[Эй паёмбар] Бигӯ: "Ба Аллоҳ таоло ва он чи бар мо нозил шудааст, имон овардем ва [ҳамчунин ба] он чи бар Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва [паёмбароне, ки аз] наводагон [-и Яқуб буданд] нозил гардидааст ва он чи ба Мӯсо ва Исо ва [дигар] паёмбарон аз ҷониби Парвардигорашон дода шудааст; миёни ҳеҷ як аз онон фарқе намегузорем ва таслими Ӯ ҳастем"
الترجمة الطاجيكية - عارفي
84. Бигӯ ба онон эй Расул: «Ба Аллоҳ бовар кардем ва моро маъбуде гайр аз Ӯ нест ва ба он чи бар мо нозил шудааст ва он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ӯ (Яъқуб) (1) ва низ он чӣ бар Мӯсову Исо ва паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон нозил шудааст, имон овардем. Миёни ҳеҷ як аз эшон фарқе намениҳем ва ҳама ба рубубият ва улуҳияти Парвардигорамон иқрор ҳастем ва таслими иродаи Ӯ ҳастем».
____________________
1. Онон дувоздаҳ нафар буданд аз қабилаҳои бани Исроил. Тафсири Ибни Касир 2\70
____________________
1. Онон дувоздаҳ нафар буданд аз қабилаҳои бани Исроил. Тафсири Ибни Касир 2\70
الترجمة الطاجيكية
قُلۡ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَمَآ أُنزِلَ عَلَيۡنَا وَمَآ أُنزِلَ عَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَٱلۡأَسۡبَاطِ وَمَآ أُوتِيَ مُوسَىٰ وَعِيسَىٰ وَٱلنَّبِيُّونَ مِن رَّبِّهِمۡ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّنۡهُمۡ وَنَحۡنُ لَهُۥ مُسۡلِمُونَ
Бигӯ: «Ба Худо ва он чӣ бар мо ва бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ӯ ва низ он чӣ бар Мӯсову Исо ва паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон нозил шудааст, имон овардем. Миёни ҳеч як аз эшон фарқе намениҳем ва ҳама таслими иродаи Ӯ ҳастем».
Tajik - Tajik translation