Касоне, ки аз аъмоли [зишти] худ хушнуд мегарданд ва дӯст доранд дар муқобили кор [-и нек] -е, ки анҷом надодаанд, мавриди ситоиш қарор гиранд, гумон мабар, ки аз азоб [-и илоҳӣ] барканоранд; [балки] барои онон азоби дардноке [дар пеш] аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
188.Гумон мабар касонеро, ки ба корҳои зишт, суханон ва кирдори ботиле, ки анҷом медиҳанд, хушҳол мешаванд. Ва дӯст доранд ба сабаби корҳои хубе, ки анҷом надода ва сухани ҳаққе, ки нагуфтаанд, ситоиш шаванд. Пас онон ҳам кори бад анҷом медиҳанд ва ҳам сухани бадро бар забон меоранд ва ҳам ба он хушҳол мешаванд ва ҳам дӯст доранд ба воситаи кори хубе, ки анҷом надодаанд, мавриди ситоиш қарор гиранд, гумон мабар, ки онҳо аз азоб наҷот ёбанд ва барои онон азобе дарднок аст. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/161
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/161
الترجمة الطاجيكية
لَا تَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ يَفۡرَحُونَ بِمَآ أَتَواْ وَّيُحِبُّونَ أَن يُحۡمَدُواْ بِمَا لَمۡ يَفۡعَلُواْ فَلَا تَحۡسَبَنَّهُم بِمَفَازَةٖ مِّنَ ٱلۡعَذَابِۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
Ононро, ки аз корҳое, ки кардаанд, шодмон шудаанд ва дӯст доранд ба сабаби корҳои нокардаи хеш ҳам мавриди ситоиш қарор гиранд, мапиндор, ки дар паноҳгоҳе дур аз азоби Худо бошанд. Барояшон азобе дардовар муҳайёст!
Tajik - Tajik translation