Эй касоне, ки имон овардаед, монанди афроде набошед, ки куфр варзиданд ва дар бораи бародаронашон – ҳангоме ки [дар пайи касби рӯзӣ] ба сафар рафтанд [ва мурданд] ё дар ҷанг ширкат карданд [ва кушта шуданд] – гуфтанд: "Агар онон назди мо буданд, намемурданд ва кушта намешуданд". [Ин эътиқод дар вуҷудашон ниҳода шуд] То Аллоҳ таоло [бад-ин гуна андӯҳ ва] ҳасрате дар дилҳояшон карор диҳад; ва Аллоҳ таоло [аст, ки] зинда мекунад ва мемиронад; ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, биност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
156.Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, монанди он кофироне, ки ба Парвардигорашон боварӣ надоранд, мабошед, ки дар бораи бародарони худ, ки ба сафар барои дарёфти ризқ ё ба ҷанг рафта буданд ва
фавтиданд ё кушта шуданд, мегуфтанд: «Агар назди мо монда буданд, намемурданд, ё кушта намешуданд».
Аллоҳ ин гумонро чун ҳасрате дар дили онҳо ниҳод. Аммо мӯъминон ҳамоно медонанд, ки ин ҳама ба тақдири Аллоҳ аст, пас Аллоҳ дилҳояшонро ҳидоят мекунад ва мусибатҳоро барои онон сабук мекунад.
Ва Аллоҳ аст, ки зинда мекунад касеро, ки барои ӯ ҳаёт муқаррар шуда бошад гарчанде мусофир ё муҷоҳид бошад ва мемиронад касеро, ки ҳаёташ ба охир расида бошад гарчанде дар хонааш бошад ва Ӯст, ки ҳамаи корҳои шуморо мебинад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/153

الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَكُونُواْ كَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَقَالُواْ لِإِخۡوَٰنِهِمۡ إِذَا ضَرَبُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَوۡ كَانُواْ غُزّٗى لَّوۡ كَانُواْ عِندَنَا مَا مَاتُواْ وَمَا قُتِلُواْ لِيَجۡعَلَ ٱللَّهُ ذَٰلِكَ حَسۡرَةٗ فِي قُلُوبِهِمۡۗ وَٱللَّهُ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ
Эй касоне, ки имон овардаед, монанди он кофирон мабошед, ки дар бораи бародарони худ, ки ба сафар ё ба ҷанг рафта буданд, мегуфтанд: «Агар назди по монда буданд, намемурданд, ё кушта намешуданд». Худо ин гумонро чун ҳасрате дар дили онҳо ниҳод. Ва Худост, ки зинда мекунад ва мемиронад ва Ӯст, ки корҳои шуморо мебинад!
Tajik - Tajik translation