Ва ҳамагӣ ба ресмони Аллоҳ таоло [Қуръону Суннат] чанг занед ва пароканда нашавед; ва неъмати [бузурги] Аллоҳро бар худ ба ёд оред, ки чи гуна душмани якдигар будед ва ӯ миёни дилҳоятон улфат эҷод кард ва ба [лутфу баракати] неъматаш бародар шудед; ва [пеш аз он ба хотири куфратон] бар остонаи партгоҳи оташ будед, [ки] Аллоҳ таоло шуморо аз он наҷот дод. Аллоҳ таоло, инчунин, оёти худро бароятон ошкор месозад; бошад, ки ҳидоят ёбед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
103. Ва ҳамагон ба ресмони Аллоҳ (яъне Қуръон) (1) чанг занед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки эй мӯъминон душмани якдигар будед ва Ӯ дилҳоятонро ба муҳаббати худ ва расулаш ҷамъ карда бо ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Аллоҳ шуморо аз он ба сабаби исломатон бираҳонид. Аллоҳ оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ҳидоят ёбед ва гумроҳ нашавед. (2)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 2/89 2. Тафсири Бағавӣ 2/79
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 2/89 2. Тафсири Бағавӣ 2/79
الترجمة الطاجيكية
وَٱعۡتَصِمُواْ بِحَبۡلِ ٱللَّهِ جَمِيعٗا وَلَا تَفَرَّقُواْۚ وَٱذۡكُرُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ إِذۡ كُنتُمۡ أَعۡدَآءٗ فَأَلَّفَ بَيۡنَ قُلُوبِكُمۡ فَأَصۡبَحۡتُم بِنِعۡمَتِهِۦٓ إِخۡوَٰنٗا وَكُنتُمۡ عَلَىٰ شَفَا حُفۡرَةٖ مِّنَ ٱلنَّارِ فَأَنقَذَكُم مِّنۡهَاۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ
Ва ҳамагон даст дар ресмони Худо занед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигар будед ва Ӯ дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, шояд ҳидоят ёбед.
Tajik - Tajik translation