Ва [мегӯяд: "Омадаам то] тасдиқкунандаи Таврот бошам, ки пеш аз ман [нозил шуда] аст; ва [фиристода шудаам] то бархе аз чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром шуда буд, ҳалол кунам; ва нишонае аз тарафи Парвардигоратон барои шумо овардаам; пас, аз Аллоҳ таоло парво (ва тақво) дошта бошед ва маро итоат кунед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
50. (Ва мегуяд:) Омадам, то тасдиқкунандаи Таврот бошам, ки пеш аз ман нозил шудааст ва то баъзе аз чизҳое, ки бар шумо ҳаром шудааст, ҳалол кунам ва нишонае аз ҷониби Парвардигоратонро бароятон овардаам, пас аз Аллоҳ битарсед ва маро итоъат кунед.
الترجمة الطاجيكية
وَمُصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيَّ مِنَ ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَلِأُحِلَّ لَكُم بَعۡضَ ٱلَّذِي حُرِّمَ عَلَيۡكُمۡۚ وَجِئۡتُكُم بِـَٔايَةٖ مِّن رَّبِّكُمۡ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
Тавроти ҳозирро тасдиқ мекунам ва баъзе аз чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром шуда, ҳалол мекунам. Бо нишонӣ аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Аз Худо битарсед ва ба ман итоат кунед!
Tajik - Tajik translation