Ва чун Мӯсо ба сӯйи қавмаш бозгашт [ва ононро бар ширк ва гумроҳӣ ёфт], бо хашму андуҳ гуфт: «Пас аз ман чи бад ҷонишинӣ кардед! Оё аз ҳукми Парвардигоратон пешӣ гирифтед»? Ва [он гоҳ] алвоҳро андохт ва [ришу мӯйи] сари бародари худро гирифт ва ба сӯйи худ кашид. [Ҳорун] Гуфт: «Эй писари модарам, ба ростӣ, ин қавм маро нотавон пиндоштанд [ва таҳқирам карданд] ва наздик буд маро бикушанд, пас, душманонро бо [сарзаниши] ман шодмон накун ва маро дар зумраи гурӯҳи ситамгор [-у нофармон] қарор надеҳ»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
150. Чун Мӯсо хашмгину андӯҳнок назди қавми худ бозгашт (зеро Аллоҳ ӯро огоҳ намуд, ки қавмат дар фитнае мубтало шуданд ва онҳоро Сомирӣ ба залолат бурд), гуфт: «Дар набудани ман чӣ бад ҷонишинӣ кардед. Чаро бар фармони Парвардигори худ шитоб варзидед?» Ва лавҳаҳоро бар замин афканд ва мӯйи сари бародарашро гирифту ба сӯи худ кашид. Ҳорун гуфт: Эй писари модарам, ин қавм маро заъиф шумурданд ва наздик буд, ки маро бикушанд, пас гумон мабар, ки ман кӯтоҳӣ варзидаам, душманонро хурсанд макун ва маро
дар шумори ситамкороне, ки хилофи амри туанд ва парастиши гӯсола кардаанд, (1) қарор мадеҳ!»
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/284
дар шумори ситамкороне, ки хилофи амри туанд ва парастиши гӯсола кардаанд, (1) қарор мадеҳ!»
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/284
الترجمة الطاجيكية
وَلَمَّا رَجَعَ مُوسَىٰٓ إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ غَضۡبَٰنَ أَسِفٗا قَالَ بِئۡسَمَا خَلَفۡتُمُونِي مِنۢ بَعۡدِيٓۖ أَعَجِلۡتُمۡ أَمۡرَ رَبِّكُمۡۖ وَأَلۡقَى ٱلۡأَلۡوَاحَ وَأَخَذَ بِرَأۡسِ أَخِيهِ يَجُرُّهُۥٓ إِلَيۡهِۚ قَالَ ٱبۡنَ أُمَّ إِنَّ ٱلۡقَوۡمَ ٱسۡتَضۡعَفُونِي وَكَادُواْ يَقۡتُلُونَنِي فَلَا تُشۡمِتۡ بِيَ ٱلۡأَعۡدَآءَ وَلَا تَجۡعَلۡنِي مَعَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّـٰلِمِينَ
Чун Мӯсо хашмгину андӯҳнок назди қавми худ бозгашт, гуфт: «Дар ғайбати ман чӣ бад ҷонишиноне будед. Чаро бар фармони Парвардигори худ шитоб кардед? Ва алвоҳро бар замин афканд ва мӯи бародарашро гирифту ба сӯи худ кашид. Ҳорун гуфт: «Эй писари модарам, ин қавм маро забун ёфтанд ва наздик буд, ки маро бикушанд, душманонро хурсанд макун ва дар шумори ситамкорон маёвар!»
Tajik - Tajik translation