ترجمة سورة الحجرات

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الحجرات باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

Эй муъминон, дар баробари Аллоҳ таоло ва паёмбараш [дар ҳеҷ коре] пешӣ нагиред; ва аз Аллоҳ таоло парво кунед, ки Аллоҳ таоло шунавову доност
Эй муъминон, садоятонро баландтар аз садои Паёмбар накунед; ва ҳамчунон ки бархе аз шумо бо бархе дигар баланд сухан мегӯяд, бо ӯ ба садои баланд сухан нагӯед. Мабодо бе онки бидонед, аъмолатон табоҳ гардад
Онон, ки садои худро назди расулуллоҳ поин меоваранд, Аллоҳ таоло дилҳояшонро барои парҳезкоре озмуда [ва холис гардонида] аст. Барои онон омурзишу подоши бузурге [дар пеш] аст
[Вале] Онон, ки аз пушти утоқҳо [-и ҳамсаронат] туро садо мезананд, бештарашон бехираданд
Ва агар сабр мекарданд, то худ барои мулоқоташон хориҷ шавӣ, барояшон беҳтар буд; ва Аллоҳ таоло омурзгору меҳрубон аст
Эй муъминон, агар шахси мунҳарифе хабаре бароятон оварад, таҳқиқ кунед, то мабодо надониста ба гурӯҳе [бегуноҳ] осеб бирасонед ва аз кардаи худ пушаймон шавед
Бидонед, ки расулуллоҳ миёни шумост [ва салоҳатонро беҳтар медонад]; агар дар бисёре аз умур аз [майлу назари] шумо пайравӣ кунад, дучори заҳмат мешавед; вале Аллоҳ таоло имонро маҳбуби шумо намуд ва онро дар қалбҳоятон биёрост [то ислом биёваред] ва куфру нофармонӣ ва саркаширо дар назаратон нохушоянд гардонд. Онон [ки ороста ба ин авсофанд] пӯяндагони роҳи ҳидоят ва камоланд
[Ин иноят] Ба унвони фазилату неъмате аз ҷониби Аллоҳ таоло [муқаррар шудааст] ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
Агар ду гурӯҳ аз муъминон бо ҳам даргир шуданд, миёнашон оштӣ барқарор кунед ва агар як гурӯҳ бар дигаре таҷовуз кард, бо гурӯҳи мутаҷовиз биҷангед, то ба фармони Аллоҳ таоло боз ояд; агар бозгашт, байнашон сулҳе одилона барқарор кунед ва ба адолат рафтор кунед, ки Аллоҳ таоло одилонро дӯст дорад
Албатта, муъминон бародари якдигаранд; пас, миёни бародарон оштӣ барқарор кунед ва аз Аллоҳ таоло парво кунед; бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред
Ҳаргиз набояд гурӯҳе [аз шумо] гурӯҳи дигареро масхара кунад; чи басо инон аз онон беҳтар бошанд; ва занон низ набояд занони дигарро масхара намоянд; чи басо инон аз онон бартар бошанд; ва аз якдигар айбҷӯӣ накунед; ва якдигарро бо лақабҳо [-и зишт] хитоб накунед [ки ин кор мисдоқи нофармонӣ аз авомири илоҳӣ аст]; ва бадтарин вижагӣ [барои як мусулмон] ин аст, ки пас аз имон овардан [фисқу] нофармонӣ кунад; ва онон, ки тавба накунанд, [нисбат ба нафси хеш] ситамгоранд
Эй муъминон, аз бисёре аз гумонҳои бад бипарҳезед; чаро ки бархе аз гумонҳо гуноҳ аст; ва дар бораи якдигар таҷассусу ғайбат накунед; оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаашро бихӯрад? [Ҳатман] Онро хуш надоред [ғайбат низ ба ҳамин зиштӣ аст]; аз Аллоҳ таоло парво кунед, ки Аллоҳ таоло тавбапазиру меҳрубон аст
Эй мардум, мо шуморо аз [омезиши] марду зане офаридем ва ба ҷамоатҳо ва қабилаҳои мухталиф тақсим кардем, то якдигарро бозшиносед. Бе тардид, бузургвортарини шумо назди Аллоҳ таоло Парҳезкортарини шумост; ва Аллоҳ таоло [ба он чи мекунед] доно ва огоҳ аст
Аъроб [-и бодиянишин дар ҳузури паёмбар] гуфтанд: «Имон овардаем». [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Шумо имон наёвардаед; вале бигӯед: «Ислом овардаем»; ва ҳанӯз имон дар қалбҳоятон нуфуз накардааст. Агар аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунед, аз [подоши] аъмоли шумо ҳеҷ нахоҳад кост. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзгору меҳрубон аст»
Муъминон [-и ҳақиқӣ] касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш имон овардаанд ва [лаҳзае дар имонашон] тардид накарданд ва бо молу ҷонашон дар роҳи Аллоҳ таоло ба мубориза бархостанд; инонанд, ки [дар эътиқод ва амал] садоқат доранд
[Эй паёмбар, ба бодиянишинон] Бигӯ: «Оё мехоҳед, Аллоҳро аз дини хеш огоҳ кунед? Дар ҳоле ки Аллоҳ таоло ҳар чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад; ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе огоҳ аст»
Онон бар ту миннат мениҳанд, ки ислом овардаанд; бигӯ: «Миннати исломи хеш бар ман нагузоред; балки агар [дар ошкор кардани имон] садоқат доред, ин Аллоҳ таоло аст, ки бар шумо миннат дорад, ки ба сӯйи имон ҳидоятатон намудааст»
Бе тардид, Аллоҳ таоло асрори осмонҳо ва заминро медонад ва ба он чи мекунед, биност
Icon