ترجمة معاني سورة البينة باللغة الطاجيكية من كتاب Tajik - Tajik translation
ﰡ
آية رقم 1
БАЙЙИНА
Кофирони аҳли китоб ва мушрикон даст барнадоранд (аз куфри худ), то барояшон хуҷҷате равшан биёяд —
آية رقم 2
ﮤﮥﮦﮧﮨﮩ
ﮪ
паёмбаре аз ҷониби Худо, ки сахифаҳои покро мехонад,
آية رقم 3
ﮫﮬﮭ
ﮮ
дар онҳо навиштаҳоест росту дуруст.
آية رقم 4
Ва аҳли китоб пароканда шуданд, аз он пас, ки барояшон бурҳоне равшан омад.
آية رقم 5
Ва ононро фақат ин фармон доданд, ки Худоро бипарастанд, дар ҳоле ки дар дини Ӯ ихлос меварзанд. Ва намоз гузоранду закот диҳанд. Ин аст дини дурусту рост!
آية رقم 6
Аз аҳли китоб онҳо, ки кофиранд ва, низ мушрикон дар оташи ҷаҳаннаманд ва дар он ҳамеша хоҳанд буд. Инҳо бадтарини офаридагонанд.
آية رقم 7
Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, беҳтарини офаридагонанд.
آية رقم 8
Муздашон дар назди Парвардигорашон биҳиштҳоест ҷовид, ки дар он наҳрҳо ҷорист. То абад дар он ҷоянд. Худо аз онҳо розӣ аст ва онҳо аз Худо розианд. Ва ин хоси касест, ки аз Парвардигораш битарсад.
تقدم القراءة