[Эй паёмбар] Агар [дар бораи ислом ва тавҳид] бо ту муҷодала карданд, бигӯ: "Ман дар баробари Аллоҳ таоло [ва авомиру аҳкомаш] таслим шудаам ва пайравонам [низ чунин ҳастанд]"; ва ба аҳли китоб [яҳудиён ва масеҳиён] ва мушрикон бигӯ: "Оё шумо ҳам таслим шудаед"? Агар таслим шаванд, ҳатман ҳидоят ёфтаанд ва агар рӯйгардон шуданд [ва сарпечӣ карданд, ғамгин машав, зеро] ту вазифае ҷуз расондан [-и ваҳй] надорӣ; ва Аллоҳ таоло ба [аҳволи] бандагон биност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
20. Агар бо ту эй Расул, ахли китоб дар бораи тавҳид(1) ба муноқиша бархезанд, ба онҳо бигӯ: «Ман ибодати худро холис аз барои Аллоҳ мекунам ва касеро дар ибодаташ шарик намеорам ва низ пайравони ман холис Ӯро ибодат мекунанд ва барояш сар фурӯ меоранд.
Ба аҳли китоб ва мушрикони араб ва ғайрашон бигу: Агар шумо ҳам ба Аллоҳ худро таслим намудед, пас шумо бар роҳи мустақим ва ҳақ ҳастед ва агар рӯй гардонед, ҳисоби шумо бар Аллоҳ аст. Ва вазифаи ман танҳо пайғом расонидан асту бас. Аллоҳ ба бандагон биност ва ҳеҷ чизе аз Ӯ махфӣ намемонад(1).
____________________
1. Аллоҳро якка ягона ибодат кардан 2. Тафсири Бағавӣ 2/20

الترجمة الطاجيكية
فَإِنۡ حَآجُّوكَ فَقُلۡ أَسۡلَمۡتُ وَجۡهِيَ لِلَّهِ وَمَنِ ٱتَّبَعَنِۗ وَقُل لِّلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡأُمِّيِّـۧنَ ءَأَسۡلَمۡتُمۡۚ فَإِنۡ أَسۡلَمُواْ فَقَدِ ٱهۡتَدَواْۖ وَّإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّمَا عَلَيۡكَ ٱلۡبَلَٰغُۗ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِٱلۡعِبَادِ
Агар бо ту ба доварӣ бархезанд, бигӯй: «Ману пайравонам дар дини хеш ба Худо ихлос намудем». Ба аҳли китоб ва мушрикон бигӯ: «Оё шумо ҳам ба Худо ихлос намудед?» Агар ихлос варзидаанд, пас ҳидоят ёфтаанд ва агар рӯйгардон шудаанд, бар ту таблиғ асту бас ва Худо бандагонро мебинад.
Tajik - Tajik translation