Оё [кофирон] ҷуз ин интизор доранд, ки фариштагон [барои қабзи рӯҳ] ба суроғашон биёянд ё фармони Парвардигорат [барои азобашон] биёяд? Касоне, ки пеш аз онон буданд [низ] чунин мекарданд ва Аллоҳ таоло ба онон ситам накард, вале онон худ ба хештан ситам мекарданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
33. Оё мунтазиранд, ки фариштагон наздашон биёянд ва дар ҳоли куфрашон ҷонашонро бигиранд, ё фармони Парвардигорат фаро расад ва ба азоб ҳалокашон созад? Гурӯҳе низ, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд, пас Аллоҳ ҳалокашон кард ва Аллоҳ ба онон ситам накард, балки онон худ ба худ ситам мекарданд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\18
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\18
الترجمة الطاجيكية
هَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّآ أَن تَأۡتِيَهُمُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ أَوۡ يَأۡتِيَ أَمۡرُ رَبِّكَۚ كَذَٰلِكَ فَعَلَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ وَمَا ظَلَمَهُمُ ٱللَّهُ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ
Оё чашм ба роҳанд, ки фариштагон наздашон биёянд, ё фармони Парвардигорат фаро расад? Гурӯҳе низ, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд ва Худо ба онҳо ситам накард, балки онҳо худ ба худ ситам мекарданд.
Tajik - Tajik translation