[Яҳудиён] Ҳар куҷо ёфт шаванд, [доғи нангу] хорӣ бар онон зада шудааст; магар он ки дар паноҳи амони Аллоҳ таоло ва мардум бошанд; ва онон ба хашме аз Аллоҳ таоло гирифтор шудаанд ва [доғи] дармондагӣ бар онон зада шудааст. Ин бад-он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ таоло куфр меварзиданд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд; [ва низ] ин [сазо] ба хотири он буд, ки нофармонӣ карданд ва аз ҳудуд [-и илоҳӣ] таҷовуз менамуданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
112. Ҳар ҷо, ки бошанд, нишонаи хорӣ ва пастӣ бар онҳо (яҳудиён) зада шудааст, магар он ки дар амони Аллоҳ (1) ва дар амони мардум бошанд, тану ҷон ва молашонро эмин медоштанд. Ва хашми Аллоҳро оварданд ва бар онҳо мӯҳри бадбахтӣ зада шуд ва намебинӣ яҳудиёнро, ки аз аҳли имон метарсанд ва ин ҳама ба он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳаққӣ куштанд ва исён (нофармонӣ) варзиданд ва таҷовуз карданд.
____________________
1. Амони Аллоҳ; ақдест, ки онҳоро ҳимоя мекунад ва дар баробари ҷизя супориданашон ҳукмҳои Исломро ба онҳо лозим мегардонад. Тафсири Саъдӣ 1/143
____________________
1. Амони Аллоҳ; ақдест, ки онҳоро ҳимоя мекунад ва дар баробари ҷизя супориданашон ҳукмҳои Исломро ба онҳо лозим мегардонад. Тафсири Саъдӣ 1/143
الترجمة الطاجيكية
ضُرِبَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلذِّلَّةُ أَيۡنَ مَا ثُقِفُوٓاْ إِلَّا بِحَبۡلٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَحَبۡلٖ مِّنَ ٱلنَّاسِ وَبَآءُو بِغَضَبٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَضُرِبَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلۡمَسۡكَنَةُۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَانُواْ يَكۡفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَيَقۡتُلُونَ ٱلۡأَنۢبِيَآءَ بِغَيۡرِ حَقّٖۚ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَواْ وَّكَانُواْ يَعۡتَدُونَ
Ҳ, ар ҷо, ки бошанд, мӯҳри хори бар онҳо зада шуда аст, магар он ки дар амони Худо ва дар амони мардум бошанд. Ва бо хашми Худо қарин шудаанд ва мӯҳри бадбахтӣ бар онҳо ниҳодаанд, зеро ба оёти Худо кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳақ, куштанд. Ва ин бад-он сабаб буд, ки исён (нофармонӣ) варзиданд ва таҷовуз карданд.
Tajik - Tajik translation