Барои ҳеҷ башаре сазовор нест, ки Аллоҳ таоло ба ӯ китоб ва ҳукм [донишу фаҳм] ва паёмбарӣ диҳад, сипас ӯ ба мардум бигӯяд: "Ба ҷойи Аллоҳ таоло, бандагони ман бошед". Балки [сазовор аст, ки паёмбарон ба мардум бигӯянд]: "Ба хотири он, ки китоб [-и Таврот]-ро омӯзиш медодед ва аз он ҷо, ки [ақоиду аҳкоми онро ба дигарон] дарс медодед, [фақеҳону донишмандони] илоҳӣ бошед"
الترجمة الطاجيكية - عارفي
79. Барои ҳеҷ инсоне сазовор нест, ки Аллоҳ ба ӯ китоб ва ҳукм ва паёмбарӣ диҳад, сипас ба мардум бигуяд: "Ба ҷои Аллоҳ бандагони ман бошед", балки сазовори паёмбарон ин аст, ки бигӯянд: "Ба сабаби он чи таълим медодед ва дарс мехондед, бандагони Аллоҳ бошед". (Модоме, ки ин ибодат кардан ба паёмбар лоиқ набошад, пас ба ҳеҷ мардум ба тариқи авло шоиста нест.) (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 2/66
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 2/66
الترجمة الطاجيكية
مَا كَانَ لِبَشَرٍ أَن يُؤۡتِيَهُ ٱللَّهُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحُكۡمَ وَٱلنُّبُوَّةَ ثُمَّ يَقُولَ لِلنَّاسِ كُونُواْ عِبَادٗا لِّي مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلَٰكِن كُونُواْ رَبَّـٰنِيِّـۧنَ بِمَا كُنتُمۡ تُعَلِّمُونَ ٱلۡكِتَٰبَ وَبِمَا كُنتُمۡ تَدۡرُسُونَ
Нашояд ҳеҷ башареро, ки Худо ба ӯ китобу ҳикмат ва нубувват дода бошад, он гоҳ ба мардум бигӯяд, ки бандагони ман бошед, на бандагони Худо. Ва ҳол он ки паёмбарон мегӯянд: «Ҳамчунон, ки аз китоби Худо меомӯзед ва дар он мехонед, парастандагони Худо бошед».
Tajik - Tajik translation