Дар миёни он ду [гурӯҳ: биҳиштӣ ва дузахӣ] монеъе аст ва бар аъроф [баландиҳои он монеъ] мардоне ҳастанд, ки ҳар як [аз он ду гурӯҳ]-ро аз [нишонаҳои] чеҳраашон мешиносанд ва [аз баландии аъроф] аҳли биҳиштро нидо медиҳанд, ки: «Салом бар шумо бод». Инон умеди биҳишт доранд ва ҳанӯз ба он ворид нашудаанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
46. Ва миёни биҳиштиён ва дӯзахиён деворест (он Аъроф аст) ва бар Аъроф мардоне (1) ҳастанд, ки ҳар як аз аҳли биҳишт ва дӯзахро ба симояшон (2) мешиносанд ва ахли биҳиштро овоз медиҳанд, ки салом бар шумо бод. Инҳо ҳарчанд умеди биҳишт доранд, вале ҳанӯз ба он дохил нашудаанд.
____________________
1. Он касоне ҳастанд, ки амалҳои хубу бадашон баробар шудааст ва умедвори раҳмати Аллоҳ мебошанд. Тафсири Табарӣ 12/ 452
2. Яъне ба нишонаҳои онон, чун сафедӣ ё сиёҳии чеҳраҳояшон.
____________________
1. Он касоне ҳастанд, ки амалҳои хубу бадашон баробар шудааст ва умедвори раҳмати Аллоҳ мебошанд. Тафсири Табарӣ 12/ 452
2. Яъне ба нишонаҳои онон, чун сафедӣ ё сиёҳии чеҳраҳояшон.
الترجمة الطاجيكية
وَبَيۡنَهُمَا حِجَابٞۚ وَعَلَى ٱلۡأَعۡرَافِ رِجَالٞ يَعۡرِفُونَ كُلَّۢا بِسِيمَىٰهُمۡۚ وَنَادَوۡاْ أَصۡحَٰبَ ٱلۡجَنَّةِ أَن سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمۡۚ لَمۡ يَدۡخُلُوهَا وَهُمۡ يَطۡمَعُونَ
Ва миёнашон ҳиҷобест ва бар аъроф мардоне ҳастанд, ки ҳамаро ба нишонияшон мешиносанд ва аҳли биҳиштро овоз медиҳанд, ки салом бар шумо бод. Инҳо ҳарчанд тамаъя биҳишт доранд, вале ҳанӯз ба он дохил нашудаанд.
Tajik - Tajik translation