ترجمة سورة الأنعام

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الأنعام باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

Ситоиш Аллоҳ таолорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва торикиҳо ва рӯшноӣ [шабу рӯз]-ро падид овард. Бо ин ҳама, касоне, ки куфр варзидаанд, [дигаронро дар тавону тадбир] бо Парвардигори худ баробар медонанд
Ӯст, ки шуморо аз гил офарид, он гоҳ муддатеро [барои ҳаётатон] муқаррар дошт ва аҷал, ҳатман, назди Ӯст. Бо ин ҳама шумо [дар қудрати Ӯ барои барпо шудани қиёмат] тардид мекунед
Ва Ӯст Аллоҳ таоло [Маъбуди ягона] дар осмонҳо ва замин, ниҳону ошкоратонро медонад ва он чиро ба даст меоваред,[ва анҷом медиҳед низ] медонад
Ва ҳеҷ нишонае аз нишонаҳои Парвардигорашон ба инон [кофирон] намеояд, магар ин ки аз он рӯйгардон мешаванд
Ҳамоно онон ҳақро, ҳангоме ки ба сӯяшон омад, дурӯғ шумурданд, пас, ба зудӣ хабарҳои он чиро, ки масхарааш мекарданд, ба онон хоҳад расид
Оё [кофирон] надиданд, ки пеш аз онон чи [бисёр] гурӯҳҳое аз мардумро нобуд кардем? [Умматҳое] Ки дар замин ба эшон чунон иқтидор [ва неруе] дода будем, ки [ҳаргиз] ба шумо чунон имконоте надодаем ва борони осмонро паёпай бар онон фиристодем ва наҳрҳо падид овардем, ки зери [хонаҳои] онон ҷорӣ буд. Пас, [ҳангоме ки носипосӣ карданд, Мо] эшонро ба [сазои] гуноҳҳояшон нобуд кардем ва пас аз онҳо гурӯҳи дигаре падид овардем
Ва [эй паёмбар, ҳатто] агар китобе [навишта] бар коғаз бар ту нозил мекардем ва эшон он [китоб]-ро бо дастони хеш ламс мекарданд, ҳатман, касоне, ки куфр варзидаанд мегуфтанд: «Ин [китоб чизе] нест, магар ҷодуи ошкор»
Ва [кофирон] гуфтанд: «Чаро фариштае ба ӯ нозил нашудааст [то гувоҳи ростгӯияш бошад]»? Ва агар фариштае мефиристодем [ва имон намеоварданд], ҳатман, кор ба поён мерасид ва муҳлате [барои тавба] намеёфтанд [ва ҳалок мешуданд]
Ва агар он [фиристода]-ро фариштае қарор медодем, ҳатман, вайро ба шакли марде дармеовардем [то битавонанд ӯро бубинанд ва суханонашро бифаҳманд] ва яқинан, ононро дучори ҳамон иштибоҳе мекардем, ки қаблан дар он буданд [зеро ӯ низ сурати инсон дошт]
[Эй паёмбар] Ҳатман, паёмбароне пеш аз ту [низ аз сӯйи кофирон] мавриди тамасхур воқеъ шуданд, пас, он чи ки масхарааш мекарданд, домонашонро гирифт [ва гирифтори азоб шуданд]
[Эй паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки саранҷоми такзибкунандагон [-и оёти илоҳӣ] чигуна будааст»
Бигӯ: «Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они кист»? Бигӯ: «Аз они Аллоҳи мутаол аст, ки раҳматро бар хеш воҷиб гардонидааст, [ва] ҳатман, шуморо дар рӯзи қиёмат, ки дар он шакке нест, [назди худ] ҷамъ хоҳад кард. Ва касоне, ки ба хеш зиён расонидаанд, имон намеоваранд
Ва ҳарчи дар шабу рӯз ором [-у қарор] дорад аз они Ӯст ва Ӯ шуновову доност
Бигӯ: «Оё ғайри Аллоҳи мутаолро [барои худ дӯст ва] корсоз гирам? [Парвардигоре] Ки падидоварандаи осмонҳо ва замин аст ва Ӯст, ки рӯзӣ медиҳад ва худ рӯзӣ дода намешавад». Бигӯ: «Ман фармон ёфтаам, ки нахустин касе [аз ин уммат] бошам, ки таслим [-и амри илоҳӣ] шудааст ва [Аллоҳ таоло бар ман фармон дод, ки]: “Ҳаргиз аз мушрикон набошам”
Бигӯ: «Агар ман аз [ҳукми] парвардигорам нофармонӣ кунам, бе тардид аз азоби рӯзи бузург метарсам»
Ҳар ки дар он рӯз ба вай азоб нарасад, ҳатман, [Аллоҳ таоло] ба ӯ раҳм кардааст ва ин ҳамон пирӯзии ошкор аст
[Эй инсон] Агар Аллоҳ таоло [бихоҳад] зиёне ба ту расонад, ҳеҷ касе ҷуз Ӯ бартарафкунандаи он нест; ва агар [ирода кунад, ки] хайре ба ту расонад, [касе боздорандаи он нест] пас, Ӯ бар ҳама чиз тавоност
Ва Ӯст, ки бар бандагони худ чира [ва мусаллат] аст ва Ӯ ҳакими огоҳ аст
[Эй паёмбар, бар мушрикон] Бигӯ: «Гувоҳии чи касе аз ҳама беҳтар аст»? Бигӯ: «Аллоҳ таоло [ки] миёни ману шумо гувоҳ аст ва ин Қуръон [аз ҷониби Ӯ] бар ман ваҳй шудааст, то ба василаи он ба шумо ва ҳар ки [ин паём ба ӯ] мерасад, ҳушдор диҳам. Оё шумо ба ростӣ гувоҳӣ медиҳед, ки бо Аллоҳ таоло маъбудони дигаре ҳаст?» Бигӯ: «Ман [ҳаргиз ба чунин чизе] гувоҳӣ намедиҳам». Бигӯ: «Яқинан Ӯ танҳо маъбуди ягона аст ва ман аз он чи [бо Ӯ] шарик қарор медиҳед, безорам»
Касоне, ки ба онон китоб [-и осмонӣ] додаем, ҳамон гуна ки писарони худро мешиносанд, [паёмбар]-ро мешиносанд. Онон ки [бо пайравӣ аз ҳавои нафс] ба хеш зиён расонидаанд, имон намеоваранд
Ва кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад [ва барояш шарик мепиндорад] ё оёташро дурӯғ меангорад? Яқинан, ситамгорони [мушрик] растагор намешаванд
Ва [ёд кун аз қиёмат] рӯзе, ки ҳамаи ононро ҷамъ мекунем ва ба касоне, ки ширк варзидаанд, мегӯем: «Маъбудонатон, ки [шарики Аллоҳ таоло] мепиндоштед, куҷо ҳастанд»?
Онгоҳ [посух ва] узрашон ҷуз ин нест, ки мегӯянд: «Ба Аллоҳ таоло –Парвардигорамон– савганд, ки мо мушрик набудем»
[Эй паёмбар] Бингар,чигуна бар худ дурӯғ бастанд ва он чи [дар мавриди шафоати маъбудонашон] ба дурӯғ мегуфтанд, [ҳама] маҳву нобуд шуд
Ва афроде аз онон [мушрикон] ҳастанд, ки [ҳангоми тиловати Қуръон] ба ту гӯш месупоранд ва [-ле] мо бар дилҳояшон парда афкандаем, то онро нафаҳманд ва дар гӯшҳояшон сангинӣ [қарор додаем] ва агар тамоми муъҷизот [ва далоили тавҳид]-ро бубинанд, [боз ҳам] ба он имон намеоваранд, то наздат биёянд ва бо ту муҷодала кунанд. Касоне, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: «Ин [Қуръон, чизе] Нест магар афсонаҳои пешиниён»
Ва онон [мардум]-ро аз пайравии ӯ [паёмбар] бозмедоранд ва худ [низ] аз ӯ дур мешаванд ва [касе] ҷуз хештанро ҳалок намекунанд ва [-ле] намедонанд
Ва агар [ононро] ҳангоме ки дар баробари оташ [-и дузах] нигаҳ доштаанд, бубинӣ, [аз ҳолашон шигифтзада мешавӣ, ки] мегӯянд: «Эй кош, [ба дунё] бозгардонда мешудем ва оёти Парвардигорамонро такзиб намекардем ва аз муъминон будем»!
[Чунин нест, ки мегӯянд] Балки он чи пеш аз ин пинҳон мекарданд, барояшон ошкор шудааст ва агар [ҳам ба дунё] бозгардонда шаванд, бе тардид ба он чи аз он наҳй шуда буданд, бозмегарданд ва инон дурӯғгӯ ҳастанд
Ва [мушрикон] гуфтанд: «Ҷуз зиндагии мо дар дунё ҳеҷ [зиндагии дигаре] нест ва ҳаргиз барангехта нахоҳем шуд»
Ва агар ононро ҳангоме ки дар пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ дошта мешаванд, бубинӣ, [шигифтзада мешавӣ. Аллоҳ таоло ба онон] мегӯяд: «Оё ин [зиндагии пас аз марг] ҳақ нест?» Онон мегӯянд: «Бале, қасам ба Парвардигорамон [ки ҳақ аст]. [Аллоҳ таоло] мегӯяд: «Пас, ба сазои он ки куфр меварзидед, ин азобро бичашед»
Касоне, ки дидори Парвардигорро дурӯғ ангоштаанд, ҳатман, зиён диданд, [пас] ҳангоме ки ногаҳон қиёмат бар онон фаро расад, дар ҳоле ки бори [сангини] гуноҳҳони хешро бар пушташон ҳамл мекунанду мегӯянд: «Эй дареғ, бар мо аз он чи дар бораи он [дар дунё] кӯтоҳӣ кардем»! Ҳон! Чи бад аст боре, ки [бар дӯш] мекашанд!
Зиндагии дунё [чизе] ҷуз бозича ва саргармӣ нест, ва ҳатман, сарои охират барои касоне, ки парво пеша мекунанд, беҳтар аст. Оё намеандешед?
[Эй паёмбар] ба яқин мо медонем, ки ончи [мушрикон] мегӯянд, туро сахт ғамгин мекунад. Дар воқеъ, онон туро[дар дил] такзиб намекунанд, балки ситамгорон [бо он ки ҳақиқатро медонанд] оёти Аллоҳ таолоро инкор мекунанд
Ва пеш аз ту низ паёмбароне такзиб шудаанд, вале бар он чи такзиб шуданд ва озор диданд, шикебоӣ карданд, то [саранҷом] ёрии мо бар онон фаро расид ва суханони Аллоҳ таоло [дар мавриди пирӯзии паёмбаронаш]-ро ҳеҷ тағйирдиҳандае нест [ки монеъ гардад] ва мусалламан, ахбори паёмбарони [пешин ва достони шикасти душманонашон] ба ту расидааст
Ва [эй паёмбар] агар рӯйгардонии онон [аз Қуръон] бар ту ногувор [ва душвор] аст, агар метавонӣ нақбе (тунел) дар замин ё нардбоне дар осмон биҷӯӣ, то муъҷиза [дигар] барояшон биёварӣ [пас, чунон кун, вале суде надорад].Ва агар Аллоҳ таоло мехост, ҳатман, ононро бар [масири] ҳидоят ҷамъ мекард, пас, ҳаргиз аз нодонон мабош
Ба ростӣ, танҳо касоне [даъвати ҳақро] мепазиранд, ки мешунаванд [ва дарк мекунанд] ва Аллоҳ таоло мурдагонро [рӯзи қиёмат] бармеангезад, сипас ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешаванд
Ва [мушрикон] гуфтанд: «Чаро нишонае [дар бораи ҳаққонияти Муҳаммад] аз тарафи Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст?» [Эй паёмбар] бигӯ: «Бе гумон, Аллоҳ таоло тавоност, ки нишонае [мутобиқи хости онон] нозил кунад», вале бештарашон намедонанд, [ки нузули ваҳй, бар асоси ҳикмату тадбир аст]
Ва ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест ва на ҳеҷ парандае, ки бо болҳои худ парвоз мекунад, магар он ки онҳо [низ дар офариниш ва зиндагӣ] гурӯҳҳое монанди шумо ҳастанд. Мо ҳеҷ чизеро дар китоб [Лавҳи маҳфуз] фуругузор накардаем, сипас [ҳамаро рӯзи қиёмат] назди Парвардигорашон гирд меоваранд
Ва касоне, ки оёти моро дурӯғ ангоштаанд, кару гунг ва дар торикиҳо[-и ҷаҳл саргашта] ҳастанд. Аллоҳи мутаол ҳаркиро бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳаркиро бихоҳад, бар роҳи рост қарораш медиҳад
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ба ман хабар диҳед, ки агар азоби Аллоҳи мутаол ба суроғатон биояд ё [ногаҳон] қиёмат барпо шавад, оё ғайр аз Аллоҳ таолоро [ба ёрӣ] мехонед?»
Оре, танҳо Ӯро [ба дуо] мехонед ва агар Ӯ бихоҳад, он чиро ки ба хотираш ӯро фаро мехонед, аз байн мебарад ва шумо [низ аз тарси азоб] шарикеро, ки барояш қоил шудаед, аз ёд мебаред
[Эй паёмбар] Бе тардид, пеш аз ту [низ паёмбароне] ба сӯйи умматҳо[-и пешин] фиристодем ва ононро ба тангдастӣ ва нохушӣ дучор сохтем, бошад, ки [ба даргоҳи илоҳӣ фурӯтанӣ ва] тазарруъ кунанд
Пас, чаро ҳангоме ки азоби мо ба онон расид, тазарруъ накарданд? Вале [дар ҳақиқат] дилҳояшон сахт шудааст ва шайтон он чиро анҷом медоданд, барояшон оростааст
Пас, вақте [мушрикон] ончиро, ки ба он панд дода шуда буданд, фаромӯш карданд, дарҳои ҳар чизе [аз неъматҳои илоҳӣ]-ро бар онон кушудем, то ба он чи ба эшон дода шуда буд, шод гардиданд. Ногаҳон ононро [ба куфр] гирифтем, пас, ҳамон дам [ҳамагӣ аз наҷоту раҳмат] маъюс шуданд
Пас, решаи он гурӯҳе, ки ситам карданд, барканда шуд ва ситоиш махсуси Аллоҳ таоло –Парвардигори ҷаҳониён– аст
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳ таоло гӯшу чашмҳоятонро бигирад ва бар дилҳоятон муҳр бизанад, кадом маъбуде ба ҷуз Аллоҳ таоло [метавонад] онҳоро ба шумо бозгардонад?» Бубин, чигуна оётро [ба шеваҳои] гуногун [баён] мекунем, онгоҳ онон рӯй мегардонанд
Бигӯ: «Биандешед, агар азоби илоҳӣ ба ногоҳ ё ошкоро ба суроғатон биояд, оё ҷуз гурӯҳи ситамгорон [касе] нобуд мешавад?»
Ва мо паёмбаронро ҷуз башоратгар ва бимдиҳанда намефиристем, пас, ҳар ки имон биоварад ва [хештанро] ислоҳ кунад, на тарсе бар онон аст ва на андуҳгин мешаванд
Ва касоне, ки оёти моро дурӯғ шуморидаанд, ба [сазои] он ки нофармонӣ мекарданд, азоб [-и илоҳӣ] домангирашон хоҳад шуд
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман намегӯям, ки ганҷинаҳои Аллоҳ таоло назди ман аст ва ғайб [низ] намедонам ва ба шумо намегӯям, ки ман фариштаам. Ман аз чизе пайравӣ намекунам магар аз он чи ки ба ман ваҳй мегардад». Бигӯ: «Оё нобино ва бино [кофир ва муъмин] яксонанд? Оё намеандешед»?
Ва [эй паёмбар] бо ин [Қуръон] ба онон, ки метарсанд, ба сӯйи Парвардигорашон [барангехта] ва гирд оварда шаванд, ҳушдор деҳ, [чаро] ки ба ҷуз Ӯ барояшон на [дӯсту] корсозе ҳаст ва на шафоатгаре, бошад, ки парво кунанд
Ва касонеро, ки [фақиранд ва ] бомдоду шомгоҳ Парвардигорашонро мехонанд [ва] хушнудии Ӯро металабанд [аз маҷолиси худ] тард накун [ки ба бузургони мушрикин таваҷҷуҳ кунӣ], на чизе аз ҳисоби онҳо бар туст ва на чизе аз ҳисоби ту бар онҳост, ки [бихоҳӣ аз перомунат] тардашон кунӣ ва аз ситамгорон шавӣ
Ва ин чунин бархе аз ишонро ба бархе дигар озмудем, то [кофирони сарватманд дар бораи муъминони мустаманд] бигӯянд: «Оё аз миёни мо инҳо ҳастанд, ки Аллоҳи таоло [бо бахшиши тавфиқи имон] бар онон миннат ниҳодааст?» Оё Аллоҳи мутаол ба [ҳоли] сипосгузорон донотар нест?
Ва [эй Паёмбар] ҳар гоҳ касоне, ки ба оёти Мо имон доранд, назди ту оянд, бигӯ: «Салом бар шумо. Парвардигоратон [дар ҳаққи шумо бахшоиш ва] раҳматро бар худ муқаррар доштааст. Ҳар касе аз шумо, ки ба нодонӣ кори баде анҷом диҳад ва онгоҳ тавба намояд ва [гузаштаи хешро] ислоҳ кунад, пас, [бидон, ки] яқинан, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст»
Ва инчунин оёти [худ]-ро шарҳ медиҳем, то роҳи гунаҳкорон равшан шавад [ва шумо аз он дурӣ кунед]
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман наҳй шудаам аз ин ки касонеро бипарастам, ки шумо ба ҷойи Аллоҳи мутаол мехонед». Бигӯ: «Ман аз ҳавасҳоятон пайравӣ намекунам, ки [агар чунин кунам] ҳатман, гумроҳ шудаам ва аз ҳидоятёфтагон нахоҳам буд»
Бигӯ: «Ман далели равшане аз Парвардигорам дорам, ва [-ле] шумо онро дурӯғ пиндоштед.Ва он чи ба шитоб хостораш ҳастед, [азоби илоҳӣ] назди ман нест. Фармон, танҳо аз они Аллоҳ таолост, [ки] ҳақро баён мекунад ва Ӯ беҳтарин ҷудокунанда[-и ҳақ аз ботил] аст»
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Агар он чи ки ба шитоб хостораш ҳастед, назди ман буд, [бар саратон фуруд меовардам ва] кори миёни ману шумо ба поён мерасид, ва [-ле] Аллоҳ таоло ба [ҳоли] ситамгорон донотар аст [ва ба онон муҳлат медиҳад]»
Ва калидҳо [ганҷинаҳо]-и ниҳон назди Ӯст [ва] ҷуз Ӯ [ҳеҷ кас] онро намедонад ва [Ӯст, ки] он чиро дар хушкӣ ва дарёст медонад ва ҳеҷ барге [аз дарахт] намеафтад, магар ин ки онро медонад ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тару хушке нест, магар ин ки дар китоби равшан [Лавҳи маҳфуз] қарор дорад
Ва Ӯст, ки шабонгоҳ рӯҳатонро [ҳангоми хоб] мегирад ва [ҳам Ӯст, ки] ончиро дар рӯз ба даст овардаед, медонад. Сипас шуморо дар он [рӯз] бедор мекунад, то он ки замони муайяне сипарӣ гардад,; онгоҳ [ки вафот кардед, дар қиёмат] бозгаштатон ба сӯйи Ӯст. Сипас шуморо аз ончи анҷом медодед, огоҳ мекунад
Ва Ӯ бар бандагонаш чира аст ва нигаҳбононе [аз фариштагон] бар шумо мефиристад, то замоне, ки марги яке аз шумо фаро расад, фиристодагони мо [бо ҳамроҳи фариштаи марг] ҷонашро мегиранд ва онон [дар маъмурияти худ] кӯтоҳӣ намекунанд
Он гоҳ ба сӯйи Аллоҳ таоло, ки [ёру] корсози ростинашон аст, бозгардонда мешаванд. Огоҳ бошед! Ҳукм аз они Ӯст ва Ӯ сареътарин ҳисобрас аст
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Кист, ки шуморо аз торикиҳо [ва сахтиҳои] хушкӣ ва дарё наҷот медиҳад? [Дар ҳоле ки] Ӯро ба зорӣ ва пинҳонӣ мехонед [ва мегӯед] “Агар моро аз ин [вартаи марг] наҷот диҳад, ҳатман, аз сипосгузорон хоҳем буд”»
Бигӯ: «Аллоҳи мутаол шуморо аз инҳо ва аз тамоми сахтиҳо наҷот медиҳад,он гоҳ шумо [боз ҳам] ширк меварзед»
Бигӯ: «Ӯ тавоност, ки бар шумо азобе [ҳамчун соиқа ва тӯфон] аз болои саратон ё [ҳамчун хушксолӣ ва зилзила] аз зери пойҳоятон бифиристад ё шуморо ба сурати гурӯҳҳои пароканда [ва ҷудо аз ҳам] дароварад ва азоби бархе аз шуморо ба бархе [дигар] бичашонад». Бингар чигуна оёт [-и худ]-ро гуногун баён мекунем, бошад, ки дарёбанд
[Эй паёмбар] Қавми ту он [Қуръон]-ро дурӯғ шумурданд, дар ҳоле ки он [китоб] ҳақ аст. [Ба кофирони қавмат] Бигӯ: «Ман [муроқибу] коргузори шумо нестам»
Ҳар хабаре саррасиде [барои вуқуъ] дорад ва [ба зудӣ] хоҳед донист [ки саранҷоматон чигуна аст]»
Ва ҳаргоҳ касонеро дидӣ, ки дар оёти Мо [бо душманӣ ва тамасхур] гуфтугӯ мекунанд, аз онон рӯ бигардон, то ба сухани дигаре бипардозанд.Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ андохт, пас, аз он ки ёд овардӣ, бо қавми ситамгор [мушрик] манишин
Ва [ҳарчанд] чизе аз ҳисоб [ ва гуноҳи] онон бар [уҳдаи] парҳезгорон нест, вале ёдоварӣ [ва иршод лозим] аст, бошад, ки парво кунанд
Ва касонеро, ки динашонро ба бозӣ ва саргармӣ гирифтаанд ва зиндагии дунё ононро фирефтааст, раҳо кун ва [мардумро] бо ин [Қуръон] андарз деҳ, то мабодо касе ба [кайфари] ончи ба даст овардааст, ба ҳалокат биафтад, дар ҳоле ки дар баробари Аллоҳи мутаол барои [раҳоӣ аз азоби] он на [дӯст ва] корсозе дорад ва на шафоатгаре.Ва[ҳатто] агар [бихоҳад барои наҷоти хеш] ҳар фидяе диҳад, аз ӯ пазируфта намешавад. Инҳо ҳастанд, ки ба [кайфари] он чи ба даст овардаанд, ҳалок гаштаанд ва ба [сазоӣ] он ки куфр меварзиданд, шаробе аз оби ҷӯшон ва азобе пурдард [дар пеш] доранд
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Оё ба ҷойи Аллоҳи мутаол чизеро бихонем, ки на ба мо суд медиҳад ва на зиён мерасонад? Ва оё пас аз он ки Аллоҳ таоло моро ҳидоят кардааст, [ба сӯйи гумроҳӣ] ба ақиб бозгардем? Ҳамчун касе, ки шаётин ӯро [фиреб дода ва аз роҳи рост] бадар бурдаанд ва ӯ дар замин ҳайрону саргашта мондааст, дар ҳоле ки ӯ ёрон [-и дилсӯз] дорад, ки ба ҳидоят даъваташ мекунанд [ва мегӯянд]: “Ба сӯйи мо биё”»!Бигӯ: «Бе тардид, ҳидояти [ростин] ҳидояти Аллоҳ таолост ва мо фармон ёфтаем, ки таслими Парвардигори ҷаҳониён бошем
Ва ин ки намоз барпо доред ва аз ӯ парво кунед ва Ӯст, ки ба пешгоҳаш ҳашр хоҳед шуд»
Ва Ӯст, ки осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид ва рӯзе, ки [Аллоҳ таоло ба ҳар чизе] бигӯяд: «Мавҷуд шав», пас, бедиранг мавҷуд мешавад. Сухани Ӯ ҳақ аст. Ва рӯзе, ки дар сур дамида мешавад, фармонравоӣ аз они Ӯст. Ӯ донои пинҳону пайдост ва Ӯст, ки ҳакими огоҳ аст
Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Иброҳим ба падараш –Озар– гуфт: «Оё бутҳоро маъбуди [хеш] мегирӣ? Ба ростӣ, ки ман ту ва қавматро дар гумроҳии ошкоре мебинам»
Ва ин гуна фармондиҳии [шукӯҳманди] осмонҳо ва заминро ба Иброҳим нишон додем, то [ягонагии Аллоҳ таоло ва гумроҳии Озар ва қавмашро дарёбад ва] аз аҳли яқин бошад
Пас, ҳангоме ки [торикии] шаб Ӯро дарбар гирифт, ситорае дид, [ва] гуфт: «Ин Парвардигори ман аст».Ва чун ғуруб кард, гуфт: «Ғурубкунандагонро дӯст надорам»
Пас, ҳангоме ки моҳро тобанда дид, гуфт: «Ин Парвардигори ман аст».Ва чун ғуруб кард, гуфт: «Агар Парвардигорам маро ҳидоят накарда буд, ҳатман, аз гумроҳон будам»
Пас, ҳангоме ки хуршедро дурахшанда дид, гуфт: «Ин Парвардигори ман аст. Ин бузургтар аст». Он гоҳ вақте ки ғуруб кард, гуфт: «Эй қавм, ман аз он чи [барои Аллоҳ таоло] шарик қарор медиҳед, безорам»
Ба ростӣ, ки ман ҳақгароёна дин [-у ибодат]-и хешро барои касе холис кардам, ки осмонҳо ва заминро падид овардааст ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон нестам»
Ва қавми ӯ бо вай ба муҷодала пардохтанд, [ва ӯро аз хашми бутҳо тарсонданд. Иброҳим] гуфт: «Оё дар бораи Аллоҳи мутаол бо ман муҷодала мекунед, дар ҳоле ки Ӯ маро [ба роҳи рост] ҳидоят кардааст ва аз он чи бо Ӯ шарик мепиндоред, ҳеҷ наметарсам, магар он ки Парвардигорам чизе [аз суд ва зиён бароям] хоста бошад. Илми Парвардигорам ҳама чизро фаро гирифтааст. Оё панд намегиред?
Ва чигуна аз он чи шарик [-и Аллоҳ таоло] мепиндоред битарсам бо он ки шумо худ намеҳаросед аз ин ки чизеро шарики Аллоҳи мутаол сохтаед, ки Ӯ [ҳеҷ] далеле дар бораи [ҳаққонияти] он бар шумо нозил накардааст? Пас, агар медонед, [бигӯед] кадом як аз ин ду гурӯҳ [муваҳҳид ва мушрик] ба амният [ва дурӣ аз азоб] сазовортар аст?
Касоне, ки имон овардаанд ва имонашонро ба [ҳеҷ] ширке наолудаанд, ононанд, ки амн [-у оромиш] доранд ва роҳёфтагонанд»
Ва ин [истидлол] ҳуҷҷати мо буд, ки ба Иброҳим дар баробари қавмаш додем. [Дар дунё ва охират мақоми] Ҳар киро, ки биҳоҳем, ба дараҷоти болое мебарем. [Эй паёмбар] Бе тардид, Парвардигорат ҳакиму доност
Ва ба ӯ [Иброҳим] Исҳоқ ва Яъқубро бахшидем ва ҳамаро [ба роҳи рост] ҳидоят кардем.Ва пештар Нуҳро [низ] ҳидоят карда будем ва аз насли ӯ Довуд, Сулаймон, Аюб, Юсуф, Мӯсо ва Ҳорунро [ба роҳи ҳақ раҳнамун гаштем] ва накукоронро ингуна подош медиҳем
Ва [ҳамчунин] Закариё, Яҳё, Исо ва Илёс[-ро роҳ намудем, ки] ҳама аз шоистагон буданд
Ва Исмоил, Ясаъ, Юнус ва Лут[-ро низ ҳидоят кардем] ва ҷумлагиро бар ҷаҳониён бартарӣ додем
Ва [низ] аз падарон ва фарзандону бародаронашон [бархеро бартарӣ додем ва] ононро баргузидем ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем
Ин ҳидояти Аллоҳи мутаол аст, ки ҳар касе аз бандагонашро, ки бихоҳад, бо он ҳидоят мекунад ва агар ширк меварзиданд, он чи [аз аъмоли нек] ки анҷом дода буданд, табоҳ мешуд
Инон касоне ҳастанд, ки ба эшон китобу ҳикмат ва нубувват бахшидем. Пас, [эй паёмбар] агар инон [ мушрикон] ба ин [паёмбарон ва китобҳои илоҳӣ] куфр биварзанд, ҳатман, гурӯҳ [-и муҳоҷирин ва ансор ва тобеин]-ро бар [ҳифзу нигаҳбонии] он [усулу ақоид] мегуморем, ки нисбат ба он кофир набошанд
Онон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло ҳидояташон кардааст, пас, [эй паёмбар] аз ҳидоят [-у роҳи рост]-и эшон пайравӣ кун, [ва ба қавмат] бигӯ: «Ман дар баробари ин [рисолат] подоше аз шумо намехоҳам. Ин [Қуръон чизе] нест, магар [ёдоварӣ ва] панде барои ҷаҳониён»
Ва [мушрикон бузургӣ ва мақоми] Аллоҳ таолоро чунон ки сазовори Ӯст нашинохтанд, чаро ки гуфтанд: «Аллоҳ таоло бар [ҳеҷ] башаре чизе нозил накардааст». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Он китоберо, ки Мӯсо овард, чи касе нозил кардааст? [Ҳамон китобе, ки] барои мардум рӯшноӣ ва раҳнамуде буд [ва шумо яҳудиён] онро ба сурати [пароканда бар] туморҳо дармеоваред [ва ҳар чиро ки мехоҳед] аз он ошкор месозед ва бисёреро пинҳон мекунед.Ва [акнун, эй қавми араб] чизҳое [аз оёт ва ахбори Қуръон] ба шумо омӯхта шуд, ки на худ медонистед ва на падаронатон». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Аллоҳ таоло [онро нозил кардааст». Онгоҳ [дар ҷаҳлу гумроҳӣ] раҳояшон кун, то дар жарфо [-и ақоиди ботил]-и худ саргарми бозӣ бошанд
Ва ин [Қуръон] китоби мубораке аст, ки онро нозил кардем, [то] тасдиқкунандаи чизе бошад, ки пеш аз он нозил шудааст ва [ҳамчунин] барои он аст, ки ба [сокинони] Умму-л-қуро [Макка] ва [мардуми] перомунаш ҳушдор диҳӣ.Ва касоне, ки ба охират имон меоваранд, ба ин [китоб] низ имон меоваранд ва бар намози хеш мувозибат мекунанд
Ва кист ситамгортар аз он ки дурӯғе ба Аллоҳ таоло бибандад ё бигӯяд: «Ба ман [низ] ваҳй шудааст», дар ҳоле ки ҳеҷ ваҳйе ба ӯ нарасидааст ва [ё] касе, ки бигӯяд: «Ман [ҳам] монанди он чи ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, [бароятон] нозил мекунам»? Ва [эй паёмбар, саҳнаи ҳавлноке аст] агар ҳангомеро бубинӣ, ки [ин] ситамгорон дар [тарсу] сахтиҳои марг фурӯ рафтаанд ва фариштагон [-и қабзи рӯҳ] дастҳояшонро [ба сӯйи онон] кушудаанд [ва фарёд мезананд]: «Ҷонҳои хешро [аз бадан] берун диҳед. Имрӯз ба [сазои] он чи ба ноҳақ бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебастед ва дар баробари оёташ такаббур мекардед, ба азоби хоркунанда муҷозот мешавед»
Ва [рӯзи қиёмат Аллоҳи мутаол мефармояд] «ҳамон гуна ки шуморо нахустин бор [бидуни молу мақом] офаридем, [акнун низ] ҳатман, танҳо ба сӯйи мо омадаед ва он чиро ба шумо арзонӣ карда будем, пушти сари худ [дар дунё] вогузоштед ва [маъбудону] шафоатгаронеро, ки дар [кори] хеш шарикони [Аллоҳ таоло] мепиндоштед, ҳамроҳатон намебинем. Ба ростӣ, пайванди миёни шумо гусаста аст ва он чи [шарики мо ва шафеъи худ] мепиндоштед, гум гаштааст»
Бе тардид Аллоҳ таоло шикофандаи дона[-и гиёҳҳо] ва ҳаста[-и хурмо дар дили замин] аст. [Мавҷуди] Зиндаро аз [моддаи] беҷон берун меоварад [равиши гиёҳ аз дона] ва [моддаи ба зоҳир] беҷонро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад [берун омадани тухм ё нутфа аз ҳайвонот]. Ин Аллоҳ таолост, [ки чунин қудрати мутлақе дорад].Пас, чигуна [аз роҳи бандагии Ӯ] бозгарданда мешавед?
[Ӯ] Шикофандаи сапедадам аст ва шабро [мояи] оромиш қарор дод ва хуршеду моҳро [низ] бо ҳисоб [ва назми дақиқ падид овард]. Тақдири [Парвардигори] шикастнопазири доно чунинаст
Ва [эй фарзандони Одам] Ӯст, ки ситорагонро бароятон қарор дод,то дар торикиҳои хушкӣ ва дарё ба [кумаки] онҳо роҳ ёбед. Ба ростӣ, ки мо нишонаҳо [-и тавону тадбири хеш]-ро барои мардуме, ки медонанд, ба тафсил баён кардаем
Ва Ӯст, ки шуморо аз як тан офарид, пас, барои шумо [дар раҳими модар] қароргоҳе аст ва [дар пушти падар] амонатгоҳе. Мо оёт [-и худ]-ро барои мардуме, ки [каломи илоҳиро] мефаҳманд, ба тафсил баён кардаем
Ва Ӯст, ки аз осмон обе фурӯ рехт ва аз он [борон] ҳар гуна рӯйидание баровардем ва аз он [низ ҳар кишту гиёҳи] сабзеро рӯёнидем, [ки] аз он [гиёҳҳо низ барои тағзияи шумо] донаҳои мутарокиме [ҳамчун гандуму ҷав] падид меоварем ва [ҳамчунин] аз шукуфтаи нахл хӯшаҳои наздик ба якдигар [рӯёнидем] ва боғҳое аз ангур ва зайтуну анор [офаридем меваҳое, ки] бархе ҳаммонанд ва бархе ноҳаммонанд ҳастанд. Вақте ба бор нишаст ба меваҳои он ва [тарзи] расиданаш бингаред. Дар ин [офариниш] барои мардуме, ки имон доранд, нишонаҳои [равшану қудрати илоҳӣ] аст
Ва [мушрикон] барои Аллоҳ таоло шариконе аз ҷин қоил шудаанд, ҳол онки [Аллоҳ таоло худ] онҳоро офаридааст.Ва[ҳамчунин] аз рӯйи нодонӣ барояш [фарзандон] писару духтар месозанд. Ӯ аз он чи васф мекунанд, поку бартар аст
[Ӯ] падидоварандаи осмонҳо ва замин аст, чигуна мумкин аст фарзанд дошта бошад, дар ҳоле ки ҳамсаре надорад? Ва ҳама чизро офарида ва Ӯ ба ҳар чизе доност
Ин аст Аллоҳ таоло-Парвардигори шумо, ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, офаринандаи ҳама чиз аст, пас, Ӯро бипарастед ва [бидонед, ки] Ӯ [муроқибу] коргузори ҳама чиз аст
Чашмҳо Ӯро дарнамеёбанд ва [-ле] Ӯ чашмҳоро дармеёбад ва Ӯст, ки борикбин ва огоҳ аст
[Эй паёмбар, ба мушрикон бигӯ] «Баростӣ далоили ошкоре аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо омадааст, пас, ҳар ки [бо басирату мантиқ дар бораи он] биандешад, ба суди ӯст ва ҳар ки чашм [бар ҳақиқат] бибандад, ба зиёни ӯст ва ман нигаҳбони шумо нестам»
Ва инчунин нишонаҳо [ва далоили қудрати илоҳӣ]-ро гуногун баён мекунем, то мабодо [мушрикон] бигӯянд: «[Онҳоро аз аҳли китоб] омӯхтаӣ».Ва мо ин оятҳоро барои гурӯҳе, ки медонанд [ва мефаҳманд], ба равшанӣ баён мекунем
[Эй паёмбар] Аз ончи ки аз ҷониби Парвардигорат ба ту ваҳй шудааст, пайравӣ кун, ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва аз мушрикон рӯй бигардон
Ва агар Аллоҳ таоло мехост, [онон ҳаргиз] ширк намеварзиданд.Ва мо туро бар онон нигаҳбон қарор надодаем ва ту [ҳаргиз муроқибу] коргузорашон нестӣ
Ва [эй муъминон, ҳаргиз] ба онҳо [бутҳо], ки [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонанд, дашном надиҳед, [чаро ки] онон низ аз рӯйи душманӣ [ва] нодонӣ ба Аллоҳ таоло дашном медиҳанд. Ин гуна барои ҳар уммате кирдорашонро оростем.Сипас бозгашташон [дар қиёмат] ба сӯйи Парвардигорашон аст ва ононро аз ончи анҷом медоданд, огоҳ месозад
Ва [мушрикон] бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд хӯрданд, ки агар муъҷизае [ки хостаанд] бар эшон биояд, ҳатман, имон меоваранд. [Эй паёмбар] Бигӯ: «Муъҷизот фақат дар ихтиёри Аллоҳ таоло аст»ва шумо [эй муъминон] чи медонед, ки агар [муъҷизае ҳам] биёяд, имон намеоваранд
Ва мо дилҳо ва дидагонашонро [аз дарки ҳақоиқ] бармегардонем, чунончи нахустин бор ба он имон наёварданд ва ононро дар [нофармонӣ ва] туғёнашон саргашта раҳо мекунем
Ва агар мо фариштагонро ба сӯйи онон мефиристодем ва [ҳатто] агар мурдагон бо онон ба сухан меомаданд ва ҳар чизеро даста-даста дар баробарашон гирд меовардем, [то ростгӯии паёмбарро гувоҳӣ диҳанд], боз ҳам имон намеоварданд, магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад, вале бештарашон нодонӣ мекунанд
Ва [эй паёмбар- Муҳаммад, туро бо душмании мушрикон озмудем ва] ҳамчунин, барои ҳар паёмбаре душмане аз шаётини инс ва ҷин қарор додем, ки бархе аз онон дар ниҳон ба бархе дигар суханони фиребанда [ва беасос] илқо мекунанд ва агар Парвардигорат мехост, [ҳаргиз] чунин намекарданд.Пас, ононро ба дурӯғҳое, ки мебофанд, вогузор
Ва [чунин кардем, то ононро биозмоем, хостем] то дилҳои касоне, ки ба охират имон намеоваранд, ба он [сухани фиребанда] бигарояд ва онро биписандад ва ҳар гуноҳе, ки мехоҳанд муртакиб шаванд
[Эй паёмбар, ба мушрикон бигӯ] «Оё [сазост, ки барои қазоват дар бораи ихтилофи ману шумо] доваре ҷуз Аллоҳ таоло биҷӯем? Ва ҳол он ки Ӯст, ки ин китобро бо тафсил ба сӯйи шумо нозил кардааст».Ва онҳо, ки китоб [-и осмонӣ] ба эшон додаем, медонанд, ки он [Қуръон] аз ҷониби Парвардигорат ба ҳақ нозил шудааст.Пас, ҳаргиз аз тардидкунандагон набош
Ва суханони Парвардигорат [Қуръон] бо ростӣ [ дар гуфтор] ва адл [дар аҳком] ба ҳадди тамом ба камол расид. Ҳеҷ тағйирдиҳандае барои суханонаш нест ва Ӯ шунавову доност
Ва агар аз бештари мардуми замин итоат кунӣ, аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳат мекунанд. Онон ҷуз гумон [-и беасоси худ аз чизе] пайравӣ намекунанд ва ҷуз дурӯғ намебофанд
Бе тардид, Парвардигорат ба [ҳоли] касе, ки аз роҳи Ӯ мунҳариф мешавад, донотар аст ва Ӯ ба [ҳоли] роҳёфтагон [низ] донотар аст
Пас, [эй мардум] агар ба оёташ имон доред, [фақат] аз [гӯшти] он чи номи Аллоҳ таоло [ҳангоми забҳ] бар он бурдашудааст, бихӯред
Ва [эй мусулмонон] шуморо чи мешавад, ки аз он чи номи Аллоҳ таоло бар он бурдашудааст, намехӯред? Ҳол он ки [Аллоҳ таоло] он чиро бар шумо ҳаром кардааст, ба тафсил бароятон баён доштааст [пас, аз онҳо дурӣ кунед] магар чизе, ки ба [хӯрдани] он ночор шавед ва бе тардид, бисёре [аз мардум дигаронро] аз рӯйи нодонӣ бо ҳавасҳои хеш гумроҳ мекунанд. [Эй паёмбар] Яқинан, Парвардигорат ба [ҳоли] таҷовузкорон [аз ҳудуди илоҳӣ] донотар аст
Ва [эй мардум] гуноҳи ошкор ва пинҳонро раҳо кунед, [чаро ки] бе тардид, касоне, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, ба зудӣ дар баробари ончи мекарданд, муҷозот хоҳанд шуд
Ва [эй муъминон] аз он чи [ҳангоми забҳ] номи Аллоҳ таоло бар он бурданашудааст, нахӯред, чаро ки он [кори] ҳатман, нофармонӣ аст ва дар ҳақиқат шаётин ба дӯстони худ илқо мекунанд, ки бо шумо [дар ин маврид] муҷодала намоянд.Ва агар аз онон итоат кунед, ҳатман, шумо [низ дар зумраи] мушрикон ҳастед
Оё касе, ки [дилаш аз ҷаҳлу ширк] мурда буд ва мо [бо тавҳиду имон] зиндааш гардонидем ва нуре барояш падид овардем, то дар партави [ҳидоят] он миёни мардум гом бардорад, ҳамчун касест, ки гӯӣ дар торикиҳо [гирифтор] аст ва аз он берун омаданӣ нест? Он чи кофирон мекарданд, ин гуна барояшон ороста шудааст
Ва ба ин гуна дар ҳар шаҳре бузургони гунаҳкорашро мегуморем, то дар он ба найранг бипардозанд [ва мардумро аз роҳи Аллоҳ таоло боздоранд], ва [-ле] онон ҷуз ба худ найранг намезананд ва [ин ҳақиқатро] дарк намекунанд
Ва [мушрикон] чун ояте [аз Қуръон] барояшон меояд мегӯянд: «Ҳаргиз ба он имон намеоварем, магар он ки ҳам монанди он чи ба паёмбарони илоҳӣ додашудааст, ба мо низ дода шавад». Аллоҳ таоло беҳтар медонад, ки рисолати хешро куҷо [ва бар уҳдаи чи касе] қарор диҳад. Ба зудӣ бар онон, ки муртакиби [нофармонӣ ва] гуноҳ шуданд, ба сазои найранге, ки варзида буданд, аз ҷониби Аллоҳ таоло хорӣ ва азоби сахте хоҳад расид
Пас, ҳар киро Аллоҳ таоло бихоҳад, ҳидоят кунад, дилашро барои [пазириши] Ислом мекушояд ва ҳаркиро бихоҳад, дар гумроҳӣ вогузорад, дилашро танг [ва баста] месозад [ва пазириши ҳақро чунон барояш маҳол мегардонад, ки] гӯӣ мехоҳад аз осмон боло равад [ва наметавонад], Аллоҳ таоло ин чунин азобро бар касоне, ки имон намеоваранд, мегуморад
Ва [эй паёмбар] ин [дини Ислом] роҳи рости Парвардигори туст. Ба ростӣ, ки мо оёт [-и худ]-ро барои гурӯҳе, ки панд мегиранд, ба тафсил баён кардем
Барои онон назди Парвардигорашон сарои саломату амният аст ва Ӯ ба [подоши] корҳое, ки мекарданд, [дӯсту] корсозашон аст
Ва [ёд кун аз қиёмат] рӯзе, ки ҳамаи онон [инсу ҷин]-ро гирд меоварад [ва мефармояд]: «Эй гурӯҳи ҷинниён, аз одамиён [бисёреро гумроҳ кардед ва пайравони] фаровон ёфтед».Ва дӯстони [мушрики] эшон аз [миёни] инсонҳо мегӯянд: «Парвардигоро, бархе аз мо аз бархе дигар баҳрабардорӣ карданд [ва дар куфру гуноҳ ба якдигар ёрӣ расониданд] ва [ин ки] мо ба поёне, ки бароямон муқаррар карда будӣ, расидаем» [Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Ҷойгоҳатон оташ аст [ва] дар он ҷовидон хоҳед буд, магар он чиро Аллоҳ таоло бихоҳад [ки аз он бикоҳад ё бибахшояд]. Бе тардид,Парвардигорат ҳакиму доност»
Ва инчунин баъзе аз ситамгоронро ба баъзе дигар ба [сазои] он чи мекарданд, мусаллат мегардонем
Эй гурӯҳи ҷин ва инс, оё аз миёни шумо фиристодагоне бароятон наёмаданд, ки оёти Маро бар шумо бихонанд ва аз дидори ин рӯз ба шумо ҳушдор диҳанд? Онон мегӯянд: «[Оре] Мо алайҳи хеш гувоҳӣ медиҳем [ки омаданд]».Ва зиндагии дунё фиребашон дод ва ба зиёни худ гувоҳӣ доданд, ки кофир буданд
Ин [итмоми ҳуҷҷат] ба он хотир аст, ки Парвардигорат ҳеҷ гоҳ шаҳрҳоро, дар ҳоле ки мардумаш [аз паёми илоҳӣ бехабар ва] ғофиланд, ба ситам нобуд накардааст
Ва ҳамагон дар баробари он чи анҷом додаанд, дараҷоте доранд ва Парвардигорат аз он чи мекунанд, ғофил нест
Ва Парвардигорат бениёзу дорои раҳмат [-и бекарон] аст. [Эй бандагони гунаҳгор, Аллоҳ таоло] Агар бихоҳад, шуморо [бо азоб аз миён] мебарад ва пас аз шумо ҳаркиро бихоҳад, ҷойнишин месозад, ҳамчунонки шуморо низ аз насли гурӯҳи дигар офарид
[Эй кофирон] Он чи ба шумо ваъда дода мешавад, яқинан, хоҳад омад ва шумо наметавонед [Аллоҳ таолоро] нотавон созед [ва аз кайфараш бигурезед]
Бигӯ: «Эй қавми ман, ба шеваи худ амал кунед [ва бар куфру гумроҳии худ бимонед, ки] бе тардид, ман [низ ба имони хеш] амал мекунам, пас, ба зудӣ хоҳед донист, ки [пирӯзии дунё ва] фарҷоми [некуи]он саро аз они кист. Бе гумон, ситамгорон [-и мушрик] растагор нахоҳанд шуд»
Ва [мушрикон] барои Аллоҳ таоло аз он чи офаридааст, аз кишту чаҳорпоён, саҳме таъйин карданд ва ба гумони худ гуфтанд: «Ин махсуси Аллоҳ таолост ва ин махсуси шарикони мо [бутҳо]». Пас, он чи барои шариконашон буд, ба Аллоҳ таоло намерасад, ва [-ле] он чи барои Аллоҳ таоло буд, ба шарикони онҳо мерасад. Чи бад доварӣ мекунанд!
Ва ин гуна буд, ки шарикони онҳо [аз шаётину бутҳо] дар назари бисёре аз мушрикон [ки фақир буданд] қатли фарзандонашонро оростанд [ва зебо ҷилва доданд], то ҳалокашон кунанд ва оинашонро бар онон [ошуфта ва] муштабаҳ созанд.Ва агар Аллоҳ таоло мехост, чунин намекарданд, пас, [эй паёмбар, ту низ] ононро бо [туҳмату] дурӯғҳояшон вогузор
Ва ба пиндори хеш гуфтанд: «[Истифода аз] Ин чаҳорпоён ва киштзор[-ҳое, ки вақфи бутҳо шуда] мамнуъ аст ва ҳеҷ кас аз он намехӯрад, магар он [гурӯҳ аз ходимони бутҳо] ки мо мехоҳем ва чаҳорпоёне ҳастанд, ки [савор шудан бар] пушташон ҳаром шудааст».Ва домҳое [доштанд], ки [ҳангоми забҳ] номи Аллоҳ таолоро бар онҳо намебурданд, [инҳо ҳама боварҳое буд, ки] ба дурӯғ ба Аллоҳ таоло нисбат медоданд [ва Аллоҳ таоло] ба хотири он чи ба дурӯғ мебофтанд, ҷазояшонро хоҳад дод
Ва гуфтанд: «Он чи дар шиками ин ҷаҳорпоён аст, [агар зинда мутавалид шавад] ба мардони мо ихтисос дорад ва бар ҳамсаронамон ҳаром шудааст, ва [-ле] агар [ҷанин] мурда бошад, ҳамаи онон [аз зану мард] дар он шариканд. Ба зудӣ [Аллоҳ таоло] ононро ба сазои ин тавсифашон кайфар хоҳад дод. Ба ростӣ, ки Ӯ ҳакими доност
Касоне, ки аз рӯйи [чаҳлу] бехирадӣ фарзандони худро [аз тарси фақр] куштанд ва бо дурӯғ бастан ба Аллоҳ таоло он чиро, ки Аллоҳ таоло рӯзияшон карда буд, [бар худ] ҳаром донистанд, сахт зиён карданд. Бе тардид, онон гумроҳ шуданд ва ҳидоятёфта набуданд
Ӯст, ки боғҳое [бо буттаҳои] дорбастдор ва [дарахтони] бедорбаст падид овард ва [низ] дарахти хурмо ва зироате, ки меваҳояш гуногун аст ва дарахти зайтун ва анор, ки [баргҳояшон] ҳаммонанд ва [меваҳояшон] ноҳаммонанд аст. [Эй мардум] Аз меваи он чун ба бор нишаст, бихӯред ва рӯзи чиданаш ҳаққи [закоти бенавоён аз] онро бипардозед, ва [-ле] исроф накунед, [чаро ки] бе тардид, Ӯ исрофкоронро дӯст намедорад
Ва [низ] аз чаҳорпоён [ҳайвоноти] борбар ва [ҳайвоноти] ғайриборӣ [-ро офарид]. Аз он чи Аллоҳ таоло ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва аз гомҳои шайтон пайравӣ накунед. Бе гумон, ӯ душмани ошкоре барои шумост
Ҳашт [раъси] нару мода [барои истифодаи шумо офарид] аз меш як ҷуфт ва аз буз як ҷуфт, [эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Оё [Аллоҳ таоло] он ду нарро ҳаром кардааст ё модаҳоро? Ё он чи ки раҳимҳои [ин] ду мода дар бар дорад? Агар рост мегӯед [ва бар таҳримашон далеле доред], аз рӯйи илм [-у мантиқ] ба ман хабар диҳед
Ва аз шутур як ҷуфт ва аз гов як ҷуфт [офарид].Бигӯ: «Оё Аллоҳ таоло] он ду нарро ҳаром кардааст ё ду модаро? Ё он чи ки раҳимҳои [ин] ду мода дар бар дорад? Оё вақте Аллоҳ таоло шуморо ба ин [таҳрим] супориш мекард, [онҷо] ҳозир будед? Пас, кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад, то бидуни ҳеҷ [санаду] илме мардумро гумроҳ кунад? Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад»
Бигӯ: «Дар он чи [аз аҳкоми илоҳӣ, ки] ба ман ваҳй шудааст, [ғизои] ҳаромеро, ки хӯрданаш барои хӯрандае ҳаром бошад, намеёбам, магар [гӯшти] мурдор ё хуни рехта ё гӯшти хук, ки ҳатман, палид [наҷасу ҳаром] аст, ё [қурбоние, ки ҳангоми забҳ] аз рӯйи нофармонӣ, номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда бошанд». Пас, ҳар ки [барои ҳифзи ҷони худ, ба хӯрдани онҳо] ночор шавад, агар саркаш ва зиёдахоҳ набошад [бар ӯ гуноҳе нест]. Ба ростӣ, ки Парвардигорат омурзандаи меҳрубон аст
Ва ҳар [ҳайвони] чанголдореро бар яҳудиён ҳаром кардем ва аз гову гӯсфанд, чарбҳои он дуро бар онон ҳаром кардем, магар чарбҳое, ки бар пушти онҳо ё даври рӯдаҳост ё он чи бо устухон даромехтааст. Ин гуна ононро ба сазои саркашияшон муҷозот кардем ва бе тардид, Мо ростгӯем
Пас, [эй паёмбар] агар туро такзиб карданд, бигӯ: «Парвардигоратон раҳмати густурда дорад, ва [-ле] азобаш аз гурӯҳи гунаҳкорон бозгардонда нахоҳад шуд»
Касоне, ки ширк варзиданд, хоҳанд гуфт: «Агар Аллоҳ таоло мехост, на мо ширк меовардем ва на падаронамон ва [ҳамчунин] чизеро [худсарона] таҳрим намекардем». Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ ҳамин гуна [паёмбарони худро] такзиб карданд, то азоби моро чашанд. [Эй паёмбар, ба ин мушрикон] Бигӯ: «Оё [донишу] далеле наздатон ҳаст, ки барои Мо ошкор кунед? [Дар ҳақиқат] шумо ҷуз пиндор [аз чизе] пайравӣ намекунед ва ҷуз дурӯғ намегӯед»
Бигӯ: «Далели расо ва равшан аз они Аллоҳ таолост ва агар мехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард»
Бигӯ: «Гувоҳони худро, ки гувоҳӣ медиҳанд, ки Аллоҳ таоло инҳоро ҳаром кардааст, биёваред». Пас, [ҳатто] агар гувоҳӣ доданд, ту бо онон [ба чунин дурӯғе] гувоҳӣ мадеҳ ва аз ҳавасҳои касоне, ки оёти Моро дурӯғ шумурданд ва касоне, ки ба охират имон намеоваранд ва [маъбудони ботилро] бо Парвардигорашон ҳамто қарор медиҳанд, пайравӣ накун
Бигӯ: «Биёед он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам: Ин ки чизеро бо Ӯ шарик қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед ва фарзандони худро аз [тарси] тангдастӣ накушед. Мо ба шумо ва онон рӯзӣ медиҳем ва ба корҳои зишт, чи ошкор ва чи ниҳон, наздик нашавед ва касеро, ки Аллоҳ таоло [қатлашро] ҳаром кардааст ҷуз ба ҳақ накушед. Ин аст [он чи Аллоҳ таоло] шуморо ба [пайравӣ аз] он супориш кардааст, бошад, ки биандешед
Ва ба моли ятим наздик нашавед, магар ба беҳтарин шакл [ки ба суду салоҳи ӯ бошад], то ба синни [булуғ ва] рушди худ бирасад ва [санҷиши] паймона ва тарозуро ба адолат комил кунед.Мо ҳеҷ касеро ҷуз ба андозаи тавонаш мукаллаф намесозем ва ҳангоме ки сухан мегӯед [ё гувоҳӣ медиҳед], пас, адолатро риоя кунед, ҳарчанд, [дар бораи] хешованд бошад ва ба аҳду паймони Аллоҳ таоло вафо кунед. Ин аст [он чи Аллоҳ таоло] шуморо ба [пайравӣ аз] он супориш кардааст, бошад, ки панд гиред
Ва ин ки [огоҳ бошед] ин роҳи рости Ман аст, пас, аз он пайравӣ кунед ва аз [дигар] роҳҳо пайравӣ накунед, [чаро ки] шуморо аз роҳи Ӯ ҷудо месозад. Ин аст [он чи Аллоҳ таоло] шуморо ба [пайравӣ аз] он супориш кардааст, бошад, ки парво кунед
Сипас ба Мӯсо китоб [Таврот] додем, то бар касе, ки некӣ кардааст, неъматро тамом кунем ва барои он ки [ҳукми] ҳар чизеро ба тафсил баён намоем ва раҳнамуду раҳмате гардад, бошад, ки ба дидори Парвардигорашон имон биёваранд
Ва ин [Қуръон] ки нозил кардем, китоби пурбаракат аст, аз он пайравӣ кунед ва парво намоед, бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред
[Онро нозил кардем] То нагӯед: «Китоб [-и осмонӣ] танҳо бар ду тоифаи пеш аз мо [ яҳудиён ва масеҳиён] нозил шуда буд ва мо аз қироату тиловати эшон бехабар будем»
Ё нагӯед: «Агар китоб [-и осмонӣ] бар мо нозил мешуд, аз онон роҳёфтатар будем». Пас, бе тардид, [ин ки] аз ҷониби Парвардигоратон далели равшан ва ҳидоят ва раҳмате бароятон омадааст. Пас, кист ситамгортар аз он ки оёти Аллоҳ таолоро дурӯғ ангорад ва аз он рӯ бигардонад? Ба зудӣ касонеро, ки аз оёти Мо рӯ мегардонанд, ба сазои он ки [ба каломи илоҳӣ] пушт мекарданд, ба азоби сахт [-у дардовар] муҷозот хоҳем кард
Оё [кофирон] интизори ҷуз ин доранд, ки фариштагон [-и марг] наздашон биёянд ё Парвардигорат [худ барои доварӣ] биояд ё бархе аз нишонаҳои Парвардигорат [дар мавриди қиёмат] фаро расад? Рӯзе, ки бархе аз нишонаҳои Парвардигорат ошкор гардад, имон овардани касе, ки пештар имон наёварда ё бо имонаш хайре ҳосил накарда аст, суде ба ҳолаш надорад. [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Мунтазир бошед. Бе гумон мо [низ] мунтазирем»
[Эй паёмбар] касоне, ки дини худро пароканда сохтанд ва фирқа-фирқа шуданд, бе тардид туро бо онон коре нест; онон корашон фақат бо Аллоҳ таолост.Онгоҳ [Аллоҳ таоло дар рӯзи қиёмат] аз он чи мекарданд, огоҳашон месозад
[Дар он рӯз] Ҳар [муъмине] ки кори неке биоварад, даҳ баробараш [подош] хоҳад дошт ва ҳар ки кори баде биоварад, ҷуз монандаш кайфар нахоҳад дид ва ба онон ситам нахоҳад шуд
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Бе тардид, Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят кардааст: дини пойдор [ва] оини Иброҳим, ки ҳақгаро буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд»
Бигӯ: «Бе тардид, намозам ва қурбониҳои ман ва зиндагӣ ва маргам ҳама барои Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён аст
[Ҳам Ӯ ки] Шарике надорад ва ба ин [яктопарастӣ холисона] дастур ёфтаам ва ман нахустин мусулмон аз ин қавм ҳастам»
Бигӯ: «Оё ба ҷуз Аллоҳи мутаол парвардигореро биҷӯем ва ҳол он ки Ӯ Парвардигори ҳама чиз аст? Ва ҳеҷ касе [кори ношоистае] анҷом намедиҳад, магар он ки [бори гуноҳаш] бар худи ӯст ва ҳеҷ гунаҳгоре бори [гуноҳи] дигареро ба дӯш намекашад. Сипас бозгашти [ҳамаи] шумо ба сӯйи Парвардигоратон аст. Он гоҳ [дар рӯзи қиёмат, аз ҳақиқати] он чи дар он ихтилоф доштед, огоҳатон месозад
Ва Ӯст, ки шуморо ҷойнишини [пешиниён дар] замин қарор дод ва дараҷоти бархе аз шуморо [дар офариниш ва сарват] бар бархи дигар бартарӣ дод, то [ба василаи] он чи ба шумо додааст, озмоишатон кунад. Бе тардид, Парвардигорат зудкайфар аст ва яқинан Ӯ бисёр омурзанда [ва] меҳрубон аст
Icon