ترجمة سورة النّمل

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة النّمل باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

То, син. Ин оёти Қуръон ва китобе равшангар аст
[Ки] Ҳидояту башорате барои муъминон аст
[Ҳамон] Касоне, ки намоз барпо медоранд ва закот мепардозанд ва ба охират яқин доранд
Дар ҳақиқат, касоне, ки ба охират имон намеоваранд, аъмолашонро барояшон оростаем, пас, [кӯрдилу] саргаштаанд
Ононанд, ки азоби дарднок [дар пеш] доранд ва дар охират зиёнкортаранд
Ва [эй паёмбар] яқинан, ту Қуръонро аз пешгоҳи [Парвардигори] ҳакими доно дарёфт мекунӣ
[Ёд кун аз] Ҳангоме ки Мӯсо ба хонаводааш гуфт: “[Биистед] Ман оташе [аз дур] дидам. Ба зудӣ хабаре аз он бароятон меоварам ё шуълаи оташе меоварам, то гарм шавед”
Пас, чун ба он [оташ] расид, нидо дода шуд, ки: “Муборак [ва хуҷаста] бод он ки дар оташ аст ва ҳар [фариштае], ки перомуни он аст ва поку муназзаҳ аст Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён
Эй Мӯсо, ба ростӣ, ки Манам Аллоҳи шикастнопазири ҳаким
Ва асоятро биафкан. Пас, чун [Мӯсо] онро дид, ки ҳамчун море [бо суръат] мехазад, [аз тарс] пушт кард ва гурехт ва бознагашт. [Нидо омад] “Эй Мӯсо, натарс! Паёмбарон дар пешгоҳи Ман ҳеҷ тарсе надоранд
Аммо касе, ки ситам кунад, он гоҳ [пас аз тавба] бадиро ба некӣ табдил намояд, [бидонад, ки] бе тардид, Ман омурзандаи меҳрубонам
Ва дастатро дар гиребон фурӯ бар, [то] сапед ва бидуни айб [-у бемории песӣ] хориҷ шавад. [Ин муъҷизаест] Дар зумраи муъҷизоти нуҳгона [ки бояд] ба сӯйи Фиръавн ва қавмаш [бибарӣ, чаро ки] бе тардид, онон гурӯҳе нофармонанд”
Пас, чун оёти Мо равшан [-у возеҳ] ба сӯяшон омад, гуфтанд: “Ин ҷодуе ошкор аст”
Ва онҳоро аз рӯи ситаму саркашӣ инкор карданд, дар ҳоле ки дилҳояшон ба онҳо яқин доштанд; пас бингар, ки саранҷоми муфсидон чи гуна бувад
Ва ба ростӣ, ба Довуд ва Сулаймон донише [азим] додем ва онон гуфтанд: “Ситоиш аз они Аллоҳ таоло аст, ки моро бар бисёре аз бандагони муъмини худ бартарӣ бахшид”
Ва Сулаймон аз Довуд мерос бурд ва гуфт: “Эй мардум, [фаҳми] забони парандагон ба мо омӯхта шуда ва аз ҳар чиз ба мо [баҳрае] додаанд. Бе тардид, ин фазле ошкор [аз ҷониби Парвардигор] аст”
Ва сипоҳиёни Сулаймон – аз ҷинну инс ва парандагон – наздаш гирд омаданд; он гоҳ муназзам [ва пайваста дар канори якдигар] мерафтанд
[Онон ба роҳи худ идома доданд], то вақте ба сарзамини мӯрчагон [дар Шом] расиданд. Мӯрчае гуфт: "Эй мӯрчагон, ба лонаҳои худ биравед, то Сулаймон ва лашкариёнаш шуморо [надида ва] надониста поймол накунанд”
Пас [Сулаймон] аз сухани он [мӯрча] хандид ва гуфт: «Парвардигоро, ба ман тавфиқ бидеҳ, то шукри неъматеро, ки бар ман ва бар падару модарам арзонӣ доштаӣ ба ҷой оварам ва [ёриам кун, то] коре шоистае анҷом диҳам, ки мояи хушнудиат гардад ва ба раҳмати хеш маро дар ҷамъи бандагони шоистаат ворид кун”
Ва [Сулаймон ҳоли] парандагонро ҷӯё шуд ва гуфт: «Чи шудааст, ки ҳудҳудро намебинам? [Оё ҷойе пинҳон шуда] ё ғоиб аст?
[Пас, чун ӯро наёфт гуфт] Ҳатман, ба сахтӣ муҷозот мекунам ё сарашро мебурам, магар он ки далели равшане [барои ғайбаташ] биёварад»
Пас, дере напоид [ки ҳудҳуд омад] ва гуфт: «Аз чизе огоҳӣ ёфтаам, ки ту бад-он огоҳӣ наёфтаӣ ва аз [сарзамини] Сабаъ бароят хабаре боэътимод овардаам
Ман [он ҷо] занеро ёфтаам, ки бар онон фармонравоӣ мекунад ва [ба ӯ] аз ҳар гуна неъмате додаанд ва тахти бузурге дорад
Ӯ ва қавмашро дидам, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло барои хуршед саҷда мекунанд ва шайтон корҳои [ботили] ононро барояшон ороста ва эшонро аз роҳ [-и рост] боздоштааст, аз ин рӯ, ҳидоят намешаванд»
[Шайтон фиребашон додааст] То барои Аллоҳ таоло саҷда накунанд [ҳамон маъбуде], ки ниҳони осмонҳо ва заминро ошкор мекунад ва он чиро, ки пинҳон мекунед ва ошкор месозед, [ҳамаро] медонад
Аллоҳ таоло, ки ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз ӯ нест, Парвардигори Арши бузург аст
[Сулаймон] гуфт: «Хоҳем дид, ки оё рост гуфтаӣ ё дурӯғгӯӣ
Ин номаи маро бибар ва ба сӯйи онон бияфкан, он гоҳ дур шав ва [дар гӯшае биист ва] бингар, ки [дар бораи он] чи мегӯянд»
[Маликаи Сабаъ] гуфт: «Эй бузургон, номаи арҷманде ба сӯйи ман афканда шудааст
Ин [нома] аз ҷониби Сулаймон аст ва чунин аст: «Ба номи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон
Бар ман бартарӣ маҷӯед ва дар ҳоле ки [аз ширк даст бардошта ва] таслим [-и ҳақ ва тавҳид] шудаед, назди ман биёед»
[Малика] Гуфт: «Эй бузургон, назари худро дар ин маврид бигӯед, [чаро ки] ман ҳаргиз бидуни ҳузур [-у машварат]-и шумо дар бораи коре тасмим нагирифтаам»
Онон гуфтанд: «Мо неруи бисёр ва ҷангҷӯёни қудратманде дорем, вале ихтиёр [-у тасмими ниҳоӣ] бо туст. Пас, баррасӣ кун, ки чи дастуре бидиҳӣ»
[Малика] гуфт: «Бе тардид, вақте подшоҳон [ба унвони фотеҳ] вориди шаҳре мешаванд, онро вайрон [ва табоҳ] месозанд ва бузургонашро хору залил мекунанд ва рафторашон ҳамвора чунин будааст
Ва ман ҳадяе барояшон мефиристам ва мунтазир мемонам, то бубинам, ки фиристодагон чи посухе [бароям] меоваранд»
Пас, чун [фиристодаи малика] назди Сулаймон омад, [Сулаймон] гуфт: «Оё [мехоҳед] бо мол [-у сарват] ба ман кумак кунед? Он чи Аллоҳ таоло [аз паёмбарӣ ва донишу фармонравӣ] ба ман бахшида, аз он чизе, ки ба шумо ато карда беҳтар аст, балки шумоед, ки ба ҳадяи хеш [ва сарватҳои дунё] шодмон мешавед
Назди онон бозгард [ва бигӯ, ки] ҳатман, бо лашкариёне ба сӯяшон хоҳем омад, ки тавони муқобила бо онро надошта бошанд ва бе тардид, ононро аз он [сарзамин] хору зор берун мекунем»
[Он гоҳ] Гуфт: «Эй бузургон, кадом яке аз шумо, пеш аз он ки онон таслимшуда назди ман биёянд, тахти ӯро бароям меоварад?»
Яке аз ҷинниёни тануманд гуфт: «Пеш аз он ки аз ҷоят бархезӣ, ман онро наздат меоварам ва ҳатман, барои анҷоми ин кор неруманду аминам»
Касе, ки донише аз китоб [-и илоҳӣ] дошт, гуфт: «Пеш аз он ки чашм бар ҳам бизанӣ, онро бароят меоварам». Пас, чун [Сулаймон] он [тахт]-ро назди худ мустақар дид, гуфт: «Ин аз фазли Парвардигори ман аст, то биозмоядам, ки оё сипос медорам ё носипосӣ мекунам. Пас, ҳар ки сипос гузорад, танҳо ба суди хеш сипос мегузорад ва ҳар ки носипосӣ кунад, пас, [ба зиёни худ носипосӣ кардааст, чаро ки] бе тардид, Парвардигорам бениёзи карим аст
[Сулаймон] гуфт: «Тахташро [тағйири шакл диҳед ва] барояш ношинос кунед, то бубинам, оё [онро] ташхис медиҳад ё аз касонест, ки [ашё ва амволи худро] намешиносанд
Пас, чун [маликаи Сабаъ] омад, [ба ӯ] гуфта шуд: «Оё тахти ту ин гуна аст?». [Малика] гуфт: «Гӯё ҳамон аст». Ва [Сулаймон гуфт] «Ин дониш [ва тавоноӣ] пеш аз ин ба мо дода шудааст ва ҳамвора фармонбардор будаем»
Ва он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ӯро [аз имон ва тавҳид] боздошта буд. Бе тардид, [малика] аз ҷумлаи кофирон буд
Ба вай гуфта шуд: «Ба саҳн [-и қаср] ворид шав». Пас, ҳангоме ки онро дид, пиндошт, ки оби амиқест ва ҷома аз соқҳо [-и пои] хеш боло кашид [то аз об бигзарад. Сулаймон] Гуфт: «Ин [об нест, балки] кохе аст, ки бо [қитаоти булур фарш шудааст». [Он гоҳ ӯро ба тавҳид даъват кард. Маликаи Сабаъ] Гуфт: «Парвардигоро, ман ба худ ситам кардаам ва [инак] ҳамроҳи Сулаймон таслими Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён – шудам»
Ва ба сӯйи қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, ки [бигӯяд] «Аллоҳи ягонаро бипарастед», вале онон ба ду гурӯҳ [муъминон ва кофирон] тақсим шуданд ва ба ситез пардохтанд
[Солеҳ] Гуфт: «Эй қавми ман, чаро ба ҷойи раҳмат шитобзада хоҳони азоби илоҳӣ ҳастед? Чаро аз Аллоҳ таоло омурзиш намехоҳед? Бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред»
Онон гуфтанд: «Мо ту ва касонеро, ки ҳамроҳат ҳастанд, ба фоли бад гирифтаем». [Солеҳ] Гуфт: «Фоли бади шумо [ва дониши он] назди Аллоҳ таоло аст, балки шумо гурӯҳе ҳастед, ки озмоиш мешавед»
Ва дар шаҳр [-и Ҳиҷр] нуҳ нафар [сардастаи гурӯҳ] буданд, ки дар он сарзамин ба фасод мепардохтанд ва [ҳеҷ] кори шоистае намекарданд
[Онон ба якдигар] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд ёд кунед, ки бар ӯ [Солеҳ] ва хонаводааш шабехун бизанем [ва ононро бикушем]. Он гоҳ ба хунхоҳаш бигӯем: «Мо ҳангоми куштори хонаводааш ҳозир набудем ва ҳатман, рост мегӯем»
Онон [барои қатли Солеҳ ва пайравонаш] найранге ба кор бурданд ва Мо [барои нобудии кофирон] низ найранге андешидем, дар ҳоле ки онон намедонистанд
Пас, бингар оқибати найрангашон чи шуд: мо ҳамаи он афрод ва қавмашонро нобуд кардем
Инак хонаҳояшон ба сазои ситаме, ки карданд, [вайрону] тиҳӣ мондааст. Бе гумон, дар ин [кайфар] барои касоне, ки медонанд [ва имон доранд] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст
Ва касонеро, ки имон оварда ва парҳезкор буданд, [ҳамроҳи Солеҳ] наҷот додем
Ва [ёд кун аз] Лут он гоҳ ки ба қавмаш гуфт: «Бо он ки [зиштӣ ва гуноҳи ливотро] медонед, оё [боз ҳам] муртакиби ин амали бешармона мешавед?
Оё аз рӯйи шаҳват ба ҷойи занон бо мардон дармеомезед? Балки шумо гурӯҳе нодонед»
Пас, посухи қавмаш ҷуз ин набуд, ки [ба якдигар] гуфтанд: «Хонаводаи Лутро аз шаҳри худ берун кунед, [чаро ки] бе тардид, инҳо афроде покдоман [муқаддасмаоб] ҳастанд»
Он гоҳ ӯ ва хонаводаашро наҷот додем, магар ҳамсарашро, ки муқаддар кардем аз бозмондагон [дар азоб] бошад
Ва бар онон бороне [аз санг] борондем ва борони бимдодашудагон чи бад бувад!
Бигӯ: «Ситоишу сипос аз они Аллоҳ таоло аст ва салом бар бандагонаш, ки [ононро] баргузидааст» Оё Аллоҳ таоло беҳтар аст ё он чи [бо Ӯ] шарик месозанд?
[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз осмон бароятон обе нозил кард ва бо он борон бӯстонҳое хуррам [-у зебо] рӯёнидем, ки ҳаргиз тавони рӯёнидани дарахтонро надоштед? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло аст? [Ҳаргиз] Балки онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки [махлуқотро] ҳамтирози [Аллоҳ таоло] қарор медиҳанд
[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки заминро қароргоҳи [амне] сохт ва миёнаш ҷӯйборҳое равон кард ва барояш кӯҳҳое [устувор] падид овард ва миёни ду дарё монеае қарор дод [то оби шӯру ширин бо ҳам наёмезанд]? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? [Ҳаргиз] Аммо бештарашон намедонанд
[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки [дуои] дармондаро – чун бихондаш – иҷобат мекунад ва гирифториро бартараф месозад ва шуморо ҷонишинони [пешиниён дар] замин қарор медиҳад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? Чи андак панд мегиред!
[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки дар торикиҳои биёбон ва дарё [ба василаи моҳу ситорагон] ҳидоятатон мекунад ва он ки пеш аз [борони] раҳматаш бодҳоро ба мужда мефиристад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? Аллоҳ таоло аз он чи [барояш] шарик қарор медиҳанд, бартар аст
[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки офаринишро оғоз кард ва сипас онро бозмегардонад ва [ё] он ки аз осмон ва замин ба шумо рӯзӣ медиҳад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? Бигӯ: «Агар ростгӯед, далелатонро биёваред»
Бигӯ: «Касе дар осмонҳо ва замин аз ғайб огоҳ нест, магар Аллоҳ таоло. Ва намедонанд чи замоне барангехта мешаванд
Оё илмашон дар бораи охират ба камол расидааст [ва дар борааш яқин доранд? Ҳаргиз], балки онон дар ин маврид дар шак [-у ҳайронӣ] ҳастанд, балки эшон нисбат ба [фаҳми] он [бебасират ва] кӯрдиланд
Ва касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «Оё ҳангоме ки мо ва падаронамон хок шудем, моро [зинда мекунанд ва аз гӯр] берун меоваранд?
Дар ҳақиқат, инро ба мо ва пеш аз ин ба падаронамон [низ] ваъда додаанд. Ин [сухан чизе] нест, магар афсонаҳои пешиниён»
[Эй паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки саранҷоми гунаҳгорон чи гуна будааст»
Ва аз [рӯйгардонии] онон ғамгин набош ва аз найрангҳое, ки меварзанд, дилтанг нашав
Ва [кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [-и азоб] кай хоҳад буд»?
Бигӯ: «Чи басо бархе аз он чи ба шитоб мехоҳед, ба шумо наздик бошад»
Ва бе гумон, Парвардигорат нисбат ба мардум бахшиш [-у раҳмат] дорад, вале бештарашон сипос намегузоранд
Ва бе тардид, Парвардигорат он чиро дар синаҳояшон пинҳон мекунанд ва он чиро ошкор месозанд, ба хубӣ медонад
Ва ҳеҷ пинҳонӣ дар осмону замин нест, магар он ки дар китобе равшан [Лавҳи маҳфуз] сабт аст
Бе гумон, ин Қуръон бештар он чиро, ки Бани Исроил дар борааш ихтилоф доранд, барояшон баён мекунад
Ва ҳаққо, ки раҳнамун ва раҳмате барои муъминон аст
Мусалламан, Парвардигорат [дар қиёмат] ба ҳукми хеш миёнашон доварӣ мекунад ва Ӯ шикастнопазири доност
Пас, бар Аллоҳ таоло таваккал кун. Ба ростӣ, ки ту бар ҳақиқати ошкор ҳастӣ
Ва ту ҳаргиз наметавонӣ мурдадилонро шунаво созӣ ва [нидои] даъват [-и ҳақ]-ро ба гӯши карон бирасонӣ, он гоҳ ки онон пушт мекунанд ва рӯй мегардонанд
Ва ту наметавонӣ кӯрдилонро аз гумроҳиашон [бозгардонӣ ва] ҳидоят кунӣ. Ту [метавонӣ паёми ҳақро танҳо] ба гӯши касоне бирасонӣ, ки ба оёти Мо имон доранд ва [дар баробари ҳақ] таслиманд
Ва он гоҳ ки [дар остонаи қиёмат] фармони [азоб] бар онон воҷиб гардад, ҷунбандаеро барояшон аз замин бурун меоварем, ки бо онон [дар ин маврид] сухан бигӯяд, ки мардум ба оёти Мо яқин надоштанд
Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки аз ҳар уммате гурӯҳе аз онон, ки оёти Моро дурӯғ меангоштанд, ҷамъ мекунем, он гоҳ [барои ҳисобрасӣ ба саф] нигоҳ дошта мешаванд
То ҳангоме ки [ба ҷойгоҳи ҳисобрасӣ] бирасанд, [дар он ҷо Аллоҳ таоло] мефармояд: «Оё дар ҳоле ки нисбат ба [ҳақиқати] оётам донише надоштед, онҳоро дурӯғ меангоштед? Ин чи коре буд, ки мекардед?»
Ва ба хотири ситаме, ки карданд, фармон [-и азоб] бар онон воқеъ мегардад ва ҳеҷ сухане [дар дифоъ аз худ] намегӯянд
Оё надиданд, ки шабро падид овардаем, то дар он оромиш ёбанд ва рӯзро равшанибахш [сохтаем, то ба кор ва талош бипардозанд]? Бе тардид, дар ин [офариниш] барои онон, ки имон меоваранд, нишонаҳо [-и равшане аз қудрати Аллоҳ таоло] аст
Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки дар сур дамида мешавад ва ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст, ваҳшат мекунад, магар он ки Аллоҳ таоло бихоҳад ва ҳамагӣ бо хорӣ [ва зиллат] ба пешгоҳи Аллоҳ таоло меоянд
Ва кӯҳҳоро мебинӣ [ва] онҳоро беҳаракат мепиндорӣ, ҳол он ки монанди гузари абрҳо дар ҳаракатанд. Ин офариниши илоҳӣ аст, ки ҳар чизеро маҳкам [-у устувор] падид овардааст. Бе тардид, Ӯ ба он чи мекунед огоҳ аст
Ҳар ки [дар рӯзӣ қиёмат] некӣ биёварад, [подоше] беҳтар аз он хоҳад дошт ва аз ваҳшати он рӯз дар амонанд
Ва ҳар ки бадӣ биёварад, бо рӯяш дар оташ нагунсор мешаванд [ва ба онон гуфта мешавад]: «Оё ҷуз дар баробари он чи кардаед, муҷозот мешавед?»
[Эй Паёмбар, ба кофирон бигӯ] «Ман фақат маъмурам, ки Парвардигори ин шаҳр [Макка]-ро бипарастам, ҳамон ки ба ин ҷо ҳурмат бахшида ва ҳама чиз аз они Ӯст ва маъмурам, ки таслим [-и фармонаш] бошам
Ва ин ки Қуръонро тиловат кунам. Пас, ҳар ки ҳидоят шавад, ба суди хеш ҳидоят ёфтааст, ва [ба] ҳар ки гумроҳ мегардад, бигӯ: «Ман фақат бимдиҳандаам»
Ва бигӯ: «Ситоиш аз они Аллоҳ таоло аст. Ба зудӣ нишонаҳо [-и қудрат]-и хешро нишонатон хоҳад дод ва онҳоро хоҳед шинохт». Ва Парвардигорат аз он чи мекунед, ғофил нест
Icon