ترجمة سورة الأنعام

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة الأنعام باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.Ҳамду сано ва ситоиш аз они Аллоҳест, ки осмонҳову заминро биёфарид ва торикиҳову рӯшноиро пайдо кард, (яъне шабу рӯзро) бо ин ҳама баъди дидани ин нишонаҳое, ки далолат ба тавҳид мекунанд кофирон бо Парвардигори хеш маъбуди ботилеро баробар медоранд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/126
2.Уст, ки падари шумо (Одам алайҳиссалом)-ро аз гил биёфарид. Боз муқаррар кард ҳаёти шуморо ва вақти марги шуморо ва як муддати дигареро ва он муддат рӯзи қиёмат аст, ки он рӯзро ба ҷуз Ӯ ҳеҷ кас надонад. Бо ин ҳама шумо эй кофирон шакку шубҳа меварзед?(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/127
3.Ва Ӯст маъбуди бар ҳақ дар осмонҳову заминҳо ва аз нишонаҳое ки Ӯсазовори ибодат аст, ин аст, ки медонад тамоми чизҳои пинҳон ва ошкори шуморо ва медонад он чиро ки шумо касб мекунед.
4.   Намеояд ба кофирон ҳеҷ нишона ва ҳуҷҷате аз нишонаҳои Парвардигорашон, ҷуз он ки баъди дидану шунидан аз он рӯйгардон шуданд ва имон наоварданд! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/262
5.   Ба дурустӣ ҳақро дурӯғ шумориданд, онгоҳ ки пеши онҳо омад. Пас ба зудӣ ояд ба онон хабари он чи ба он тамасхур мекарданд, ки вай ҳақ аст ва рост аст. (1)
____________________
1. Тамасхурашон ба рӯзи аз нав зинда шудани баъд аз мурдан ва ба ҷаннату дӯзах буд. Тафсири Саъдӣ 1/ 250
6.  Оё надидаанд, (он мункиршудагон ба ягонагии Аллоҳ ва ба рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам,) ки пеш аз онҳо чӣ қадар мардумеро ҳалок кардаем? Мардуме, ки дар замин қудраташон дода будем аз умри дароз ва пулу моли бисёр, он чунон қудрате, ки ба шумо надодаем. Ва барояшон аз осмон боронҳои пай дар пай фиристодем ва рӯдҳоро аз зери пояшон равон сохтем. Он гоҳ ба сабаби ношукрии неъмати Аллоҳ ва дурӯғ шумориданашон паёмбаронро ҳалокашон кардем ва баъд аз онҳо мардуми дигаре пайдо кардем. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/241
7.   Ва эй Паёмбар, ҳатто агар китобе навишта бар рӯи коғаз бар ту нозил мекардем, пас онро мушрикон бо дасти хеш ламс мекарданд (меқапиданд), боз ҳам он кофирон мегуфтанд, ки ин ҷуз ҷодуи ошкоро нест.
8. Ва мушрикон гуфтанд: «Чаро фариштае бар ӯ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил нашудааст, то ба ҳақиқати он чи овардааст аз паёмбарӣ далолат намояд?» Агар фариштае мефиристодем, чунон ки онҳо талаб карданд, кор ба поён мерасид (яъне азоб бар онон воҷиб мешуд). Пас ба онҳо ҳеҷ мӯҳлате дода намешуд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/129
9. Ва агар он паёмбарро аз миёни фариштагон интихоб мекардем, боз ҳам ӯро ба сурати марде мефиристодем, зеро онон фариштаро ба сурати ҳақиқиаш дида наметавонанд (1) ва ҳароина дигаргун мекардем бар онон, бар он чи алҳол дигаргун мекунанд. (2)
____________________
1. Ҳамчунон ки Ҷабраил алайҳис салом ба назди Паёмбар алайҳис салоту ва салом ба сурати марде (Даҳяи Калбӣ) меомад.
2. Яъне дар иштибоҳ меафтоданд ва намедонистанд оё ин фаришта аст ё одам.Тафсири Бағавӣ 3/ 129
10.   Ҳамоно паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, масхара мекарданд. Пас фуруд омад азобе ба тамасхаракунандагон сазои он чи, ки тамасхур мекарданд. (1)
____________________
1. Ин оят тасалло медиҳад барои паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ваъда медиҳад барои ӯ ва барои мӯъминон нусрат ва оқибати некро дар дунё ва охират. Тафсири Ибни Касир 3\242
11.   Бигӯ: (Эй Паёмбар) «Дар рӯи замин бигардед ва бингаред ба нигоҳи ибрат ва панд, ки поёни кори дурӯғбарорандагони ҳақ чӣ гуна будааст».
12.   Бигӯ: (Эй Паёмбар) «Аз они кист он чӣ дар осмонҳову замин аст?» Бигӯ: «Аз они Аллоҳ аст! (Чунон ки шумо худ инро иқрор мекунед ва медонед, пас Ӯро ба ягонагиаш парастиш кунед.) Бахшоишро бар худ муқаррар дошта, (яъне тавбаро қабул мекунад) ҳамаи шуморо дар рӯзи қиёмат гирд меоварад, ки дар он шубҳае нест. Онон, ки ба зиёни хеш кор кардаанд имон намеоваранд. (1)
____________________
1. Яъне ширк оварданд ва рисолати Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва салламро қабул накарданд. Тафсири Табарӣ 11/ 274
13.   Аз они Ӯст ҳар чӣ дар шабу рӯз ҷой дорад (яъне аз махлуқот; фаришта, одам, ҷин ва дигар ҳайвонотҳо) ва Ӯст шунавои тамоми овозҳо ва доност ба он чи мешавад ва кай мешавад ва чи гуна мешавад! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/251
14.   Бигӯ: (Эй Паёмбар) «Оё ҷуз Аллоҳ дигареро дӯст гирам,
Ӯ ки офаринандаи осмонҳову замин аст ва мехӯронаду ризқ медиҳад оламиёнро ва Ӯро ба таъом ниёз нест? Бигӯ (эй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам:) «Ҳароина ман амр карда шудаам, ки нахустин касе бошам аз ин уммат, ки таслими амри Аллоҳ шуда бошад. Пас аз мушрикон набошам!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/131
15.   Бигӯ: (эй Паёмбар барои ин мушрикон:) «Ҳамоно ман аз азоби он рӯзи бузург (қиёмат) метарсам, агар нофармонии Парвардигори худ бикунам ва дар ибодаташ касеро шарик орам!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/132
16.   Дар он рӯз (қиёмат) азобро аз ҳар кӣ бигардонанд, сазовори раҳмати Аллоҳ шудааст ва ин комёбии ошкорест!
17.   Ва агар Аллоҳ ба ту, эй инсон ранҷе мисли нодорӣ ва беморӣ бирасонад, ҳеҷ кас ҷуз Ӯ дафъаш натавонад кард ва агар ба ту эй инсон некие мисли дороӣ ва тансиҳатӣ бирасонад, пас Ӯ бар ҳар коре тавоност ва сазовори ибодат аст.
18.   Ва Ӯст ғолиб болои ҳамаи бандагони худ (яъне ҳамаи бандагон дар зери хоҳиши Ӯ таъоло мебошанд) ва Ӯст доно дар амру наҳйҳояш, огоҳ аст ба тамоми чизҳои пӯшида ва ошкоро! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/251
19.   Бигӯ: (эй Паёмбар) «Чи чиз бузургтару бартар аст дар боби шаҳодат?» Бигӯ: «Аллоҳ миёни ману шумо гувоҳ аст бар он чи мегӯям.
Ва ин Қуръон бар ман ваҳй шудааст, то шуморо ва ҳар касро, (ки ба ӯ аз Арабу Аҷам Қуръон бирасад,) бим ба азоби охират диҳам. Оё шаҳодат медиҳед, ки бо Аллоҳ маъбудони дигаре ҳам ҳастанд?» Бигӯ: эй Паёмбар «Ман шаҳодат намедиҳам». Бигӯ: «Ҳамоно, ки Ӯ Аллоҳест якто ва аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, безорам!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/133
20.   Аҳли Китоб (яҳуду насоро) мешиносанд (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро,) ҳамчунон ки мешиносанд фарзандони худро. Онҳое, ки зиёнкор шуданд дар ҳаққи худ (ба сабаби инкор карданашон сифатҳои Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро,) имон намеоваранд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/294
21.   Чӣ касест ситамкортар аз он, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебандад (яъне ба Аллоҳ шарик меорад) ё оёти Қуръони Ӯро дурӯғ мепиндорад? Ҳароина ситамкоронро (кофиронро) растагорӣ нест! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/135
22.Рӯзи қиёмат ҳамаро ҷамъ оварем, сипас ба онҳое, ки, ба Аллоҳи якто ширк овардаанд, бигӯем: «Он маъбудоне, ки мепиндоштед, ки шарикони Аллоҳанд, акнун куҷоянд, ки шуморо тарафдорӣ кунанд?»
23.Баъдан набошад узре барояшон магар, ки гӯянд дар ҷавоби суоле, ки барояшон дода шуда буд "куҷо ҳастанд маъбудҳоятон?": «Савганд ба Аллоҳ, Парвардигори мо, ки мо мушрик набудем!»
24.Бингар (ва андеша кун эй Паёмбар,) ки чӣ гуна бар худ дурӯғ бастанд ҳол он ки дар охират бутҳояшон аз онҳо безорӣ ҷӯянд ва ба он чи умедворӣ мекашиданд аз шафоъаташон, ночиз гардид.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/301
25.Баъзе аз он мушрикон ба сухани ту гӯш медиҳанд, вале Мо бар дилҳояшон пардаҳо афкандаем, то он Қуръонро дарнаёбанд ва гӯшҳояшонро вазнин (ношунаво) кардаем. Ва ҳар мӯъҷизаеро, ки бингаранд, ба он имон намеоваранд. Ва чун назди ту оянд, бо ту ба муҷодала дар мавриди ҳақу ботил пардозанд. Кофирон мегӯянд, ки нест ин (Қуръон) магар қиссаҳои пешиниён. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/247
26.   Ва онон (мушрикон) мардумро аз пайравии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бозмедоранд ва худ аз ӯ канора меҷӯянд ва ҳол он ки намедонанд, ки бо ин корашон танҳо худашонро ба ҳалокат расонида ва дучори азоби сахт мешаванд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/315
27.   Агар эй Паёмбар, онҳоро (мушриконро) дар он рӯзи қиёмат бингарӣ, ки дар баробари дӯзах нигоҳашон доштаанд, мегӯянд: «Эй кош, моро бозгардонанд ба ҳаёти дунё, то оёти Парвардигорамонро дурӯғ нашуморем ва ба он амал кунем ва аз гӯруҳи мӯъминон бошем!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 2/322
28.   На, он чиро, ки аз ин пеш пӯшида медоштанд, аз чашмони мардумон мисли амалҳои куфру бад акнун бар онҳо ошкор шуда, агар онҳоро ба дунё (фарз кунем) бозгардонанд, боз ҳам ба ҳамон корҳое, ки манъашон карда буданд, бозмегарданд (яъне ба куфру гуноҳ), ҳамоно инҳо дурӯғгӯёнанд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/322
29.   Ва гуфтанд мушрикон: «Нест ҳеҷ зиндагие ва ҳаёте, магар зиндагонии ин дунё ва мо дигар бор баъд аз маргамон зинда нахоҳем шуд»
30.   Ва агар бубинӣ эй Паёмбар он ҳангомро, ки дар баробари Парвардигорашон истодаанд онҳое, ки зинда гардонидани баъд аз мирониданро инкор карда буданд, гуфта шавад: «Оё ин ҳақ нест?» Гӯянд: «Оре, савганд ба Парвардигорамон!»
Гӯяд (Аллоҳ таъоло):
«Ба сабаби куфре, ки ба Аллоҳ ва расулаш дар дунё меварзидед, азобро бичашед!»
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/324
31.   Ҳамоно зиён карданд онҳое, ки дидор бо Аллоҳро дурӯғ пиндоштанд. Ва чун қиёмат ба ногаҳон фаро расад, гӯянд (мушрикон): «Эй ҳасрато, бар мо ба хотири амалҳои зиште, ки кардем дар дунё».
Инҳо бори гуноҳонашонро бар пушти худ мебардоранд. Огоҳ бошед, бад чизест он чи мебардоранд.
32.   Ва зиндагии дунё чизе ҷуз бозичаву ҳавасронии беҳуда нест ва барои касоне ки худро аз азоби Ӯ бо тоъат нигоҳ медоранд ва аз нофармонии Ӯ дур мешаванд сарои охират аз сарои дунё беҳтар аст. Оё ба акл дарнамеёбед он чизеро, ки ба шумо хабар медиҳем? (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/330
33.   Бе гумон медонем, ки суханашон (1) туро эй Паёмбар андӯҳгин месозад, вале инҳо (мушрикон) танҳо туро дурӯғгӯй намебароранд, балки ин ситамкорон сухани Аллоҳро (оятҳоро) инкор мекунанд! (2)
____________________
1. Бовар накарданашон туро зоҳиран.
2. Тафсири Бағавӣ 3/140
34.   Ҳамоно кофирон паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, дурӯғгӯ шумориданд, пас онҳо бар он ранҷу озорҳо сабр карданд ва даъваташонро давом доданд, то ёрии мо фаро расидашон. Ва суханони Аллоҳро (1) тағйирдиҳандае нест. Ва ҳароина қиссаи баъзе аз ахбори паёмбарон, ки умматҳояшон бо онҳо чи ситамҳо кардаанд, бар ту нозил шудааст. (2)
____________________
1. Яъне ҳукм кардааст, ки паёмбаронашро пирӯз мегардонад.
2. Тафсири Бағавӣ 3/140
35.    Агар рӯйгардони кардани онҳо бар ту эй Паёмбар гарон аст, пас агар метавонӣ, ки биҷӯӣ (нақбе) яъне сурохие дар замин ё нардбоне барои баромадан ба осмон, то мӯъҷизае бар онҳо биёварӣ, пас бикун. Агар Аллоҳ бихоҳад, ҳамаро ба роҳи рост барад. Пас ҳаргиз эй Паёмбар аз нодононе, ки ғаму андӯҳашон сахт аст ва бесабранд мабош. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/140
36. Ҳамоно қабул мекунанд даъвати Исломро эй Паёмбар онҳое, (1) ки мешунаванд, аммо кофирон дар қабули ҳақ дар гурӯҳи мурдагонанд, зеро ҳаёти ҳақиқӣ дар ислом аст.
Ва мурдагонро Аллоҳ аз қабрҳояшон зинда мегардонад. Сипас ҳама дар рӯзи қиёмат ба назди Ӯ бозгардонида мешаванд, то ки ҳисобу китоб карда шаванд.(2)
____________________
1. Мӯъминоне, ки даъватро қабул мекунанд ,ва аз он фоида мебаранд. Тафсири Бағавӣ 3/143 2. Тафсири Табарӣ 11/ 342. Монанд кардани кофирон ба мурдагон аз он сабаб аст, ки дилҳои онон мурдааст ва ҳақро қабул намекунанд.
37. Ва гуфтанд мушрикон: «Чаро мӯъҷизае аз Парвардигораш бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил нашуд?» Бигӯ эй Паёмбар: «Ҳамоно Аллоҳ қодир аст, ки мӯъҷизае фурӯ фиристад. Вале бештаринашон намедонанд, ки фурӯ фиристодани мӯъҷиза мувофиқи ҳикмати Аллоҳ сурат мегирад!»(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/253
38. Ҳеҷ ҷонваре дар рӯи замин нест ва ҳеҷ паррандае бо болҳои худ дар ҳаво намепарад, магар он ки чун монанди шумо тоифае ҳастанд, ки халқияташон мисли шумост. Мо дар ин китоб (яъне дар "Лаҳву-л- маҳфуз") ҳеҷ чизеро тарк накардаем. Ва сипас ҳамаро тамоми мардумонро дар назди Парвардигорашон гирд меоваранд, барои ҳисобу китоб. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 2/333
39.    Ва онон, ки оёти моро дурӯғ шумориданд, каронанд (намешунаванд он чизеро, ки ба онҳо фоида дорад) ва гунгонанд (ба ҳақиқат сухан намегӯянд) ва дар торикиҳои куфр ҳайронанд. Аллоҳ ҳар киро хоҳад, гумроҳ кунад ва ҳар киро хоҳад, ба роҳи рост гардонад. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/350
40.    Бигӯ эй Паёмбар ба он мушрикон: «чӣ мебинед, ки агар бар шумо азоби Аллоҳ дар ин дунё фурӯд ояд ё қиёмат даррасад, оё барои кашфи азобе, ки бар шумо фурӯд омадааст аз гайри Аллоҳ (яъне аз маъбудҳои ботилатон ёрӣ меҷӯед ки азобро аз шумо дур кунанд), агар ростгӯёнед?» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/143
41.    Балки ба ҷониби Аллоҳ дуъову зорӣ мекунед, пас бартараф мекунад Аллоҳ агар бихоҳад он балову мусибатеро, ки дуъо мекунед ва фаромӯш мекунед дар он вақт он чизеро, ки онро шарики Аллоҳ муқаррар кардед. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/354
42.   Ҳамоно эй Паёмбар бар умматҳое, ки пеш аз ту буданд, паёмбароне фиристодем то ки ононро ба сӯи Аллоҳ даъват кунанд. Пас гирифтор кардем эшонро баъди бовар накардани паёмбарони Мо ба нодорӣ, беморӣ ва офатҳо шояд, ки ба сӯи Аллоҳ бозгарданд ва дуъову илтиҷо кунанд. (1)
____________________
. Тафсири Табарӣ 11/355
43.   Пас, чаро ҳангоме, ки азоби мо ба онҳо расид, тавбаву зорӣ накарданд?
Зеро дилҳояшонро қасоват (сахтӣ) фаро гирифта ва шайтон аъмолашонро (ширк ва гуноҳҳояшонро) дар назарашон ороста ва зиннат дода буд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/143
44.   Пас чун ҳамаи пандҳоеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромӯш карданд (яъне амрҳои Аллоҳро ба ҷо наоварданд), ҳамаи дарҳои лаззатҳои дунявиро ба рӯяшон кушодем, то аз он чӣ ёфта буданд, шодмон гаштанд, пас ба ногоҳ фурӯ гирифтемашон ва ҳамагон ноумед гардиданд. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/256
45.Пас, решаи ситамкорон (кофирон) барканда шуд (1) ва сипос Парвардигори ҷаҳониёнро.
____________________
1. Яъне ҳалок шуданд.
46.Бигӯ (эй Расул): «Оё медонед, ки агар Аллоҳ гӯшу чашмони шуморо бозгирад ва бар дилҳоятон мӯҳр ниҳад, кадом маъбуде ҷуз Аллоҳ онҳоро ба шумо бозмегардонад? Бингар эй Расул, ки оёти Аллоҳро чӣ гуна ба шеваҳои гуногун баён мекунем. Боз ҳам куффору мушрикон рӯй мегардонанд аз қабули оятҳои мо». (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/256
47.   Бигӯ (эй Расул ба он
мушрикон): «чӣ мебинед, агар азоби Аллоҳ ба ногоҳ ё ошкоро бар шумо фурӯд ояд, оё ҷуз гӯруҳи ситамкорон (мушрикон) ҳалок мешаванд?» (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/368
48.   Мо паёмбаронро ҷуз барои мужда додан аҳли тоъатро ба ҷаннат, ва бим кардан аҳли маъсиятро ба дӯзах намефиристем. Пас ҳар кас, ки ба Аллоҳ имон овард ва Паёмбарашро бовар кард ва кори шоистае кард, бимнок ва ғамгин намешавад!
49.   Ва касоне, ки оёти Қуръони моро дурӯғ шумориданд, бирасад ба онҳо азоб ба сабаби хориҷ буданашон аз итоъати Аллоҳ.
50.   Бигӯ (эй Паёмбар ба он мушрикон:) «Ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Аллоҳ назди ман аст. Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фариштае ҳастам. Танҳо аз чизе пайравӣ мекунам, ки бар ман ваҳй шудааст». Бигӯ (эй Паёмбар:) «Оё нобино ва бино баробар мешаванд. Чаро андеша намекунед дар оятҳои Аллоҳ, то ҳақиқатро дарёбед?» (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/372
51.   Ва битарсон ба Қуръон (яъне панд деҳ ба Қуръон) касонеро, ки метарсанд, ки ҷамъкарда мешаванд ба сӯи Парвардигорашон, ки набошад барояшон дӯсте, ҷуз Аллоҳ ва на шафоъаткунандае, то парҳезгорӣ кунанд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/145
52.   Касонеро, ки ҳар бомдод ва шабонагоҳ Парвардигори хешро ибодат мекунанд ва хостори хушнудии Ӯ ҳастанд, аз назди худ дур макун эй Паёмбар. На чизе аз ҳисоби онҳо бар ӯҳдаи туст, балки бар ӯҳдаи Аллоҳ аст ва на чизе аз ҳисоби ту бар ӯҳдаи онҳо. Агар онҳоро дур кунӣ, дар зумраи ситамкорон бошӣ. (1)
____________________
1. Тафсири Ибн Касир 3/259
53.   Ҳамчунин баъзе мардумонро ба баъзе дар бобати ризқ якеро доро ва дигареро камбағал озмудем, то бигӯянд кофирони доро: «Оё аз миёни мо инҳо нотавонон буданд, ки Аллоҳ ба онҳо неъмати исломашро арзонӣ кардааст?» Оё Аллоҳ ба сипосгузорон донотар нест? (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/389
54.   Чун биёянд назди ту (эй Паёмбар,) касоне, ки имон овардаанд ба оятҳои Мо пас, бигӯ: «Салом бар шумо! Аллоҳ бар хеш муқаррар кард, ки шуморо раҳмат кунад. Зеро ҳар кас аз шумо, ки аз рӯи нодонӣ кори бад (гуноҳ) кунад, он гоҳ тавба кунад ва некӯкор шавад ва амали солеҳ кунад, ҳамоно бидонад, ки Аллоҳ мебахшад гуноҳашро ва Ӯ омӯрзандаи гуноҳи тавбакунандагон аст ва бар онон меҳрубон аст». (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/262
55.   Ва инчунин оётро ба тафсил баён мекунем (бар ту эй Паёмбар,) то роҳи ҳақ аз роҳи ботил баён гардад. Ва низ роҳи гунаҳкорон ошкор гардад!
56.   Бигӯ (эй Паёмбар ба он мушрикон:) «Ҳамоно манъ карда шуд манро, ки ибодат кунам он чизеро, ки шумо аз ғайри Аллоҳ мепарастед». Бигӯ эй Паёмбар: «Пайравӣ намекунам орзуву ҳавасҳои шуморо, агар пайравӣ кунам ҳамоно гумроҳ шуда бошам дар ин вақт ва набошам аз ҷумлаи роҳёфтагон». (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/258
57.   Бигӯ (эй Паёмбар:) «Ҳамоно ман аз Парвардигорам далели равшан дорам, ки Аллоҳ маъбуди якто аст ва шумо эй мушрикон он далелро дурӯғ мешуморед. Нест назди ман он чи (яъне азобе, ки) ба зудӣ металабед онро. Ҳукм, танҳо ҳукми Аллоҳ аст. Ҳақиқатро баён мекунад (яъне ҳақро аз ботил ҷудо мекунад) ва Ӯ беҳтарини доварон аст дар байни мову шумо». (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/399
58.   Бигӯ (эй Паёмбар ба мушрикон): «Агар мебуд назди ман азобе, ки ба зудӣ металабедаш, ҳамоно миёни ману шумо кор ба поён мерасид (яъне ман шуморо дар ҳол азоб мекардам). Ва Аллоҳ донотар аст ба ҳоли ситамкорон». (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/264
59.   Ва калидҳои ғайб назди Ӯст. Ҷуз Ӯ касеро аз ғайб огоҳӣ нест. Ҳар чиро, ки дар хушкиву дарёст, медонад. Ҳеҷ барге аз дарахте намеафтад, магар он ки аз он огоҳ аст. Ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тариву хушке нест (яъне он чизе, ки мерӯяд ва намерӯяд), магар он ки дар китоби равшан (яъне Лавҳи Маҳфуз) навишта шудааст. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/151
60.   Ва Ӯст, ки шуморо шаб ҳангоми хоб рӯҳатонро мегирад чи гунае ки дар вақти марг мемиронад ва ҳар чӣ дар рӯз кардаед, медонад, он гоҳ бомдодон рӯҳатонро ба ҷисмҳоятон баргардонда шуморо зинда (бедор) месозад, то он ҳангом, ки муддати муайяни умратон дар дунё ба поён расад.
Сипас бозгаштатон ба назди Ӯст ва шуморо дар рӯзи қиёмат аз он чӣ кардаед, огоҳ месозад, сипас мувофиқи он ҷазоятон медиҳад.
61.   Ва Ӯст ғолиб болои бандагонаш ва ҳама чиз барои Ӯ сар фурӯорандаанд ва мефиристонад ба шумо фариштагони нигаҳбонро, ки менависанд аъмоли шуморо то дами марг ва чун аҷалаш расид, қабзи рӯҳи ӯ кунанд фариштагони Мо (яъне Малакулмавт ва ёваронаш) ва фариштагон дар ин бобат бе ҳеҷ кӯтоҳиву гузаште ҷони ӯ бигиранд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/151
62.   Сипас бозгардонида шаванд мурдагон ба сӯи Аллоҳашон, ки ҳақ аст. Бидон, ки ҳукм, ҳукми Ӯст дар рӯзи қиёмат ва Ӯ ба зудӣ ҳисобу китоб кунанда аст.
63.   Бигӯ (эй Паёмбар ба мушрикон): «чӣ касе шуморо аз ваҳшатҳои хушкӣ вақте, ки дар биёбон мемонед ва дар дарё вақте, ки ба киштӣ савор мешаведу роҳро гум мекунед наҷот медиҳад? Муноҷот мекунед ба ҷониби Ӯ ба зорӣ ва дуъоҳои пинҳони мегӯед: агар наҷот диҳад Аллоҳ моро аз ин ранҷу меҳнату бало, ҳамоно аз сипосгузорон хоҳем буд».. (1)
____________________
1. Яъне Ӯро яккаву ягона ибодат мекунем.Тафсири Табарӣ 11/ 414
64.    Бигӯ (эй Паёмбар ба он мушрикон): «Аллоҳ аст, ки шуморо аз он ҳалокатҳо ва аз ҳар андӯҳе мераҳонад, боз ҳам шумо ба Ӯ ширк меоваред».
65.    Бигӯ (эй Паёмбар): «Ӯ қодир бар он ҳаст, ки аз болои саратон азобе чун тӯфону шамол ё аз зери пойҳоятон заминҷунбӣ ва фурӯ бурдан бар шумо бифиристад ё шуморо гурӯҳ-гурӯҳ дар ҳам афканад ва хашму кинаи гурӯҳеро ба гурӯҳи дигар бичашонад». Бингар, ки оётро чӣ гуна гуногун баён мекунем. Бошад, ки ба фаҳм дарёбанд ин Қуръонро ва аз он панд гиранд! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/153
66.    Қавми ту Қуръонро дурӯғ мешуморанд, дар ҳоле ки суханест барҳақ ва рост. Бигӯ
(эй Паёмбар): «Ман нестам шуморо нигаҳбон».
67.   Ба зудӣ хоҳед донист эй мушрикон, ки барои ҳар хабаре вақту соати муайян
аст! (1)
____________________
1. Яъне натиҷаи корҳои зиштатонро дар вақти омадани азоб хоҳед донист. Тафсири Табарӣ 11 \ 434
68.   Ва чун бубинӣ эй Паёмбар он мушриконро, ки дар оёти Мо аз рӯи масхара гуфтугӯ мекунанд, аз онҳо рӯй гардон, то ба сухане ҷуз он пардозанд. Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ афканад, чун ба ёдат омад, бо он мардуми ситамкор ки Қуръонро масхара мекунанд, манишин. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/437
69.   Касоне, ки аз Аллоҳ тарсиданд ва итоъати амраш карданд ва аз он чи манъ кард, дур шуданд, ба гуноҳи кофирон ҷавобгар нахоҳанд шуд, вале бояд ононро панд диҳанд. Бошад, ки парҳезгор шаванд! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/439
70.   Ва тарк кун (эй Паёмбар) он мушриконеро, ки дини исломро бозичаву лаҳв гирифтаанд ва зиндагонии дунё фиребашон дод. Ва ба
Қуръон пандашон деҳ, то худро ба сабаби гуноҳ ва куфрашон дар азоб дучор накунанд. Ҷуз Аллоҳ додрасу шафоъаткунанда надоранд. Ва агар барои раҳоии хеш аз азоб ҳар гуна фидя диҳанд ҳам, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо ба сабабе, ки ба Аллоҳу Расулаш ва ба дини ислом кофир шуданд, барояшон дар дӯзах шаробе аз оби ҷӯшон ва азоби дардоваре муҳайё шудааст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/441
71. Бигӯ (эй Паёмбар ба он
мушрикон): «Оё ғайри Аллоҳ бутҳоеро ибодат кунем, ки на моро фоидае медиҳанд ва на зиён мерасонанд?
Ва оё пас аз он ки Аллоҳ моро ба ислом ҳидоят кардааст, монанди он кас, ки шайтонҳо ақлашро гумроҳаш сохта ва ҳайрон бар рӯи замин раҳояш карда, аз дин бозгардем? Ӯро аз мӯъминон ёронест, ки ба ҳидоят нидояш медиҳанд, ки назди мо бозгард». Бигӯ (эй Паёмбар барои инҳо мушрикон): «Ҳамоно ҳидояте, ки аз сӯи Аллоҳ бошад, ҳидояти воқеъист. Ва ба мо фармон расида, ки дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шавем ва Ӯро якка ва ягона ибодат кунем». (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/450
72.   Ва инчунин амр карда шудаем, ки намозро ба таври комил барпо дорем ва аз Ӯ битарсем. Ӯст, он ки ҳамагон наздаш дар қиёмат ҷамъ мешавед!
73.   Ва Ӯст, он ки осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид.
Ва рӯзе, ки (рӯзи қиёмат) бигӯяд: «Мавҷуд шав», пас мавҷуд мешавад. Гуфтори Ӯ ҳақ аст. Ва дар он рӯз, ки дар сур (карнай) дамида шавад, фармонравоӣ аз они Ӯст. Донои ниҳону ошкор аст ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст! (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/281
74.   Ва ба ёд овар эй Паёмбар, чун Иброҳим ба падараш Озар гуфт: «Оё бутонро чун маъбуди бар ҳақ мегирӣ? Ҳамоно ман ту ва қавматро ба ошкоро дар гумроҳӣ аз ҳақ мебинам».
75.   Ҳамчунин нишон медодем Иброҳим (алайҳиссалом)-ро малакути осмонҳову заминро, то аз ҷумлаи онҳое гардад, ки дар имонашон устуворанд.
76.   Пас чун шаб ӯро (Иброҳим алайҳиссалом)-ро фаро гирифт, ситорае дид. Ва бо қавми худ мунозира кард ва ботил будани динашонро исбот карда гуфт: «Ин аст Парвардигори ман!» Чун ситора фурӯ рафт гуфт: «Фурӯ рафтагонро дӯст надорам». Ин ба он сабаб буд, ки қавмаш ситорапараст буданд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/162
77.   Пас он гоҳ моҳро дид, ки равшантар аз ситора тулӯъ мекунад. Гуфт: «Ин аст Парвардигори ман!» Чун моҳ фурӯ рафт, гуфт: «Агар Парвардигори ман маро роҳи ростро ҳидоят нанамояд, аз гумроҳон хоҳам буд».
78.   Пас чун хуршедро дид, ки тулӯъ мекунад, гуфт: «Ин аст Парвардигори ман, ин бузургтар аст!» (1) Ва чун фурӯ рафт, гуфт: «Эй қавми ман, ҳамоно ман аз он чӣ шарики Аллоҳ медонед, безорам.
____________________
1. Яъне аз ситора ва моҳ бузургтар аст
79.   Ҳамоно ман аз рӯи ихлос рӯй ба сӯи касе овардам, ки осмонҳову заминро офарида аст ва ман аз мушрикон нестам».
80.   Ва қавмаш бо ӯ ба ситеза (ҷидол) бархостанд. Гуфт:
«Оё дар бораи ягонагии Аллоҳ бо ман ситеза мекунед, ҳол он ки Ӯ маро ҳидоят кардааст? Ман
аз он чизе, ки шарики Ӯ меҳисобед, наметарсам, агар шумо манро ба маъбудҳои ботилатон ҳам тарсонед. Магар он ки Парвардигори ман чизеро бихоҳад. Илми Парвардигори ман ҳама чизро фаро гирифтааст. Оё панд намегиред, то бидонед, ки Ӯ таъоло ҳамаи чизҳоро халқ кардааст ва лоиқи ибодат аст?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/489
81.   Чаро аз он бутоне, ки шарики Аллоҳ сохтаед, битарсам, дар ҳоле ки шумо чизҳоеро, ки ҳеҷ далеле дар бораи онҳо нозил накардааст, мепарастед ва биме ба дил роҳ намедиҳед? Агар медонед, бигӯед, ки кадом як аз ин ду гурӯҳ (яъне гӯруҳи муваҳҳидон ё гӯруҳи мушрикон) сазовори амният ҳастанд.
82.   Касоне, ки имон оварданд ва амали шоиста карданд ва имони худро ба ширк наомехтанд,
эминӣ (осудаҳолӣ) аз барои эшон аст ва эшон ҳидоятёфтагонанд.
83.   Ин далели мо буд, ки онро ба Иброҳим (алайҳис саллом,) дар баробари қавмаш додем, ки ҳуҷҷаташон қатъ гардид. Ва баланд мекунем дар дунёву охират мартабаву дараҷаи ҳар касеро, ки мехоҳем. Ҳароина Парвардигори ту ҳакиму доност!
84.   Ва ба ӯ (Иброҳим алайҳиссаллом) Исҳоқ ва Яъқубро бахшидем ва ҳамагонро ҳидоят кардем. Ва Нӯҳро пеш аз ин ҳидоят карда будем ва аз фарзандони Иброҳим Довуду Сулаймон ва Айюбу Юсуф ва Мӯсову Ҳорун (алайҳимус салломро) ҳидоят кардем. Ва ҳамчунон паёмбаронро подош додем, некӯкоронро ин гуна подош диҳем!
85.   Ва Закариёву Яҳё ва Исову Илёс (алайҳимусаллом,) ки ҳама аз солеҳон буданд
86.   Ва Исмоилу ал-Ясаъ ва Юнусу Лут (алайҳимусаллом,) ки ҳамаро бар аҳли замони худ бартарӣ додем.
87.   Ва аз падаронашону фарзандонашон ва бародаронашон баъзеро ҳидоят кардем ва эшонро ихтиёр кардем барои расонидани даъвати Мо ба сӯи қавмашон ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/512
88.   Ин аст ҳидояти Аллоҳ. Ҳар киро аз бандагонаш хоҳад, ба он ҳидоят мекунад ва агар ширк меоварданд, (1) аъмоле, ки анҷом дода буданд, нобуд мегардид.(2)
____________________
1. Он паёмбарони зикркардашуда 2. Тафсири Бағавӣ 3/166
89.   Инҳо (яъне паёмбарон алайҳимуссаллом) касоне ҳастанд, ки ба онҳо китоби осмонӣ ва ҳикмат (фаҳм) ва нубувват (паёмбариро) додаем. Агар кофирони Макка ба оятҳои Қуръон имон наёваранд, қавми дигареро (муҳоҷирону
ва ансорро) ӯҳдадори он месозем, ки нисбат ба он ба Қуръон куфр намеварзанд(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/299
90.   Инҳо (паёмбарон алайҳимуссаллом) касоне ҳастанд, ки Аллоҳ ҳидояташон кардааст,
пас ба равиши онҳо эй паёмбар иқтидо кун. Бигӯ ба мушрикон: «Дар баробари даъвати худ ҳеҷ подоше аз шумо наметалабам, ин китоб (Қуръон) ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест». (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/520
91.   Вақте ки (яҳудиён ва мушрикон) мегӯянд, ки Аллоҳ ба ҳеҷ инсоне чизе нозил накардааст, Аллоҳро ончунон, ки лоиқи Ӯст, нашинохтаанд, бигӯ (эй Паёмбар): «Китоберо, ки Мӯсо барои рӯшноӣ ва ҳидояти мардум овард, ки онро бар ӯ нозил карда буд? Онро бар қоғазҳо навиштед, порае аз онро ошкор месозед, вале бештаринашро пинҳон медоред. Ба шумо чизҳое омӯхтанд, ки аз ин пеш на шумо медонистед ва на падаронатон медонистанд. Бигӯ: «Он Аллоҳ аст!»
Онҳоро бигузор, то дар ин баҳси ботили хеш дилхуш бошанд. (1)
____________________
1. Хабарҳо аз сифати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва паёмбарии ӯ
92.   Ин Қуръон китобест, ки фиристодем онро бобаракат, ки тасдиқкунанда аст китобҳои пешинаро ва то бим кунем аҳли Маккаро ва сокинони тамоми заминро. Касоне, ки ба рӯзи қиёмат имон доранд, боварӣ доранд, ки Қуръон каломи Аллоҳ аст. Ва намозашонро дар вақташ адо мекунанд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/168
93.   Кист ситамкортар аз он кас, ки ба Аллоҳ дурӯғ баст ё гуфт, ки ба ман ваҳй шуда ва ҳол он ки ба ӯ ҳеҷ чиз ваҳй нашуда буд ва он кас, ки гуфт: «Ман низ монанди оёте, ки Аллоҳ нозил кардаст, нозил хоҳам кард?» Агар бубинӣ эй Паёмбар, он гоҳ, ки ин ситамкорон дар сакароти марг гирифторанд ва малоикаҳо бар онҳо даст кушодаанд, ки ҷони хеш берун кунед, имрӯз шуморо ба азоби хоркунандае азоб мекунанд ва ин ҷазо бар он аст, ки дар бораи Аллоҳ ба ноҳақ сухан мегуфтед ва аз оёти Ӯ саркашӣ мекардед. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/264
94.   Ҳароина танҳо-танҳо, он тавр ки дар оғоз шуморо биёфаридем, назди мо омадаед барои ҳисобу китоб, дар ҳоле ки ҳар чиро, ки ба шумо дода будем аз моли дунё, пушти сар ниҳодаед ва ҳеҷ як аз шафоъаткунандаҳое, ки аз бутҳо мепиндоштед ва онҳоро дар ибодати Аллоҳ шарик мекардед, ҳамроҳатон намебинем. Ҳамоно аз ҳам бурида шуд пайвандии шумо бо бутҳо ва он эътиқоде, ки доштед (1) рафт ва ниҳоят шумо зиён кардед. (2)
____________________
1. Яъне бутҳо шарикони Аллоҳанд
2. Тафсири Ибни Касир 3/ 303
95.   Албатта Аллоҳ аст, ки донаву хӯшаҳоро мешикофад (мерӯёнад) ва зиндаро аз мурда берун меоварад (ҳамчунон ки, чӯҷаро аз тухм) ва мурдаро аз зинда (ва тухмро аз мурғ) берун меоварад. Ин аст Аллоҳи якто. Пас чӣ гуна аз ҳақ гумроҳатон мекунанд?
96.   Шикофандаи (халқкунандаи) субҳгоҳон аст ва шабро барои оромиш қарор дод ва хуршеду моҳро барои ҳисоб кардани вақт. Ин аст тақдири Аллоҳи пирӯзманди доно!
97.   Ӯст Аллоҳе, ки ситорагонро биофарид, то ба онҳо дар торикиҳои хушкиву дарё роҳи худро биёбед. Ҳамоно нишонаҳои равшанро барои онон, ки медонанд, аз шариъат ба тафсил баён кардаем!
98.   Ва Ӯст Аллоҳе, ки шуморо аз як тан (Одам алайҳиссаллом) биёфарид. Сипас шуморо қароргоҳест дар шиками модар ва амонатҷоест дар пушти падар. Ҳамоно оётро барои онон, ки мефаҳманд, ба тафсил баён кардаем!
99.   Ӯст Аллоҳе, ки аз осмон борон фиристод ва ба он борон ҳар гуна набототеро рӯёнидем ва аз он наботот танае сабз ва аз он донаҳое бар якдигар чида мисли ҳӯшаи гандум ва ҷав ва низ аз шохчаҳои хурмо хӯшаҳое сар фароварда падид овардем ва низ боғҳое аз токҳо ва зайтуну анор, монанду номонанд. (1) Ба меваи он бингаред онгоҳ, ки мева медиҳанд ва он гоҳ ки пухта мерасанд. Ҳамоно, ки дар онҳо нишонаҳост, (яъне нишонаҳои қудрати Илоҳист) барои онон, ки имон меоваранд! (2)
____________________
1. Баргҳояшон бо ҳам монанд вале меваҳояшон гуногун
2. Тафсири Бағавӣ 3/ 172
100.  Мушрикон дар ибодат карданашон барои Аллоҳ шариконе аз ҷин қарор доданд ва эътиқодашон ин буд, ки онҳо нафъ ё зараре расонда метавонанд ва ҳол он ки ҷинро Аллоҳ офаридааст. Аллоҳ, ки дар офариниши махлуқоташ касеро шарик нагирифт, инчунин дар ибодаташ касеро бо худ шарик муқаррар насохт. Ва аз рӯи нодонӣ барои Ӯ писарону духтарон нисбат доданд. Ӯ пок аст ва болотар аст аз он чӣ васфаш мекунанд! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/10
101.  Падидоварандаи осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост ва онҳоро аз нестӣ ба ҳастӣ пайдо кард. чӣ гуна Ӯро фарзанде бошад, ҳол он ки Ӯро ҳамсаре нест. (1) Пок аст Аллоҳ аз он чи мушрикон Ӯро сифат мекунанд. Ҳар чизеро Ӯ офаридааст ва ба ҳар чизе доност! Ва чизе аз Ӯ махфӣ намемонад. (2)
____________________
1. Фарзанд аз мард ва зан пайдо мешавад ва ин сифати махлуқ аст. 2. Тафсири Табарӣ 11\11
102.  (Эй мушрикон) ин аст Аллоҳи якто, ки Парвардигори шумост. Ба ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде (1) нест. Офаринандаи ҳама чиз аст. Пас Ӯро бипарастед (ва барояш бо тоъат сар фурӯ оред,) ки Ӯ нигаҳбони ҳама чиз аст! Ва тадбир мекунад ҳамаи умури халқашро.
____________________
1. Сазовори ибодат
10З.Чашмҳо Ӯро дар дунё намебинанд, аммо муъминон дар охират Парвардигори худро бе ҳеҷ мамониат мебинанд ва Ӯ бинандагонро мебинад. Дақиқу огоҳ аст!
104. (Эй Паёмбар ба мушрикон бигӯ): Ҳамоно аз сӯи Парвардигоратон барои шумо нишонаҳои равшан омад, ки шумо роҳи ҳақро аз гумроҳӣ ҷудо мекунед. Ҳар кӣ аз рӯи ибрат менигарад, ба нафъи ӯст ва ҳар кӣ чашми ибрат барҳам пӯшад, ба зиёни ӯст. Ва ман нигоҳдорандаи шумо нестам, ки амалҳои шуморо бишуморам! Ба дурустӣ, ки вазифаи ман расонандаи каломи Парвардигор аст. Аллоҳ ба муқтазои илм ва ҳикмати худ касеро, ки хоҳад ҳидоят мекунад ва касеро, ки хоҳад гумроҳ месозад.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/312
105.  (Ва чунон ки дар ин Қуръон баён кардем, барои мушрикон) нишонаҳо ва ҳуҷҷатҳои худро дар амри тавҳид ва нубувват (1) ва ҳам чунин нишонаҳоро барои онҳо гуногун баён мекунем (дар ҳар чизе ки намедонистанд,) то нашавад, бигӯянд, ки аз касе дарс гирифтаӣ (2) ва Мо ин оётро барои аҳли дониш баён мекунем, ки онро қабул мекунанд ва пайрави он мешаванд. (Ва онон касонеанд, ки бо Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва он чи бар ӯ нозил шуда имон овардагонанд.)
____________________
1. Тавҳид: Аллоҳро якка ягона дониста ибодат кардан ва "нубувват" паёмбарӣ
2. Яъне аз аҳли китоб таълим гирифтӣ эй Муҳаммад? Тафсири Табарӣ 12/26
106.  Эй Паёмбар ба ҳар чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту ваҳй шудааст, пайравӣ кун аз амру наҳйе, ки бузургтарини он тавҳиди Аллоҳ аст. Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест. Ва аз ҷидол ва хусумати мушрикон рӯй гардон! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12\32
107.  Агар Аллоҳ ҳидояти ононро мехост, онҳо ширк намеоварданд, балки ба ту имон меоварданд ва туро пайравӣ мекарданд ва мо туро нигаҳбонашон насохтаем, балки ту расонандаи паёми Мо ҳастӣ ба сӯяшон ва ту корсозашон нестӣ, ки дар ризқу рӯзии онҳо ҷавобгӯй бошӣ!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12\33
108.  Ва (эй мусалмонон), дашном мадиҳед, бутҳоеро ки мушрикон мепарастанд, зеро ки дар баробари шумо онҳо ҳам Аллоҳро аз рӯи зулм ва нодонӣ дашном хоҳанд кард. Чунки онон қавми ҷоҳиланд ҳамчунон ки амали бадашонро барояшон зиннат додем. Инчунин амали ҳар қавмеро дар пеши чашмашон оростаем. Пас бозгашти онҳо ба сӯи Парвардигорашон аст ва
Ӯ ҳамаро аз корҳое, ки кардаанд, огоҳ месозад.
109.  Мушрикон ба сахттарин қасамҳо ба Аллоҳ савганд ёд карданд, ки агар Муҳаммад мӯъҷизае бар мо биёварад, ба ӯ имон меоварем. Бигӯ (эй Паёмбар): «Ҳамоно ҳамаи мӯъҷизаҳо назди Аллоҳ аст ва Ӯ қодир аст бар овардани он, ҳар вақте ки хоҳад ва шумо (эй мӯъминон) аз куҷо медонед, ки агар мӯъҷизае ҳам нозил шавад, имон намеоваранд». (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12\41
110. Ва ҳамчунон, ки бори аввал ба он имон наёварданд, ин бор низ дилҳову дидагонашонро гумроҳ мекунем ва ононро саргардон дар гумроҳиашон раҳо месозем. Пас онҳо ба сӯи ҳақ роҳ намеёбанд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12\46
111. Ва агар мо талаби онҳоро қабул менамудем ва фариштагонро аз осмон бар онҳо фуруд меовардем ва мурдагонро зинда мекардем, ки бо онҳо сухан гӯянд ва ҳар чизеро гурӯҳ- гурӯҳ назди онон гирд меовардем, пас ба чашми худ онро медиданд боз ҳам имон намеоварданд, магар ин ки Аллоҳ бихоҳад. Валекин бештарашон ҷоҳиланд! (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/318
112. Чунон ки туро, (эй расул) биёзмудем бо душманонат (мушрикон), ҳамчунин барои ҳар Паёмбаре душманони саркаш аз шаётини инсу ҷин қарор додем. Барои фиреби якдигар суханони ороста ваҳй мекунанд, то шунавандаро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созанд. Агар Парвардигорат мехост, чунин намекарданд. Лекин имтиҳонест аз ҷониби Парвардигорат. Пас онҳоро ба ҳоли дурӯғбастанашон бигузор!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12\50
113. Ва мерасонанд аз роҳи васваса шайтонҳои инсу ҷин суханони оростаро, то майл кунанд ба сӯи ин васваса дилҳои касоне, ки имон надоранд ба рӯзи охират, то писанд кунанд он васвасаро ва то амал кунанд он чиро, ки онон амалкунандаи ононанд. (Яъне амале, ки сазовори онон аст).
114. Бигӯ, (эй Расул барои мушрикон): Оё довари дигаре ҷуз маъбуди худам ва маъбуди шумо талаб кунам ва ҳол он ки Ӯст, ки ин китоби равшанро (Қуръон) бар шумо нозил кардааст? Ва аҳли китоб, касонеанд, ки Аллоҳ ба онҳо Таврот ва Инҷилро фиристод медонанд, ки (Қуръон) ба ҳақ аз ҷониби Парвардигорат нозил шудааст. Пас аз шак оварандагон мабош дар чизе ки аз он Мо ба ту ваҳй фиристодаем!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/81
115. Ва каломи Парвардигори ту дар ростиву адолат пурра ва мукаммал аст. Ҳеҷ кас наметавонад суханони Ӯро дигаргун кунад ва Ӯст шунаво ба гуфтори бандагонаш ва доност ба зоҳиру ботини умури бандагонаш!
116. Агар фарз карда шавад эй Расул, ки ту итоъат кунӣ бисёриҳоеро, ки дар ин сарзаминанд, туро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созанд. Зеро онон фақат аз паи гумон мераванд ва фақат ба дурӯғ сухан мегӯянд.
117. Албатта Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи Вай дур мегарданд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро аз шумо дида беҳтар мешиносад!
118. Агар ба оятҳои равшани Аллоҳ имон дошта бошед, аз забҳе, ки номи Аллоҳ бар он ёд шудааст, бихӯред.
119. Чи шуморо манъ мекунад эй мусалмонон аз хӯрдани он чӣ номи Аллоҳ бар он ёд шудааст, ва ҳамоно Аллоҳ чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром сохтааст, ба тафсил баён кардааст, ғайри он гоҳо ки ба сабаби гуруснагие, ки шуморо ба ҳалокат мерасонад ночор гардед? Ва аз он чи ки бар шумо ҳаром шудааст; мисли худмурда. Пас дар ин сурат хӯрдани он барои шумо мубоҳ аст. Ҳамоно бисёре аз гумроҳон бе ҳеҷ донише, дигаронро гумроҳи гумонҳои худ кунанд. Албатта Парвардигори ту ба таҷовузкороне, ки аз ҳадди ҳалол ба ҳаром мегузаранд, донотар аст! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12\82
120.  Ва эй мардум, ҳамаи гуноҳро, чӣ ошкор бошад ва чӣ пинҳон, тарк кунед. Онон, ки гуноҳ мекунанд, ба ҷазои амалҳои худ хоҳанд расид!
121.  (Эй мусалмонон,) аз забҳе, ки номи Аллоҳ бар он ёд нашудааст, нахӯред, ба монанди худмурда ва он чи барои бут ё ҷин забҳ шудаст. Ҳамоно хӯрдани ин гуна забҳшудаҳо фисқ (1) (гуноҳ) аст. Ва шаётини ҷин ба дӯстони худ аз шайтонҳои инсӣ ваҳй мекунанд, ки бо шумо муҷодала кунанд (2) ва агар ба онҳо фармонбардорӣ кунед, шумо ва онҳо дар ширк баробаред. (3)
____________________
1. Аз тоъати Аллоҳ берун рафтан 2. Яъне ба шумо шубҳа меандозанд, ва мегӯянд: чаро он чи Аллоҳ куштааст, намехӯред ва он чи худ забҳ мекунед, мехӯред.
3. Дар ин оят далел аст, ки касе ҳалол кардаи Аллоҳро ҳаром ё ҳаром кардаи Аллоҳро ҳалол шуморад, мушрик аст. Тафсири Бағавӣ 3/84
122. Оё он касе, ки дар гумроҳи мурда буд ва Мо бо имон зиндааш сохтем ва нуре дар роҳаш доштем ва ба пайравии паёмбарон тавфиқаш намудем, то ба он дар миёни мардум роҳи худро биёбад, монанди касест, ки дар торикии ҷаҳолат ва гумроҳиҳо гирифтор аст ва роҳи берун шуданро намедонад? Ҳеҷ гоҳ баробар намешаванд. Чунон ки ин кофире, ки бо шумо дар боби гӯшти худмурда баҳс мекунад эй мӯъминон, амали бадашро барояш ороста кардам, онро маъқул донист. Инчунин амалҳои инкоркунандагони роҳи ҳақро дар назарашон ороста гардондам, то ки гирифтори азоб гарданд ! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12\89
123.  Ва чунон ки бо бузургони Макка рӯй дод, ки пеши роҳи дини Аллоҳро гирифтанд ва ба ин тавр дар ҳар деҳае гунаҳкоронашонро бузургонашон қарор додем, то дар он ҷо ба боз доштани дини Аллоҳ макр кунанд, вале намедонанд, ки фақат барои худ макр мекунанд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/185
124. Чун нишонае бар мушрикони (аҳли Макка бар рост будани паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуд, баъзе аз бузургонашон гуфтанд, ки мо имон намеоварем, то он гоҳ, ки ҳар чӣ ба паёмбарони Аллоҳ дода шуда, (1) ба мо низ дода шавад. Бигӯ «Аллоҳ донотар аст, ки рисолати худро дар куҷо қарор диҳад. Ба зудӣ ба гунаҳгорон ба ҷазои макре, ки мекарданд, аз ҷониби Аллоҳ дар ҷаҳаннам хориву азоби сахте хоҳад расид!» (2)
____________________
1. Ба монанди он ки ба Мӯсо дода шуд аз ҷудо шудани баҳр ва ба Исо аз зинда гардондани мурдаҳо.
2. Тафсири Табарӣ 12\95
125.  Ҳар касеро, ки Аллоҳ хоҳад ҳидоят кунад, ба қабул кардани ҳақ дилашро барои тавҳиду имон мекушояд ва ҳар касеро, ки хоҳад гумроҳ кунад, аз қабул кардани ҳақ қалбашро чунон танг мекунад, ки аз шиддати тангии нафасаш гӯё ба осмон боло меравад. Ҳамин тавр меандозад Аллоҳ нопокиро дар дили касоне, ки имон намеоваранд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12\110
126.  Ин аст (эй Расул) роҳи рости (1) Парвардигорат. Ба таҳқиқ, оётро барои мардуме, ки панд мегиранд, батафсил баён кардаем.
____________________
1. Роҳе, ки ба розигии Парвардигорат ба ҷаннат мебарад.
127.  Барои онҳо дар назди Парвардигорашон хонаи саломатӣ(1) аст. Ва ба сабаби корҳое, ки мекунанд, Аллоҳ дӯстдори онҳост.
____________________
1. Ҷаннат
128.  Ва (ба ёд ор эй Расул,) рӯзе, ки ҳама кофиронро аз инсу ҷин гирд оварад ва гӯяд: «Эй гурӯҳи ҷинҳо, шумо бисёре аз одамиёнро пайрави худ сохтед». Ва гуфтанд дӯстонашон аз одамони куффор: «Эй Парвардигори мо, мо аз якдигар баҳраманд мешудем ва ба поёни замоне, ки барои зистани мо қарор дода будӣ дар ҳаёти дунё, расидем». Аллоҳ гӯяд: «Ҷойгоҳи шумо оташ аст, ҷовидона дар он ҷо хоҳед буд, магар он чӣ
Аллоҳ бихоҳад дар он ҷо ҷовидон нахоҳад монд аз гунаҳкорони ахли тавҳид». Албатта Парвардигори ту устуворкору доно аст!
129.  Ва ба ин тарз баъзе аз ситамкоронро ба сабаби он чи мекарданд, ба якдигар
вомегузорем.
130.  Эй гурӯҳи ҷинҳо ва одамҳо, оё бар шумо паёмбароне аз худатон фиристода нашуд, (1) то оёти Маро бароятон ки дарбаргирандаи амру наҳй ва баёнкунандаи некӯ бад аст бихонанд ва шуморо аз дидори чунин рӯзе битарсонанд? Инҳо (мушрикон аз инсу ҷин) бигӯянд: «Мо ба зиёни худ гувоҳӣ медиҳем, ки паёмбаронат оятҳоятро ба мо расонданд ва аз дучор шудани имрӯз моро бим карданд ва мо онҳоро тасдиқ накардем». Зиндагии дунёӣ ононро бифирефт ва ба зиёни худ гувоҳӣ доданд, ки аз кофирон буданд. (2)
____________________
1. Зоҳири ин оят фақат ба паёмбарони инсонҳо далолат мекунад.
2. Тафсири Табарӣ 12\123
131.  Ва ин ба он сабаб аст, ки Парвардигори ту мардуми ҳеҷ деҳаеро, ки бехабар
буданд, ба сазои золимона ҳалок намекард. (Магар расидани азобамон баъд аз фиристодани паёмбарон аст.)
132.Барои ҳар як итоъаткор ё осӣ баробари корҳое, ки анҷом додаанд, дараҷотест, ки Парвардигори ту аз он чӣ мекунанд, ғофил нест.
133.  Ва Парвардигори ту, ки мардумро ба ибодати худ амр намуд, аз тоъати бандагонаш бениёз аст, балки тамоми халқаш ба сӯи Ӯ мӯҳтоҷанд ва Ӯ ба бандагонаш меҳрубон аст. Ва ҳамчунон ки шуморо аз насли мардумони дигар биёфарида аст, агар бихоҳад, шуморо мебарад ва пас аз шумо ҳар киро, ки бихоҳад, ҷонишинатон месозад. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/126
134.  (Эй мушрикон) ҳар чи ба шумо ваъда додаанд, аз азоб хоҳад омад ва шуморо роҳи гурезе нест. Ва Ӯ қодир аст, ки шуморо
аз нав бозгардонад, (гарчанде ки хоку устухон ҳам гардед.) (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\274 ва Тафсири Табарӣ 12 \ 128
135.  Бигӯ (эй Расул): «Эй қавми ман, ҳар чӣ аз дастатон бармеояд, бикунед, ки ман низ мекунам он чиро, ки Парвардигори ман бар ман амр кардааст; ба зудӣ хоҳед донист, ки вақти фаро расидани азоб поёни ин зиндагӣ ба нафъи кӣ хоҳад буд, Албатта ситамкорон растагор намешаванд!» (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/129
136.  Мушрикон барои Аллоҳ аз зироатҳову чорпоёне, ки офаридааст, ҳиссае муайян карданд, ки онро барои меҳмонон ва мискинон пешкаш мекарданд ва ҳиссаи дигареро аз ин чизҳо барои бутонашон муайян карданд. Пас он ҳиссае, ки аз они бутонашон буд, ба Аллоҳ намерасид ва он ҳиссае, ки аз они Аллоҳ буд, ба бутонашон мерасид. Ба тарзе бад доварӣ мекарданд. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/344
137.  (Чунон ки шайтонҳо барои мушрикон зиннат доданд, ки аз зироат ва чорпоён насибаеро барои Аллоҳ ва барои шариконашон қарор диҳанд,) ҳамчунин (шайтонҳо) куштани фарзандро аз тарси камбағалӣ дар назари бисёре аз мушрикон биёростанд, то ҳалокашон кунанд ва дар бораи динашон ба шакку иштибоҳашон андозанд. Пас гумроҳ ва ҳалок гарданд. Агар Аллоҳ мехост, чунин намекарданд. (Лекин Аллоҳ ба донистанаш ба бадии ҳолашон ва оқибаташон бар гумроҳӣ тақдирашон кард. Пас бо дурӯғе, ки мебофанд), онҳоро гузор (эй Расул)! Ба зудӣ Аллоҳ байни ту ва онҳо ҳукм хоҳад кард. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/344
138.  (Мушрикон аз рӯи гумонашон) гуфтанд: «Инҳо чорпоёну киштзорони манъкардашуда ҳастанд. Ҳеҷ кас ҷуз он, ки мо бихоҳем, набояд аз онҳо бихӯрад».
Ва чорпоёне ҳастанд, ки савор шуданашон бар ҳама ҳол ҳаром аст ва чорпоёне ҳастанд, ки номи Аллоҳро дар вақти истифодабарии онҳо ёд накунанд, ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд ва ба зудӣ ба ҷазои дурӯғе, ки мебастаанд, ҷазояшонро хоҳад дод!
139.  Ва (мушрикон) гуфтанд: «Он чӣ дар шиками ин чорпоён аст, агар зинда таваллуд шавад барои мардони мо ҳалол ва барои занонамон ҳаром аст». (1) Ва агар худмурда бошад, зану мард дар он шариканд. Аллоҳ ба сабаби ин гуфтор ҷазояшон хоҳад кард. Албатта Ӯ ҳакиму доност!
____________________
1. Яъне барои мардон нӯшидани шири онҳоро ҳалол ва барои занҳо ҳаром медонистанд. Ва низ агар гӯсфанд нар таваллуд кунад, онро забҳ мекарданд ва бар занон вайро ҳаром меҳисобиданд ва агар мода таваллуд кунад, ба ҳолаш мегузоштанд. Тафсири Ибни Касир 3\346
140.  Ҳамоно зиён карданд касоне, ки ба беақлӣ ва нодонӣ фарзандони худро куштанд ва он чиро ба онҳо рӯзӣ дода буд, ҳаром карданд ба сабаби дурӯғ бастанашон ба Аллоҳ. Ҳамоно онон гумроҳ шудаанд ва роҳи ҳидоятро наёфтаанд! (1)
____________________
1. Ҳалол ва ҳаром гардондан аз хусусиятҳои Аллоҳ аст ва касе аз халқаш дар он шарикӣ карда наметавонад
141.  Ва Ӯст, ки боғҳое офарид густарда бар замин (мисли ангур) ва низ гайри густарда (мисли хурмо) ва дарахти хурмову киштзор бо таъмҳои гуногун ва зайтуну анор монанди якдигар, дар манзарашон ва гуногун дар маззаашон. Чун ҳосил карданд, аз онҳо бихӯред ва дар рӯзи дарав ва ҷамъоварӣ ҳаққи (закоти) онро низ бипардозед ва исроф макунед. Ҳамоно Аллоҳ исрофкоронро дӯст надорад!
142. Ва низ Аллоҳ таъоло халқ кард чорпоёне, ки бор мебаранд ва бар онҳо савор мешавед ва бархе ба сабаби ин ки хурданд барои савор шудан ва барои борбардори салоҳият надоранд, мисли бачаи шутурҳо ва монанди он. Пас ҳаром нашуморед аз он чӣ Аллоҳ ба шумо онро ҳалол рӯзӣ додааст, бихӯред ва ба шайтон пайравӣ макунед, ки ҳамоно шайтон душмани ошкори шумост! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/276
143.  Ҳашт ҷуфт чорпоро Аллоҳ бар бандагонаш ато кардааст; ду ҷуфт аз гӯсфанд — нару мода ва ду ҷуфт аз буз—нару мода. Бигӯ эй Расул барои мушрикон: «Оё Аллоҳ он ду нарро ҳаром кардааст агар гӯянд: Оре. Пас дурӯғ гуфтаанд, зеро ки онҳо ҳар як гӯсфанд ва бузи нарро ҳаром намешумориданд. Ва ё бигӯ барояшон он ду модаро Аллоҳ ҳаром гардондааст? Агар гӯянд: Оре. Низ дурӯғ гуфтаанд, зеро онҳо ҳар модае, ки аз гӯсфанд ва буз таваллуд мешуд ҳаром намешумориданд.
Ё барояшон бигӯ: он чиро, ки дар шиками модагон аст, Аллоҳ онро ҳаром гардондааст? Пас агар гӯянд: Оре. Низ дурӯғ гуфтаанд, зеро онҳо ҳаром намешумориданд ҳар як чизе дар ҷанин қарор дорад аз нару мода. Пас даъвояшон ботил шуд. Агар он чи рост мегӯед, аз рӯи илм ба ман хабар диҳед».
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/184,185
144.  Ва (бигӯ эй Расул барои мушрикон) чор ҷуфти дигар аз шутур нару мода ва аз гов нару мода,: «Оё он ду нарро ҳаром кардааст ё он ду модаро ё он чиро, ки дар шиками модагон аст аз нару мода, пас чаро баъзеро ҳалол меҳисобед ва баъзеро ҳаром? Оё он ҳангом, ки Аллоҳ чунин фармон медод, шумо он ҷо ҳозир будед?» Пас чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебофад, то аз рӯи бехабарӣ мардумро аз роҳи ҳақ боздошта гумроҳ кунад? Албатта Аллоҳ ситамкоронеро, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебофанд ва мардумро гумроҳ мекунанд, ба роҳи рост ҳидоят намекунад. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/352
145.  Бигӯ эй Расул: «Дар миёни он чӣ бар ман ваҳй шудааст, чизеро, ки хӯрдани он ҳаром бошад, намеёбам, ҷуз худмурда (1) ё хуни рехта дар вақти забҳ, ё гӯшти хук, ки ҳамоно палид аст ё ҳайвоне, ки дар куштанаш аз ҷиҳати нофармонӣ кардан, бе гуфтани номи Аллоҳ забҳаш кунанд».Ва ҳар, ки дармондаву ночор шавад ба сабаби гуруснагии сахт, пас бихурад аз ин ҳаромшудаҳо ғайри таҷовузкунанда. Ҳамоно Парвардигори ту омӯрзандаву меҳрубон аст. (2)
____________________
1. Яъне бе забҳи шаръӣ мурда бошад
2. Тафсири Табарӣ 19 \ 190
146.  Ва (ба ёд ор эй Паёмбар), ки бар яҳуд ҳаром кардем ҳар ҳайвон ва паррандаи соҳибнохунеро ва аз гову гӯсфанд, чарбуи он ҳар дуро ҷуз он чӣ бар пушти онҳост ё бар чарби рудаи онҳост ё ба устухонашон часпида бошад. Ин ҳаромшудаҳоро бар яҳудиён аз сабаби ситамкорияшон ҷазояшон додем ва ҳароина Мо дар ҳар чи мегӯем ростгӯ ва росткор ҳастем! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/277
147.  (Эй Расул,) агар туро мухолифонат (аз мушрикон ва яҳудиён) дурӯғ бароранд, барояшон бигӯ; «Парвардигори шумо соҳиби раҳмати васеъ аст ва хашму азобаш аз гунаҳгорон боздошта нахоҳад шуд». (1)
____________________
1. Ин оят бимкунандааст касонеро ки мухолифи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебароянд.
148.  (Мушрикон тақдир ва қазои илоҳиро баҳона (1) карда хоҳанд гуфт): «Агар Аллоҳ мехост, мо ва падаронамон мушрик намешудем ва чизеро ҳаром намекардем». Ва Аллоҳ бар онҳо рад карда шубҳаи ононро баён мекунад: Ҳамчунин касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро дурӯғ бароварданд ва хашму азоби Моро чашиданд. Бигӯ (эй Расул): «Агар шуморо донише ҳаст, дар он чи ҳаром шуморидед аз чорпо ва киштзор, пас онро барои мо ошкор созед. Вале шумо дар умури дин танҳо аз гумони хеш пайравӣ мекунед ва ба ҷуз дурӯғ чизе намегӯед!
____________________
1. Балки ҳадаф аз ин баҳона рад кардани ҳақ аст. Тафсири Саъдӣ 1 \278
149.  Бигӯ (эй Расул барояшон): «Хоси Аллоҳ аст далели маҳкаму расо, агар мехост
ҳамаи шуморо ба роҳи рост ҳидоят мекард».
150.  Бигӯ эй Расул барои касоне, ки ҳалоли Аллоҳро ҳаром мекунанд ва онро ба Аллоҳ нисбат медиҳанд: «Гувоҳонатонро, ки гувоҳӣ медиҳанд, ки Аллоҳ ин ё онро ҳаром кардааст аз кишт ва чорпо, биёваред!» Пас агар гувоҳӣ доданд, ту бо онон гувоҳӣ надеҳ ва аз хостаҳои онҳое, ки оёти Моро дурӯғ гуфтанд ва ба охират имон надоранд ва касонеро бо Парвардигорашон баробар шарик медоранд, пайравӣ макун!
151.  Бигӯ (эй Расул барояшон): «Биёед, то он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам. Ин ки ба Аллоҳ чизеро ширк наёваред дар ибодаташ! Балки ҷамиъи навъҳои ибодатро барои Ӯ сарф намоед, (ба монанди дуо, тарс, умед ва ғайри инҳо). Ва ба падару модар некӣ кунед! Ва аз бими камбағалӣ фарзандони худро накушед! Мо ба шумо ва онҳо рӯзӣ медиҳем. Ва ба корҳои зишту беҳаёиҳо чӣ пинҳону чӣ ошкоро наздик нашавед! Ва касеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, ба ғайри хақ макушед! (1) Инҳост он чӣ Аллоҳ шуморо ба он супориш мекунад, бошад, ки ба ақл дарёбед!
____________________
1. Дар ҳолати қасос аз қотил қасос гирифтан, зинокоре, ки зан дорад ва марде, ки аз ислом муртад мешавад.
152.  Ва ба моли ятим наздик машавед, магар ба некӯтарин ваҷҳе, ки ба фоидаи ӯ бошад, то ба синни булуғ расад. Ва паймонаву вазнро аз рӯи адл комил кунед! Мо ба касе ҷуз ба андозаи тавоноиаш таклиф намекунем. Ва ҳар гоҳ сухан гӯед, одилона гӯед, (1) ҳарчанд ба зиёни хешовандонатон бошад. Ва ба аҳди Аллоҳ вафо кунед! Инҳост он чӣ Аллоҳ шуморо ба он супориш мекунад, бошад, ки панд гиред!
____________________
1. Дар хабар, гувоҳӣ додан, ҳукм кардан ё кумак кардан
153.  Ва ин аст роҳи рости Ман. (1) Аз он пайравӣ кунед ва ба роҳҳои гуногун маравед, ки шуморо аз роҳи Аллоҳ пароканда месозад. Инҳост он чӣ Аллоҳ шуморо ба он супориш мекунад, то парҳезгор шавед!»
____________________
1. Ислом. Тафсири Табарӣ 12 \ 228
154.  Сипас (бигӯ эй Расул барои мушрикон), ки Аллоҳ таъоло ба Мӯсо китоби Тавротро дод, то неъматашро бар некӯкорони уммати Мусо тамом кунад ва то баён кунад, аҳкоми ҳар чизро
аз умури динашон бо роҳи ҳидоят ва раҳмату меҳрубонӣ, то ки бани Исроил ба мулоқоти Парвардигори худ имон оранд,
155.  Ин (Қуръон) китобест муборак. Онро нозил кардаем (бар Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки дар он хайри бисёр аст). Пас ба он чи ки амр мекунад ва аз он чи манъ мекунад, пайравӣ кунед ва парҳезгор бошед, бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/238
156.  Фуруд овардем Қуръонро то нагӯед (эй кофирони араб), ки танҳо бар ду гурӯҳе (яҳуду насоро), ки пеш аз мо буданд, китоб нозил шуда ва мо аз омӯхтани онҳо ғофил будаем. (1)
____________________
1. Аз ин сабаб китобе ба сӯи шумо фиристодем, ки ҳеҷ китобе ҷомеътар ва равшантар аз он аз осмон нозил нашудааст. Тафсири Саъдӣ 1\280
157.  Ё нагӯед (эй мушрикон), ки агар бар мо низ китоб нозил мешуд, (чунон ки бар яҳуду насоро нозил шуд), беҳтар аз онон ба роҳи ҳидоят мерафтем. Ҳамоно бар шумо низ аз ҷониби Парвардигоратон далели равшан ва ҳидоят ба сӯи ҳақ раҳмат ба уммат фаро расид. Ва кист ситамгортар аз касе, ки оёти Аллоҳро дурӯғ пиндорад ва аз онҳо рӯй бигардонад? Ба зудӣ касонеро, ки аз оёти Мо рӯй мегардонанд, ба сабаби ин рӯйгардониашон аз оёти Мо, дар оташи ҷаҳаннам ба азоби бад ҷазо хоҳем дод!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/242
158.  Оё онон, ки аз ҳақ рӯй гардонданд ва дигаронро аз ҳақ боздоштанд, интизори он доранд, ки фариштаи марг бо ёронаш барои қабзи рӯҳашон наздашон биёянд? Ё Парвардигорат барои ҷудо кардани байни бандагон некӯкорро аз бадкор наздашон биёяд?
«Ё нишонае аз нишонаҳои Аллоҳ ба наздик омадани рӯзи қиёмат бар онҳо зоҳир шавад? Рӯзе, ки баъзе нишонаҳои Аллоҳ ошкор шавад, имони касе, ки пеш аз он имон наёварда ё дар вақти имон доштанаш кори неке анҷом надодааст, барои ӯ фоидае нахоҳад дошт. Бигӯ (эй Расул барояшон): «Мунтазир бошед, ҳамоно мо низ мунтазирем, он рӯзро, то бидонед, ки кадоми яке аз мо ба осоиш сазовортар аст».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/281
159.  Ҳамоно касоне, ки пароканда карданд дини худро ва гурӯҳ гурӯҳ ҷудо шуданд, бе гумон ту (эй Расул) аз онон дур ҳастӣ. Ҳамоно ҳукми онҳо
ба сӯи Аллоҳ аст ва ононро ба корҳое, ки мекарданд, огоҳ месозад ва касонеро, ки аз онҳо тавба карданд ва некӯкорӣ карданд, подош медиҳад ва касоне, ки бадкорӣ кардаанд, азобашон медиҳад.
160.  Ҳар кас кори неке анҷом диҳад, даҳ баробар ба ӯ подош диҳанд ва ҳар кӣ кори баде анҷом диҳад, танҳо монанди он ҷазо бинад, то ситаме бар онҳо миқдори заррае нарафта бошад.
161.  Бигӯ (эй Расул барои инҳо мушрикон): «Албатта Парвардигори ман маро ба роҳи рост ҳидоят кардааст, ба дини ҳамеша устувор ва он ислом аст, дини тавҳид, дини ҳанифи Иброҳим. Ва Иброҳим (алайҳиссалом) аз мушрикон набуд».
162.  Бигӯ (эй Расул барои инҳо мушрикон): «Ҳамоно намози ман ва қурбонии ман ва зиндагии ман ва марги ман барои Аллоҳ аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст. (1)
____________________
1. На барои бутон, мурдагон ва ҷинҳо.
163.  Ӯро шарике нест дар ибодаташ ва офаринишаш ва дар ном ва сифатҳояш.
Ба ман чунин амр шудаст, ки холис Парвардигорамро парастиш кунам ва ман
аз нахустин мусалмон дар миёни ин уммат ҳастам.
164.  Бигӯ (эй Расул): «Оё ҷуз Аллоҳ Парвардигоре ҷӯям?» Ӯ Парвардигори ҳар чизест
ва ҳар кас танҳо ҷазои кори худро мебинад. Ва касе бори гуноҳӣ дигареро бар дӯш намекашад. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба назди Парвардигоратон аст ва Ӯ шуморо ба он чизҳое, ки дар он аз умури дин ихтилоф меварзидед, огоҳ мекунад.
165.  Ӯст Аллоҳе, ки шуморо халифагони замин кард ва баъзеро бар баъзи дигар ба дараҷаҳо бартарӣ дод, то шуморо дар чизе, ки додааст, биёзмояд. Албатта Парвардигорат касеро, ки аз Ӯ нофармонӣ кунад, зуд ҷазо медиҳад ва албатта Ӯ бахшандаву меҳрубон аст, ба касе ки ба Вай имон биёварад ва амали солеҳ анҷом диҳад ва аз гуноҳи кабира тавба кунад!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/290
Icon