Ва [эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Аллоҳ таоло аз паёмбарон паймон гирифт [ва фармуд]: "Ҳар гоҳ ба шумо китобу ҳикмате додам, он гоҳ фиристодае [Муҳаммад] ба сӯятон омад, ки он чиро бо шумост, тасдиқ кард, бояд ба ӯ имон оваред ва ёриаш кунед". [Он гоҳ] Фармуд: "Оё иқрор кардед ва паймони муҳками маро дар ин бора пазируфтед"? [Онон] Гуфтанд: "Иқрор кардем". [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Пас, [бар худу умматҳоятон] гувоҳ бошед ва ман [низ] бо шумо аз гувоҳонам"
الترجمة الطاجيكية - عارفي
81. (Ва ба ёд овар эй Расул,) ҳангоме, ки Аллоҳ аз паёмбарон паймон гирифт, ки шуморо китобу ҳикмат додаам; сипас паёмбаре пеши шумо омад, ки тасдиқкунандаи он чи, ки бо худ доред, бояд бо ӯ имон оваред ва ӯро ёрӣ кунед.
Аллоҳ фармуд: "Оё иқрор доред ва паймони маро бар он пазируфтед?" Гуфтанд: "Иқрор кардем". Фармуд: "Пас гувоҳ бошед ва ман ҳам бо шумо аз гувоҳон ҳастам". (1)
____________________
1. Дар ин оят далел аст бар ин, ки Аллоҳ аз ҳар як паёмбар ва умматашон аҳду паймон гирифтааст, то ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон оранд ва ӯро ёрӣ кунанд. Тафсири Саъдӣ 1 \ 136

الترجمة الطاجيكية
وَإِذۡ أَخَذَ ٱللَّهُ مِيثَٰقَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ لَمَآ ءَاتَيۡتُكُم مِّن كِتَٰبٖ وَحِكۡمَةٖ ثُمَّ جَآءَكُمۡ رَسُولٞ مُّصَدِّقٞ لِّمَا مَعَكُمۡ لَتُؤۡمِنُنَّ بِهِۦ وَلَتَنصُرُنَّهُۥۚ قَالَ ءَأَقۡرَرۡتُمۡ وَأَخَذۡتُمۡ عَلَىٰ ذَٰلِكُمۡ إِصۡرِيۖ قَالُوٓاْ أَقۡرَرۡنَاۚ قَالَ فَٱشۡهَدُواْ وَأَنَا۠ مَعَكُم مِّنَ ٱلشَّـٰهِدِينَ
Ва Худо аз паёмбарон паймон гирифт, ки шуморо китобу ҳикмат додаам; ба паёмбаре, ки дини шуморо тасдиқ мекунад ва ба паём назди шумо меояд, имон оред ва ёриаш кунед. Гуфт: «Оё иқрор кардед ва аҳди Маро пазируфтед?» Гуфтанд: «Иқрор кардем». Гуфт; «Пас шаҳодат диҳед ва Ман низ бо шумо аз шоҳидонам».
Tajik - Tajik translation