Касоне, ки куфр варзиданд ва дар ҳоли куфр аз дунё рафтанд, агарчи рӯйи замин пур аз тилло бошад ва онро ба унвони фидя [ва каффораи аъмоли бади хеш] бипардозанд, ҳаргиз аз ҳеҷ як аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд ва муҷозоти дарднок [дар пеш] доранд ва ёвароне нахоҳанд дошт
الترجمة الطاجيكية - عارفي
91. Онон, ки инкор карданд (паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) -ро) ва бар ақидаи куфрашон мурданд, агар бихоҳанд, ба андозаи ҳамаи замин тилло диҳанд ва хештанро аз азоб бозхаранд, аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд. Барояшон азобе дарднок аст ва онҳоро ҳеҷ ёваре нест. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 2/65
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 2/65
الترجمة الطاجيكية
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَمَاتُواْ وَهُمۡ كُفَّارٞ فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡ أَحَدِهِم مِّلۡءُ ٱلۡأَرۡضِ ذَهَبٗا وَلَوِ ٱفۡتَدَىٰ بِهِۦٓۗ أُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ وَمَا لَهُم مِّن نَّـٰصِرِينَ
Онон, ки кофир шуданд ва кофир мурданд, агар бихоҳанд, ба андозаи ҳамаи замин тилло диҳанд ва хештанро аз азоб бозхаранд, аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд. Барояшон азобе дарднок аст ва онҳоро ҳеҷ ёваре нест.
Tajik - Tajik translation