ﰡ
Замони ҳисоби мардум наздик шудааст ва онон дар ноогоҳӣ [аз бозхости охират] рӯй гардонанд
Ҳеҷ панди тозае аз Парвардигорашон барои онон намеояд, магар он ки бозикунон ба он гӯш медиҳанд
[Паёми илоҳиро дар ҳоле мешунаванд, ки] дилҳояшон ғофил аст ва касоне, ки [кофир ва] ситамгор буданд, наҷвоҳояшонро пинҳон карданд [ва гуфтанд]: «Оё ин [муддаии паёмбарӣ] ҷуз башаре ҳамчун шумост? Оё дар ҳоле ки [ҳақиқатро] мебинед, ба ҷоду рӯй меоваред?»
[Паёмбар] гуфт: «Парвардигорам ҳар суханеро, ки дар осмон ва замин бошад медонад ва Ӯ шунавову доност»
Балки [кофирон дар ситез бо Қуръон] гуфтанд: «[Он чи Муҳаммад мегӯяд] хобҳое ошуфта аст, балки онро ба дурӯғ [ба Аллоҳ таоло] нисбат медиҳад. [На] Балки ӯ шоир аст. Пас, [агар рост мегӯяд] бароямон муъҷизае биёварад, чунон ки паёмбарони пешин [низ бо муъҷизот] фиристода шуданд»
Пеш аз онон [низ сокинони ҳар] шаҳре, ки нобудаш мекардем, [ба оёт ва муъҷизоти Мо] имон наоварда буданд. Пас, оё [инҳо] имон меоваранд?
Ва [эй паёмбар] пеш аз ту ҷуз мардоне, ки ба онон ваҳй мекардем [барои ҳидояти мардум] нафиристодем, пас, [эй кофирон] агар намедонед, аз аҳли китоб бипурсед
Ва [мо] ононро пайкарҳое, ки ғизо нахӯранд, қарор надодем ва [дар дунё низ] ҷовидон набуданд
Сипас ваъдаеро, ки [дар бораи пирӯзӣ ва наҷот] ба онон дода будем, таҳаққуқ бахшидем ва ононро ба ҳамроҳи ҳар ки хостем, наҷот додем ва исрофкорон [-и кофир]-ро нобуд кардем
Бе тардид, китобе ба сӯятон нозил кардем, ки иззат [-у шарафи дунё ва охират]-и шумо дар он аст. Оё намеандешед?
Чи бисёр шаҳрҳоеро, ки [сокинонаш] ситамгор буданд, дар ҳам шикастем ва пас аз онон гурӯҳе дигар падид овардем
Пас, чун азоби Моро эҳсос мекарданд [ва ба чашм медиданд], ногоҳ аз он ҷо мегурехтанд
[Ба тамасхур гуфтем] «Фирор накунед. Ба сӯйи хонаҳоятон ва неъматҳое, ки дар он осуда будед, бозгардед. Бошад, ки [фақат дар бораи умури дунявӣ] бозхост шавед»
гуфтанд: «Вой бар мо [, ки] ҳатман ситамгор будаем!»
Пас, гуфторашон пайваста ҳамин буд, то он ки ононро [чун гиёҳе] даравшуда [ва] беҷон сохтем
Ва Мо осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост ба бозича наёфаридаем
Агар [ба фарз] мехостем, ки саргармие [монанди фарзанд ё ҳамсуҳбат барои худ] баргузинем, онро [на аз бутҳои шумо, балки] аз назди хеш бармегузидем
Балки Мо ҳақро бар ботил меафканем, пас, онро дар ҳам мешиканад ва ногоҳ он [ботил] нобуд мешавад ва [эй кофирон] вой бар шумо аз он чи тавсиф мекунед!
Ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст аз они Ӯст ва онон, ки назди Ӯ ҳастанд [фариштагон] аз ибодаташ саркашӣ намекунанд ва хаста намешаванд
Онон шабу рӯз [илоҳро] ба покӣ меситоянд ва сустӣ намеварзанд
Оё [ин мушрикон] маъбудоне аз замин баргузидаанд, ки [мурдагонро] зинда мекунанд?
Агар дар осмон ва замин маъбудоне ба ҷуз Аллоҳ таоло вуҷуд дошт, [дар асари носозгории онҳо] ҳатман, ҳар ду табоҳ мешуданд. Пас, Аллоҳ таоло – Парвардигори Арш – аз тавсифе, ки [мушрикон] мекунанд, поку муназзаҳ аст
Ӯ ба хотири он чи мекунад, бозхост намешавад, вале онон [дар баробари рафторашон] масъуланд
Оё [мушрикон] ба ҷуз Ӯ маъбудоне баргузидаанд? [Ба онон] Бигӯ: «Далелатонро биёваред. Ин [Қуръон] китобест, ки ҳамроҳи ман аст ва [инҳо низ] китобҳоест [мутааллиқ ба паёмбароне], ки пеш аз ман буданд [ва дар ҳеҷ кадом далеле бар ҳаққонияти шумо вуҷуд надорад]», балки бештарашон ҳақро намедонанд ва [аз он] рӯйгардонанд
Ва Мо пеш аз ту ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки [ба мардум бигӯяд]: «Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ман нест, пас, танҳо Маро бипарастед»
[Мушрикон бо ин тасаввур, ки фариштагон духтарони Аллоҳ таоло ҳастанд] гуфтанд: «[Аллоҳи] Раҳмон фарзанде [барои хеш] баргузидааст». Ӯ муназзаҳ аст [чунин нест, ки мепиндоранд], балки фариштагон бандагони гиромиаш ҳастанд
Онон ҳаргиз дар сухан бар Ӯ пешӣ намегузинад ва [пайваста] ба фармонаш амал мекунанд
[Аллоҳ таоло] Гузашта ва ояндаи ононро медонад ва эшон ҷуз барои касе, ки Ӯ писандад, шафоат намекунанд ва худ аз бими Ӯ ҳаросонанд
Ва ҳар касе аз онон бигӯяд: «Ба ҷуз ӯ ман [низ] маъбуд ҳастам», пас, вайро ба дузах кайфар медиҳем. [Оре] Ситамгоронро чунин кайфар медиҳем
Оё касоне, ки куфр варзиданд, надиданд, ки [дарҳои неъмати] осмонҳо ва замин баста буд [на бороне меборид ва на гиёҳе мерӯид], пас, он дуро боз кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Пас, оё имон намеоваранд?
Ва дар замин кӯҳҳое устувор ниҳодем, то мабодо ононро биларзонад ва дар он роҳҳое [васеъ] падид овардем, бошад, ки [дар сафарҳояшон ба мақсад] роҳ ёбанд
Ва осмонро сақфе маҳфуз қарор додем ва онон [мушрикон] аз [тафаккур дар] нишонаҳояш рӯйгардонанд
Ӯст, ки шабу рӯз ва хуршеду моҳро офарид [ва чунон муназзам сохт, ки] ҳар як [аз инҳо] дар мадоре [муайян] шиноваранд
[Эй паёмбар] Мо пеш аз ту барои ҳеҷ башаре ҷовидонагӣ қарор надодем. Оё агар ту бимирӣ, онон ҷовидонанд?
Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст ва [эй мардум] шуморо бо бадӣ ва некӣ меозмоем ва [саранҷом] ба сӯйи Мо бозгарданда мешавед
Касоне, ки куфр варзиданд, ҳар гоҳ ки туро мебинанд, фақат ба масхараат мегиранд [ва мегӯянд]: «Оё ин ҳамон касест, ки аз маъбудонатон [ба бадӣ] ёд мекунад»? Ва ҳол он ки онон худ ёди [Аллоҳи] Раҳмонро инкор мекунанд
Инсон [зотан] шитобкор офарида шудааст [ва ҳама чизро пеш аз замони муқаррараш мехоҳад]. Ба зудӣ нишонаҳо [-и азоб]-и хешро нишонатон хоҳем дод, пас, [нузули азобро] ба шитоб нахоҳед
[Кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд?»
Касоне, ки куфр варзиданд, агар медонистанд замоне, ки [ба дузах меафтанд] наметавонанд [шуълаҳои] оташро аз чеҳраҳо ва пуштҳояшон боздоранд ва [аз сӯйи ҳеҷ кас] ёрӣ намешаванд [ҳаргиз ин гуна шитобон азобро намехостанд]
Балки [оташ чунон] ногаҳонӣ ба онон мерасад ва эшонро [чунон саргашта ва] мабҳут мекунад, ки на метавонанд онро [аз худ] дафъ кунанд ва на муҳлати [тавба] ба онон дода мешавад
Яқинан, паёмбарон пеш аз ту [низ] мавриди тамасхур қарор гирифта буданд, пас, бар сари касоне, ки онҳо [азобҳои илоҳӣ]-ро ба ришханд мегирифтанд, ҳамон чизе омад, ки масхарааш мекарданд
[Эй паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Чи касе шуморо дар шабу рӯз аз [азоби Аллоҳи] Раҳмон нигоҳ медорад? Балки [ҳақ ин аст, ки] онон аз ёди Парвардигорашон рӯйгардонанд
Оё онон маъбудоне доранд, ки [метавонанд] дар баробари Мо аз эшон дифоъ кунанд? [Ҳаргиз!] Онон на метавонанд худро ёрӣ диҳанд ва на аз [азоби] Мо дар амонанд
Балки [Мо] онон ва падаронашонро [аз неъматҳои дунявӣ] баҳраманд сохтем, то умрашон ба дарозо кашид [ва мағрур шуданд]. Оё намебинанд, ки Мо [ҳамвора] ба суроғи замин меоем ва онро аз ҳар тараф мекоҳем [ва мардумашро нобуд мекунем]? Пас, оё онон [бар қудрати Аллоҳ таоло] пирӯзанд?
Бигӯ: “Ман фақат шуморо ба василаи ваҳй [аз азоби илоҳӣ] бим медиҳам” ва [-ле] чун ба карон бим дода шавад, даъвати [ҳақ]-ро намешунаванд
Агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онон бирасад, ҳатман, мегӯянд: “Эй вой бар мо [ки], яқинан, ситамгор будаем!”
Рӯзи қиёмат Мо тарозуҳои адлро [барои ҳисобрасӣ дар миён] мениҳем, пас, ба ҳеҷ кас [камтарин] ситаме намешавад ва агар [кирдорашон] ҳамсанги донаи хардале бошад, онро [ба ҳисоб] меоварем ва кофист, ки Мо ҳисобрас бошем
Ба ростӣ, Мо ба Мӯсо ва Ҳорун китоб [Таврот] додем ва [ин китоб] барои парҳезкорон равшанӣ ва андарзе аст
[Ҳамон] касоне, ки дар ниҳон аз Парвардигорашон метарсанд ва аз қиёмат бимноканд
Ва ин [Қуръон] панди мубораке аст, ки онро нозил кардем. Оё [боз ҳам] инкораш мекунед?
Ва бе тардид, пеш аз он Мо ба Иброҳим [рушди фикрӣ ва] ҳидояташро ато кардем ва ба [шоистагиҳои] ӯ доно будем;
Он гоҳ ки ба падари худ ва қавмаш гуфт: “Ин муҷассамаҳо чист, ки ба парастиши онҳо истодаед?”
Онон гуфтанд: “Мо падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд”
[Иброҳим] Гуфт: “Ҳатман, шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкор будаед”
Онон гуфтанд: “Оё [сухани] ҳақ бароямон овардаӣ ё шухӣ мекунӣ?”
Ӯ гуфт: “Балки [суханам ҳақ аст] Парвардигоратон парвардигори осмонҳо ва замин аст, ҳамон ки онҳоро падид овардааст ва ман бар ин [сухан] гувоҳам”
Ва [бо худ гуфт] “Ба Аллоҳ таоло савганд, пас аз он ки пушт кардед ва [ба ҷашн] рафтед, барои [нобудии] бутҳоятон тадбире меандешам”
Пас [дар ғиёби бутпарастон] ҳамаи онҳоро ба ҷуз [бути] бузургашон бишкаст, шояд, ба суроғи он бираванд [то ҳақоиқро барояшон бозгӯ кунад]
[Вақте онон бутхонаро чунин диданд] Гуфтанд: “Чи касе бо маъбудони мо чунин кардааст? Ҳатман, ӯ ситамгор аст”
[Бархе] Гуфтанд: “Мо шунидем ҷавоне, ки ӯро Иброҳим мегӯянд, аз онҳо [ба бадӣ] ёд мекунад”
Гуфтанд: “Пас ӯро дар баробари дидагони мардум биёваред, бошад, ки [бар эътирофаш ба гуноҳ] гувоҳ бошанд”
[Вақте Иброҳимро оварданд] Гуфтанд: “Эй Иброҳим, оё ту ин [кор] -ро бо маъбудони мо кардаӣ?”
Ӯ гуфт: “Балки [бути] бузургашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед»
Он гоҳ [онон] ба худ омаданд ва [ба якдигар] гуфтанд: “Воқеан, шумо [мушрику] ситамгоред”
Сипас [боз ҳам] сар ба душманӣ ва инкор бардоштанд [ва гуфтанд] “Ту хуб медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд”
[Иброҳим] гуфт: “Оё ба ҷойи Аллоҳ таоло чизҳоеро мепарастед, ки на суде бароятон дорад ва на зиёне ба шумо мерасонад?
Вой бар шумо ва бар он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед! Оё намеандешед?”
Онон гуфтанд: “Агар мехоҳед [барои муҷозоташ] коре кунед, ӯро бисӯзонед ва маъбудонатонро ёрӣ диҳед”
[Саранҷом ӯро дар оташ андохтанд, вале Мо] Гуфтем: “Эй оташ, бар Иброҳим сард ва саломат бош”
Ва хостанд барои [нобудии ӯ найранге ба кор баранд, вале Мо ононро зиёнкортарин [мардум] сохтем
Ва ӯ ва Лутро [бо ҳиҷрат] ба сарзамине, ки барои ҷаҳониён дар он баракат ниҳодаем [Шом], наҷот додем
Ва Исҳоқ ва [навааш] Яъқубро [низ ба унвони бахшиш] афзунӣ ба ӯ бахшидем ва ҳамагиашонро [афроде] шоиста гардонидем
Ва ононро пешвоёне қарор додем, ки ба фармони Мо [мардумро] ҳидоят мекарданд ва анҷоми корҳои нек ва барпо доштани намоз ва адои закотро ба эшон ваҳй кардем ва онон [ҳама] парастишгари Мо буданд
Мо ба Лут [иҷозати] қазоват ва илм [-и дин] додем ва ӯро аз шаҳре, ки [сокинонаш] аъмоли зишт [-у палид] анҷом медоданд, наҷот бахшидем. Ба ростӣ, ки онон гурӯҳе палид ва нофармон буданд
Ва ӯро дар раҳмати худ ворид кардем. Бе гумон, ӯ аз шоистагон буд
Ва Нуҳро [ёд кун] ҳангоме ки пештар [аз соири паёмбарон моро] нидо дод. Пас, Мо [низ дуои] вайро иҷобат кардем, он гоҳ ӯ ва хонадонашро аз андуҳи бузург наҷот додем
Ва дар баробари қавме, ки оёти Моро дурӯғ ангошта буданд, ёриаш кардем. Бе тардид, онон гурӯҳи бадкирдоре буданд, пас, ҳамагиашонро ғарқ кардем
Ва [ёд кун аз] Довуд ва Сулаймон он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ мекарданд, ки гӯсфандони қавм шабона дар он чарида буданд ва Мо бар доварии онон гувоҳ будем
Пас, он [ҳақиқат]-ро ба Сулаймон фаҳмонидем ва ба ҳар як аз онон паёмбарӣ ва дониш [-и амал ба аҳкоми дин] ато кардем ва кӯҳҳо ва парандагон дар хидмати Довуд гумоштем, ки [ҳамроҳ бо ӯ Парвардигорро] тасбеҳ мегуфтанд ва Мо будем, ки ин [ҳама]-ро анҷом додем
Ва ба ӯ сохтани зиреҳро омӯхтем, то шуморо аз [осеби] ҷангҳоятон ҳифз кунад. Пас, оё шукр мегузоред?
Ва тундбодро барои Сулаймон [ба хидмат гумоштем], ки ба фармони ӯ ба сӯйи сарзамине, ки дар он баракат ниҳода будем [Шом], равон буд ва мо бар ҳар чиз доно будем
Ва [низ] аз шаётин касонеро [гумоштем], ки барояш ғаввосӣ мекарданд [ва ҷавоҳир меоварданд] ва корҳое ғайр аз ин [низ] анҷом медоданд ва мо муроқиби [рафтор ва теъдоди] онон будем
Ва Аюбро [ёд кун] он гоҳ ки Парвардигорашро [чунин нидо дод: “Ранҷ [-у беморӣ] ба ман расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ”
Пас, Мо [дуои] ӯро иҷобат кардем ва ранҷеро, ки ба ӯ расида буд, бартараф сохтем ва хонаводааш ва [низ теъдоде] ҳаммонандашонро ба ҳамроҳи онон ба вай бозгардонидем, [то] раҳмате аз ҷониби Мо ва панде барои парастишгарон бошад
Ва [ёд кун аз] Исмоил ва Идрис ва Зу-л-кифл, ки ҳамагӣ аз шикебоён буданд
Ва [Мо] ононро дар раҳмати хеш ворид кардем. Бе тардид, онон аз шоистагон буданд
Ва [ёд кун аз] Зу-н-нун [Юнус] он гоҳ ки хашмгин [аз миёни қавмаш] рафт ва чунин пиндошт, ки Мо ҳаргиз бар ӯ танг намегирем [ва ба хотири ин кор муҷозоташ намекунем]. Пас, [вақте моҳӣ ӯро фурӯ бурд] дар торикиҳо нидо дод, ки: “[Парвардигоро] Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз ту нест. Ту муназзаҳӣ. Бе тардид, ман аз ситамгорон будаам”
Пас дуояшро иҷобат кардем ва аз андуҳ наҷоташ додем ва муъминонро [низ] ин чунин наҷот медиҳем
Ва [ёд кун аз] Закариё, он гоҳ ки Парвардигорашро [ин гуна] нидо дод: “Парвардигоро, маро танҳо [ва бефарзанд] магзор ва ту беҳтарин бозмондаӣ [ворисонӣ]”
Пас, дуояшро иҷобат кардем ва Яҳёро ба ӯ бахшидем ва ҳамсарашро [ки нозо буд] барояш шоиста [ва омодаи бордорӣ] намудем. Онон ҳамвора дар корҳои хайр мешитофтанд ва дар ҳоли биму умед Моро мехонданд ва пайваста барои Мо [фармонбардор ва] фурӯтан буданд
Ва [ёд кун аз Марям] зане, ки домани худро пок нигоҳ дошт ва [Мо] аз рӯҳи хеш дар [вуҷуди] ӯ дамидем ва ӯ ва писарашро барои ҷаҳониён нишонае [аз қудрати илоҳӣ] қарор додем
[Эй мардум] Ба ростӣ, ин оини шумо оини ягона [ва асосёфта бар яктопарастӣ] аст ва Ман Парвардигоратон ҳастам, пас, Маро бипарастед
Ва [мардум] миёни худ дар амри [дин]-ашон фирқа-фирқа шуданд; [вале саранҷом] ҳамагӣ ба сӯи Мо бозмегарданд
Пас, ҳар ки корҳои шоиста анҷом диҳад ва муъмин бошад, дар баробари кӯшиши ӯ носипосӣ нахоҳад шуд ва Мо корҳояшро менависем
Ва [мардуми] ҳар шаҳреро, ки [бар асари куфру гуноҳ] нобудаш кардем, маҳол аст, ки [битавонанд ба қасди тавба ба дунё] бозгарданд
То замоне, ки [садди] Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шавад ва онон аз ҳар баландӣ [ва тепае] шитобон сарозер гарданд
Ва ваъдаи ҳақ [қиёмат] наздик гардад. Пас, дар он ҳангом чашмҳои касоне, ки куфр варзиданд, [аз шиддати ваҳшат] хира мемонад [ва мегӯянд]: “Эй вой бар мо! Ҳатман, мо аз ин [ҳодиса] дар ғафлат будем! Балки [кофиру] ситамгор будем”
[Ба онон гуфта мешавад] “Ҳатман, шумо ва он чи ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ҳезуми дузахед, [ва ҳамагӣ] дар он ворид хоҳед шуд”
Агар ин бутҳо маъбудоне [ба ҳақ] буданд, ҳаргиз вориди он намешуданд ва ҳол он ки ҳамагӣ дар он [азоби сӯзон] ҷовидонанд
Дар он ҷо нолаҳое [дарднок] доранд ва [аз шиддати дарду тарс] чизе намешунаванд
Касоне, ки пештар аз ҷониби Мо ба эшон ваъдаи наку [биҳишт] дода шудааст, яқинан, аз он [азоб] дур нигаҳ дошта мешаванд
Онон садои он [оташи ҳавлнок ва фарёдҳои дузахиён]-ро намешунаванд ва дар он чи майл дошта бошанд, ҷовидона [дар осоиш] ҳастанд
Ваҳшати бузурги [қиёмат] андуҳгинашон намесозад ва фариштагон ба истиқболашон меоянд [ва мегӯянд]: «Ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо ваъда дода мешуд»
Рӯзе, ки осмонро чун туморе навишташуда дар ҳам мепечем, [ва] ҳамон гуна ки нахустин [бор] офаринишро оғоз кардем, [бори дигар] онро бозмегардонем. [Ин] Ваъдае аст бар уҳдаи Мо, ки ҳатман, анҷомаш хоҳем дод
Ва ба ростӣ, пас аз Таврот дар Забур навиштем, ки: «Заминро бандагони шоистаам ба ирс мебаранд»
Бе гумон, дар ин [сухан ибрату] паёми равшане барои парастишгарон аст
Ва [эй Муҳаммад] туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем
Бигӯ: «Дар ҳақиқат, ба ман ваҳй мешавад, ки: «Бе тардид, маъбуди шумо маъбуде ягона аст. Пас, оё таслим [-и даъвати ҳақ] мешавед?»
Пас, агар рӯйгардон шуданд, бигӯ: «Ман [ҳамаи] шуморо ба таври яксон огоҳ кардам [ва дар бораи азоби илоҳӣ ҳушдор додам] ва намедонам, он чи ки ба шумо ваъда дода мешавад, наздик аст ё дур»
Яқинан, ӯ сухани ошкоро медонад ва он чиро [дар дили хеш] пинҳон мекунед, [низ] медонад
Ва намедонам, шояд ин [таъхири азоб мояи] озмоиш ва баҳрамандии шумо то муддате [муайян] бошад»
[Паёмбар] Гуфт: «Парвардигоро, [байни мо ва кофирон] ба ҳақ доварӣ кун ва Парвардигори мо [Аллоҳи] Раҳмон аст, ки дар баробари он чи [аз куфру ширк] мегӯед, аз ӯ ёрӣ мехоҳем»