту хушнуд шавӣ ва маро ба раҳмати худ дар шумори бандагони шоистаат даровар!»
آية رقم 20
Дар миёни мурғон ҷустуҷӯ кард ва гуфт: «Чаро ҳудҳудро намебинам. Оё аз ғоибшудагон аст?
آية رقم 21
Ба сахттарин тарзе азобаш мекунам ё сарашро мебурам, агар барои ман далеле равшан наорад».
آية رقم 22
Дер карданаш ба дароз накашид. Биёмаду гуфт «Ба чизе даст ёфтаам, ки ту даст наёфта будӣ ва аз Сабо бароят хабаре дуруст овардаам.
آية رقم 23
Занеро ёфтам, ки бар онҳо подшоҳӣ мекунад. Аз ҳар неъмате бархурдор аст ва тахте бузург дорад.
آية رقم 24
Дидам, ки худ ва мардумаш ба ҷои Худои якто офтобро саҷда мекунанд. Ва шайтон амалҳояшонро дар назарашон биёростааст ва аз роҳи Худо гумроҳашон кардааст, чунон ки рӯи ҳидоят нахоҳанд дид.
آية رقم 25
Чаро Худоеро, ки ниҳони осмонҳову заминро ошкор мекунад ва ҳар чиро пинҳон медоред ё ошкор месозед, медонад, саҷда накунанд?
آية رقم 26
Худои якто, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Парвардигори арши азим». (Саҷда).
آية رقم 27
Гуфт: «Акнун бингарем, ки рост гуфтаӣ ё дар шумори дурӯғгӯёнӣ.
آية رقم 28
Ин номаи маро бибар ва бар онҳо афкан, сипас ба як сӯ шав ва бингар, ки чӣ ҷавоб медиҳанд».
آية رقم 29
Зан гуфт: «Эй бузургон, номае гиромӣ ба сӯи ман партофта шуд.
آية رقم 30
Нома аз Сулаймон аст ва ин аст: «Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон».
آية رقم 31
ﮯﮰﮱﯓﯔ
ﯕ
«Бар ман бартарӣ маҷӯед ва ба таслим назди ман биёед».
آية رقم 32
Зан гуфт: «Эй бузургон, дар кори ман раъй бидиҳед, ки то шумо ҳозир набошед, ман ҳеҷ кореро ҳал натавонам кард».
آية رقم 33
Гуфтанд: Мо қудратмандон ва соҳибони ҷанги сахт ҳастем. Корҳо ба дасти туст. Бингар, ки чӣ фармон медиҳӣ».
آية رقم 34
Зан гуфт: «Подшоҳон чун ба деҳае дароянд, вайронаш мекунанд ва азизонашро хор месозанд. Оре, чунин кунанд.
آية رقم 35
Ман ҳадяе наздашон мефиристам ва менигарам, ки қосидон чӣ ҷавоб меоваранд».
آية رقم 36
Чун қосид назди Сулаймон омад, Сулаймон гуфт: «Оё мехоҳед ба мол маро ёрӣ кунед? Он чӣ Худо ба ман дода, аз он чӣ ба шумо дода беҳтар аст. На, шумо ба ҳадяи худ шодмон ҳастед.
آية رقم 37
Акнун ба наздашон бозгард. Лашкаре бар сарашон мекашем, ки ҳаргиз тоқати онро надошта бошанд. Ва ба хориву зори аз он ҷо берунашон мекунем».
آية رقم 38
Гуфт: «Эй бузургон, кадом як аз шумо тахти ӯро, пеш аз он, ки ба таслим назди ман ояд, бароям меоваред?»
آية رقم 39
Ифрите аз миёни ҷинҳо гуфт: «Ман қабл аз он, ки аз ҷоят бархезӣ, онро назди ту ҳозир мекунам, ки ман бар ин кор ҳам тавонояму ҳам боваринок».
آية رقم 40
Ва он кас, ки аз илми китоб баҳрае дошт, гуфт: «Ман, пеш аз он, ки чашм бар ҳам занӣ, онро назди ту меоварам». Чун онро назди худ дид, гуфт: «Ин бахшиши Парвардигори ман аст, то маро биёзмояд, ки шукргузорам ё кофири неъмат. Пас ҳар кӣ шукр гӯяд, барои худ гуфтааст ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, Парвардигори ман бениёзу карим аст».
آية رقم 41
Гуфт: «Тахташро дигаргун кунед, бубинем онро бозмешиносад ё аз онҳост, ки бознатавонанд шинохт».
آية رقم 42
Чун омад, гуфтандаш: «Оё тахти ту чунин буд?» Гуфт: «Гӯё ҳамон аст. Ва мо пеш аз ин огоҳ шуда будем ва таслим будаем».
آية رقم 43
Ва ӯро аз ҳар чӣ ба ҷои Худои якто мепарастид, боздошт. Зеро ӯ дар зумраи кофирон буд.
آية رقم 44
Гуфтандаш: «Ба саҳни қаср дарой!» Чун бидидаш, пиндошт, ҳавзи пур аз об аст. Доман аз соқҳояш баргирифт. Сулаймон гуфт: «Ин саҳнест соф аз шиша». Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман бар худ ситам кардаам ва инак бо Сулаймон дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам».
آية رقم 45
Ва ба қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, ки: Худои якторо бипарастед. Ногаҳон ду гурӯҳ шуданд ва бо якдигар ба хусумат бархостанд.
آية رقم 46
Гуфт: «Эй қавми ман, чаро пеш аз некӣ бар бадӣ мешитобед? Чаро аз Худо бахшоиш намехоҳед? Шояд бар шумо раҳмат оварад».
آية رقم 47
Гуфтанд: «Мо туро ва ёронатро ба фоли бад гирифтаем». Гуфт: «Фоли бадатон назди Худост. Инак мардуме фиребхӯрда ҳастед!»
آية رقم 48
Дар шаҳр нӯҳ марди носолеҳ буданд, ки дар он сарзамин фасод мекарданд, на ислоҳ.
آية رقم 49
Гуфтанд; «Ба Худо савганд хӯред, ки ӯ ва касонаш ро шабона мекушем. Ва чун касе ба талаби хунаш бархезад, бигӯем: «Мо ба ҳангомн ҳалокати касони ӯ он ҷо набудаем ва мо ростгуфторем».
آية رقم 50
Ва ғофил буданд, ки агар онҳо ҳилае андешидаанд, Мо низ ҳилае андешидаем.
آية رقم 51
Бингар, ки оқибати макрашон чӣ шуд: Мо онҳо ва қавмашонро ба тамомӣ ҳалок кардем.
آية رقم 52
Он хонаҳои онҳост, ки ба ҷазои зулме, ки мекарданд, холӣ афтодааст. Дар он доноёнро ибратест.
آية رقم 53
ﯗﯘﯙﯚﯛ
ﯜ
Онҳоеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, наҷот додем.
آية رقم 54
Ва Лутро ба ёд ор. Он гоҳ ки ба қавми худ гуфт: «Корҳои зишт мекунед, дар ҳоле, ки худ ба зиштии он огоҳед?
آية رقم 55
Чаро аз рӯи шаҳват ба ҷои занон ба мардон шаҳват меронед? Шумо мардуме нодон ҳастед!»
آية رقم 56
Ҷавоби қавми ӯ ин буд, ки гуфтанд: «Хонадони Лутро аз деҳи худ берун кунед. Онон даъвои покӣ мекунанд» (Пораи 20).
آية رقم 57
Ӯ ва касонаш, ғайри занашро, наҷот додем. Чунон хостем, ки он зан аз бозмондагон бошад.
آية رقم 58
Бороне бар онҳо боронидем ва борони таҳдидшудагон чӣ бад боронест!
آية رقم 59
Бигӯ; «Шукр Оллоҳро ва салом бар бандагони интихобкардаи Ӯ. Оё Оллоҳ беҳтар аст ё он чизҳо, ки шарики Ӯ қарор медиҳанд?
آية رقم 60
Ё он касе, ки осмонҳову заминро офарид ва аз осмон бароятон об фиристод ва бо он бӯстонҳое хушманзар рӯёнидем, ки шуморо тавони рӯёнидани дарахте аз он нест. Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? На, онҳо мардуме ҳастанд аз ҳақ қаҷрав!
آية رقم 61
Ё он ки заминро оромгоҳ сохт ва дар он рӯдҳо пайдо кард, кӯҳҳо ва миёни ду даре монеъе қарор дод, Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? На, бештаринашон намедонанд!
آية رقم 62
Ё он ки дармондаро чун бихонадаш, посух медиҳад ва ранҷ аз ӯ дур мекунад ва шуморо дар замин ҷонишини пешиниён месозад. Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? Чӣ андак панд мегиред!
آية رقم 63
Ё он ки шуморо дар торикиҳои биёбону дарё роҳ менамояд ва он кӣ пеш аз борони раҳматаш бодҳоро ба мужда мефиристад. Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? Оллоҳ болотар аст аз ҳар чӣ шарики Ӯ месозанд!
آية رقم 64
Ё он ки махлуқотро меофаринад, сипас онҳоро бозмегардонад ва он, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад. Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? Бигӯ; Агар рост мегӯед: далели худ биёваред!»
آية رقم 65
Бигӯ: «Ҳеҷ кас дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, магар Оллоҳ. Ва низ намедонанд чӣ вақт зинда мешаванд!»
آية رقم 66
Дар боби охират ба яқин расиданд? На! Ҳамчунон дар шак ҳастанд, балки мардуме нобиноянд.
آية رقم 67
Кофирон гуфтанд: «Чӣ гуна агар мову падаронамон хок шудем, моро аз қабр берун меоваранд?
آية رقم 68
Ба мо ва падаронамон ҳам пеш аз ин чунин ваъдае дода буданд. Инҳо чизе ғайри афсонаҳои пешиниён нест!»
آية رقم 69
Бигӯ: «Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки поёни кори гунаҳкорон чӣ гуна будааст!»
آية رقم 70
Барояшон андӯҳгин мабош ва аз ҳилае, ки меандешанд, тангдил машав.
آية رقم 71
Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, он ваъдаи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»
آية رقم 72
Бигӯ: «Шояд баъзе аз он чӣ ба шитоб металабед, наздики шумо бошад».
آية رقم 73
Ва Парвардигори ту фазли худро бар мардум ато мекунад, вале бештаринашон шукр намегӯянд!
آية رقم 74
Ва Парвардигори ту медонад, ки чӣ чизро дар дил ниҳон кардаанд ва чӣ чизро ошкор месозанд!
آية رقم 75
Ва дар осмонҳову замин ҳеҷ чизи махфӣ нест, ки он дар китоби мубин наомада бошад.
آية رقم 76
Ин Қуръон бисёре аз чизҳоеро, ки банӣ-Исроил дар он ихтилоф доранд, барояшон ҳикоят мекунад.
آية رقم 77
ﭑﭒﭓﭔ
ﭕ
Ва барои мӯъмимон ҳидояту раҳмат аст.
آية رقم 78
Албатта Парвардигори ту ба раъйи худ миёнашон ҳукм хоҳад кард, ки Ӯ ғолибу доност!
آية رقم 79
Пас ба Худо таваккал кун, ки ту ҳамроҳ бо ҳақиқате равшан ҳастӣ!
آية رقم 80
Ту наметавонӣ мурдагокро шунаво созӣ ва овози худро ба гӯши кароне, ки аз ту рӯй мегардонанд. Бирасонӣ.
آية رقم 81
Ту наметавонӣ кӯронро аз гумроҳияшон роҳ намоӣ. Овози худро танҳо ба гӯши касоне тавонӣ расонд, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва мусалмон ҳастанд.
آية رقم 82
Чун фармони қиёмат муқаррар гардад, барояшон ҷунбандае аз замин берун меоварем, ки бо онон сухан бигӯяд, ки ин мардум ба оёти Мо яқин намеоварданд.
آية رقم 83
Рӯзе, ки аз ҳар миллате гурӯҳеро аз онон, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, ҷамъ меоварем ва ононро ба саф биронанд,
آية رقم 84
то чун ба маҳшар бирасанд, гӯяд: «Оё шумо оёти Маро дурӯғ мебаровардед ва ҳол он, ки дониши шумо ба он иҳота наёфта буд? Он чӣ коре буд, ки мекардед?»
آية رقم 85
Ба ҷазои ситаме, ки мекарданд, ҳукми азоб бар онҳо муқаррар шавад, бе он, ки ҳеҷ сухане бигӯянд.
آية رقم 86
Оё намебинанд, ки шабро падид овардем, то дар он биёроманд ва рӯзро равшанӣ бахшидем. Албатта дар ин барои мӯъминон ибратҳост.
آية رقم 87
Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва ҳамаи касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд, ғайри он кас ки Худо бихоҳад, битарсанд ва ҳама хору залил ба сӯи Ӯ равон шаванд.
آية رقم 88
Ва кӯҳҳоро бинӣ, пиндорӣ, ки беҷонанд, ҳол он, ки ба суръати абр мераванд. Кори Худованд, аст, ки ҳар чизеро ба камол халқ кардааст. Албатта Ӯ ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст.
آية رقم 89
Ҳар кас, ки кори неке кунад, беҳтар аз онро мукофот гирад ва некӯкорон аз ваҳшати он рӯз дар амон бошанд.
آية رقم 90
Ва ононро, ки корҳои бад мекунанд, сарнагун дар оташ андозанд, оё ҷуз мувофиқи корҳое, ки кардаед, ҷазо ёбед?
آية رقم 91
Ба ман фармон шуда, ки Парвардигори ин шаҳрро бипарастам. Шаҳре, ки Худованде, ки ҳама чиз аз они Ӯст, ҳурматаш ниҳода ва амр шудаам, ки аз мусалмонон бошам.
آية رقم 92
Ва Қуръонро тиловат кунам. Пас ҳар ки ҳидоят ёфт, ба нафъи худ ҳидоят ёфтааст ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, бигӯ: «Ман бимдиҳандае ҳастам».
آية رقم 93
Ва бигӯ: «Шукр Худорост. Оёти худро ба шумо нишон медиҳад, то онҳоро бишиносед. Ва Парвардигори ту аз ҳеҷ коре, ки мекунед, бехабар нест».
تقدم القراءة