Ва [эй паёмбар] аз онон дар бораи [сокинони] шаҳре, ки наздики дарё буд, бипурс, ҳангоме ки онон аз [ҳукми таҳрими сайд дар рӯзи] шанбе таҷовуз мекарданд, он гоҳ ки моҳиҳои эшон дар рӯзҳои шанбе [ки рӯзи таътилу ибодат буд] рӯйи об зоҳир мешуданд ва рӯзҳои ғайри шанбе бар эшон [ҳеҷ сайде рӯйи об] намеомад. Ононро ба [хотири] он ки нофармонӣ мекарданд, инчунин озмудем
الترجمة الطاجيكية - عارفي
163. Эй Паёмбар, аз яҳудиён дар бораи он шаҳре, ки наздик ба баҳр буд, аз онҳо бипурс. Он гоҳ, ки дар рӯзи шанбе аз ҳад (ҳудуд ва муқарароти Аллоҳ) таҷовуз мекарданд. Аллоҳ онҳоро дар озмоиши худ қарор дод, то рӯзи шанберо эҳтиром ва таъзим кунанд ва ба шикор напардозанд. Зеро дар рӯзе, ки эҳтироми он мекарданд, моҳиён ошкор бар рӯи об меомаданд ва дар ғайри рӯзи шанбе намеомаданд. Пас онҳо барои шикор кардан ҳилаеро ба кор бурданд. Чуқуриҳо канданд ва ба онҳо дом монданд. Вақте рӯзи шанбе фаро расид, моҳиён дар ин чуқуриҳо
ба домҳо меафтоданд ва он моҳиёнро рӯзи якшанбе бармедоштанд. Онҳоро ба сабаби он, ки гуноҳ мекарданд, ҳамчунин меозмудем!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/493 ва Тафсири Саъдӣ 1/306
ба домҳо меафтоданд ва он моҳиёнро рӯзи якшанбе бармедоштанд. Онҳоро ба сабаби он, ки гуноҳ мекарданд, ҳамчунин меозмудем!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/493 ва Тафсири Саъдӣ 1/306
الترجمة الطاجيكية
وَسۡـَٔلۡهُمۡ عَنِ ٱلۡقَرۡيَةِ ٱلَّتِي كَانَتۡ حَاضِرَةَ ٱلۡبَحۡرِ إِذۡ يَعۡدُونَ فِي ٱلسَّبۡتِ إِذۡ تَأۡتِيهِمۡ حِيتَانُهُمۡ يَوۡمَ سَبۡتِهِمۡ شُرَّعٗا وَيَوۡمَ لَا يَسۡبِتُونَ لَا تَأۡتِيهِمۡۚ كَذَٰلِكَ نَبۡلُوهُم بِمَا كَانُواْ يَفۡسُقُونَ
Дар бораи он деҳаи наздик ба даре аз онҳо Бипурс. Он гоҳ ки дар рӯзи шанбе суннат мешикастанд. Зеро дар рӯзе, ки шанбе мекарданд, моҳиён ошкор бар рӯи об меомаданд ва рӯзе, ки шанбе намекарданд, намеомаданд. Инҳоро, ки мардуме нофармон буданд, инчунин меозмудем!
Tajik - Tajik translation