ﰡ
Алиф, лом, ро. Ин оёти китоби равшангар аст
Мо онро Қуръоне [ба забони] арабӣ нозил кардем, бошад, ки [дар мафоҳимаш] бияндешед
[Эй паёмбар] мо беҳтарин достонро бо ваҳй кардани ин Қуръон бар ту ҳикоят мекунем ва мусалламан, пештар ту [аз ин достонҳо] бехабар будӣ
[Ёд кун аз] ҳангоме ки Юсуф ба падараш [Яъқуб] гуфт: «Падарҷон, ман [дар хоб] ёздаҳ ситора ва хуршеду моҳ дидам. Онҳоро дидам, ки бароям саҷда мекарданд»
[Яъқуб] Гуфт: «Писарам, хобатро барои бародаронат бозгӯ макун, ки бароят найранге меандешанд,[чаро ки] бе тардид, шайтон душмани ошкоре барои инсон аст
Парвардигорат туро ин гуна бармегузинад ва ба ту [илми] таъбири хобҳоро меомӯзад ва неъматашро бар ту ва бар хонадони Яъқуб тамом мегардонад, чунон ки пеш аз ин [низ] бар аҷдодат – Иброҳим ва Исҳоқ тамом кард. Бе тардид, Парвардигорат донову ҳаким аст»
Ба ростӣ, ки дар [достони] Юсуф ва бародаронаш, барои пурсишгарон [дар бораи Юсуф ибратҳо ва] нишонаҳост
Он гоҳ ки [ба якдигар] гуфтанд: «Юсуф ва бародараш [Бинёмин] назди падарамон аз мо маҳбубтаранд, дар ҳоле ки мо як гурӯҳ [-и неруманд] ҳастем. Ҳаққо, ки падарамон [бо ин меҳрварзии бедалел] дар гумроҳии ошкоре аст
[Яке аз бародарон гуфт] Юсуфро бикушед ё ӯро ба сарзамин [-и дурдаст]-е биафканед, то таваҷҷуҳи падаратон фақат ба [сӯйи] шумо бошад ва пас аз он [тавба кунед ва] афроде шоиста бошед»
Яке [дигар] аз онон гуфт: «Юсуфро накушед ва агар [мехоҳед] коре анҷом диҳед, ӯро дар қаъри чоҳ биандозед, то бархе аз мусофирон [-и корвон] ӯро баргиранд [ва бо худ ба ҷойе дур баранд]»
[Сипас назди Яъқуб рафтанд] Ва гуфтанд: «Падарҷон, чаро моро бар Юсуф амин намешуморӣ, ҳол он ки мо хайрхоҳаш ҳастем?
Фардо ӯро бо мо [ба дашт] бифрист, то [дар чаманҳо] бигардад ва бозӣ кунад ва мо ба хубӣ муроқибаш ҳастем»
[Яъқуб] Гуфт: «Ин ки ӯро бибаред, маро андуҳгин мекунад ва аз ин метарсам, ки гург ӯро бихӯрад ва шумо аз ӯ ғофил бошед»
Онон гуфтанд: «Бо вуҷуди ин ки мо як гурӯҳ [-и неруманд] ҳастем, агар [иҷозат диҳем, ки] гург ӯро бихӯрад, ҳатман, зиёнкор хоҳем буд»
Пас, чун вайро [ҳамроҳи худ] бурданд ва ҳамдаст шуданд, ки ӯро дар қаъри чоҳ биандозанд, ба ӯ ваҳй кардем, ки: «[Саранҷом] Ҳатман, ононро, дар ҳоле ки [дар бораат] ҳеҷ намедонанд, аз [чанду чуни] ин корашон огоҳ хоҳӣ сохт»
Ва шабонгоҳ гирякунон назди падарашон омаданд
Гуфтанд: «Падарҷон, мо [дуртар] рафтем, ки мусобиқа диҳем ва Юсуфро назди асоси худ гузоштем, ки гург ӯро хӯрд ва ҳарчанд ростгӯ бошем, ту [ҳаргиз сухани] моро бовар нахоҳӣ кард»
Ва пероҳани ӯро бо хуни дурӯғине [барои Яъқуб] оварданд. [Ӯ] Гуфт: «[Чунин нест] Балки [ҳавои] нафси шумо коре [ношоиста]-ро бароятон оростааст, пас, сабре наку [бароям беҳтар аст] ва Аллоҳ таоло дар [мавриди] он чи мегӯед, ёригар [-и ман] аст»
Ва корвоне омад ва онон обовари худро фиристоданд,пас,ӯ далвашро [дар чоҳ] андохт [ва чун Юсуфро боло кашид] гуфт: «Мужда диҳед! Ин як навҷавон аст» ва [пас аз наҷоташ] ӯро ҳамчун як коло[-и арзишманд аз дигарон] пинҳон доштанд, ва[-ле] Аллоҳ таоло ба он чи мекарданд, огоҳ буд
Ва [саранҷом] ӯро ба баҳое андак, чанд дирҳам, фурӯхтанд ва дар [бораи нигаҳ доштани] ӯ бемайл буданд
Ва он шахс аз [мардуми] Миср [Азиз], ки ӯро харида буд, ба ҳамсараш гуфт: «Мақомашро гиромӣ бидор. Умед аст, ки бароямон судманд бошад ё ӯро ба фарзандӣ бигирем». Ва инчунин буд, ки Юсуфро дар [он] сарзамин арҷманд [-у муқтадир] гардонидем, то ба ӯ таъбири хоб биёмӯзем; ва Аллоҳ таоло бар кори хеш [тавоно ва] чира аст, вале бештари мардум намедонанд
Ва чун [Юсуф ба авҷи] неруи ҷавонӣ расид, ба ӯ ҳикмату дониш ато кардем ва накукоронро инчунин подош медиҳем
Ва он зане, ки ӯ [Юсуф] дар хонааш буд, аз вай комҷӯӣ кард ва дарҳоро басту гуфт: «Биё [ки дар ихтиёри ту ҳастам]». [Юсуф] Гуфт: «Паноҳ бар Аллоҳ таоло! Он мард [шавҳари ту ва] сарвари ман аст [ва] ҷойгоҳамро гиромӣ доштааст [пас, чи гуна ба ӯ хиёнат кунам?] яқинан, ситамгорон растагор намешаванд»
Ва дар ҳақиқат, [он зан] қасди ӯ кард ва ӯ низ агар бурҳони Парвардигорашро надида буд, қасди он зан мекард. Мо инчунин [кардем], то бадӣ ва зишткориро аз ӯ дур созем. Ба ростӣ, ки ӯ аз бандагони мухлиси Мо буд
Ва ҳар ду ба тарафи дар шитофтанд ва [ҳамсари азизи Миср] пероҳани ӯро аз пушт пора кард ва [дар ин ҳангом] шавҳарашро дар остонаи дар ёфтанд.[Он] Зан гуфт: «Кайфари касе, ки қасди бад ба хонаводаи ту дошта бошад, чист, ҷуз ин ки зиндон шавад ё азобе дарднок [бубинад]»?
[Юсуф] Гуфт: «Ӯ аз ман комҷӯӣ кард» ва [дар он ҳангом] шоҳиде аз бастагони он зан шаҳодат дод: «Агар пероҳанаш аз ҷилав пора шуда бошад, ин зан рост мегӯяд ва он мард [Юсуф] дурӯғгӯст
Ва[-ле] агар пероҳанаш аз пушт пора шуда бошад, ин зан дурӯғ мегӯяд ва он мард ростгӯст»
Пас, чун [Азизи Миср] дид, ки пероҳани ӯ аз пушт пора шудааст, [ба ҳақиқат пай бурд ва] гуфт: «Ин аз найранги шумо [занон] аст, ба ростӣ, ки найранги шумо бузург аст
Эй Юсуф, аз ин [моҷаро] даргузар ва [ту эй зан] барои гуноҳат омурзиш бихоҳ, ки бе тардид хатокор будаӣ»
[Ҳангоме ки ин хабар мунташир шуд] Бархе аз занон дар шаҳр гуфтанд: «Ҳамсари Азиз [-и Миср] аз ғуломи [ҷавони] хеш комҷӯӣ мекунад [ва] сахт шефтааш гаштааст. Мо ӯро воқеан дар гумроҳии ошкоре мебинем»
Пас, чун [ҳамсари Азиз] найранг [-у бадгӯӣ]-и ононро шунид, [шахсеро барои даъват] ба суроғашон фиристод ва маҷлисе барояшон тартиб дод ва ба ҳар кадом [барои буридани ғизо] корде дод ва ба Юсуф гуфт: «Бар [ҷамъи] онон ворид шав». Пас, [занон] чун ӯро диданд, бисёр бузург [-у зебо] шумурданд ва [чунон маҳви ҷамолаш шуданд] дастҳояшонро захмӣ карданд ва гуфтанд: «Паноҳ бар Аллоҳ таоло! Ин башар нест, ин ҷуз фариштае бузургвор нест»
[Ҳамсари Азиз] Гуфт: «Ин [ҷавони зеборӯ] ҳамон аст, ки маро дар барои ӯ сарзаниш мекардед. [Оре] Дар ҳақиқат, ман аз ӯ комҷӯӣ намудам ва ӯ хештандорӣ кард ва [инак] агар он чиро ба ӯ дастур медиҳам, анҷом надиҳад, ҳатман, зиндонӣ мешавад ва мусалламан, аз хоршудагон хоҳад буд»
[Юсуф] Гуфт: «Парвардигоро, зиндон барои ман аз он чи [инҳо] маро ба сӯяш мехонанд, маҳбубтар аст ва агар найрангашонро аз ман нагардонӣ, ба онон гароиш меёбам ва [агар чунин кунам] нодон хоҳам буд»
Пас, Парвардигораш [дуои] ӯро иҷобат кард ва найрангашонро аз ӯ бозгардонид. Бе тардид, Ӯ шунавову доност
Он гоҳ пас аз он ки [Азизи Миср ва атрофиёнаш] нишонаҳо[-и покдомании Юсуф]-ро диданд, тасмим гирифтанд [барои сарпӯш гузоштан бар ин беобрӯӣ] ӯро то муддате зиндонӣ кунанд
Ва ду ҷавон ҳамроҳи ӯ вориди зиндон шуданд. [Рӯзе] Яке аз он ду гуфт: «Ман [дар хоб] худро дидам, ки [ангур барои] шароб мефишорам» ва дигарӣ гуфт: «Ман хоб дидаам, ки бар сари хеш [зарфи] ноне мебарам [ва] парандагон аз он мехӯранд. Моро аз таъбираш огоҳ кун, [ки] ҳатман, туро аз накукорон мебинем»
[Юсуф] Гуфт: «Ҳеҷ ғизое барои хӯрдан наздатон намеоваранд, магар он ки пеш аз оварданаш, шуморо аз [кайфияту] ҳақиқаташ огоҳ созам. Ин [ахбори ғайбӣ] аз онҳост, ки Парвардигорам ба ман омӯхтааст. Дар ҳақиқат, ман оини қавмеро, ки ба Аллоҳ таоло имон намеоваранд ва ба [сарои] охират [низ] куфр меварзанд, тарк кардам
Ва аз оини падаронам Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб пайравӣ кардам. Барои мо сазовор нест, ки чизеро шарики Аллоҳ таоло қарор диҳем. Ин [яктопарастӣ] аз фазли Аллоҳ таоло бар мо ва бар [ҳамаи] мардум аст, вале бештари мардум сипос намегузоранд
Эй дӯстони зиндонии ман, оё маъбудони пароканда [ва мутааддид] беҳтаранд, ё Аллоҳи ягонаи пирӯзманд?
Шумо ба ҷои ӯ [чизеро] намепарастед, магар номҳое [бемаънӣ], ки худ ва падаронатон бар онҳо ниҳодаед. Аллоҳ таоло ҳеҷ далеле бар [ҳақиқати] онҳо нозил накардааст. Фармонравоӣ, танҳо аз они Аллоҳ таоло аст [ва] фармон додаст, ки ҷуз Ӯро напарастед. Ин ҳамон дини рост ва устувор аст; вале бештари мардум намедонанд
Эй дӯстони зиндонии ман, яке аз шумо [озод мешавад] ва ба сарвари хеш шароб хоҳад нӯшонд ва аммо дигаре ба дор овехта мешавад ва парандагон аз [мағзи] сараш хоҳанд хӯрд. Амре, ки дар [мавриди] он аз ман назар хостед, [чунин] муқаддар шудааст»
Ва [Юсуф] ба яке аз он ду [нафар], ки донист раҳо мешавад, гуфт: «Аз ман назди сарварат [подшоҳ] ёд кун». Ва[-ле] шайтон ёд кардан [аз Юсуфро назди] сарвараш аз хотири вай [соқии подшоҳ] бурд ва ӯ [Юсуф] чандин сол [-и дигар низ] дар зиндон боқӣ монд
Ва [рӯзе] подшоҳ гуфт: «Ман [дар хоб] дидам, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯрданд ва ҳафт хӯшаи сабз ва [ҳафт хӯшаи] дигарро хушк [дидам]. Эй бузургон, агар таъбири хоб мекунед, дар [бораи] хобам назар диҳед»
Онон гуфтанд: «[Инҳо] Хобҳое парешон аст ва мо ба таъбири ин [гуна] хобҳо доно нестем»
Ва яке аз он ду [зиндонӣ], ки наҷот ёфта буд, пас аз муддатҳо [Юсуф]-ро ба ёд овард [ва] гуфт: «Маро ба [зиндон] бифиристед, то дар бораи таъбири он [хоб] ба шумо хабар диҳам»
[Ӯ ба зиндон рафт ва гуфт] «Юсуф, эй марди ростгӯ, дар бораи ин хоб изҳори назар кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯрданд ва ҳафт хӯшаи сабз ва [ҳафт хӯшаи] хушкидаи дигар бароямон таъбир кун, то назди мардум баргардам, шояд онҳо [таъбири ин хоб ва тавоноиҳои туро] бидонанд
[Юсуф] гуфт: «Ҳафт соли паёпай [бо ҷиддият] кишоварзӣ кунед ва он чиро, ки дарав мекунед, ҷуз андаке, ки мехӯред, бо хӯшааш [канор] бигзоред
Сипас баъд аз он [даврони равнақ] ҳафт [соли қаҳтии] сахт меояд, ки он чиро барои он солҳо [канор] гузоштаед, мехӯред, ба ҷуз андаке, ки онро [барои тухмӣ] захира мекунед
Сипас баъд аз он ҳафт [сол] соле фаро мерасад, ки борони фаровоне насиби мардум мешавад ва дар он сол, [бар асари фаровонӣ, аз меваҳо] ассора (афшурданиҳо) мегиранд»
Подшоҳ [чун ин таъбирро шунид] гуфт: «Ӯро назди ман биёваред». Пас, чун фиристода [-и подшоҳ] назди ӯ омад, [Юсуф] гуфт: «Назди сарварат бозгард ва аз ӯ бипурс, ки моҷарои заноне, ки дастҳои худро буриданд, чи буд? Ҳатман, Парвардигорам ба найранги онон огоҳ аст»
[Подшоҳ он занонро хост ва] Гуфт: «Ҳангоме ки Юсуфро ба сӯйи хеш даъват кардед, ҷараёни коратон чи буд»? Гуфтанд: «Паноҳ бар Аллоҳ таоло! Мо ҳеҷ гуноҳе дар ӯ суроғ надорем». [Дар ин ҳангом] Ҳамсари Азиз гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд, ман [будам, ки] аз вай комҷӯӣ кардам [ва ӯ покдоманӣ варзид] ва яқинан, ростгӯст
Ин [эътироф] барои он аст, ки [Юсуф] бидонад, ки ман дар пинҳон ба ӯ хиёнат накардаам [ва дар ғиёбаш ҳақиқатро гуфтаам] ва ин ки Аллоҳ таоло найранги хоинонро ба ҷойе намерасонад
Ман ҳаргиз худро бегуноҳ намешуморам. Бе шак, нафс [-и васвасагари инсон ӯро] пайваста ба бадӣ фармон медиҳад, магар он ки Парвардигорам раҳм кунад. Бе тардид, Парвардигорам омурзандаи меҳрубон аст»
Ва подшоҳ гуфт: «Ӯ [ Юсуф]-ро наздам биёваред [то мушовири] хоси худ гардонам». Пас, чун [Юсуф наздаш омад ва] бо вай суҳбат кард, [подшоҳ] гуфт: «Ту имрӯз назди мо арҷманд [ва] амин ҳастӣ»
Юсуф] гуфт: «Маро бар [сарпарастии] хазонаҳои [молӣ ва ғизоии ин] сарзамин бигумор, [ки] бе тардид, ман нигаҳбоне доно ҳастам»
Ва ин гуна ба Юсуф дар он сарзамин манзалат [-у қудрат] додем, [он чунон] ки [метавонист ба ҳар ҷо биравад ва] дар ҳар ҷойе аз он ки мехост, иқомат мекард. Мо раҳмати худро ба ҳар ки бихоҳем мерасонем
Ва подоши охират барои касоне, ки имон овардаанд ва парҳезгорӣ кардаанд, беҳтар аст
Ва [чун сарзамини Канъонро хушксолӣ фаро гирифт] бародарони Юсуф [барои таҳияи гандум ба Миср] омаданд ва бар ӯ ворид шуданд. Пас, ӯ онҳоро шинохт, дар ҳоле ки онон вайро нашинохтанд
Пас, чун борҳояшонро омода кард, [ба онон] гуфт: «[Навбати оянда] Бародареро, ки аз падаратон доред, назди ман оваред. Оё намебинед, ки ман паймонаро тамом медиҳам ва беҳтарин мизбонам?
Пас, агар ӯро наздам наоваред, паймонае назди ман нахоҳед дошт ва наздикам нашавед»
[Бародарон] Гуфтанд: «Ӯро аз падараш хоҳем хост ва ҳатман, ин корро мекунем»
Ва [Юсуф] ба ғуломонаш гуфт: «Сармояҳояшонро [ки барои хариди ғалла овардаанд, махфиёна] дар борҳояшон бигузоред, шояд ҳангоме ки ба сӯйи хонаводаи худ бозгаштанд, онро [бубинанд ва] бишносанд. Умед, ки бозоянд»
Пас, чун ба сӯйи падарашон бозгаштанд, гуфтанд: «Падарҷон, паймона [ва саҳми ғаллаи навбати оянда]-ро аз мо боздоштанд, пас, бародарамон [Бинёмин]-ро бо мо бифирист, то саҳме [аз ғалла] бигирем ва мо ҳатман, муроқибаш хоҳем буд»
[Яъқуб] гуфт: «Оё ҳамон гуна, ки пештар шуморо нисбат ба бародараш [Юсуф] амин доштам, [ин бор ҳам] бар ӯ амин бидонам? Пас, Аллоҳ таоло беҳтарин нигаҳбон аст ва ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст»
Ва чун бори худро кушоданд, сармояашонро ёфтанд, ки ба онон бозгардонда шуда буд. Гуфтанд: «Падарҷон, [дигар] чи мехоҳем? Ин сармояи мост, ки ба мо бозгардонида шудааст, [бад-ин васила] барои хонаводаи худ озуқа меоварем ва бародарамонро [низ] ҳифозат мекунем ва [бо бурдани Бинёмин] як бори шутур изофа мегирем. Ин паймона [барои Азизи Миср кори] осонест
[Яъқуб] Гуфт: «Ҳаргиз ӯро бо шумо нахоҳам фиристод, то бо ман ба номи Аллоҳ таоло паймони устуворе бибандед, ки ҳатман ӯро назди ман бозмеоваред, магар он ки гирифтор шавед [ва ҳеҷ як наҷот наёбед]. Пас, чун [аҳду] паймони устувори хеш ба ӯ доданд, [Яъқуб] гуфт: «Аллоҳ таоло бар он чи мегӯем, [гувоҳу] нигаҳбон аст»
Ва [ҳамчунон] гуфт: «Эй писаронам, [барои он ки ҷалби таваҷҷуҳ накунед] аз як дар ворид нашавед, балки аз дарҳои мухталиф дохил шавед ва [албатта, бо ин супориш] наметавонам чизе аз [қазо ва қадари] Аллоҳро аз шумо дур кунам. Ҳукм ҷуз барои Аллоҳ таоло нест. Бар Ӯ таваккал кардам ва таваккалкунандагон бояд бар Ӯ таваккал кунанд
Ва чун ҳамон гуна ки падарашон ба онон дастур дода буд, ворид шуданд. [Ин шеваи вуруд] Эшонро аз [қазои] Аллоҳ таоло бознадошт, вале [ҳар чи буд] ниёзи қалби Яъқубро бароварда кард. Ӯ аз [баракати] он чи бад-ӯ омӯхта будем, дорои донише фаровон буд, вале бештари мардум намедонанд
Ва чун [бародарон] бар Юсуф ворид шуданд, бародараш [Бинёмин]-ро назди худ ҷой дод [ва ба оҳистагӣ ба ӯ] гуфт: «Ман бародарат ҳастам, пас, аз корҳое, ки [бародаронамон] мекарданд, андуҳгин мабош»
Пас, ҳангоме ки борҳояшонро омода кард, ҷоми [подшоҳ]-ро дар бори бародараш [Бинёмин] гузошт, он гоҳ нидодиҳандае бонг баровард [ки]: «Эй корвониён, ҳатман, шумо дузд ҳастед»
[Бародарони Юсуф] Рӯ ба онон карданд ва гуфтанд: «Чи гум кардаед»?
[Коргузорон] Гуфтанд: «Паймонаи подшоҳро гум кардаем ва [он ки бонг бароварда буд, гуфт] ҳар ки онро биёварад, як бори шутур [ҷоиза] дорад ва ман зомини ин [подош] ҳастам»
[Бародарони Юсуф] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, шумо медонед, ки мо наёмадаем, то дар ин сарзамин фасод кунем ва мо [ҳаргиз] дузд набудаем»
[Онон] Гуфтанд: «Пас, агар дурӯғгӯ бошед, кайфараш чист»?
Гуфтанд: «Кайфари касе, ки [он паймона] дар бораш пайдо шавад, [ин аст, ки] худаш кайфари он бошад [ва ба бардагии шумо дарояд]. Мо ситамгоронро ин гуна муҷозот мекунем»
Пас, [Юсуф] пеш аз бори бародараш, шурӯъ ба [ҷустуҷӯи] борҳои онон кард, сипас он [паймона]-ро аз бори бародараш берун кашид. Ин гуна барои Юсуф чораандешӣ кардем, [то битавонад Бинёминро назди худ нигаҳ дорад, зеро ӯ] тибқи оини подшоҳи [Миср] наметавонист бародарашро боздошт кунад, магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад. Мо дараҷоти ҳар киро бихоҳем боло мебарем ва [бидонед, ки] фаротар аз ҳар соҳибдонише донишваре ҳаст
[Бародарон] Гуфтанд: «Агар ӯ дуздӣ кардааст [шигифт нест, чаро ки] бародараш [низ] пеш аз ин дуздӣ карда буд. Пас, Юсуф онро дар дили хеш пинҳон дошт ва [нороҳатиаш] бар онон ошкор накард [ва бо худ] гуфт: «Шумо аз назари ҷойгоҳ [аз он чи вонамуд мекунед], бадтаред ва Аллоҳ таоло ба он чи баён мекунед, донотар аст»
Гуфтанд: «Эй Азиз, ӯ падари пире дорад [ки тоқати дурии фарзандашро надорад], пас, яке аз моро ба ҷойи ӯ бигир. Ба ростӣ, ки мо туро аз накукорон мебинем»
[Юсуф] Гуфт: «Паноҳ бар Аллоҳ таоло, ки ҷуз он касеро, ки колоямонро наздаш ёфтаем, боздошт кунем! Он гоҳ [агар чунин кунем] ҳатман, ситамгор хоҳем буд»
Пас, чун [бародарон] аз ӯ ноумед шуданд, наҷвокунон ба гӯшае рафтанд. [Бародари] Бузургашон гуфт: «Магар намедонед, ки падаратон бо номи Аллоҳ таоло паймоне устувор аз шумо гирифтааст ва пештар [низ] дар мавриди Юсуф чи кӯтоҳие кардед? Ман ҳаргиз аз ин сарзамин намеравам, то падарам ба ман иҷозати [бозгашт] диҳад ё [он ки] Аллоҳ таоло дар бораам доварӣ кунад, [ки] бе тардид, Ӯ беҳтарин довар аст
[Шумо] Назди падаратон бозгардед ва бигӯед: «Эй падар, писарат дуздӣ кард ва мо ҷуз ба он чи медонистем, гувоҳӣ надодем ва аз ғайб огоҳ набудем [ки бидонем дуздӣ мекунад]
Ва аз [мардуми] шаҳре, ки дар он будем ва аз корвоне, ки бо он омадем, бипурс ва мо, ҳатман, ростгӯем»
[Яъқуб] Гуфт: «[Чунин нест] Балки ҳавои нафси шумо кор [-и ношоиста]-ро бароятон ороста аст, пас, [чораи кор] сабре накуст. Умед аст, ки Аллоҳ таоло ҳамаи ононро ба ман бирасонад. Бе тардид, Ӯ донои ҳаким аст»
Ва аз онон рӯ бигардонд ва гуфт: «Дареғ аз Юсуф»! Ва чашмонаш аз шиддати андуҳ [ва гиристан барои фарзандаш] сафед шуд ва ҳамчунон андуҳи худро фурӯ мехӯрд
[Писаронаш] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, ту [он қадр] пайваста аз Юсуф ёд мекунӣ, то [оқибат] ба сахтӣ бемор шавӣ ё бимирӣ»
[Яъқуб] Гуфт: «Ман аз дарду андуҳи хеш ба [даргоҳи] Аллоҳ таоло менолам ва аз [лутфу бузургии] Аллоҳ таоло чизҳое медонам, ки шумо намедонед»
Эй писаронам, биравед ва дар бораи Юсуф ва бародаронаш ҷустуҷӯ кунед [ва хабар бигиред] ва аз раҳмати Аллоҳ таоло маъюс нашавед, [чаро ки] ҷуз гурӯҳи кофирон, касе аз раҳмати Аллоҳ таоло маъюс намегардад»
Пас, чун [писарони Яъқуб ба Миср рафтанд ва] бар ӯ [ Юсуф] ворид шуданд, гуфтанд: «Эй Азиз, ба мо ва хонадонамон [дар асари фақру хушксолӣ] сахтии фаровоне расидааст ва [инак] колои ночиз [ва моли андаке барои хариди ғалла] бо худ овардаем, пас, паймонаро бароямон комил кун ва бар мо садақа [ва бахшиш] кун. Бе тардид, Аллоҳ таоло бахшандагонро подош медиҳад»
[Юсуф] Гуфт: «Оё донистед, ки вақте [аз оқибати коратон] бехабар будед, дар ҳаққи Юсуф ва бародараш чи кардед»?
[Онон] Гуфтанд: «Оё ба ростӣ, ту [ҳамон] Юсуфӣ»? Ӯ гуфт: «[Оре] Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст. Яқинан, Аллоҳ таоло бар мо миннат ниҳод. Ба ростӣ, ҳар ки парҳезкорӣ ва шикебоӣ кунад, пас, [бидонад, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло подоши накукоронро табоҳ намекунад»
[Бародаронаш] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, [ки] яқинан, Аллоҳ таоло туро бар мо бартарӣ додааст ва мо, ҳатман, хатокор будем»
[Юсуф] Гуфт: «Имрӯз ҳеҷ сарзанише бар шумо нест. Аллоҳ таоло шуморо меомурзад ва Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст
[Акнун] Ин пероҳани маро бибаред ва бар рӯи падарам биандозед, то бино гардад ва [сипас] ҳамаи хонаводаи худро назди ман биёваред»
Ва чун корвон [аз Миср ба сӯйи Канъон] ба роҳ афтод, падарашон [ба атрофиёнаш] гуфт: «Агар маро камхирад нашуморед, [мегӯям, ки] яқинан, бӯйи Юсуфро эҳсос мекунам»
[Онон] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, ки ҳатман, [боз ҳам] дар иштибоҳи деринаат ҳастӣ»
Пас, чун муждарасон омад ва он [пероҳан]-ро бар чеҳраи ӯ афканд, пас, ногаҳон бино шуд [ва] гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки ман аз [лутфу бузургии] Аллоҳ таоло чизҳое медонам, ки шумо намедонед»?
Гуфтанд: «Эй падар, барои мо [ба хотири] гуноҳонамон омурзиш бихоҳ, [чаро ки] яқинан, мо гунаҳгор будем»
[Яъқуб] Гуфт: «Ба зудӣ бароятон аз Парвардигорам омурзиш металабам. Бе тардид, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст»
Пас, [ҳамагӣ ба Миср рафтанд ва] чун бар Юсуф ворид шуданд, ӯ падару модарашро [дар оғӯш гирифт ва] назди худ ҷой доду гуфт: «[Ҳамагӣ ба Миср дароед, ки иншоаллоҳ [аз ҳар гуна озоре] эмин хоҳед буд»
Ва падару модарашро бар тахт нишонд ва [ҳамагӣ] барояш ба саҷда афтоданд ва [Юсуф] гуфт: «Падарҷон, ин таъбир [-и ҳамон] хобам аст, ки пештар дида будам. Парвардигорам онро рост гардонид [ва таҳаққуқ бахшид]. Яқинан, Ӯ ба ман некӣ кард, ки маро аз зиндон берун овард ва пас аз он ки шайтон миёни ману бародаронам фитна барпо кард, шуморо аз биёбон [-и Канъон ба Миср] овард. Бе тардид, Парвардигорам дар он чи мехоҳад, борикбин аст. Ба ростӣ, ки Ӯ донои ҳаким аст
Парвардигоро, маро аз фармонравоӣ [баҳрае] ато кардӣ ва илми таъбири хобҳо ба ман омӯхтӣ. Эй Падидоварандаи осмонҳо ва замин, Туӣ, ки дар дунё ва охират [дӯсту] корсози манӣ. Маро мусулмон [фармонбардор] бимирон ва ба шоистагон мулҳақ фармо»
Эй паёмбар] ин [достон] аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем ва ҳангоме ки [бародарони Юсуф алайҳи вай] бадандешӣ мекарданд ва найранг мезаданд, ту наздашон набудӣ
Ва бештари мардум муъмин нестанд, ҳатто агар [барои имон оварданашон] ҳирс биварзӣ
Ту аз онон барои ин [рисолат] подош намехоҳӣ. Ин [Қуръон чизе] нест, магар панде барои ҷаҳониён
Ва чи бисёр нишонаҳо дар осмонҳо ва замин вуҷуд дорад, ки бар онҳо мегузаранд, ва [-ле] аз онҳо рӯй бармегардонанд [ва таваҷҷуҳ намекунанд]
Ва бештарашон [дар зоҳир] ба Аллоҳ таоло имон намеоваранд, магар он ки [дар амал ба навъе] мушриканд
Оё [мушрикон] эмин ҳастанд аз ин ки азобе фарогир аз ҷониби Аллоҳ таоло бар онон фуруд ояд ё дар ҳоле ки ғофиланд, ногаҳон қиёмат бар эшон фаро расад?
[Эй паёмбар, ба мардум] бигӯ: «Ин роҳи ман аст. Ман бо далели ошкор ба сӯйи Аллоҳ таоло даъват мекунам ва касоне, ки аз ман пайравӣ карданд [низ чунин мекунанд] ва Аллоҳ таоло поку муназзаҳ аст ва ман аз мушрикон нестам»
Ва Мо пеш аз ту ҷуз мардоне аз аҳли [ҳамин] шаҳрҳо [-ро ба паёмбарӣ] нафиристодаем, ки ба онон ваҳй мекардем. Оё дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, пеш аз онон буданд, чӣ гуна будааст? Ва яқинан, сарои охират барои парҳезгорон беҳтар аст. Оё намеандешед?
[Мо ҳамчунон ба кофирон муҳлат медодем] То он гоҳ ки паёмбарон [аз нузули азоб] маъюс шуданд ва [мардум] пиндоштанд, ки ба онон дурӯғ гуфта шудааст. [Дар ин ҳангом] Ёрии Мо ба суроғашон омад. Пас, ҳар киро хостем, наҷот ёфт, ва[-ле] азоби сахти Мо аз гурӯҳи муҷримон бозгардонида намешавад
Яқинан дар достони онон барои хирадмандон ибратест. Ин [Қуръон] сухане нест, ки ба дурӯғ сохта шуда бошад, балки тасдиқкунандаи он чи [аз китобҳое] аст, ки пеш аз он [омада] аст ва равшангари ҳама чиз аст ва раҳнамуду раҳмате аст барои гурӯҳе, ки имон меоварад