ﰡ
[Эй паёмбар, ин Қуръон] Китобест, ки бар ту нозил шудааст, пас, набояд дар синаат нисбат ба он тардиде бошад, [нозил шуда] то бо он [мардумро] бим диҳӣ ва барои муъминон панд [ва тазаккуре] бошад
[Эй мардум] Он чиро аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед ва аз [дӯстону] корсозони дигар ба ҷуз Ӯ пайравӣ накунед, чи андак панд мепазиред!
Чи бисёр [сокинони рустоҳо] ва шаҳрҳо, ки нобудашон кардем ва азоби Мо шабҳангом ё дар ҳоле ки ба хоби нимрӯзӣ фурӯ рафта буданд, ба суроғашон омад
Ва чун азоби Мо ба суроғашон омад, суханашон ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ба ростӣ, ки мо [кофиру] ситамгор будем»
Мусалламан, Мо аз касоне, ки [паёмбаронамон] ба сӯяшон фиристода шуданд, [дар бораи пазириши паёми ҳақ] суол хоҳем кард ва ҳатман, аз паёмбарон [низ дарбораи посухи умматҳояшон ба даъвати онон] хоҳем пурсид
Яқинан, [кирдори бандагонро] бо илм [-и худ] барояшон баён мекунем ва мо ҳаргиз ғоиб [ва ғофил аз аҳволи онон] набудаем
Дар он рӯз, вазн [-у меъёри санҷиши аъмол, адолат] ҳақ аст. Пас,онҳое, ки вазни аъмолашон сангин бошад, ононанд, ки растагоранд
Ва онҳое, ки вазни аъмолаш сабук бошад, онон касоне ҳастанд, ки ба хеш зиён расонидаанд, чаро ки [бо инкори Қуръон] ба оёти Мо ситам мекарданд
Ва [эй мардум] ба ростӣ, ки Мо шуморо дар замин ҷой додем ва дар онҷо бароятон васоил [-у имконот]-и зиндагӣ ниҳодем. Чи андак шукр мегузоред!
Ва бе тардид, Мо [насли] шуморо [дар замин] падид овардем, сипас шуморо [ба беҳтарин ҳолат] шакл додем, он гоҳ ба фариштагон гуфтем: «Барои [бузургдошту эҳтиром, бар] Одам саҷда кунед», пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, магар иблис, ки аз саҷдакунандагон набуд
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Вақте ки туро [ба саҷда] фармон додам, чи чиз монеат шуд, ки саҷда кунӣ»? [Иблис] Гуфт: «Ман аз ӯ беҳтарам: маро аз оташ офаридӣ ва [-ле] ӯро аз гил падид овардӣ»
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Аз ин [биҳишти барин] фуруд о, [зеро] ҳаққи ту нест, ки дар он [макон гарданкашӣ ва] такаббур кунӣ. Пас, берун рав, [ки] бе тардид, ту аз хоршудагонӣ»
[Иблис] Гуфт: «То рӯзе, ки [инсонҳо] барангехта шаванд, маро муҳлат бидеҳ [то фиребашон диҳам]
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Ҳатман, ту аз муҳлатёфтагонӣ»
[Иблис] гуфт: «Пас, ба хотири он ки маро ба гумроҳӣ [ва ҳалокат] афкандӣ, ман низ бар сари роҳи мустақими Ту барои [фиреби] онон менишинам
Сипас бар онон, аз рӯбарӯ ва аз пушти сар ва аз тарафи росту чапашон, дармеоям ва [чунон мекунам] бештарашро шукургузор [-и неъматҳои худ] намеёбӣ»
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Аз онҷо [биҳишт] накуҳида ва рондашуда берун рав. Ҳар касе аз онон, ки аз ту пайравӣ кунад, [дар сипоҳи туст ва рӯзи қиёмат] ҳатман, дузахро аз ҳамаи шумо пур хоҳам кард
Ва, эй Одам, ту ва ҳамсарат дар биҳишт сокин шавед ва аз [хӯрданиҳои он аз] ҳар ҷойе ки хостед бихуред, ва [-ле] ба ин дарахт наздик нашавед ки аз ситамгорони [нофармон] хоҳед буд»
Пас, шайтон он дуро васваса кард, то он чи аз шармгоҳашон ба онон пӯшида монда буд, бар эшон ошкор созад [пас, ҳилае андешид] ва гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз [хӯрдани меваи] ин дарахт манъ накард, магар [барои] он ки [мабодо табдил ба] ду фаришта гардед ё аз ҷовидонон шавед»
Ва барои он ду савганд хӯрд, ки: «Ман, ҳатман, хайрхоҳатон ҳастам»
Пас, онҳоро бо фиреб [аз мақому манзилашон] фуруд овард ва чун аз [меваи] он дарахт бичашиданд, шармгоҳашон бар онон намоён шуд ва шурӯъ карданд ба қарор додани барги [дарахтони] биҳишт бар [шармгоҳи] худ.Ва Парвардигорашон [инчунин] ба онҳо нидо дод: «Оё шуморо аз [хӯрдани меваи] он дарахт манъ накардам ва ба шумо нагуфтам, ки бе тардид, шайтон душмани ошкори шумост»?!
[Он ду] Гуфтанд: «Парвардигоро, мо [ бо сарпечӣ аз дастурат] ба хештан ситам кардаем ва агар моро наёмурзӣ ва бар мо раҳм накунӣ, ҳатман, аз зиёнкорон хоҳем буд»
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «[Аз биҳишт бар замин] фуруд оед, [дар ҳоле ки азин пас] бархе аз шумо душмани бархе дигаред ва дар замин бароятон то муддат [-и муайян]-е қароргоҳ ва баҳрамандӣ хоҳад буд»
[Ва] Фармуд: «Дар он зиндагӣ мекунед ва дар ҳамон[ҷо] мемиред ва [рӯзи қиёмат низ] аз он берун оварда мешавед»
Эй фарзандони Одам, ҳамоно бароятон либосе фурӯ фиристодем, ки шармгоҳҳотонро мепӯшонад ва [мояи] зинати шумост ва [барои муъмин] либоси парҳезгорӣ беҳтар аст. Ин аз нишонаҳои [қудрати] Аллоҳ таолост, бошад, ки [инсонҳо] панд гиранд
Эй фарзандони Одам, [огоҳ бошед, ки] шайтон шуморо нафиребад, чунончи падару модаратонро аз биҳишт берун кард ва либосашонро аз танашон [берун] кашид, то шармгоҳашонро ба онон нишон диҳад. Бе тардид, ӯ ва гурӯҳаш аз ҷойе, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Ба ростӣ, ки Мо шаётинро дӯстони касоне қарор додаем, ки имон намеоваранд
Ва чун [мушрикон] кори зиште анҷом медиҳанд, мегӯянд: «Мо ниёгони худро бар ин [кор] ёфтаем ва Аллоҳ таоло моро ба [анҷоми] он фармон додаст». Бигӯ: «Аллоҳ таоло ҳаргиз ба зишткорӣ фармон намедиҳад. Оё суханеро, ки намедонед, ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед?»
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Парвардигорам ба адолат фармон додааст ва [инки ҳама ҷо, ба вижа] дар ҳар масҷиде [холисона] рӯйи хешро ба сӯйи [қиблаи] Ӯ кунед ва Ӯро дар ҳоли [ба дуо ва ниёиш] бихонед ки дин [-и худ]-ро барояш холис намудаед. [Ва бидонед] Ҳамон гуна ки шуморо дар оғоз падид овард, [пас аз марг низ бори дигар ба сӯяш] бозмегардед
[Аллоҳ таоло] Гурӯҳеро ҳидоят кард ва бар гурӯҳ [-и дигар]-е гумроҳӣ муқаррар гаштааст; зеро онон ба ҷойи Аллоҳ таоло шаётинро [ба унвони] дӯстон [-и хеш] баргузиданд ва гумон мекарданд, ки ҳидоят ёфтаанд»
Эй фарзандони Одам, ҳангоми рафтан ба масҷид [ва дар ҳар намозе] зинати худро баргиред [ва либоси шоиста бипӯшед] ва [дар зиндагӣ, аз хӯрокҳои покиза] бихӯред ва биошомед, вале исроф накунед, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло исрофкунандагонро дӯст намедорад
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Либос [-у зинатҳо]е-ро ки Аллоҳ таоло барои бандагонаш падид оварда ва [ҳамчунин] рӯзиҳои покизаро чи касе ҳаром кардааст?». Бигӯ: «Ин [неъматҳо] дар зиндагии дунё барои касонест, ки имон овардаанд, [ва агар чи кофирон низ аз онҳо баҳраманданд] рӯзи қиёмат махсус [-и муъминон] хоҳад буд. Мо инчунин оёт [-и худ]-ро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён мекунем
Бигӯ: «Парвардигорам зишткориҳо, чи ошкор [бошад] ва чи пинҳон ва гуноҳу ситами ноҳақро ҳаром намудааст ва ин ки чизеро шарики Аллоҳ таоло бидонед, ки далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст ва инки чизеро, ки намедонед, ба Аллоҳ таоло нисбат диҳед
Ҳар уммате аҷале дорад.Пас, ҳангоме ки аҷалашон ба сар ояд, на лаҳзае [аз он] таъхир мекунанд ва на [бар он] пешӣ мегиранд
Эй фарзандони Одам, агар паёмбароне аз худи шумо [наздатон] биоянд, ки оёти Маро бароятон бихонанд, [аз он пайравӣ кунед] пас, онон, ки парҳезгорӣ намоянд ва [рафторҳои гузаштаро] ислоҳ кунанд, на тарсе хоҳанд дошт ва на андуҳгин мешаванд
Ва касоне, ки оёти Моро дурӯғ мепиндоранд ва дар баробараш [гарданкашӣ ва] такаббур меварзанд, аҳли дузаханд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд
Пас, кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ё оёташро дурӯғ мепиндорад? Онон касоне ҳастанд, ки насибашон аз ончи [дар Лавҳи маҳфуз] муқаррар шудааст, ба эшон хоҳад расид, то он гоҳ ки фиристодагони Мо ба суроғашон меоянд, ки ҷонашонро бигиранд, [ба онон] мегӯянд: «Онҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастидед, куҷо ҳастанд»? [Онон] Мегӯянд: «Аз [назди] мо гум шуданд».Ва [ин гуна] алайҳи худ гувоҳӣ медиҳанд, ки кофир будаанд
[Фариштагон] Ба онҳо мегӯянд: «Дар байни гурӯҳҳое аз ҷин ва инс, ки пеш аз шумо [кофиру гумроҳ] буданд, дар оташ [-и дузах] ворид шавед». Ҳар гоҳ гурӯҳе ворид мешаванд, гурӯҳи дигарро лаънат мекунанд, то ҳангоме ки [саранҷом] ҳамагӣ дар онҷо ба ҳам мерасанд. Пайравони [фиребхӯрдаи] онҳо дар бораи раҳбаронашон мегӯянд: «Парвардигоро, инҳо буданд, ки моро гумроҳ карданд. Пас, азоби дучанд аз оташ ба онон бидеҳ». [Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Барои ҳар кадом [аз шумо азоби] дучанд аст, вале намедонед»
Раҳбарони онҳо ба пайравонашон мегӯянд: «Шумо бар мо ҳеҷ имтиёзе надоред, пас, ба [кайфари] ончи мекардед, азобро бичашед»
Касоне, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд ва дар баробари онҳо [гарданкашӣ ва] такаббур намуданд, дарҳои осмон ҳаргиз барояшон кушода намешавад ва ба биҳишт ворид нахоҳанд шуд, магар онки шутур аз сӯрохи сӯзан ворид шавад.Ва гунаҳгоронро инчунин кайфар медиҳем
Бар эшон бистаре аз [оташи] дузах [муҳайёст] ва [рӯйандозашон низ] пӯшишҳое [аз оташ аст] ва ситамгоронро инчунин кайфар медиҳем
Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд [ҳар андоза амали нек кардаанд, мепазирем, чаро ки] ва ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавонаш мукаллаф намесозем. Инон биҳиштиянд ва дар он ҷовидон хоҳанд буд
Ва ҳар кинаеро аз синаҳояшон мезудоем.Аз зери [қасрҳои] онон ҷуйборҳо ҷорӣ аст ва мегӯянд: «Сипос махсуси Аллоҳ таоло аст, ки моро [тавфиқи ибодат дод ва] ба ин [биҳишт] ҳидоят намуд.Ва агар Аллоҳ таоло ҳидоятамон намекард, ҳаргиз роҳ намеёфтем. Бе тардид, фиристодагони Парвардигорамон, ба ростӣ ва дурустӣ омаданд». [Он гоҳ] Ба онон нидо дода мешавад, ки: «Ин биҳишт ба подоши он чи мекардед, ба шумо расидааст»
Биҳиштиён дузахиёнро нидо медиҳанд, ки: «Мо он чиро, ки Парвардигорамон ба мо ваъда дода буд, дуруст ёфтем. Оё шумо [низ] он чиро, ки Парвардигоратон ваъда карда буд, дуруст ёфтед?» Онон мегӯянд: «Оре». Пас, нидодиҳандае миёнашон нидо медиҳад, ки: «Лаънати Аллоҳ таоло бар ситамгорон [кофирон] бод»!
[Ҳамон] Касоне, ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоштанд ва онро [бо илқои шубаҳот] мунҳариф мехостанд ва охиратро бовар надоштанд»
Дар миёни он ду [гурӯҳ: биҳиштӣ ва дузахӣ] монеъе аст ва бар аъроф [баландиҳои он монеъ] мардоне ҳастанд, ки ҳар як [аз он ду гурӯҳ]-ро аз [нишонаҳои] чеҳраашон мешиносанд ва [аз баландии аъроф] аҳли биҳиштро нидо медиҳанд, ки: «Салом бар шумо бод». Инон умеди биҳишт доранд ва ҳанӯз ба он ворид нашудаанд
Ва чун чашмонашон мутаваҷҷеҳи аҳли дузах мешавад, мегӯянд: «Парвардигоро, моро бо гурӯҳи ситамгорон [дар якҷо] қарор мадеҳ»
Аҳли аъроф мардоне [аз дузахиёнро], ки ононро аз чеҳраҳояшон мешиносанд, садо мезананд [ва] мегӯянд: «Ҷамъият [-у моландузӣ]-и шумо ва он [ҳама] гарданкашӣ [ва такаббур]-е, ки мекардед, ба ҳолатон суде надошт»
Оё инҳо [биҳиштиён] ҳамон касоне ҳастанд, ки савганд ёд мекардед, ки Аллоҳ таоло [ҳаргиз] раҳмате ба онон намерасонад? [Сипас Аллоҳ таоло мефармояд: эй муъминон] Ба биҳишт ворид шавед [ки дар онҷо], на тарсе хоҳед дошт ва на андуҳгин мешавед
Аҳли дузах биҳиштиёнро нидо медиҳанд, ки: «Аз он об ё ончи Аллоҳ таоло рӯзиятон додааст, андаке моро баҳраманд созед» [Онон дар посух] Мегӯянд: «Аллоҳ таоло ҳардуро бар кофирон ҳаром кардааст»
[Ҳамон] Касоне, ки дини худро ба саргармӣ ва бозӣ гирифтанд ва зиндагии дунё фиребашон дод. Пас, чунон ки онон дидори имрӯзашонро аз ёд бурданд ва оёти Моро инкор карданд, Мо [низ] имрӯз ононро аз ёд мебарем [ва дар азоб раҳо мекунем]
Ба ростӣ, мо барояшон китобе овардем, ки онро бар [асоси] илм [-и бекарони илоҳӣ] ба тафсил баён кардаем ва [нозил кардем, то] барои гурӯҳе, ки имон меоваранд, ҳидояту раҳмате бошад
Оё онон [кофирон] ҷуз таъвили оёт [ва фаро расидани қиёмат] интизори [дигаре] доранд? Рӯзе, ки таъвилаш [қиёмат] фаро расад, касоне, ки онро пештар фаромӯш карда буданд, мегӯянд: «Яқинан, фиристодагони Парвардигорамон ба ҳақ омада буданд.Пас, оё [имрӯз] шафоатгароне дорем, ки шафоатамон кунанд ё [метавонем ба дунё] бозгардем, то корҳое ғайр аз ончи мекардем, анҷом диҳем»? Бе тардид, [онон] ба худ зиён заданд ва ончиро ба дурӯғ [маъбуди худ] месохтанд, [ҳама] маҳву нобуд шуд
[Эй мардум] Бе гумон, Парвардигори шумо Аллоҳ таоло аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт. [Торикии] Шабро бо [рӯшноии] рӯз мепӯшонад, ки [ҳаряки] он [дигаре]-ро шитобон меҷӯяд ва хуршеду моҳ ва ситорагонро [падид овард], ки [ҳамагӣ] ба фармони Ӯ ба хидмат [-иинсон] гумошта шудаанд. Огоҳ бошед! Офариниш ва фармонравоӣ аз они Ӯст. Пурбаракат [-у бузург] аст Аллоҳ таолое, ки Парвардигори ҷаҳониён аст
[Эй муъминон] Парвардигоратонро ба зорӣ ва пинҳонӣ бихонед, ки Ӯ таҷовузкунандагон [-и ҳудуди илоҳӣ]-ро дӯст намедорад
Ва дар замин, пас аз он ки [бо биъсати паёмбарон ва диндории муъминон] ислоҳ гаштааст, фитна ва фасод накунед ва Ӯ [Аллоҳ таоло]-ро бо биму умед бихонед, [ки] бе тардид, раҳмати Аллоҳ таоло ба накукорон наздик аст
Ӯст, ки пешопеши [борони] раҳматаш бодҳоро башоратбахш мефиристад, то абрҳои сангинборро [бар дӯш] кашанд [ва] онро ба сӯйи замини [хушку] мурда мефиристем,он гоҳ бар он [сарзамин] об фурӯ меборем ва [аз баракати] он [об] ҳар гуна мевае бармеоварем. Ба ин сон, мурдагонро [низ аз қабр] хориҷ месозем, бошад, ки панд гиред
Сарзамини покиза [ва омода] гиёҳаш ба фармони Парвардигораш [фаровону пурбор] мерӯяд ва аз он [шӯразоре], ки нопок аст, ҷуз [гиёҳи] андаку беарзиш намерӯяд. Ин гуна оёт [-и худ]-ро барои гурӯҳе, ки сипос мегузоранд, гуногун баён мекунем
Бе тардид, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем, пас, гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳ таолоро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред. [Агар Ӯро ибодат накунед] Ман бар шумо аз азоби рӯзи бузург метарсам»
Ашроф [-у бузургон]-и қавмаш гуфтанд: «Ба ростӣ, ки мо туро дар гумроҳии ошкор мебинем»
Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, ҳеҷ гуна гумроҳӣ [ва инҳирофе] дар ман нест, балки ман фиристодае аз [ҷониби] Парвардигори ҷаҳониёнам
Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва бароятон хайрхоҳӣ мекунам ва аз [шариати] Аллоҳ таоло чизҳое медонам, ки шумо намедонед
Оё тааҷҷуб кардаед, ки панде аз ҷониби Парвардигоратон тавассути марде аз худи шумо бароятон омада бошад, то шуморо [аз азоби қиёмат] бим диҳад, ки парво пеша кунед ва бошад, ки фарогирифтаи раҳмат гардед»?
Пас, вайро дурӯғгӯ пиндоштанд,он гоҳ Мо ӯ ва касоне, ки ҳамроҳаш дар киштӣ буданд, наҷот додем ва касоне, ки оёти Моро дурӯғ ангошта буданд, ғарқ кардем. Ба ростӣ, ки онон [дар қабули ҳақ] гурӯҳи нобино буданд.
Ва ба [сӯйи қавми] Од бародарашон Ҳудро [фиристодем]. Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳ таолоро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуди [барҳақ] надоред. Оё парво намекунед»?
Ашроф [-у бузургон]-и қавми ӯ ки кофир буданд, гуфтанд: «Бе гумон, мо туро дар нодонӣ мебинем ва мо, ҳатман, туро аз дурӯғгӯён мепиндорем»
Гуфт: «Эй қавми ман, ҳеҷгуна нодоние дар ман нест, балки ман фиристодае аз [ҷониби] Парвардигори ҷаҳониён ҳастам
Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва ман бароятон хайрхоҳи амин ҳастам
Оё тааҷҷуб кардаед, ки панде аз ҷониби Парвардигоратон тавассути марде аз худи шумо бароятон омада бошад, то шуморо [аз азоби қиёмат] бим диҳад? Ва ба ёд оваред, ҳангоме ки пас аз қавми Нуҳ шуморо ҷонишинон [-и онон] қарор дод ва ба шумо дар офариниш фузунӣ [ва қудрат] дод. Пас, неъматҳои Аллоҳ таолоро ба ёд оваред, бошад, ки растагор шавед»
[Кофирон] Гуфтанд: «Оё сӯйи мо омадаӣ, ки фақат Аллоҳ таолоро бипарастем ва он чиро падаронамон мепарастиданд, раҳо кунем? Пас, агар аз ростгӯёнӣ, он чи [аз азоби илоҳӣ, ки] ба мо ваъда медиҳӣ биёвар»
[Ҳуд] гуфт: «Бе тардид, азоб ва хашми [сахт] аз [сӯйи] Парвардигоратон бар шумо воқеъ шуда [ва шуморо фарогирифта] аст. Оё дар бораи исмҳое, ки худи шумо ва падаронатон онҳоро [маъбуд] ном ниҳодаед ва Аллоҳ таоло ҳеҷ далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст, бо ман муҷодала мекунед? Пас, мунтазир бошед, [ки] бе гумон, ман [низ] бо шумо аз мунтазиронам»
Пас, ӯ ва касонеро, ки ҳамроҳаш буданд, ба раҳмат [ва лутфе] аз [ҷониби] хеш наҷот додем ва решаи касоне, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд ва аз муъминон набуданд, барандохтем
Ва ба [сӯйи қавми] Самуд бародарашон Солеҳ ро [фиристодем] Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳ таолоро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуд [-и барҳақ] надоред. Бе тардид, далели равшане аз [сӯйи] Парвардигоратон барои шумо омадааст. Ин модашутури Аллоҳ таоло [ки аз дили сахраҳо берун омадааст] бароятон муъҷизаест, пас, ӯро [ба ҳоли худ] вогузоред, то дар замини Аллоҳ таоло [бичарад ва алаф] бихӯрад ва ба ӯ озор [-у осебе] нарасонед, ки шуморо азоби дардноке фаро хоҳад гирифт
Ва ба ёд оваред, ҳангоме ки [Аллоҳ таоло] шуморо аз [қавми] Од ҷонишинон [-и онон] қарор дод ва дар замин мустақар сохт, ки дар даштҳояш қасрҳое бино мекунед ва дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед. Пас, неъматҳои Аллоҳ таолоро ба ёд оваред ва дар замин ба фасод [-у табоҳӣ] накушед»
Ашроф [-у бузургон]-и қавми ӯ, ки гарданкашӣ мекарданд, ба заифону бечорагон, ба [ҳамон] касоне, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё [ба яқин] медонед, ки Солеҳ аз [тарафи] Парвардигораш фиристода шудааст»? [Онон] Гуфтанд: «Мо ба он чи ӯ ба он фиристода шудааст, имон дорем»
Онон, ки гарданкашӣ мекарданд, гуфтанд: «Мо ба ончи шумо ба он имон овардаед, бовар надорем»
Пас, модашутурро пай карданд ва аз фармони Парвардигорашон сарпечиданд ва гуфтанд: «Эй Солеҳ, агар аз паёмбарон [-илоҳӣ] ҳастӣ, ончи аз азоб, ки ба мо ваъда медиҳӣ, [бар сарамон] биёвар»
Саранҷом заминларза ононро фаро гирифт, пас, дар хонаҳои худ ба рӯ афтоданд [ва ҳалок шуданд]
Пас, [Солеҳ] аз онон рӯ гардониду гуфт: «Эй қавми ман, ман паёми Парвардигорамро ба шумо расонидам ва бароятон хайрхоҳӣ кардам, вале шумо [хайрхоҳону] насиҳатгаронро дӯст намедоред»
Ва Лутро [ба паёмбарӣ фиристодем], ки ба қавми худ гуфт: «Оё кори бисёр зиштеро анҷом медиҳед, ки пеш аз шумо ҳеҷ як аз ҷаҳониён анҷом надодааст?
Шумо аз рӯйи шаҳват ба ҷойи занон бо мардон меомезед. Оре, шумо [аз ҳудуди илоҳӣ фаротар рафтаед ва] гурӯҳи таҷовузкоред»
Ва [-ле] посухи қавмаш ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ононро аз шаҳратон берун кунед, [чароки] бе тардид, инҳо афроди покдоман [-у муқаддасмаоб] ҳастанд»
Пас, Мо ӯ ва хонадонашро наҷот додем, магар ҳамсараш, ки аз бозмондагон [дар азоб] буд
Ва бороне [аз санг] бар онон боридем. Пас, бингар, ки саранҷоми гунаҳкорон чи гуна буд
Ва ба сӯйи [мардуми] Мадян бародараш Шуайбро [фиристодем]. Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳ таолоро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуд [-и барҳақ] надоред. Яқинан, аз [сӯйи] Парвардигоратон барои шумо далели равшан омадааст, пас, [ҳаққи] паймона ва тарозуро комил [-у дуруст] адо кунед ва ба мардум аҷносашонро кам надиҳед ва дар замин пас аз ислоҳаш фасод накунед. Агар имон доред, ин барои шумо беҳтар аст
Ва бар сари ҳар роҳе нанишинед, ки [бо зӯргирӣ ва дуздӣ мардумро] битарсонед ва ҳаркиро имон дорад, аз роҳи Аллоҳ таоло боздоред ва роҳашро мунҳариф бихоҳед [ки ба ҳидоят даст наёбад]. Ва ба ёд оваред, ҳангомеро ки андак будед, сипас Аллоҳ таоло [теъдоди] шуморо фузунӣ бахшид ва бингаред, ки саранҷоми муфсидон [-и табаҳкор] чи гуна буд
Агар гурӯҳе аз шумо ба ончи ба он фиристода шудаам, имон оварданд ва гурӯҳи дигар имон наоварданд, пас, сабр кунед, то Аллоҳ таоло миёни мо доварӣ кунад ва Ӯ беҳтарин довар аст»
Ашроф [-у бузургон]-и қавмаш, ки такаббур меварзиданд гуфтанд: «Эй Шуайб, ҳатман, ту ва касонеро, ки ҳамроҳат имон овардаанд, аз шаҳрамон берун мекунем, [пас, ё биравед] ё ба оини мо баргардед». [Шуайб] Гуфт: «Оё [бозгардем ҳатто] агар аз он кароҳат дошта [ва безор] бошем?
Агар ба оини шумо баргардем, пас аз он ки Аллоҳ таоло моро аз он наҷот бахшид, дар ҳақиқат, ба Аллоҳ таоло дурӯғ бастаем.Ва моро сазовор нест, ки ба он бозгардем, магар он ки Аллоҳ таоло – Парвардигори мо бихоҳад. Илми Парвардигорамон ҳама чизро фаро гирифтааст.Бар Аллоҳ таоло таваккал кардаем. Парвардигоро, миёни мо ва қавмамон ба ҳақ доварӣ кун ва Ту беҳтарин доварӣ»
Ва ашроф [-у бузургон]-и қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Агар аз Шуайб пайравӣ кунед, ҳатман, зиёнкор хоҳед буд»
Он гоҳ зилзила [-и шадид]-е ононро фаро гирифт, пас, дар хонаҳои худ ба рӯ дарафтоданд [ва ҳалок шуданд]
Онон, ки Шуайбро дурӯғгӯ ангоштанд, [чунон аз байн рафтанд ки] гӯӣ ҳаргиз дар он [диёр] набудаанд ва онон ки Шуайбро дурӯғгӯ ангоштанд, худ зиёнкорон буданд
Пас, [Шуайб] аз эшон рӯй гардонду гуфт: «Эй қавми ман, бе тардид паёмҳои Парвардигорамро ба шумо расондам ва пандатон додам. Пас, чигуна барои гурӯҳи кофир [-и лаҷуҷ] андуҳгин бошам»?
Ва мо дар ҳеҷ шаҳр [ва диёре] паёмбаре нафиристодем, магар инки сокинонашро ба ранҷҳо ва сахтиҳо гирифтор сохтем, бошад, ки [ба даргоҳи илоҳӣ фурӯтанӣ ва] тазарруъ кунанд
Сипас ба ҷойи нохӯшӣ [ва бадӣ] некӣ [ва хушӣ] овардем, то афзун шуданд ва гуфтанд: «Бе тардид, ба падарони мо [низ ба ҳукми табиат] сахтӣ ва роҳате мерасид». Пас, дар ҳоле ки бехабар буданд, ононро [ба азоб] фаро гирифтем
Ва агар аҳли он шаҳрҳо имон меоварданд ва парво мекарданд, [дарҳои] баракати осмон ва заминро бар онон мекушодем, вале [оёту паёмҳои Моро] дурӯғ ангоштаанд, пас, ба [кайфари] ончи мекарданд, ононро [ба азоб] фаро гирифтем
Оё сокинони [ин] шаҳрҳо дар амонанд аз инки азоби Мо [ногаҳон] шабҳангом, ки хуфтаанд ба суроғашон биояд?
Ва оё сокинони [ин] шаҳрҳо дар амонанд аз ин ки азоби Мо нимрӯзӣ, ки ба бозӣ [ва умури беҳуда] саргарманд, ба суроғашон биояд?
Оё худро аз макр [-у тадбир]-и Аллоҳ таоло эмин донистаанд? [Ҳол он ки] Ҷуз мардуми зиёнкор [касе] худро аз макри Аллоҳ таоло дар амон намедонад
Оё барои касоне, ки заминро пас аз сокинони [пешини] он ба ирс мебаранд, равшан нашудааст, ки агар мехостем, ононро ба [кайфари] гуноҳонашон нобуд мекардем ва ба дилҳояшон муҳр мениҳодем, то дигар [нидои ҳақро] нашнаванд?
[Эй паёмбар] Инҳо шаҳрҳоест, ки бархе аз хабарҳояшонро бар ту ҳикоят мекунем. Бе тардид, паёмбарони онҳо далоили равшан барои эшон оварданд, вале онон намехостанд ба чизе, ки пештар дурӯғ шумурда буданд, имон оваранд. Аллоҳ таоло бар дилҳои кофирон, ин гуна муҳр [-и ғафлат] мениҳад
Ва дар бештарашон вафое ба аҳд наёфтем ва аксарашонро ҷиддан нофармон ёфтем
Сипас баъд аз онҳо Мӯсоро бо оёти хеш ба сӯйи Фиръавн ва бузургони қавмаш фиристодем, вале онҳо ба он [оёт] куфр варзиданд.Пас, бингар, ки саранҷоми табаҳкорон чигуна будааст
Ва Мӯсо гуфт: «Эй Фиръавн, ман фиристодае аз [сӯйи] Парвардигори ҷаҳониёнам
Сазовораст, ки дар мавриди Аллоҳ таоло ҷуз [ба ростӣ ва] ҳақ сухан нагӯем. Бе тардид, ман далел [ва муъҷизаи равшан] аз Парвардигоратон барои шумо овардаам.Пас,Бани Исроилро ҳамроҳи ман бифирист»
[Фиръавн] Гуфт: «Агар муъҷизае овардаӣ, [ва] агар рост мегӯӣ, онро биёвар»
Пас, [Мӯсо] асои худро андохт ва ногаҳон [асо табдил ба] аждаҳои ошкор шуд
Ва дасти худро [аз гиребон] берун овард ва ногаҳон барои тамошогарон сапед [-у дурахшон] менамуд
Ашроф [-у бузургони] қавми Фиръавн гуфтанд: «Ҳаққо, ки ин [мард] ҷодугари доност»
Фиръавн] Гуфт: «Ӯ мехоҳад шуморо аз сарзаминатон берун кунад пас назаратон чист»?
Онон гуфтанд: «Кори ӯ ва бародарашро ба таъхир биандоз ва маъмурони ҷамъовариро ба [ҳамаи] шаҳрҳо бифирист
То ҳамаи ҷодугарони доно [ва моҳир]–ро наздат оваранд
Ва [саранҷом] ҷодугарон назди Фиръавн омаданд, [ва] гуфтанд: «Агар мо пирӯз шавем, [назди ту] подоше хоҳем дошт»?
[Фиръавн] Гуфт: «Оре, ҳатман, шумо аз муқаррабон [-и даргоҳам] хоҳед буд»
[Дар рӯзи мавъуд ҷодугарон мағрурона] Гуфтанд: «Эй Мӯсо, ё ту нахуст [асои худро] биафкан ё мо [абзори худро] меафканем»
[Мӯсо] Гуфт: «Шумо биафканед». Ҳангоме ки [абзори худро] афканданд, чашмони мардумро афсун карданд ва ононро сахт тарсонданд ва ҷодуи бузург [падид] оварданд
Ва [мо] ба Мӯсо ваҳй кардем, ки: «Асои худро биафкан». Пас, ногаҳон он [асо ба мори бузурге табдил шуд ва] ончиро, ки ба дурӯғ сохта буданд, фурӯ балъид
Пас, ҳақиқат ошкор гардид ва он чи мекарданд, ботил шуд
Ва [Фиръавну фиръавниён ҳамагӣ дар] онҷо шикаст хӯрданд ва хор гардиданд
Ва ҷодугарон ба саҷда афтоданд
Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем
Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун»
Фиръавн гуфт: «Пеш аз онки ба шумо иҷозат диҳам, ба ӯ имон овардед? Ҳатман, ин найрангест, ки дар шаҳр ба роҳ андохтаед, то сокинонашро аз он берун кунед. Пас, ба зудӣ [натиҷаи коратонро] хоҳед донист
Яқинан, дасту поятонро бархилофи якдигар [аз чапу рост] қатъ мекунам ва ҳамаи шуморо ба дор меовезам»
Онон гуфтанд: «Бе тардид, мо [пас аз марг] ба сӯйи Парвардигорамон бозмегардем
Ва [эй Фиръавн] ту ҷуз барои ин моро ба кайфар намерасонӣ, ки ба муъҷизоти Парвардигорамон он гоҳ ки ба мо расид, имон овардем. Парвардигоро, бар мо шикебоӣ [ва истиқомат] бибор ва моро дар ҳоле бимирон ки таслими [фармони ту] ҳастем»
Ва бузургони қавми Фиръавн [ба ӯ] гуфтанд: «Оё Мӯсо ва қавмашро раҳо мекунӣ, то дар ин сарзамин фасод кунанд ва ту ва маъбудонатро вогузорад»? [Фиръавн] Гуфт: «[Ҳаргиз, балки] Писаронашонро хоҳем кушт ва занонашонро [барои канизӣ] зинда хоҳем гузошт ва мо бар онон чираем»
Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Аз Аллоҳ таоло ёрӣ биҷӯед ва шикебоӣ [ва истиқомат] пеша кунед. Бе тардид, замин аз они Аллоҳ таоло аст [ва] онро ба ҳар касе аз бандагонаш, ки бихоҳад, ба мерос медиҳад ва саранҷоми нек аз они парҳезгорон аст»
[Бани Исроил] Гуфтанд: «Пеш аз он ки назди мо биёӣ ва [ҳатто] пас аз он ки назди мо омадӣ, [аз ситамҳои Фиръавн] озору азият дидаем» [Мӯсо] гуфт: «Умедаст, ки Парвардигори шумо душманатонро ҳалок кунад ва шуморо дар замин ҷонишин [-и онон] созад,он гоҳ бингарад, ки чигуна рафтор мекунед»
Ва бе тардид, Мо фиръавниёнро ба хушксолӣ ва камбуди маҳсулот дучор кардем, бошад, ки панд гиранд [ва тавба кунанд]
Пас, ҳангоме ки некӣ [ва фаровонии неъмат] ба онон мерасид, мегуфтанд: «Ин ба хотири [шоистагии] худи мост». Ва агар бадӣ [ва хушксолӣ] ба эшон мерасид, ба Мӯсо ва касоне, ки ҳамроҳаш буданд, фоли бад мезаданд. Огоҳ бошед! Сарнавишти шуми онон танҳо назди Аллоҳ таоло [ва ба дасти Ӯ] аст, аммо бештарашон намедонанд
Ва [пайравони Фиръавн ба ӯ] гуфтанд: «Ҳар [муъҷиза ва] нишонае бароямон биёварӣ, то бо он ҷодуямон кунӣ, [ҳаргиз] ба ту имон намеоварем»
Пас, бар онон [балоҳое ҳамчун] тӯфон ва малах ва шапуш ва қурбоқаҳо ва [рӯди пур]-и хун фиристодем, [ки] нишонаҳои ҷудо [аз ҳам ва паёпайе] буданд.Пас, [боз ҳам] гарданкашӣ карданд ва гурӯҳи гунаҳкор буданд
Ва ҳангоме ки азоб бар онон воқеъ шуд, гуфтанд: «Эй Мӯсо, аз Парвардигорат барои мо бихоҳ, ки бино ба паймоне, ки бо ту дорад, [тавбаи моро бипазирад ва ин балоҳоеро қатъ кунад] Агар ин азобро аз мо бардорӣ, ҳатман, ба ту имон меоварем ва Бани Исроилро ҳамроҳат равона мекунем»
Пас, ҳангоме ки азобро то муддати муайяне, ки [пеш аз ҳалокат] фурсат доштанд аз онон дур кардем, боз ҳам паймоншиканӣ карданд
Пас аз онон интиқом гирифтем ва дар дарё ғарқашон сохтем, зеро оёт [-у муъҷизоти] Моро дурӯғ меангоштанд ва аз он ғофил буданд
Ва ба он гурӯҳе, ки ҳамвора мавриди ситам воқеъ мешуданд, [бахшҳои] шарқӣ ва ғарбии сарзамин [-и Шом]-ро, ки ба он баракат бахшида будем, ба мерос ато кардем ва ба подоши он ки шикебоӣ карданд, ваъдаи некуи Парвардигорат ба Бани Исроил [ёрии ситамдидагон] таҳаққуқ ёфт ва он чиро, ки Фиръавн ва қавмаш месохтанд ва бармеафроштанд, [яксара] вайрон кардем
Ва Бани Исроилро аз дарё гузарондем, пас, [дар роҳ] ба қавме расиданд, ки барои [парастиши] бутҳояшон гирд омада буданд, [пас, онон низ] гуфтанд: «Эй Мӯсо, ҳамонгуна ки онон маъбудоне доранд, барои мо [низ] маъбуде таъйин кун». [Мӯсо] Гуфт: «Бе тардид, шумо гурӯҳе ҳастед, ки нодонӣ мекунед [ва азамати Аллоҳ таолоро намедонед]
Яқинан, оини [мушриконаи] инҳо нобудшуданӣ аст ва ончи мекунанд, [низ] ботил аст»
[Сипас] Гуфт: «Оё ба ҷуз Аллоҳ таоло маъбуди [дигар] бароятон биҷӯям, дар ҳоле ки Ӯ шуморо бар ҷаҳониён [-и ҳамасратон] бартарӣ додааст»?
Ва [ба ёд оваред] замоне, ки шуморо аз [осеби] фиръавниён наҷот додем, [ки] бадтарин [ва хортарин] азобро бар саратон меоварданд: писаронатонро мекуштанд ва занонатонро [барои канизӣ] зинда нигаҳ медоштанд ва барои шумо дар ин [азобу наҷот] озмоиши бузург аз ҷониби Парвардигоратон буд
Ва бо Мӯсо сӣ шаб [барои муноҷот] ваъда ниҳодем ва онро бо даҳ шаб [-и дигар] комил кардем.Пас, ваъдаи Парвардигораш [бо ӯ] дар чиҳил шаб тамом шуд. Ва Мӯсо [ҳангоми рафтан ба кӯҳи Тур] ба бародараш Ҳорун гуфт: «Ҷойнишини ман дар миёни қавм бош ва [умурашонро] ислоҳ кун ва аз роҳи муфсидон пайравӣ накун»
Ва ҳангоме ки Мӯсо ба аҳдгоҳи Мо омад ва Парвардигораш [бевосита] бо ӯ сухан гуфт, [Мӯсо] арз кард: «Парвардиргоро, худро ба ман нишон бидеҳ, то ба Ту бингарам». [Аллоҳ таоло] Фармуд: «[Дар дунё] ҳаргиз Маро нахоҳӣ дид, вале ба ин кӯҳ бингар, агар дар ҷойи худ барқарор боқӣ монад, ту [низ] Моро хоҳӣ дид». Пас, чун Парвардигораш бар [он] кӯҳ таҷаллӣ кард, онро муталошӣ [ва пароканда] сохт ва Мӯсо мадҳуш афтод ва чун ба ҳуш омад, арз кард: «[Бор илоҳо] Ту поку муназзаҳӣ. Ба даргоҳат тавба кардам ва бе тардид, ман [миёни қавми худ] нахустин муъмин ҳастам»
[Аллоҳ таоло] фармуд: «Эй Мӯсо, [бидон ки] ман туро ба паёмҳо ва каломи [бевоситаи] хеш бар мардумон баргузидам, ончи ба ту мебахшам, бигир ва сипосгузор бош»
Ва дар алвоҳ [Таврот] барои ӯ дар ҳар мавриде панде [овардем] ва барои ҳар амре шарҳе нигоштем [ва ба Мӯсо фармудем]: «Онро бо ҷиддият бигир ва ба қавмат дастур бидеҳ, ки некутарини онҳоро фаро гиранд [ва ба он амал кунанд] ва ба зудӣ [ҷойгоҳу] сарои нофармононро ба шумо нишон хоҳам дод»
Ба зудӣ касонеро ки ба ноҳақ дар замин [бартариҷӯӣ ва] такаббур мекунанд, аз [фаҳми] оёти хеш бозхоҳам дошт, [чунон ки] агар ҳар нишонае [аз қудратам]-ро бингаранд, ба он имон наоваранд ва агар роҳи ҳақро бубинанд, онро дар пеш нагиранд ва агар роҳи гумроҳиро бубинанд онро баргузинанд. Ин [муҷозот] барои он аст, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд ва аз онҳо ғофил буданд
Ва касоне, ки оёти Мо ва дидори охиратро дурӯғ ангоштанд, корҳояшон табоҳ гаштааст. Оё ҷуз [дар баробари] ончи мекарданд, муҷозот мешаванд?
Ва қавми Мӯсо пас аз [рафтани] ӯ [ба кӯҳи Тур] аз зеварҳояшон муҷассамаи гӯсолаеро сохтанд [ва парастиданд], ки садое [ҳамчун садои гӯсола] дошт. Оё намедиданд, ки [он пайкари беҷон] бо онон сухан намегӯяд ва ба роҳе ҳидояташон намекунад? Онро [ба парастиш] гирифтанд ва [ба хотири ин ширк нисбат ба хеш] ситамгор буданд
Ва чун [аз кардаи хеш] пушаймон шуданд ва диданд, ки ба ростӣ, гумроҳ шудаанд, гуфтанд: «Агар Парвардигорамон ба мо раҳм накунад ва моро наомурзад, мусалламан, зиёнкор хоҳем буд»
Ва чун Мӯсо ба сӯйи қавмаш бозгашт [ва ононро бар ширк ва гумроҳӣ ёфт], бо хашму андуҳ гуфт: «Пас аз ман чи бад ҷонишинӣ кардед! Оё аз ҳукми Парвардигоратон пешӣ гирифтед»? Ва [он гоҳ] алвоҳро андохт ва [ришу мӯйи] сари бародари худро гирифт ва ба сӯйи худ кашид. [Ҳорун] Гуфт: «Эй писари модарам, ба ростӣ, ин қавм маро нотавон пиндоштанд [ва таҳқирам карданд] ва наздик буд маро бикушанд, пас, душманонро бо [сарзаниши] ман шодмон накун ва маро дар зумраи гурӯҳи ситамгор [-у нофармон] қарор надеҳ»
[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, ман ва бародарамро биёмурз ва моро дар [паноҳи] раҳмати хеш даровар.Ва Ту меҳрубонтарин меҳрубонӣ»
Бе тардид, касоне, ки гӯсоларо [ба парастиш] гирифтанд, ба зудӣ хашме аз Парвардигорашон ва зиллате дар зиндагии дунё ба онон хоҳад расид ва мо дурӯғпардозонро инчунин кайфар медиҳем
Ва касоне, ки муртакиби корҳои ношоиста [куфру гуноҳ] шуданд, сипас баъд аз он тавба намуданд ва имон оварданд, бе гумон, Парвардигорат аз он пас омурзандаи меҳрубон аст
Ва чун хашми Мӯсо фурӯ нишаст, алвоҳ [-и Таврот]-ро баргирифт ва дар навиштаҳояш барои касоне, ки аз Парвардигорашон метарсанд, ҳидояту раҳмати [бузург] буд
Ва Мӯсо аз қавмаш ҳафтод мардро барои ваъдагоҳи Мо [дар Тӯри Сино] баргузид [то ба хотири ширку гуноҳи қавмашон ба даргоҳи илоҳӣ тавба кунанд]. Пас, ҳангоме ки [ба далели нофармонӣ ва дархости руъяти Аллоҳ таоло] зилзила ононро фаро гирифт [ва ҳамагӣ мурданд, Мӯсо] гуфт: «Парвардигоро, агар мехостӣ, онон ва маро пеш аз ин ҳалок мекардӣ. Оё моро ба хотири ончи бехирадонамон кардаанд, ҳалок мекунӣ? Ин [азоб чизе] нест, магар озмоиши Ту [аз имони мо], ба [василаи] он ҳаркиро бихоҳӣ, гумроҳ месозӣ ва ҳаркиро бихоҳӣ, ҳидоят мекунӣ. Ту [дӯсту] корсози моӣ, пас, моро биёмурз ва бар мо раҳм овар ва Ту беҳтарин омурзандаӣ
Ва бароямон дар ин дунё ва дар сарои охират некӣ муқаррар фармо, [ки] бе тардид, мо ба сӯйи Ту бозгаштем». [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Азобамро ба ҳар ки бихоҳам мерасонам ва раҳматам ҳама чизро фаро гирифтааст, пас, онро барои касоне муқаррар хоҳам дошт, ки парво пеша мекунанд ва закот медиҳанд ва [ҳамчунин] барои касоне, ки ба оёти мо имон меоваранд
Касоне, ки аз фиристода ва паёмбари дарснохонда [уммӣ] пайравӣ мекунанд, [ҳамон] ки ном [ва нишонаҳои] ӯро назди худ дар Тавроту Инҷил навишта меёбанд, [ҳам ӯ] ки ононро ба некиҳо фармон медиҳад ва аз зиштиҳо [ва корҳои нописанд] бозашон медорад ва покизаҳоро барояшон ҳалол мегардонад ва палидиҳоро ба онон ҳаром мекунад ва бори гарони [таколифи шаръӣ]-ро, ки бар эшон будааст, аз [уҳдаи] онон бармедорад. Пас, касоне, ки ба Ӯ имон оварданд ва гиромияш доштанд ва ёриаш карданд ва аз нуре, ки бо ӯ нозил шудааст, пайравӣ намуданд, ононанд, ки растагоранд»
Бигӯ: «Эй мардум, ман фиристодаи Аллоҳ таоло ба сӯйи ҳамаи шумо ҳастам.Ҳамон [Парвардигоре], ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст, маъбуде [барҳақ] ҷуз Ӯ нест; зинда мекунад ва мемиронад, пас, ба Аллоҳ таоло ва фиристодааш – он паёмбари дарснохондае, ки ба Аллоҳ таоло ва суханонаш бовар дорад, имон биёваред ва аз Ӯ пайравӣ кунед, бошад, ки ҳидоят шавед»
Ва гурӯҳе аз қавми Мӯсо ҳастанд, ки [мардумро] ба [роҳи] ҳақ ҳидоят мекунанд ва бар асоси он [низ қазоват ва] адолат мекунанд
Ва ононро ба дувоздаҳ қабила [ки ҳар кадом] шохае аз наводагон [-и Яъқуб] буданд, тақсим кардем ва ба Мӯсо,он гоҳ ки қавмаш аз ӯ об хостанд, ваҳй кардем, ки: «Асоятро бар санг бизан», пас, дувоздаҳ чашмае аз он ҷӯшид [ва] ҳар гурӯҳе чашмаи худро шинохт ва абрро бар [сари] онон соягустар намудем ва бар эшон манну салво фурӯ фиристодем [ва гуфт] «Аз чизҳои покизае, ки рӯзиятон кардаем, бихӯред». Онон [бо нофармонӣ ва мухолифат, дар ҳақиқат] ба Мо ситам накарданд, балки ба хештан ситам менамуданд
Ва [ёд кун аз] он гоҳ ки ба онон гуфта шуд: «Дар ин шаҳр [Байту-л-муқаддас] сокин шавед ва [аз неъматҳои] он, аз ҳар ҷо [ва ҳар вақт], ки хостед, бихӯред ва [барои узрхоҳӣ] бигӯед: «[Парвардигоро] Гуноҳонамонро фурӯ рез» ва бо фурӯтанӣ аз дарвоза[-и шаҳр] ворид шавед, то гуноҳонатонро биёмурзем, [ва подоши дунё ва охирати] накукоронро хоҳем афзуд»
Аммо афроде аз онҳо, ки [нофармону] ситамгор буданд, суханро ба чизе ғайр аз ончи ки ба онон гуфта шуда буд, табдил карданд [ва баҷои истиғфор донаи ҷав хостанд]. Пас, ба [кайфари] онки ситам мекарданд, азобе аз осмон бар онон фурӯ фиристодем
Ва [эй паёмбар] аз онон дар бораи [сокинони] шаҳре, ки наздики дарё буд, бипурс, ҳангоме ки онон аз [ҳукми таҳрими сайд дар рӯзи] шанбе таҷовуз мекарданд, он гоҳ ки моҳиҳои эшон дар рӯзҳои шанбе [ки рӯзи таътилу ибодат буд] рӯйи об зоҳир мешуданд ва рӯзҳои ғайри шанбе бар эшон [ҳеҷ сайде рӯйи об] намеомад. Ононро ба [хотири] он ки нофармонӣ мекарданд, инчунин озмудем
Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки гурӯҳе аз онон [ба гурӯҳи дигар] гуфтанд: «Чаро қавмеро панд медиҳед, [ки саранҷом] Аллоҳ таоло ҳалокашон хоҳад кард ё ба азоби шадид гирифторашон хоҳад намуд»? [Носеҳон] Гуфтанд: «Ин [панду наҳй дар ҳукми] маъзарате ба даргоҳи Парвардигори шумост ва бошад, ки парво кунанд»
Пас, чун ончиро ба эшон панд дода буданд, ба фаромӯшӣ супурданд, касонеро, ки аз [кори] бад бозмедоштанд, наҷот додем ва касонеро, ки [бо нодида гирифтани ҳукми илоҳӣ ба худ] ситам карда буданд, ба сазои онки нофармонӣ мекарданд, ба азоби шадид гирифтор намудем
Ва чун дар баробари ончи аз он наҳй шуда буданд, [лаҷоҷату] сарпечӣ карданд, ба онон гуфтем: «Ба сурати бузинаҳое [хору] рондашуда дароед»
Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Парвардигорат фармуд, ки яқинан, то рӯзи қиёмат, касеро бар онон хоҳад гумошт, ки ҳамвора бадтарин [ва сангинтарин] азоро ба сарашон биёварад. Бе гумон, Парвардигорат зудкайфар аст, [ва-ле] яқинан, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст
Ва ононро дар замин ба сурати гурӯҳҳои мухталиф пароканда сохтем. [Бархе] Аз онон шоистаанд ва [бархе миёнарав ҳастанд ва гурӯҳе низ] ғайр аз инанд. Ва ононро ба некиҳо ва бадиҳо озмудем, бошад, ки [ба роҳи ҳақ] боз гарданд
Ва пас аз онон ҷонишинон [-и ношоиста]-е омаданд, ки китоб [Таврот]-ро ба ирс бурданд. Онон [сарвату] колои ин [дунёи] пастро мегиранд, [ки суханони Аллоҳ таолоро таҳрифу ба ноҳақ ҳукм кунанд] ва мегӯянд: «Бахшида хоҳем шуд». Ва агар коло [-и дигар]-е ҳаммонанди он барояшон биояд, онро [низ] мегиранд. Оё дар китоб [-и осмонӣ] аз онон паймон гирифта нашудааст, ки дар бораи Аллоҳ таоло ҷуз [сухани] ҳақ нагӯянд? [Пас, нофармонияшон аз рӯйи нодонӣ нест, зеро борҳо Тавротро хондаанд] Ва ончиро, ки дар он аст, омӯхтаанд ва сарои охират барои касоне, ки парво кунанд, беҳтар аст. Оё намеандешед?
Ва касоне, ки ба китоби [Аллоҳ таоло] тамассук меҷӯянд ва намоз барпо медоранд, ба яқин [бидонанд, ки] Мо подоши накукоронро табоҳ намекунем
Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки кӯҳро [аз ҷой баркандем ва] ҳамчун соябоне бар фарозашон барафроштем ва пиндоштанд, ки бар онон фуруд меояд [ва дар ин ҳолат аз онон аҳд гирифтем ва гуфтем] «Он чиро, ки ба шумо додаем, бо неру [ва ҷиддият] бигиред ва ончиро, ки дар он аст, ба ёд дошта бошед [ва ба он амал намоед], бошад, ки парво кунед
Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Парвардигорат аз пушти фарзандони Одам, наслашонро баргирифт ва ононро бар худашон гувоҳ гирифт [ва фармуд]: «Оё ман Парвардигори шумо нестам»? Онон гуфтанд: «Оре, [бар ин ҳақиқат] гувоҳӣ медиҳем». [Аллоҳ таоло фармуд: «Аз шумо иқрор гирифтам] То мабодо рӯзи қиёмат бигӯед, ки: «Мо, ҳатман, аз ин [амр] бехабар будем»
Ё [мабодо] бигӯед, ки падаронамон пештар ширк оварда буданд ва мо низ фарзандоне пас аз онон будем. Оё моро ба [сазои] ончи [кофирону] ботиландешон анҷом додаанд, ҳалок мекунӣ»?
Ва инчунин оётро ба тафсил баён мекунем [то онҳоро бифаҳманд] ва бошад, ки [ба тавҳид] бозгарданд
Ва [эй паёмбар] саргузашти касеро бар онон ҳикоят кун, ки оёт [-у нишонаҳо]-и хешро ба ӯ додем ва [ӯ ҳаққонияташонро дарк кард, вале] аз онҳо ҷудо [ва орӣ] гашт.Пас, шайтон ба дунболаш афтод ва ӯ аз гумроҳон шуд
Ва агар мехостем, [мақому манзалати] ӯро ба хотири [пойбандӣ ва амал ба] он [оёт] боло мебурдем, вале ӯ ба дунё [ва пастӣ] гароид ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ кард. Пас, масали ӯ [дар дунёдӯстӣ] ҳамчун масали саг аст, ки агар ба он ҳамла кунӣ [ва аз худ дур кунӣ], забон аз даҳон берун меоварад ва агар онро [ба ҳоли худ] вогузорӣ, [боз ҳам] забон аз даҳон берун меоварад [чунин шахсеро низ чи панд бидиҳӣ ё надиҳӣ, тафовуте надорад]. Ин масали гурӯҳест, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд, пас, ин достонро [бар эшон] ҳикоят кун, бошад, ки бияндешанд
Чи зишт аст достони гурӯҳе, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд ва ба хеш ситам карданд!
Касеро, ки Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, пас, ӯ ҳидоятёфта [-и воқеӣ] аст ва касеро, ки гумроҳ созад, пас, ононанд, ки зиёндидагонанд
Ва бе тардид, бисёре аз ҷинниён ва одамиёнро барои дузах офаридаем, [чаро ки] дилҳое доранд, ки бо онҳо [ҳақоиқро] дарк намекунанд ва чашмоне доранд, ки бо онҳо [нишонаҳои тавону тадбири илоҳиро] намебинанд ва гӯшҳое доранд, ки бо онҳо [суханони ҳақро] намешунаванд. Онон ҳамчун чаҳорпоёнанд, балки [аз онҳо ҳам] гумроҳтаранд. [Оре] Ононанд,ки [аз охират] ғофиланд
Ва зеботарин номҳо барои Аллоҳ таоло аст, пас, Ӯро ба он [номҳо] бихонед ва касонеро, ки дар [мавриди] номҳояш ба инҳироф мераванд [ва онҳоро таъвилу таҳриф мекунанд] раҳо кунед. Онон ба [сазои] ончи мекарданд, муҷозот хоҳанд шуд
Ва аз [миёни] онон, ки офаридаем, гурӯҳе ҳастанд, ки [мардум] баҳақ ҳидоят менамоянд ва бар [асоси] он ба адолат рафтор мекунанд
Ва касоне, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд, [дарҳои рӯзиро ба рӯяшон мекушоем, то бештар дар гуноҳ ғарқ шаванд ва ба ин сон] андак андак аз ҷойе, ки намедонанд [ба кайфари худ] гирифторашон хоҳем сохт
Ва ба онон муҳлат медиҳам. Ба ростӣ, ки тадбири Ман устувор [ва ҳисобшуда] аст
Оё наандешидаанд, ки ҳамнишини онон [расулуллоҳ] ҳеҷ ҷунуне надорад? Ӯ ҷуз бимдиҳандаи ошкор нест
Оё дар фармонравоии осмонҳо ва замин ва ончи Аллоҳ таоло офаридааст, наменигаранд ва инки чи басо ҳангоми маргашон наздик шуда бошад? Пас, баъд аз ин [Қуръон] ба кадом сухан имон меоваранд?
Ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, пас, [ҳеҷ] роҳнамое барояш нест ва ононро дар саркашии хеш саргардон раҳо мекунад
[Эй паёмбар, кофирони Макка] дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд, [ки] кай воқеъ мешавад? Бигӯ: «Бе тардид, дониши он назди Парвардигори ман аст ва ҳеҷ кас ҷуз Ӯ [наметавонад] онро дар вақти муайянаш падидор созад.Ин амр [зуҳури қиёмат] бар аҳли осмонҳо ва замин душвор аст ва ҷуз ба таври ногаҳонӣ ба сӯятон намеояд». [Онон чунон] Аз ту мепурсанд, ки гӯё ту худ муштоқи [донистани замони] он ҳастӣ [ҳол он ки ту дар бораи замони вуқуаш ҳеҷ намепурсӣ]. Бигӯ: «Дониши он фақат назди Аллоҳ таоло аст, вале бештари мардум намедонанд»
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Ман молики суду зиёни хештан нестам, магар ончиро, ки Аллоҳ таоло бихоҳад ва агар ғайбро медонистам, хайр [-у суди] бисёре [барои худ] фароҳам месохтам ва ҳеҷ бадӣ [ва зиёне] ба ман намерасид. Ман [касе] нестам, магар бимдиҳанда ва башоратбахш [-и дилсӯз] барои гурӯҳе, ки имон доранд
[Эй мардум] Ӯст, ки шуморо аз як тан офарид ва ҳамсарашро аз ӯ падид овард, то дар канораш ором гирад. Пас, чун [Одам] бо вай [Ҳаво] даромехт, бордор шуд – бори сабук – ва [нахустин моҳҳои бордориро] гузаронд ва чун сангинбор шуд, Аллоҳ таоло – Парвардигори худро хонданд, ки: «Агар ба мо [фарзанди тандурусту] шоиста ато кунӣ, ҳатман, сипосгузор хоҳем буд»
Пас, чун [Аллоҳ таоло фарзанди тандуруст ва] шоиста ба онон дод, дар ин неъмат, ки ба онҳо бахшида буд, барояш шариконе қарор доданд. Ва Аллоҳ таоло аз ончи шарик [ва ҳамтои] Ӯ месозанд, бартар аст
Оё чизҳоеро шарик мегиранд, ки чизе намеофаранд ва худ офарида мешаванд?
Ва наметавонанд ононро ёрӣ кунанд ва на хештанро ёрӣ медиҳанд
Ва [эй мушрикон] агар онҳо [бутҳо]-ро ба ҳидоят даъват кунед, аз шумо пайравӣ намекунанд. Чи даъваташон кунед ё хомӯш бошед, бароятон яксон аст [ва посухе нахоҳед шунид]
Бе гумон, онҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонед, офаридагоне ҳамчун шумо ҳастанд [аммо ҷомид ва берӯҳ], пас, онҳоро [дар сахтиҳо] бихонед. Агар рост мегӯед, бояд посухатонро бидиҳанд
Оё [бутҳое, ки маъбуди худ медонед] пойҳое доранд, ки бо онҳо роҳ бираванд ё дастҳое доранд, ки бо онҳо [ёриатон диҳанд ва аз шумо] дифоъ кунанд? Оё чашмоне доранд, ки бо онҳо бубинанд ё гӯшҳое доранд, ки бо онҳо бишнаванд? [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Шариконатонро бихонед, сипас [алайҳи ман] тадбир [-у найранг] кунед ва маро муҳлат надиҳед
Бе тардид, [дӯсту] корсози ман Аллоҳ таоло аст, ки [ин] китобро нозил кардааст ва Ӯ барои шоистагон [дӯстӣ ва] корсозӣ мекунад
Ва касонеро, ки [шумо мушрикон] ба ҷойи Ӯ мехонед, наметавонанд шуморо ёрӣ кунанд ва на ба хештан ёрӣ расонанд
Ва агар ононро ба ҳидоят даъват кунед, [суханонатонро] намешунаванд ва ононро мебинӣ, ки [зоҳиран] ба ту нигоҳ мекунанд, дар ҳоле [ҷимодоте ҳастанд] ки намебинанд»
[Эй паёмбар] Гузашт пеша кун ва ба некӣ фармон бидеҳ ва аз нодонон рӯ бигардон
Ва агар васвасае аз сӯйи шайтон туро барангезонд, ба Аллоҳ таоло паноҳ бибар, [ки] бе тардид, Ӯ шунавову доност
Дар ҳақиқат, касоне, ки [аз Аллоҳ таоло] парво мекунанд, чун васвасае аз ҷониби шайтон ба онон расад, [Аллоҳ таолоро] ба ёд меоваранд ва он гоҳ [нисбат ба ҳақиқат] бино мешаванд
Ва бародаронашон [бародарони кофирон ва мушрикон, ки шаётин ҳастанд] ононро ба гумроҳӣ мекашонанд ва [ҳаргиз дар ин кор] кӯтоҳӣ намекунанд
Ва [эй паёмбар] ҳангоме ки [нузули ваҳй ба таъхир меафтод ва] ту ояте бар эшон намеоварӣ, мегӯянд: «Чаро ту худ онро намесозӣ»? Бигӯ: «Ман фақат аз чизе пайравӣ мекунам, ки аз сӯйи Парвардигорам ба ман ваҳй мешавад. Ин [Қуръон шомили] равшангариҳое аз сӯйи Павардигоратон аст ва барои гурӯҳе, ки имон меоваранд, ҳидояту раҳмат аст
Ва ҳангоме ки Қуръон хонда мешавад, пас, ба он гӯш фаро диҳед ва хомӯш бошед, бошад, ки фарогири раҳмат шавед»
Ва Парвардигоратро дар дили хеш бо тазарруъ ва тарс, бидуни овози баландгуфтор [дар] бомдодон ва шомгоҳон ёд кун ва [аз ёди Аллоҳ таоло] ғофил мабош
[Эй паёмбар] Касоне, ки назди Парвардигори ту ҳастанд [фариштагон], яқинан, аз парастиши Вай [саркашӣ ва] такаббур намеварзанд ва Ӯро ба покӣ меситоянд ва барояш саҷда мекунанд