Ҳатман, дар [рӯёрӯйи] ду гурӯҳе, ки [дар Бадр] бо ҳам рӯбарӯ шуданд, нишона [ва ибрат]-е барои шумо буд; як гурӯҳ дар роҳи Аллоҳ таоло меҷангид ва [гурӯҳи] дигар кофирон буданд. Онҳо ба чашми худ [муъминонро] ду баробари он чи буданд, медиданд; ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, бо ёрии худ таъйид мекунад. Ба ростӣ, дар ин [моҷаро] барои аҳли биниш, ибрате аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
13. Эй яҳудони саркаш, барои шумо дар ҷанги Бадр нишонаи бузурге буд дар рӯ ба рӯ шудани ду гурӯҳ, гурӯҳе дар роҳи Аллоҳ меҷангид (яъне, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ёронашон) ва гурӯҳе дигар кофир буданд, ки муъминонро бо чашмони худ ду баробар медиданд ва инро Аллоҳ сабаби шикасти кофирон гардонид. Ва Аллоҳ бо ёрии худ ҳар касеро ки хоҳад ёрӣ медиҳад. Ҳамоно дар он барои фаросатмандон ибрати бузургест!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 2/17
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 2/17
الترجمة الطاجيكية
قَدۡ كَانَ لَكُمۡ ءَايَةٞ فِي فِئَتَيۡنِ ٱلۡتَقَتَاۖ فِئَةٞ تُقَٰتِلُ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَأُخۡرَىٰ كَافِرَةٞ يَرَوۡنَهُم مِّثۡلَيۡهِمۡ رَأۡيَ ٱلۡعَيۡنِۚ وَٱللَّهُ يُؤَيِّدُ بِنَصۡرِهِۦ مَن يَشَآءُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبۡرَةٗ لِّأُوْلِي ٱلۡأَبۡصَٰرِ
Дар он ду гурӯҳ, ки ба ҳам расиданд, барои шумо ибрате буд: Гурӯҳе дар роҳи Худо меҷангиданд ва гурӯҳе дигар кофир буданд. Ононро ба чашми худ дучандони хеш медиданд. Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ диҳад. Ва соҳибназаронро дар ин ибратест!
Tajik - Tajik translation