ﰡ
Пурбаракат [ва бузургвор] аст, касе, ки Қуръонро [ки ҷудокунандаи ҳақ ва ботил аст] бар бандааш нозил кард, то бимдиҳандаи ҷаҳониён бошад
Ҳамоно фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва фарзанде [барои хеш] барнагузидааст ва дар фармонравоӣ ҳеҷ шарике надорад ва ҳама чизро офаридааст ва андозаи ҳар чизро – чунон ки муносибаш мебошад – тадбир намудааст
Ва [мушрикон] ба ҷойи Ӯ [Аллоҳ таоло] маъбудоне баргузидаанд, ки чизе намеофаринанд ва худ офарида мешаванд ва молики ҳеҷ зиёну суде барои худ нестанд ва [низ] молики маргу зиндагӣ ва [қодир ба] барангехтани [мурдагон] нестанд
Ва касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «Ин [Қуръон] ҷуз дурӯғе нест, ки [Муҳаммад] бофтааст ва гурӯҳе дигар ӯро бар ин [кор] ёрӣ додаанд». Ҳаққо, ки онон [бо ин сухан] ба ситаму дурӯғи бузурге рӯй овардаанд
Ва [кофирон] гуфтанд: «[Ин Қуръон ҳамон] афсонаҳои пешиниён аст, ки [Муҳаммад] онро рӯнависӣ кардааст ва ҳар бомдоду шомгоҳ бар ӯ имло мешавад»
Бигӯ: «Касе онро нозил кардааст, ки рози осмонҳо ва заминро медонад. Бе тардид, Ӯ ҳамвора омурзанда [ва] меҳрубон аст
Ва [мушрикон] гуфтанд: «Ин чи гуна паёмбарест, ки [ҳамчун мардуми одӣ] ғизо мехӯрад ва дар бозорҳо роҳ меравад? Чаро фариштае бар ӯ нозил нашудааст, то [ёриаш кунад ва] ҳамроҳи ӯ ҳушдордиҳанда бошад?
Ё чаро ганҷе [аз осмон] бар ӯ фуруд намеояд ва ё чаро боғе надорад, ки аз [меваҳои] он бихӯрад»? Ситамгорон [-и мушрик] гуфтанд: «Шумо ҷуз аз марде ҷодушуда пайравӣ намекунед»
Бингар, ки чи гуна бароят масалҳо заданд ва гумроҳ шуданд! Чунон ки наметавонанд роҳе [ба сӯи ҳақиқат] биёбанд
Пурбаракат [ва бузургвор] аст, касе, ки агар бихоҳад, бароят беҳтар аз ин қарор медиҳад: боғҳое, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва [ҳатто] бароят кохҳое падид меоварад
[Мушрикон бо ин суханон дар пайи ҳақ нарафтанд] Балки қиёматро дурӯғ ангоштанд ва [Мо] барои ҳар ки қиёматро дурӯғ ангорад, оташи сӯзон [-и дузахро] муҳайё кардаем
Ҳангоме ки [дузах] ононро аз дурдаст мебинад овози хашму хуруш [-и ваҳшатнок]-е аз он мешунаванд
Ва чун даступобаста [бо ғулу занҷир] дар тангное аз он андохта шаванд, дар он ҷо маргашонро ба фарёд мехоҳанд
[Ба онон гуфта мешавад] «Имрӯз на як бор, балки борҳо дархости марг кунед»
[Эй паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Ин [азоби дарднок] беҳтар аст ё биҳишти ҷовидонӣ, ки ба парҳезкорон ваъда дода шуда ва подошу саранҷоми онон аст?»
Дар он ҷо ҳар чи бихоҳанд, барояшон [фароҳам] аст [ва] дар он ҷовидонанд. Ин ваъдае аст бар [уҳдаи] Парвардигорат, ки [бандагони парҳезкор анҷомашро] аз Ӯ хостаанд
Ва рӯзе, ки [ҳамаи] онон ва он чиро, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастиданд, ҷамъ мекунад ва [ба маъбудони ботил] мефармояд: «Оё шумо ин бандагони Маро гумроҳ кардед ё худ роҳро гум карданд?»
Онон мегӯянд: «Ту муназзаҳӣ, шоистаи мо набуд, ки ба ҷойи Ту [дӯстону] корсозоне баргузинем, вале Ту онон ва падаронашонро [аз неъматҳо] баҳраманд сохтӣ, то ин ки ёд [-и Ту]-ро фаромӯш карданд ва [бад-ин хотир] гурӯҳе ҳалокшуда гаштанд»
[Аллоҳ таоло ба мушрикон мефармояд] «Бе тардид, [маъбудонатон] иддаои шуморо дурӯғ шумурданд. Пас, [акнун] наметавонед [азобро аз худ] дур кунед ва на [аз касе] ёрӣ биҷӯед ва ҳар як аз шумо, ки [ширк биварзад ва ба худ] ситам кунад, азобе бузург ба вай мечашонем»
[Эй паёмбар] Пеш аз ту паёмбаронро нафиристодем, магар ин ки онон низ ғизо мехӯрданд ва [ҳамчун дигар инсонҳо] дар бозорҳо роҳ мерафтанд ва мо бархе аз шуморо василаи озмоиши бархе дигар сохтем, [то равшан шавад] оё шикебоӣ мекунед. Ва Парвардигорат ҳамвора биност
Касоне, ки ба дидори Мо [дар охират] умед надоранд, гуфтанд: «Чаро фариштагоне бар мо нозил нашудаанд, ё [чаро] Парвардигорамонро намебинем»? Бе тардид, онон дар бораи худ такаббур варзиданд ва саркашии бузург карданд
Рӯзе, ки [кофирон] фариштагонро мебинанд, ҳеҷ башорате барои муҷримон нахоҳад буд, [балки рӯзи кайфару азоб аст] ва [фариштагон] мегӯянд: «[Биҳишт] Бар шумо мамнуъ [ва ҳаром] аст»
Ва ба [баррасии] корҳояшон мепардозем ва ҳамаро [ҳамчун] ғуборе пароканда месозем
Дар он рӯз биҳиштиён беҳтарин ҷойгоҳу накутарин истироҳатгоҳро доранд
Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки осмон бо абрҳои сапед шикофта мешавад ва фариштагон [паёпай ба сарзамини маҳшар] фурӯ фиристода мешаванд
Дар он рӯз фармонравоӣ [-и ростин] аз они [Аллоҳи] Раҳмон аст ва барои кофирон рӯзе душвор аст
Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки ситамгор дастонашро [аз ҳасрат] мегазад ва мегӯяд: «Эй кош, ман роҳе [ҳамоҳанг] бо паёмбар баргузида будам!
Эй вой бар ман! Эй кош, фалон [кофир]-ро ба дӯстӣ намегирифтам!
Бе тардид, пас аз он ки Қуръон [ва даъвати паёмбар] ба ман расид, ӯ [буд, ки] маро ба гумроҳӣ кашонд ва шайтон ҳамвора инсонро танҳо [ва хор] вомегузорад»
Ва Паёмбар гуфт: «Парвардигоро, қавми ман ин Қуръонро раҳо кардаанд»
Ва инчунин барои ҳар паёмбаре душмане аз бадкорони [қавмаш] қарор додем. Ва кофӣ аст, ки Парвардигорат роҳнамо ва ёварат бошад
Ва касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «Чаро Қуръон якбора бар ӯ нозил нашудааст?» Мо ин гуна [каломи илоҳиро ба мурур нозил] кардаем, то дилатро бо он [ором ва] устувор гардонем ва онро ба тадриҷ бар ту хондаем [то дарку ҳифзаш осон бошад]
Ва [кофирон] ҳеҷ [эътирозу] масале бароят намеоваранд, магар он ки Мо [низ посухе] бар ҳақ ва хушбаёнтар бароят меоварем
Касоне, ки ба рӯй дарафтода ба дузах кашонда мешаванд, инон бадҷойгоҳтар ва гумроҳтаранд
Ва дар ҳақиқат, Мо ба Мӯсо китоб [Таврот] додем ва бародараш Ҳорунро дастёраш сохтем
Ва гуфтем: «Шумо ду нафар ба сӯи қавме биравед, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд». Пас, [чун фиръавниён сарпечӣ намуданд] ба шиддат нобудашон сохтем
Ва қавми Нуҳро – он гоҳ ки паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд – ғарқ кардем ва ононро барои мардум [нишона ва] ибрате қарор додем; ва барои ситамгорон азобе дарднок муҳайё кардаем
Ва [ҳамчунин] қавми Од ва Самуд ва аҳолии "чоҳ" ва наслҳои бисёреро, ки байни онон буданд [нобуд сохтем]
Ва барои ҳар як аз онҳо масалҳо задем ва [чун панд нагирифтанд] ҳамаро ба шиддат аз миён бурдем
Ва [мушрикон] ҳатман, аз [сарзамини қавми Лут ҳамон] шаҳре, ки борони бало бар он борида буд, гузар кардаанд. Оё он [вайронаҳои боқимонда аз азоб] -ро надидаанд? [Чунин нест] Балки ба зинда шудан [пас аз марг] умеде надоранд
Ва ҳангоме ки туро мебинанд, фақта ба тамасхур мегиранд [ва мегӯянд] «Оё ин ҳамон касест, ки Аллоҳ таоло ба паёмбарӣ фиристодааст?
Агар бар [парастиши] маъбудонамон [шикебоӣ ва] пойдорӣ намекардем, наздик буд [Муҳаммад] аз [роҳи] онҳо гумроҳамон кунад». Вале он гоҳ ки азоб [-и илоҳӣ]-ро бубинанд, хоҳанд донист чи касе гумроҳтар [буда] аст
Оё касе, ки ҳавои нафсашро маъбуди худ кардааст, дидаӣ? Оё ту [метавонӣ] нигаҳбони [имони] ӯ бошӣ?
Оё гумон дорӣ, ки бештарашон мешунаванд ё мефаҳманд? Онон ҷуз ҳаммонанди чаҳорпоён нестанд, балки гумроҳтаранд
Оё [офариниши] Парвардигоратро надидаӣ, ки чи гуна сояро густаронидааст ва агар мехост, онро собит менамуд? Он гоҳ [тағйири ҷойгоҳи] хуршед [нисбат ба замин]-ро далели [густаришу ҳаракати] он [соя] қарор додем
Сипас [бо тағйири баландии хуршед сояро кӯтоҳ мекунем ва] онро андак-андак ба сӯйи хеш бозмегирем
Ва Ӯст, ки шабро [бо торикии фарогираш] пӯшише барои шумо қарор дод ва хобро мояи осоиш ва рӯзро ҳангоми бархостан [ва кору талош] сохт
Ва Ӯст, ки пеш аз [борони] раҳматаш бодҳоро башоратбахш фиристод ва аз осмон обе пок [ва поккунанда] фурӯ фиристодем
То бо он сарзамини [хушку] мурдаро зинда гардонем ва чаҳорпоён ва инсонҳои бисёреро, ки офаридаем, сероб созем
Ва ба ростӣ, он [далоилу нишонаҳои қудрати илоҳӣ]-ро ба суратҳои гуногун баён кардем, то панд гиранд, вале бештар мардум ҷуз [инкору] носипосӣ накарданд
Ва агар мехостем, дар ҳар диёре бимдиҳандае бармеангехтем
Пас, [эй паёмбар] аз кофирон итоат накун ва ба василаи Қуръон бо онон ба ҷиҳоди бузурге бархез [ва дар ин роҳ шикебо бош]
Ва Ӯст, ки ду дарёро ба ҳам омехт: ин яке хушгувор ва ширин аст ва он яке шӯру талх ва дар миёни он ду монеаи нуфузнопазире қарор дод [то бо ҳам наёмезанд]
Ва Ӯст, ки инсонро аз оби [манӣ] офарид ва ӯро дорои пайванди насабӣ ва сабабӣ гардонид ва Парвардигорат ҳамвора тавоност
Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло чизеро мепарастанд, ки на ба онон суде мебахшад ва на зиёне мерасонад ва кофир дар баробари Парвардигораш пайваста пуштибон [-и шайтон] аст
Ва [эй паёмбар] Мо туро ҷуз башоратбахш ва бимдиҳанда нафиристодем
Бигӯ: «Ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам, магар касе, ки бихоҳад роҳе ба сӯи Парвардигораш баргузинад [ва ҳамин бароям кофӣ аст]»
Ва бар [Парвардигори] зиндае, ки ҳаргиз намемирад, таваккал кун ва бо cитоиш Ӯро ба покӣ ёд кун. Ва ҳамин бас, ки Ӯ ба гуноҳони бандагонаш огоҳ аст
[Ҳамон] Касе, ки осмонҳо ва замин ва он чиро миёни онҳост дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт. [Ӯ Аллоҳи] Раҳмон аст, пас, дар мавриди Ӯ аз он ки огоҳ аст, бипурс [ва Ӯ низ касе ҷуз Аллоҳ таоло нест]
Ва ҳангоме ки ба ба онон гуфта шавад: «Барои [Аллоҳи] Раҳмон саҷда кунед», мегӯянд: «Раҳмон кист? Оё [қарор аст] бар ҳар чи ту амр мекунӣ саҷда барем»? Ва [ин даъвати ту дурӣ аз ҳақ ва] нафраташонро меафзояд
Пурбаракат [ва бузургвор] аст, он ки дар осмон манзилгоҳҳое [барои ситорагон] қарор дод ва дар [миёни] онҳо хуршед [-и дурахшон] ва моҳи тобоне падид овард
Ва Ӯст, ки шабу рӯзро дар пайи якдигар қарор дод, барои ҳар ки бихоҳад [аз тадбири илоҳӣ] панд гирад ё сипосгузор бошад
Ва бандагони [муъмину шоистаи] Раҳмон касоне ҳастанд, ки бо фурӯтанӣ [ва матонат] бар замин роҳ мераванд ва ҳангоме ки ҷоҳилон [бо суханони нописанд] хитобашон мекунанд, [ба ҷои талофӣ бо онон] ба некӣ сухан мегӯянд
Ва касоне барои Парвардигорашон дар ҳоли саҷда ва қиём шабзиндадорӣ мекунанд
Ва касоне, ки мегӯянд: «Парвардигоро, азоби дузахро аз мо бозгардон, [ки] бе тардид, азобаш [сахту] пойдор аст
Ҳаққо, ки дузах бад ҷойгоҳ ва иқоматгоҳест
Ва [муъминон] касоне ҳастанд, ки чун инфоқ менамоянд, на зиёдаравӣ мекунанд ва на сахтгирӣ ва байни ин ду [ҳолат роҳи] эътидол пеш мегиранд
Ва касоне ҳастанд, ки бо Аллоҳ таоло маъбуде дигар намехонанд ва касе, ки Аллоҳ таоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар ки ин [гуноҳон]-ро муртакиб шавад, кайфари гуноҳи [хеш]-ро мебинад
Рӯзи қиёмат азобаш дучандон мегардад ва бо хорӣ дар он [азоб] ҷовидон мемонад
Магар касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва коре шоиста анҷом диҳад. Пас, инонанд, ки Аллоҳ таоло бадиҳояшонро ба некиҳо табдил мекунад ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзгору меҳрубон аст
Ва касе, ки тавба кунад ва коре шоиста анҷом диҳад, пас, яқинан ба даргоҳи Аллоҳ таоло – чунон ки бояду шояд – тавба кардааст
Ва касоне [муъминанд], ки гувоҳии дурӯғ намедиҳанд [ва дар маҷолиси ботил ҳузур намеёбанд] ва чун ба [кори нописанд ё] беҳудае бархӯрд мекунанд, бузургворона [аз канораш] мегузаранд [ва худро олуда намесозанд]
Ва касоне, ки чун ба оёти Парвардигорашон панд дода мешаванд, [аз он ғафлат намекунанд ва дар баробари Қуръон] чун карону кӯрон нестанд
Ва касоне, ки мегӯянд: «Парвардигоро, аз ҳамсарону фарзандонамон [касонеро] ба мо ато фармо, ки [мояи шодии дилҳо ва] равшании чашмҳо бошанд ва моро пешвои парҳезкорон қарор бидеҳ»
[Оре] Инон ба поси он ки шикебоӣ кардаанд, манозил [-и олии биҳишт]-ро подош мегиранд ва дар он ҷо бо дуруду саломи [фариштагон] рӯ ба рӯ мегарданд
Дар он ҷо ҷовидонанд. Чи наку ҷойгоҳ ва [чи нек] иқоматгоҳе аст!
[Ба кофирон] бигӯ: «Агар ибодат ва дуоятон набошад, Парвардигорам эътиное ба шумо надорад [ва арзише бароятон қоил нест]. Ба ростӣ, шумо [даъвати ҳақро] дурӯғ ангоштед, пас, ба зудӣ [кайфари ин кор] гиребонгиратон хоҳад шуд