ترجمة سورة الممتحنة

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الممتحنة باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

Эй касоне, ки имон овардаед, агар барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва талаби хушнудии Ман аз [ватани худ] берун омадаед, душмани Ману душмани худатонро дӯст магиред, ки ба онҳо меҳрубонӣ кунӣ; ва ҳол он ки онон ба дини ҳаққе, ки барои шумо омадааст, куфру инкор варзидаанд ва паёмбар ва шуморо овора кардаанд; чаро ки ба Аллоҳ таоло – Парвардигоратон – имон доред. Шумо пинҳонӣ бо онҳо пайванди дӯстӣ барқарор мекунед, дар ҳоле ки Ман ба он чи ки пинҳон медоред ва он чи ки ошкор месозед, донотарам; ва ҳар кас аз шумо, ки чунин [коре] кунад, яқинан роҳи ростро гум кардааст.
Агар онҳо бар шумо даст ёбанд, душманонатон хоҳанд буд ва ба озоратон дасту забон мекушоянд ва дӯст доранд, ки шумо [низ] кофир гардед
Рӯзи қиёмат ҳаргиз хешовандонатон ва фарзандонатон ба ҳолатон суде нахоҳанд дошт. Аллоҳ таоло дар миёни шумо ҷудоӣ меандозад ва Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, биност
Яқинан барои шумо дар [зиндагии] Иброҳим ва касоне, ки бо ӯ буданд, сармашқи хубе вуҷуд дорад; он гоҳ ки ба қавми худ гуфтанд: «Мо аз шумо ва аз он чи ғайр аз Аллоҳ таоло мепарастед, безорем; ба шумо кофир шудаем ва миёни мо ва шумо душманӣ ва кинаи ҳамешагӣ падид омадааст, то вақте ки ба Аллоҳи ягона имон оваред», магар он сухани Иброҳим, ки ба падараш [Озар] гуфт: «Ман бароят омурзиш талаб мекунам ва дар баробари Аллоҳ таоло барои ту ихтиёри чизеро надорам». Парвардигоро, бар Ту таваккал кардем ва ба сӯйи Ту рӯй овардем ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯи Туст.
Парвардигоро, моро дастхуши [фитнаи] кофирон қарор мадеҳ ва моро биёмурз эй Парвардигори мо; ҳамоно Ту пирӯзманди ҳакимӣ»
Мусалламан барои шумо дар [зиндагии] онҳо [Иброҳим ва ёронаш] сармашқи хубе аст, барои касоне, ки умед ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат доранд; ва ҳар кас рӯйгардон шавад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло бениёзу сутуда аст
Чи басо Аллоҳ таоло миёни шумо ва касоне [аз мушрикин], ки бо онҳо душманӣ доштаед, [пайванди] дӯстӣ [ва муҳаббат] барқарор кунад; ва Аллоҳ таоло тавоност; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст.
Аллоҳ таоло шуморо аз некӣ кардан ва риояти адолат нисбат ба касоне, ки дар [амри] дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун накардаанд, наҳй намекунад. Бе гумон, Аллоҳ таоло адолатпешагонро дӯст медорад
[Ӯ] Танҳо шуморо аз дӯстӣ бо касоне наҳй мекунад, ки дар [амри] дин бо шумо ҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун кардаанд ва бар берун рондани шумо [ба дигарон] кумак кардаанд; ва ҳар кас бо онон дӯстӣ кунад, ононанд, ки ситамгоронанд.
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки занони муъмини муҳоҷир ба назди шумо меоянд, онҳоро биозмоед; Аллоҳ таоло ба имонашон донотар аст. Пас, агар онҳоро [занони] муъмин ёфтед, эшонро ба сӯйи кофирон бознагардонед. На он занон бар эшон [кофирон] ҳалоланд ва на он [мардон] бар ин занони ҳалол; ва ҳар чи [шавҳарони кофир] харҷи [ин занон] кардаанд, ба онҳо бидиҳед; ва бар шумо гуноҳе нест, ки пас аз он ки маҳрияҳояшонро пардохтед, бо онон издивоҷ кунед; ва ба [нигаҳ доштани пайванди заношӯӣ бо] занони кофир дил набандед; [ва чун занони шумо назди онон раванд, раҳояшон кунед] ва он чиро харҷ кардаед, [аз эшон] мутолиба кунед; ва [кофирон низ] он чиро харҷ кардаанд, мутолиба кунанд. Ин ҳукми Аллоҳ таоло аст, ки дар миёни шумо доварӣ мекунад; ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
Агар яке аз ҳамсарони шумо ба сӯйи кофирон рафт, он гоҳ шумо [дар ҷанг бар онон пирӯз шудед ва] ба интиқом аз кофирон бархостед, пас, ба касоне, ки ҳамсаронашон [ба сӯйи куффор] рафтаанд, ҳаммонанди он чиро, ки харҷ кардаанд, [аз ғаноим] бипардозед; ва аз Аллоҳе, ки шумо ба Ӯ имон доред, парво кунед
Эй паёмбар, ҳангоме ки занони муъмин назди ту омаданд, то бо ту байъат кунанд, ки чизеро бо Аллоҳ таоло шарик насозанд ва дуздӣ накунанд ва муртакиби зино нашаванд ва фарзандони худро накушанд ва фарзандеро ба дурӯғ ба шавҳаронашон нисбат надиҳанд ва дар корҳои нек аз ту нофармонӣ накунанд, бо онон байъат кун ва аз Аллоҳ таоло барояшон омурзиш бихоҳ. Бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Эй касоне, ки имон овардаед, бо қавме, ки Аллоҳ таоло бар онон хашм [-у ғазаб] гирифтааст, дӯстӣ накунед. Онҳо аз охират маъюсанд, ҳамон гуна ки кофирон аз гӯрхуфтагон [мурдагони дар гӯристон дафншуда] маъюсанд
Icon