ترجمة معاني سورة لقمان باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
الترجمة الطاجيكية - عارفي
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
ﰡ
آية رقم 1
ﭑ
ﭒ
Алиф, лом, мим
آية رقم 2
ﭓﭔﭕﭖ
ﭗ
Ин оёти китоби ҳаким аст
آية رقم 3
ﭘﭙﭚ
ﭛ
[Ки] Ҳидоят ва раҳмате барои накукорон аст
آية رقم 4
Касоне, ки намоз барпо медоранд ва закот мепардозанд ва ба охират яқин доранд
آية رقم 5
Онон аз ҷониби Парвардигорашон аз ҳидояте бархӯрдоранд ва ононанд, ки растагоранд
آية رقم 6
Ва аз мардум касе ҳаст, ки дар пайи сухани ёва аст, то [дигаронро] аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳ созад ва он [оёти равшангар]-ро ба тамасхур мегирад. Онон [ки рафторашон чунин аст], азоби хоркунанда [дар пеш] доранд
آية رقم 7
Ва ҳангоме ки оёти Мо бар ӯ хонда мешавад, мутакаббирона рӯй мегардонад, гӯё онро нашнида [ва] гӯё дар гӯшҳояш сангинӣ аст. Пас, ӯро ба азобе дарднок башорат деҳ
آية رقم 8
Бе тардид, касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, боғҳои пурнеъмати [биҳишт] барои эшон аст
آية رقم 9
Дар он ҷо ҷовидонанд. Ваъдаи Аллоҳ таоло рост аст ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
آية رقم 10
Чунон ки мебинед, [Аллоҳ таоло] осмонҳоро бидуни сутун офарид ва дар замин кӯҳҳои устувор [-у муҳкаме] пайафканад, то [замини] шуморо наларзонад ва аз ҳар гуна ҷунбандае дар он пароканда сохт ва аз осмон обе фиристодем ва аз ҳар [гиёҳ]-и судманде дар он рӯёндем
آية رقم 11
Ин офариниши Аллоҳ таоло аст. Инак [эй мушрикон] ба ман нишон диҳед, ки касоне, ки ғайр аз Ӯ ҳастанд [ва шумо мепарастедашон] чи офаридаанд? Балки ситамгорон [мушрикон] дар гумроҳии ошкоранд
آية رقم 12
Ба ростӣ, Мо ба Луқмон дониш [-и фаҳми дин ва тадбири зиндагӣ] бахшидем [ва ба ӯ гуфтем], ки: Шукри Аллоҳро ба ҷой овар, пас, ҳар ки шукр кунад, танҳо ба суди хеш шукргузоранда аст ва ҳар ки носипосӣ кунад, пас, [бидонад, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст
آية رقم 13
Ва [ёд кун аз] он гоҳ ки Луқмон ба писараш [чунин] панд медод: «Писарам, ба Аллоҳ таоло ширк наовар [ва чизеро ҳамтояш қарор мадеҳ, чаро ки] яқинан, ширк ситами бузургест»
آية رقم 14
Мо инсонро [дар бораи накуӣ] ба падару модараш супориш кардем, [аз он рӯ, ки] модараш ӯро бо нотавонии рӯзафзун бордор шуд ва [даврони ширхорагӣ ва] бозгирифтанаш аз шир ду сол тӯл мекашад. [Ба ӯ гуфтем] Ки: «шукри Ман ва падару модаратро ба ҷо овар, [ки] бозгашт [ҳама] ба сӯйи Ман аст
آية رقم 15
Ва агар он ду [мушрик бошанд ва] талош кунанд, ки ту чизеро шарики Ман қарор диҳӣ, ки нисбат ба он донише надорӣ, пас, аз он ду итоат накун ва дар дунё бо эшон ба шоистагӣ [ва накуӣ] рафтор кун ва аз роҳи касе пайравӣ кун, ки [муваҳҳидона] ба сӯйи Ман бозомадааст. Бозгашти ҳама ба сӯйи Ман аст ва аз он чи мекардед, огоҳатон мекунам
آية رقم 16
[Луқмон гуфт] «Писарам, агар [амали нек ё бад] ҳамсанги донаи хардал бошад ва даруни тахтасанге ё дар [гӯшае аз] осмонҳо ё дар замин [нуҳуфта] бошад, Аллоҳ таоло онро [рӯзи қиёмат ба ҳисоб] меоварад. Бе тардид, Аллоҳ таоло борикбини огоҳ аст
آية رقم 17
Писарам, намоз барпо дор ва [мардумро] ба некӣ фармон бидеҳ ва аз нописанд боздор ва бар он чи [ки аз сахтиҳои ин кор] ба ту мерасад, шикебо бош. Бе тардид, ин аз [ҷумлаи корҳоест, ки ниёзманди иродаи қавӣ ва] азми устувор аст
آية رقم 18
Ва [бо беэътиноӣ] аз мардум рӯй нагардон ва мағрурона дар замин роҳ нарав. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло ҳеҷ мутакаббиру фахрфурӯшеро дӯст намедорад
آية رقم 19
Ва [дар манишу рафторат] миёнарав бош ва ба оромӣ сухан бигӯ [на бо садои баланд, чаро ки] ҳатман, зишттарин садо садои харон аст
آية رقم 20
[Эй мардум] Оё надидаед, ки Аллоҳ таоло он чиро дар осмонҳо ва замин аст, ба хидмататон гумошта ва [бахшиши] неъматҳои ошкор ва пинҳони хешро бар шумо тамом кард? [Бо ин ҳол] Аз мардум касе ҳаст, ки бидуни ҳеҷ дониш ва ҳидоят ва китоби равшангаре дар [мавриди] Аллоҳ таоло муҷодала мекунад
آية رقم 21
Ва ҳангоме ки ба онон гуфта мешавад: «Аз он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, пайравӣ кунед». Мегӯянд: «[На] Балки аз чизе пайравӣ мекунем, ки падаронамонро бар он ёфтем». Оё агар шайтон ононро ба сӯйи азоби [оташи] сӯзон даъват кунад [боз ҳам аз падаронашон пайравӣ мекунанд]?
آية رقم 22
Ҳар ки [холисона] ба Аллоҳ таоло рӯ оварад ва накукор бошад, ба ростӣ, ки ба дастовези муҳкаме чанг задааст ва саранҷоми корҳо ба сӯйи Аллоҳ таоло аст
آية رقم 23
Ҳар ки куфр варзад, куфраш туро ғамгин насозад. Бозгашти онон ба сӯи Мост, он гоҳ аз он чи кардаанд, огоҳашон месозем. Бе тардид, Аллоҳ таоло аз [рози] дилҳо огоҳ аст
آية رقم 24
Онон [кофирон]-ро андаке [аз неъматҳои дунё] баҳраманд месозем, он гоҳ ба таҳаммули азобе сахт дучорашон мекунем
آية رقم 25
Ва агар аз мушрикон бипурсӣ: Чи касе осмонҳо ва заминро офаридааст?», қатъан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Бигӯ: Сипос [-у ситоиш] махсуси Аллоҳ таоло аст [ки шуморо аз ин ҳақиқат огоҳ намуд]», балки бештарашон намедонанд
آية رقم 26
Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст. Бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзу сутуда аст
آية رقم 27
Агар [ҳамаи] дарахтони рӯи замин қалам шавад ва дарё [ранг гардад] ва ҳафт дарёи дигар ба ёриашон биёяд [то дониши илоҳиро бинависанд], суханони Аллоҳ таоло поён намеёбад. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст
آية رقم 28
[Эй мардум] Офариниш ва барангехтани шумо [дар қиёмат] ҳамчун як нафар беш нест. Бе тардид, Аллоҳ таоло шунавову биност
آية رقم 29
Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло аз шаб мекоҳад ва бар рӯз меафзояд ва аз рӯз мекоҳад ва бар шаб меафзояд ва хуршеду моҳро ба хидмат [-и инсон] гумоштааст, ки ҳар як то замоне муайян дар [мадори худ] равон бошад? Бе тардид, Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст
آية رقم 30
Ин [тақдиру тадбир] аз он рӯст, ки Аллоҳ таоло ҳақ аст ва он чи ҷуз Ӯ мехонанд, [ҳама] ботил аст ва Аллоҳ таоло аст, ки баландмартаба [ва] бузург аст
آية رقم 31
Оё надидӣ, ки киштиҳо ба [фармону] неъмати Аллоҳ таоло дар дарё равонанд, то бархе аз нишонаҳои хешро ба шумо бинамояд? Бе тардид, дар ин амр барои ҳар шикебои сипосгузор нишонаҳое [аз қудрату лутфи Парвардигор] аст
آية رقم 32
Ва он гоҳ ки мавҷи кӯҳпайкаре ононро иҳота мекунад, Аллоҳро дар ҳоли холисона мехонанд, ки дин [-у парастиш]-ро танҳо вижаи Ӯ медонанд. Он гоҳ чун ононро [аз марг] раҳонад ва ба хушкӣ расонад, бархе аз эшон миёнарав [мешаванд, вале чунон ки бояд, сипос намегузоранд, дар ҳоле ки бархе дигар носипосанд] ва оёти Моро касе ҷуз паймоншиканони носипос инкор намекунанд
آية رقم 33
Эй мардум, аз Парвардигоратон парво кунед ва аз рӯзе битарсед, ки на ҳеҷ падаре барои фарзандаш суде дорад ва на ҳеҷ фарзанде судрасони падар аст. Яқинан, ваъдаи Аллоҳ таоло [дар мавриди қиёмат] ҳақиқат дорад. Пас, [ҳушёр бошед, ки лаззатҳои] зиндагии дунёӣ шуморо нафиребад ва шайтон нисбат ба [таъхири азоб ва шикебоии] Аллоҳ таоло фиребатон надиҳад
آية رقم 34
Бе тардид, огоҳӣ [аз замони вуқуи] қиёмат [танҳо] назди Аллоҳ таоло аст ва [Ӯст, ки] борон нозил мекунад ва он чиро, ки дар раҳимҳост, медонад ва касе намедонад, фардо чи ба даст меоварад ва ҳеҷ кас огоҳ нест, ки дар кадом сарзамин мемирад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло донову огоҳ аст
تقدم القراءة