Пас, [эй паёмбар] ҳар ки [аз масеҳиёни Наҷрон] пас аз он донише, ки дар бораи ӯ [Исо] бароят [ҳосил] омадааст, бо ту баҳсу ҷадал кунад, [ба онҳо] бигӯ: "Биёед [ҳамагиро] фаро бихонем: писарони мову писарони шумо ва занони мову занони шумо ва худи мову шумо [низ ҳозир шавем]; сипас ба [даргоҳи илоҳӣ тазарруъ ва] дуо кунем ва лаънати Аллоҳро бар дурӯғгӯён қарор диҳем"
الترجمة الطاجيكية - عارفي
61. Пас, ҳар кӣ баъд аз он чи ба ту аз дониш омад, дар бораи Исо алайҳиссалом, бо ту ҷидол кунад, бигу: «Биёед фарзандонамон ва фарзандонатон ва занонамон ва занонатонро даъват намоем ва мо худро омода мекунем ва шумо ҳам худро омода кунед. Сипас дасти дуъо ва зорӣ ба сӯи Аллоҳ дароз мекунем ва лаънати Аллоҳро бар дурӯғгуён қарор медиҳем.
الترجمة الطاجيكية
فَمَنۡ حَآجَّكَ فِيهِ مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَكَ مِنَ ٱلۡعِلۡمِ فَقُلۡ تَعَالَوۡاْ نَدۡعُ أَبۡنَآءَنَا وَأَبۡنَآءَكُمۡ وَنِسَآءَنَا وَنِسَآءَكُمۡ وَأَنفُسَنَا وَأَنفُسَكُمۡ ثُمَّ نَبۡتَهِلۡ فَنَجۡعَل لَّعۡنَتَ ٱللَّهِ عَلَى ٱلۡكَٰذِبِينَ
Аз он пас, ки ба огоҳӣ расидаӣ, ҳар кас, ки дар бораи ӯ бо ту ҷидол кунад, бигӯ: «Биёед, то ҳозир оварем мо фарзандони худро ва шумо фарзандони худро, мо занони худро ва шумо занони худро, мо бародарони худро ва шумо бародарони худро. Он гоҳ, дуову тазарруъ кунем ва лаънати Худоро бар дурӯғгӯён бифиристем!»
Tajik - Tajik translation