Пас, Парвардигорашон дуои ононро иҷобат кард [ва фармуд]: "Ман [подоши] амали ҳеҷ соҳибамале аз шуморо – аз мард ё зан – ки ҳамнавъи якдигаред, табоҳ намекунам; пас, касоне, ки [аз ватани худ] ҳиҷрат кардаанд ва [ё] аз хонаҳои худ ронда шудаанд ва дар роҳи ман озор дидаанд ва ҷангидаанд ва кушта шудаанд, ҳатман, бадиҳояшонро аз онон мезудоям ва [ба унвони] подоше аз ҷониби Аллоҳ таоло эшонро дар боғҳое дармеоварам, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорист ва Аллоҳ таоло аст, ки подоши наку назди Ӯст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
195. Пас Аллоҳ дуъои онҳоро иҷобат кард, ва фармуд:
Ман амали ҳеҷ марду зане аз шуморо ночиз нахоҳам кард. Баъзе аз шумо аз бархе дигар ҳастед.(1) Пас касоне, ки ҳиҷрат карданд ва аз сарзаминашон барои хушнудии Аллоҳ берун ронда шуданд, ҳатман гуноҳашонро мебахшам ва онҳоро вориди биҳишт мекунам. Биҳиште, ки ҷӯйҳо аз зери он равон аст, ин подоше аз ҷониби Аллоҳ аст ва подоши некӯ назди Аллоҳ мебошад.
____________________
1. Яъне ҳамаи шумо дар савобу азоб баробар ҳастед. Тафсири Саъдӣ 1/162

الترجمة الطاجيكية
فَٱسۡتَجَابَ لَهُمۡ رَبُّهُمۡ أَنِّي لَآ أُضِيعُ عَمَلَ عَٰمِلٖ مِّنكُم مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰۖ بَعۡضُكُم مِّنۢ بَعۡضٖۖ فَٱلَّذِينَ هَاجَرُواْ وَأُخۡرِجُواْ مِن دِيَٰرِهِمۡ وَأُوذُواْ فِي سَبِيلِي وَقَٰتَلُواْ وَقُتِلُواْ لَأُكَفِّرَنَّ عَنۡهُمۡ سَيِّـَٔاتِهِمۡ وَلَأُدۡخِلَنَّهُمۡ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ ثَوَابٗا مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِۚ وَٱللَّهُ عِندَهُۥ حُسۡنُ ٱلثَّوَابِ
Парвардигорашон дуояшонро иҷобат фармуд, ки Ман кори ҳеҷ коргузореро аз шумо, чӣ зан ва чӣ мард — ҳама аз якдигаред — ночиз намесоеам. Пас гуноҳони касонеро, ки муҳоҷират кардаанд ва аз хонаҳояшон ронда шудаанд ва дар роҳи Ман озор дидаанд ва ҷангидаанд ва кушта шудаанд, мағфират мекунам ва ононро дар биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил мекунам. Ин мукофот аз ҷониби Худо ва подоши некӣ назди Худост.
Tajik - Tajik translation