Аз аҳли китоб касе ҳаст, ки агар моли фаровоне ба ӯ амонат диҳӣ, онро ба ту бозмегардонад; ва аз [миёни] онон касе ҳаст, ки агар ӯро бар диноре амин бишуморӣ, онро ба ту бознамегардонад; магар он ки пайваста бар [дарёфти] он истодагӣ кунӣ. Ин бад-он хотир аст, ки онон мегӯянд: "Дар мавриди [хӯрдани амволи] қавми араб, гуноҳе бар мо нест"; ва [бад-ин гуна онон] дар ҳоле ки [ҳақиқатро] медонанд, бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
75. Ва дар миёни аҳли китоб касоне ҳастанд, ки агар ба таври амонат моли бисёреро ба онҳо супорӣ, онро ба ту бармегардонанд ва ҳастанд касоне, ки агар диноре ба таври амонат ба онҳо бисупорӣ, онро ба ту боз намегардонанд, магар ин ки ҳама вақт болои сари ӯ бошӣ, ин бад-он ҷиҳат аст, ки онҳо гуфтанд: "Мо дар баробари уммийин масъул нестем"(1) ва бар Аллоҳ дӯруғ нисбат медиҳанд, ҳол он ки онҳо медонанд.
____________________
1. Яъне, агар ба ин бесаводон хиёнат кунем, молҳояшонро барои худ мубоҳ гардонем, барои мо гуноҳе нест
____________________
1. Яъне, агар ба ин бесаводон хиёнат кунем, молҳояшонро барои худ мубоҳ гардонем, барои мо гуноҳе нест
الترجمة الطاجيكية
۞وَمِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ مَنۡ إِن تَأۡمَنۡهُ بِقِنطَارٖ يُؤَدِّهِۦٓ إِلَيۡكَ وَمِنۡهُم مَّنۡ إِن تَأۡمَنۡهُ بِدِينَارٖ لَّا يُؤَدِّهِۦٓ إِلَيۡكَ إِلَّا مَا دُمۡتَ عَلَيۡهِ قَآئِمٗاۗ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَالُواْ لَيۡسَ عَلَيۡنَا فِي ٱلۡأُمِّيِّـۧنَ سَبِيلٞ وَيَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ
Аз миёни аҳли китоб касест, ки агар ӯро амин шуморӣ ва қинторе ба ӯ бисупорӣ, онро ба ту бозмегардонад ва аз онҳо кассет, ки агар аминаш шуморӣ ва диноре ба ӯ бисупорӣ, ҷуз ба тақозо ва талаб онро бознагардонад. Зеро мегӯяд: «Роҳи омиёни мардуми Макка бар мо баста аст ва кас моро маломат накунад». Инҳо худ медонанд, ки ба Худо дурӯғ мебанданд.
Tajik - Tajik translation