Ва [эй муъминон, ба ёд оваред] ҳангоме ки [дар ҳоли гурез аз кӯҳ] боло мерафтед ва [чунон тарсида будед, ки] ба ҳеҷ кас таваҷҷуҳ намекардед ва паёмбар [ки дар майдони ҷанг муқовимат мекард] аз пушти саратон шуморо садо мезад [ки: "Эй бандагони Аллоҳ таоло, ба сӯйи ман бишитобед"; вале шумо таваҷҷуҳ намекардед]; пас, [Аллоҳ таоло низ] бо андӯҳе дар пайи андӯҳи [дигар] муҷозотатон кард. Ин бад-ин хотир буд, ки бар он чи аз даст додаед [пирӯзӣ ва ғанимат] ва он чи бар саратон омадааст [шикасту тарс], андӯҳгин нашавед ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
153. Ба ёд оред эй мӯъминон, он гоҳ ки аз душманатон ба ҳар сӯ мегурехтед ва ба ҳеҷ касе нигоҳ намекардед ва Паёмбар аз пушт, шуморо садо мезад, ки назди ман оед эй бандагони Аллоҳ, аммо ба ӯ ҷавоб надодед. Пас Аллоҳ шуморо дар муқобили коратон ҷазо дод. Яъне, ғаме бар ғаматон афзуд, ғаме ба сабаби аз даст додани пирӯзӣ ва ғанимат ва ғаме ба сабаби шикаст хӯрданатон ва ғами дигар, ки ҳамаи ғамҳоро аз ёди шумо барад; (ва он, ин буд, ки хабари бардурӯғи кушта шудани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро шунидед.) Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, огоҳ аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 2/220
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 2/220
الترجمة الطاجيكية
۞إِذۡ تُصۡعِدُونَ وَلَا تَلۡوُۥنَ عَلَىٰٓ أَحَدٖ وَٱلرَّسُولُ يَدۡعُوكُمۡ فِيٓ أُخۡرَىٰكُمۡ فَأَثَٰبَكُمۡ غَمَّۢا بِغَمّٖ لِّكَيۡلَا تَحۡزَنُواْ عَلَىٰ مَا فَاتَكُمۡ وَلَا مَآ أَصَٰبَكُمۡۗ وَٱللَّهُ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ
Он гоҳ ки мегурехтед ва ба касе нигоҳ намекардед ва паёмбар шуморо аз пушти сар садо медод. Пас ба ҷазо ғаме бар ғами шумо афзуд. Акнун андӯҳи он чиро, ки аз даст додаед, ё ранҷеро, ки ба шумо расидааст, нахӯред. Худо ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!
Tajik - Tajik translation