Ва Муҳаммад ҷуз фиристодае нест, ки пеш аз ӯ [низ] фиристодагоне [буданд ва] гузаштанд. Оё агар ӯ бимирад ё кушта шавад, ба ақиб бозмегардед [ва дини худро раҳо мекунед]? Ва ҳар ки [аз ақидаи ростини худ] бозгардад, [бидонад, ки] ҳаргиз ба Аллоҳ таоло зиёне намерасонад ва [ба зудӣ] Аллоҳ таоло сипосгузоронро подош хоҳад дод
الترجمة الطاجيكية - عارفي
144. Шубҳае нест, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) паёмбарест, ки пеш аз ӯ паёмбарони дигар будаанд, ки рисолати Парвардигорашонро мерасониданд. Оё агар бимирад ё кушта шавад (чунон ки душманон хабари дурӯғ паҳн карданд,) шумо ба дини пешинаи худ бозмегардед ва дини паёмбаратонро тарк мекунед? Ҳар кас, ки аз динаш бозгардад, ҳеҷ зиёне ба Аллоҳ нахоҳад расонид, балки ба худаш зиёни бузурге расонидааст. Аммо касе устувор аст дар имон ва шукргузор аст бар неъмати Ислом, Аллоҳ шукргузоронро подош (мукофот) хоҳад дод. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 2/114
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 2/114
الترجمة الطاجيكية
وَمَا مُحَمَّدٌ إِلَّا رَسُولٞ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِ ٱلرُّسُلُۚ أَفَإِيْن مَّاتَ أَوۡ قُتِلَ ٱنقَلَبۡتُمۡ عَلَىٰٓ أَعۡقَٰبِكُمۡۚ وَمَن يَنقَلِبۡ عَلَىٰ عَقِبَيۡهِ فَلَن يَضُرَّ ٱللَّهَ شَيۡـٔٗاۚ وَسَيَجۡزِي ٱللَّهُ ٱلشَّـٰكِرِينَ
Шубҳае нест, ки Муҳаммад паёмбарест, ки пеш аз ӯ паёмбароне дигар будаанд. Оё агар бимирад ё кушта шавад, шумо ба дини пешини худ бозмегардед? Ҳар кас, ки бозгардад, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳад расонид. Худо шукргузоронро подош (мукофот) хоҳад дод.
Tajik - Tajik translation