ﰡ
Аллоҳ таоло [маъбуди ростин] аст, ки ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст
Ин китоб [Қуръон]-ро, ки таъйидкунандаи китобҳои [осмонии] пешин аст, ба дурустӣ бар ту нозил кард ва Тавроту Инҷилро…
Пеш аз он [Тавроту Инҷилро] барои ҳидояти мардум нозил кард; ва [низ] Фурқонро [Қуръон, ки ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст] нозил намуд. Касоне, ки ба оёти Аллоҳ таоло кофир шуданд, азоби сахте [дар пеш] доранд; ва Аллоҳ таоло шикастнопазир [-у] интиқомгиранда аст
Бе тардид, ҳеҷ чиз - [на] дар замин ва на дар осмон – аз Аллоҳ таоло пӯшида намемонад
Ӯст, ки шуморо ҳар гуна ки бихоҳад дар раҳимҳо шакл медиҳад. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ шикастнопазиру ҳаким нест
[Эй паёмбар] Ӯст, ки китоб [-и Қуръон]-ро бар ту нозил кард. Бахше аз он оёти муҳкам [сареҳу равшан] аст, ки онҳо асоси китобанду [бахши] дигар муташобеҳот аст [ки таъвилпазиранд]; аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯӣ [ва гумроҳ кардани мардум] ва ба хотири таъвили он [ба дилхоҳи худ], аз муташобеҳи он пайравӣ мекунанд; ҳол он ки таъвилашро [касе] ҷуз Аллоҳ таоло намедонад; ва росихони дар илм [уламои дин] мегӯянд: "Мо ба ҳамаи он [оёт, чи муҳкаму чи муташобеҳ] имон овардем; ҳама аз тарафи Парвардигори мост"; ва ҷуз хирадмандон касе панд намегирад
Онон мегӯянд: "Парвардигоро, дилҳои моро – баъд аз он, ки ҳидоятамон кардӣ – [аз роҳи ҳақ] мунҳариф магардон ва аз сӯйи худ раҳмате ба мо арзонӣ дор, [ки] бе тардид, Ту бисёр бахшандаӣ
Парвардигоро, бешак, Ту мардумро барои рӯзе, ки дар [омадани] он тардид нест, ҷамъ хоҳӣ кард. Ҳатман, Аллоҳ таоло дар ваъдаи [худ] хилоф намекунад"
Дар ҳақиқат, касоне, ки куфр варзиданд, амволу фарзандонашон чизе аз [азоби] Аллоҳро аз онон дур нахоҳад кард ва онон худ ҳезуми оташ [-и дӯзах] ҳастанд
[Шеваи ин кофирон] Ҳамчун шеваи хонадони Фиръавн ва [равиши] касонест, ки пеш аз онҳо буданд: Оёти моро такзиб карданд; пас, Аллоҳ таоло ононро ба [сазои] гуноҳонашон азоб кард; ва Аллоҳ таоло [нисбат ба кофирон] сахткайфар аст
Ба касоне, ки куфр варзиданд, бигӯ: "Ба зудӣ [аз муъминон] шикаст хоҳед хӯрд ва [он гоҳ дар қиёмат] ба сӯйи ҷаҳаннам маҳшур мешавед; ва чи бад ҷойгоҳе аст"!
Ҳатман, дар [рӯёрӯйи] ду гурӯҳе, ки [дар Бадр] бо ҳам рӯбарӯ шуданд, нишона [ва ибрат]-е барои шумо буд; як гурӯҳ дар роҳи Аллоҳ таоло меҷангид ва [гурӯҳи] дигар кофирон буданд. Онҳо ба чашми худ [муъминонро] ду баробари он чи буданд, медиданд; ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, бо ёрии худ таъйид мекунад. Ба ростӣ, дар ин [моҷаро] барои аҳли биниш, ибрате аст
Ишқ ба хостаниҳо [-и моддӣ], аз [ҷумла] занону фарзандон ва амволи ҳангуфт – аз тилло ва нуқра ва аспҳои нишондор ва домҳову киштзор [ҳо] – барои мардум ороста шудааст. Ин [ҳама, лаззатҳо ва] колои [зудгузари] зиндагии дунёст ва [ҳол он ки] саранҷоми нек назди Аллоҳ таоло аст
[Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Оё [мехоҳед] шуморо аз чизе огоҳ кунам, ки аз ин [дороиҳо ва лаззатҳои моддӣ] беҳтар бошад"? Касоне, ки тақво пеша кардаанд, назди Парвардигорашон боғҳое доранд, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо равон аст; ҷовидона дар он хоҳанд буд ва ҳамсарони покиза [ва беайб доранд] ва [ҳамчунин] аз хушнудии Аллоҳ таоло [бархӯрдоранд]; ва Аллоҳ таоло ба [аҳволи] бандагон биност
[Ин биҳиштиён] Касоне [ҳастанд], ки мегӯянд: "Парвардигоро, ба ростӣ, ки мо имон овардаем; пас, гуноҳонамонро биёмурз ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор"
Онон [дар баробари мушкилот ва дар роҳи итоат ва тарки гуноҳ] шикебоӣ меварзанд ва [дар гуфтору рафторашон] ростгӯ ҳастанд ва [дар баробари фармудаҳои илоҳӣ] фармонбардоранд ва [барои хушнудии Бори таоло] инфоқ мекунанд ва дар саҳаргоҳон омурзиш металабанд
Аллоҳ таоло, ки [дар ҷаҳони ҳастӣ] барподорандаи адл аст, гувоҳӣ додааст, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва фариштагону уламо [низ бар ягонагӣ ва адолати илоҳӣ гувоҳӣ медиҳанд]. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, [ки] шикастнопазиру ҳаким аст
Дар ҳақиқат, дини [писандида] назди Аллоҳ таоло ҳамон ислом аст; ва касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онон дода шудааст, бо якдигар ба ихтилоф напардохтанд, магар пас аз он, ки илм барояшон [ҳосил] омад [ва ҳуҷҷат барояшон тамом шуд]. Он [ихтилоф ва тафриқа] ҳам ба хотири саркашӣ ва ҳасаде [буд], ки миёнашон вуҷуд дошт; ва ҳар ки ба оёти Аллоҳ таоло куфр биварзад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст
[Эй паёмбар] Агар [дар бораи ислом ва тавҳид] бо ту муҷодала карданд, бигӯ: "Ман дар баробари Аллоҳ таоло [ва авомиру аҳкомаш] таслим шудаам ва пайравонам [низ чунин ҳастанд]"; ва ба аҳли китоб [яҳудиён ва масеҳиён] ва мушрикон бигӯ: "Оё шумо ҳам таслим шудаед"? Агар таслим шаванд, ҳатман ҳидоят ёфтаанд ва агар рӯйгардон шуданд [ва сарпечӣ карданд, ғамгин машав, зеро] ту вазифае ҷуз расондан [-и ваҳй] надорӣ; ва Аллоҳ таоло ба [аҳволи] бандагон биност
Ба ростӣ, касоне, ки ба оёти Аллоҳ таоло куфр меварзанд ва паёмбаронро ба ноҳақ [ва фақат аз рӯйи ситаму душманӣ] мекушанд ва [низ] касонеро, ки ба адолат амр мекунанд, ба қатл мерасонанд, ононро ба азоби дарднок башорат деҳ!
Онон касоне ҳастанд, ки аъмолашон дар дунё ва охират табоҳ шудааст ва [дар охират] ҳеҷ ёваре надоранд
[Эй паёмбар] Оё достони касонеро, ки баҳрае аз китоб [-и Таврот] ёфтаанд, надонистаӣ, ки чун ба [бозгашт ба] сӯйи китоби Аллоҳ таоло фаро хонда мешаванд, то миёнашон ҳукм кунад, гурӯҳе аз [уламову бузургони] онон [ки ҳақиқатро хилофи майлу манфиати худ мебинанд] ба ҳоли сарпечӣ рӯ барметобанд?
Ин [рӯйгардонӣ аз ҳақ], бад-он сабаб аст, ки гуфтанд: "Оташ [-и дӯзах] ҷуз чанд рӯзе ба мо нахоҳад расид"; ва ин [ифтироҳо] ва дурӯғҳое, ки мебофтанд, ононро дар динашон фирефта сохт
Пас, [ҳоли пушаймониашон] чи гуна хоҳад буд? [Оре, дар бадтарин ҳол хоҳанд буд] Он гоҳ ки ононро барои рӯзе, ки [ҳеҷ] тардиде дар он нест, гирд оварем ва ба ҳар кас [подоши] он чи, ки фароҳам кардааст, ба тамом ва камол дода шавад ва ба эшон ситам нахоҳад шуд
[Эй паёмбар] Бигӯ: "Бор Илоҳо, эй Фармонравои ҳастӣ, ҳар киро бихоҳӣ, ҳукумат мебахшӣ ва аз ҳар ки бихоҳӣ, ҳукуматро бозпас мегирӣ; ва ба ҳар ки бихоҳӣ, иззат [-у қудрат] медиҳӣ ва ҳар киро бихоҳӣ, хор медорӣ. [Парвардигоро] Хубӣ ба дасти Туст ва бе гумон, Ту бар ҳар чизе тавоноӣ
Шабро ба рӯз дармеоварӣ ва рӯзро ба шаб дармеоварӣ [ва аз тӯли яке мекоҳӣ ва бар дигаре меафзоӣ] ва [мавҷуди] зиндаро аз [моддаи] беҷон берун меоварӣ [рӯйиши гиёҳ аз дона] ва [моддаи] беҷонро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозӣ [берун омадани тухм аз паррандагон] ва ба ҳар ки бихоҳӣ, бешумор рӯзӣ медиҳӣ"
Муъминон набояд кофиронро ба ҷойи муъминон дӯсти худ бигиранд; ва ҳар ки чунин кунад, бо Аллоҳ таоло ҳеҷ пайванде надорад ва [Аллоҳ таоло аз ӯ безорӣ меҷӯяд]; магар он ки [ночор шавед бо нармӣ дар гуфтору рафтор] хешро аз [озори] эшон дар амон доред [ва ба хотири ҳифзи ҷонатон эҳтиёт кунед]; ва Аллоҳ таоло шуморо аз [кайфари] хеш барҳазар медорад; ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Аллоҳ таоло аст
[Эй паёмбар] Бигӯ: "Агар ҳар он чи [аз дӯстӣ ва муҳаббати кофирон, ки] дар дилҳоятон аст, пинҳон доред, ё ошкораш кунед, Аллоҳ таоло онро медонад, [ва низ] он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад; ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност"
[Рӯзи қиёмат] Рӯзе [аст], ки ҳар кас он чиро аз кори нек [ва бад] анҷом додааст, ҳозир мебинад ва орзу мекунад миёни ӯ ва аъмоли баде, ки анҷом додааст, фосилаи бисёре бошад; ва Аллоҳ таоло шуморо аз [нофармонӣ ва кайфари] худ барҳазар медорад; ва Аллоҳ таоло нисбат ба бандагон [-и худ] дилсӯз аст
[Эй паёмбар] Бигӯ: "Агар Аллоҳро дӯст медоред, аз ман пайравӣ кунед, то Аллоҳ таоло шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст"
[Эй паёмбар] Бигӯ: "Аллоҳ таоло ва паёмбар [-и Ӯ]-ро итоат кунед"; пас, агар пушт карданд [ва сарпечӣ намуданд], ҳатман, Аллоҳ таоло кофиронро дӯст надорад
Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло Одаму Нуҳ ва хонадони Иброҳиму хонадони Имронро бар ҷаҳониён [бартарӣ дод ва] баргузид
Фарзандоне, ки бархе аз онон [дар тавҳиду ибодат] аз [пайи] бархи дигаранд; ва Аллоҳ таоло шунавову доност
[Эй паёмбар, ёд кун аз] Ҳангоме ки ҳамсари Имрон гуфт: "Парвардигоро, ман он чиро дар шикам дорам, барои Ту назр кардам, ки озод [аз ҳар чиз дар хидмати Байт-ул-муқаддас ва парастишгари Ту] бошад; пас, аз ман бипазир, ки Ту худ шунавову доноӣ"
Пас, ҳангоме ки ӯро бизод, гуфт: "Парвардигоро, ман ӯро духтар зодаам – вале Аллоҳ таоло ба он чи ӯ ба дунё оварда буд, донотар буд – ва писар ҳаммонанди духтар нест ва ман ӯро Марям ном ниҳодам ва ӯву фарзандонашро аз [шарри] шайтони рондашуда дар паноҳи Ту қарор медиҳам"
Он гоҳ Парвардигораш ӯ [Марям]-ро ба накуӣ пазируфт ва [ниҳоли вуҷудашро] ба шеваи шоистае парвариш дод ва сарпарастиашро ба Закариё супурд. Ҳар гоҳ Закариё вориди ибодатгоҳ [-и ӯ] мешуд, наздаш ғизое меёфт [пас, бо шигифтӣ] мегуфт: "Эй Марям, ин [ғизо] аз куҷо бароят омадааст"? [Марям] Мегуфт: "Ин [ғизо] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст. Бе гумон, Аллоҳ таоло ба ҳар ки бихоҳад, бешумор рӯзӣ медиҳад"
Он ҷо [буд, ки] Закариё Парвардигорашро хонд [ва] гуфт: "Парвардигоро, аз ҷониби хеш фарзанди поку писандида ба ман ато кун, [ки] бе тардид, Ту шунавандаи дуоӣ"
Пас, дар ҳоле ки ӯ [Закариё] истода дар ибодатгоҳ намоз мехонд, фариштагон нидояш доданд, ки: "Аллоҳ таоло туро ба [вилодати] Яҳё башорат медиҳад, [ки] тасдиқкунандаи калимаи Аллоҳ таоло [Исо] аст ва [дар илму ибодат, бар қавми хеш] сарвар аст ва порсост [ба шаҳавот таваҷҷуҳе надорад] ва паёмбаре аз шоистагон аст"
[Закариё] Гуфт: "Парвардигоро, чи гуна маро фарзанде хоҳад буд, ҳол он ки пирӣ ба суроғам омадаву ҳамсарам нозост"? [Аллоҳ таоло] Гуфт: "[амри офариниш] Чунин аст, [ки] Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад анҷом медиҳад"
[Закариё] Гуфт: "Парвардигоро, бароям нишонае қарор бидеҳ"; [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Нишонаат ин аст, ки се [шабона] рӯз [бидуни ин ки бемор бошӣ] ҷуз бо ишора қодир ба сухан гуфтан бо мардум нестӣ [пас, сабур бош] ва Парвардигоратро бисёр ёд кун ва шомгоҳону субҳгоҳон [Ӯро] тасбеҳ бигӯ"
Ва [Эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: "Эй Марям, Аллоҳ таоло туро баргузида ва пок сохта ва туро [дар асри худ] бар занони ҷаҳон бартарӣ додааст"
Эй Марям, [ҳамвора] ибодатгари Парвардигори хеш бошу [ва барои Ӯ] саҷда бигзор ва ҳамроҳи рукуъкунандагон рукуъ кун"
[Эй паёмбар] Ин [хабар] аз хабарҳои ғайбест, ки ба ту ваҳй мекунем ва ту ҳангоме ки [уламои мазҳаби яҳуд] қаламҳои худро [барои қуръакашӣ ба об] меафканданд, то [таъйин кунанд, ки] кадом як сарпарастии Марямро ба уҳда гирад, наздашон набудӣ; ва [низ] вақте ки [ба сари ин мавзӯъ] бо якдигар кашмакаш мекарданд, канорашон ҳузур надоштӣ
Ва [Эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: "Эй Марям, Аллоҳ таоло туро ба калимае аз ҷониби хеш башорат медиҳад, ки номаш Масеҳ – Исо ибни Марям – аст; дар ҳоле ки [ӯ] дар дунё ва охират обрӯманд ва аз наздикони [даргоҳи илоҳӣ] аст"
Ӯ дар гаҳвора [ба эъҷоз] ва дар кӯҳансолӣ [ба ваҳйи илоҳӣ] бо мардум сухан мегӯяд ва аз шоистагон аст"
[Марям] Гуфт: "Парвардигоро, чи гуна фарзанде хоҳам дошт, дар ҳоле [ҳеҷ] башаре ба ман даст назадааст"? [Фаришта] Гуфт: "Аллоҳ таоло бад-ин сон ҳар чиро бихоҳад, меофаринад, [ва] ҳар гоҳ, ки иродаи чизе кунад, фақат ба он мегӯяд: "Бош", пас, он [бедиранг] мавҷуд мешавад"
Ва [низ башорат дод, ки Аллоҳ таоло] ба ӯ китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил меомӯзад
Ва паёмбаре ба сӯйи Бани Исроил аст, ки [ба онон мегӯяд]: "Ман аз сӯйи Парвардигоратон барои шумо нишонае овардаам: Ман аз гил бароятон [чизе] ба шакли парранда месозам; он гоҳ дар он медамам ва ба фармони Аллоҳ таоло [он гили беҷон табдил ба] паррандае мешавад; ва [ҳамчунин] ба фармони Аллоҳ таоло кӯри модарзод ва мубталоён ба песиро беҳбудӣ мебахшам ва мурдагонро зинда мекунам ва аз он чи мехӯред ва дар хонаҳоятон захира мекунед, ба шумо хабар медиҳам. Мусалламан, агар имон дошта бошед, дар инҳо нишонае барои шумост [ки нубувватамро бовар кунед]
Ва [мегӯяд: "Омадаам то] тасдиқкунандаи Таврот бошам, ки пеш аз ман [нозил шуда] аст; ва [фиристода шудаам] то бархе аз чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром шуда буд, ҳалол кунам; ва нишонае аз тарафи Парвардигоратон барои шумо овардаам; пас, аз Аллоҳ таоло парво (ва тақво) дошта бошед ва маро итоат кунед
Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло, Парвардигори ману Парвардигори шумост; пас, Ӯро бипарастед, [ки] роҳи рост ин аст"
Сипас чун Исо ба куфри онон пай бурд, гуфт: "Чи касоне ёварони ман [дар роҳи даъват] ба сӯйи Аллоҳ таоло ҳастанд"? Ҳавориюн гуфтанд: "Мо ёварони [дини] Аллоҳ таоло ҳастем; ба Аллоҳ таоло имон овардаем ва [ту низ, эй Исо] гувоҳ бош, ки мо таслим [-и Ӯ] ҳастем
Парвардигоро, ба он чи нозил кардаӣ, имон овардем ва аз фиристода [-и Ту] пайравӣ намудем; пас, моро дар зумраи гувоҳон [ба ҳақ ва муъминон ба паёмбарат] бинавис"
[Пас аз муддате кофирони Бани Исроил барои куштани Исо] Макр варзиданд ва Аллоҳ таоло [низ дар посухашон] макр намуд ва Аллоҳ таоло бехтарин макрангезон аст
[Ёд кун аз] Ҳангоме ки Аллоҳ таоло [ба Исо] фармуд: "Эй Исо, ман туро бармегирам ва ба сӯйи хеш боло мебарам ва туро аз [олоишу туҳмати] касоне, ки куфр варзиданд, пок мегардонам ва то рӯзи растохез касонеро, ки аз ту пайравӣ карданд [ва ба Муҳаммад имон оварданд], бартар аз касоне қарор медиҳам, ки куфр варзиданд. Сипас бозгаштатон ба сӯйи ман аст; он гоҳ дар [мавриди] он чи дар он ихтилоф мекардед, миёнатон доварӣ мекунам
Аммо касоне, ки куфр варзиданд, дар дунё ва охират ба азоби сахт муҷозоташон мекунам ва ёвароне нахоҳанд дошт
Ва аммо касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, [Аллоҳ таоло] подошашонро ба таври комил ба эшон хоҳад дод; ва Аллоҳ таоло ситамгоронро дӯст намедорад
[Эй паёмбар] Инҳо, ки [аз моҷарои Исо] бар ту мехонем, аз нишонаҳо [-и равшан аст далолаткунанда бар ростгӯии ту ва дурустии ин] андарзи ҳикматомез [Қуръон]
Дар ҳақиқат, масали Исо назди Аллоҳ таоло ҳамчун масали [офариниши] Одам аст, [ки] ӯро аз хок офариду сипас ба ӯ фармуд: "Бош"; пас, [бедиранг] мавҷуд шуд
[Он чи дар бораи Исо баён кардем] Ҳақиқате аз ҷониби Парвардигори туст; пас, ҳаргиз аз тардидкунандагон мабош
Пас, [эй паёмбар] ҳар ки [аз масеҳиёни Наҷрон] пас аз он донише, ки дар бораи ӯ [Исо] бароят [ҳосил] омадааст, бо ту баҳсу ҷадал кунад, [ба онҳо] бигӯ: "Биёед [ҳамагиро] фаро бихонем: писарони мову писарони шумо ва занони мову занони шумо ва худи мову шумо [низ ҳозир шавем]; сипас ба [даргоҳи илоҳӣ тазарруъ ва] дуо кунем ва лаънати Аллоҳро бар дурӯғгӯён қарор диҳем"
Ин ҳамон достони ҳақиқӣ [-и Масеҳ] аст ва ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Аллоҳ таоло нест ва бе гумон, Аллоҳ таоло аст, ки шикастнопазир [ва] ҳаким аст
Пас, агар [аз сухани ҳақ] рӯй гардонанд, [бидон, ки] Аллоҳ таоло аз [ҳоли] муфсидон огоҳ аст
[Эй паёмбар] Бигӯ: "Эй аҳли китоб, ба сӯйи сухане биёед, ки миёни мо ва шумо одилона аст [ва инҳирофе аз ҳақ дар он нест]: ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва чизеро [дар қудрату тадбир] бо Ӯ шарик насозем ва бархе аз мо бархи дигарро ба ҷой Аллоҳ таоло [ба парастиш] нагиранд". Агар онон [аз ин даъват] рӯй гардонанд, пас, [эй муъминон, ба эшон] бигӯед: "Гувоҳ бошед, ки мо таслим [-и авомири илоҳӣ] ҳастем"
Эй аҳли китоб, чаро дар бораи Иброҳим муҷодила мекунед; дар ҳоле ки Таврот ва Инҷил баъд аз ӯ нозил шудааст? Оё намеандешед?
Ҳон! Шумо [аҳли китоб] касоне ҳастед, ки дар бораи он чи нисбат ба он огоҳӣ ва илм доштед, баҳсу ситез мекардед; пас, чаро [инак] дар мавриди чизе, ки бад-он илм надоред [ва дар китобҳоятон наёмадааст], баҳсу ситез мекунед? Дар ҳоле ки Аллоҳ таоло [ҳақоиқи умурро] медонад ва шумо намедонед
Иброҳим на яҳудӣ буд ва на масеҳӣ; балки ҳақгарои мусулмон буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд
Ба ростӣ, сазовортарин мардум ба Иброҳим ҳамон касоне ҳастанд, ки аз ӯ пайравӣ кардаанд; ва [аз ҷумла] ин паёмбар [-и шумо-Муҳаммад] ва касоне, ки [мусулмонанд ва ба ӯ] имон овардаанд; ва Аллоҳ таоло [ёру] корсози муъминон аст
[Эй муъминон] Гурӯҳе аз аҳли китоб орзу мекарданд, кош шуморо гумроҳ мекарданд; дар ҳоле ки ҷуз худашон [касе]–ро гумроҳ намекунанд ва [аммо] намефаҳманд
Эй аҳли китоб, чаро ба оёти Аллоҳ таоло кофир мешавед, дар ҳоле ки худ [ба дурустии он] гувоҳӣ медиҳед?
Эй аҳли китоб, чаро ҳақро ба ботил меомезед ва ҳақиқат [-и паёмбарии Муҳаммад]-ро пинҳон мекунед, дар ҳоле ки худ медонед?
Гурӯҳе аз [уламои] аҳли китоб [ба ҳамдигар] гуфтанд: "Дар оғози рӯз ба он чи ба муъминон нозил шудааст, имон биёваред ва дар поён [-и рӯз] кофир шавед; шояд онон [низ тардид кунанд ва аз ислом] баргарданд
Ва [ин ки] имон наёваред магар ба касе, ки аз дини шумо пайравӣ мекунад". [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Дар ҳақиқат, ҳидоят ҳидояти Аллоҳ таоло аст. [Боз гуфтанд: "Ҳаргиз чизе ба мусулмонон наёмӯзед ва иҷозат надиҳед] ба каси он чи ба шумо додааст, дода шавад ё [далеле дар ихтиёрашон нагузоред, ки битвонанд] дар пешгоҳи Парвардигоратон бо шумо баҳс кунанд". [Эй паёмбар] Бигӯ: "Бе тардид, фазл [-у бартарӣ] ба дасти Аллоҳ таоло аст; онро ба ҳар ки бихоҳад, мебахшад; ва Аллоҳ таоло кушоишгари доност
Раҳмати хешро ба ҳар ки бихоҳад, ихтисос медиҳад; ва Аллоҳ таоло дорои бахшиши бузург [ва беандоза] аст"
Аз аҳли китоб касе ҳаст, ки агар моли фаровоне ба ӯ амонат диҳӣ, онро ба ту бозмегардонад; ва аз [миёни] онон касе ҳаст, ки агар ӯро бар диноре амин бишуморӣ, онро ба ту бознамегардонад; магар он ки пайваста бар [дарёфти] он истодагӣ кунӣ. Ин бад-он хотир аст, ки онон мегӯянд: "Дар мавриди [хӯрдани амволи] қавми араб, гуноҳе бар мо нест"; ва [бад-ин гуна онон] дар ҳоле ки [ҳақиқатро] медонанд, бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд
Оре, [ин кор гуноҳ аст; аммо] ҳар ки ба паймони худ вафо кунад ва парҳезгорӣ намояд, [бидонад, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло парҳезгоронро дӯст медорад
Касоне, ки паймони Аллоҳ таоло [дар бораи иҷрои аҳком] ва савгандҳои худ [дар бораи пайравӣ аз Муҳаммад]-ро ба баҳои ночизе мефурушанд, яқинан баҳрае дар охират нахоҳанд дошт ва Аллоҳ таоло рӯзи қиёмат бо онон сухан намегӯяд ва ба эшон наменигарад ва онҳоро [аз гуноҳ] пок намесозад ва азоби дардноке [дар пеш] доранд
Ва гурӯҳе аз онон [яҳудиён] ҳастанд, ки забони худро ба [ҳангоми тиловати] китоби [Таврот] чунон мегардонанд, ки гумон мекунед, [он чи мехонанд, воқеан,] аз [матолиби он] китоб аст, дар ҳоле ки аз он китоб нест; ва [боз ба дурӯғ] мегӯянд: "Он [ҷумалот] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст"; дар сурате ки аз ҷониби Аллоҳ таоло нест ва бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд, дар ҳоле ки худ [низ ҳақиқатро] медонанд
Барои ҳеҷ башаре сазовор нест, ки Аллоҳ таоло ба ӯ китоб ва ҳукм [донишу фаҳм] ва паёмбарӣ диҳад, сипас ӯ ба мардум бигӯяд: "Ба ҷойи Аллоҳ таоло, бандагони ман бошед". Балки [сазовор аст, ки паёмбарон ба мардум бигӯянд]: "Ба хотири он, ки китоб [-и Таврот]-ро омӯзиш медодед ва аз он ҷо, ки [ақоиду аҳкоми онро ба дигарон] дарс медодед, [фақеҳону донишмандони] илоҳӣ бошед"
Ва на ин ки ба шумо фармон диҳад, ки фариштагон ва паёмбаронро [ба ҷойи Аллоҳ таоло] соҳибихтиёр [ба парастиш] бигиред. Оё [ин шахс] шуморо пас аз он, ки мусулмон шудед, ба куфр фармон медиҳад?
Ва [эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Аллоҳ таоло аз паёмбарон паймон гирифт [ва фармуд]: "Ҳар гоҳ ба шумо китобу ҳикмате додам, он гоҳ фиристодае [Муҳаммад] ба сӯятон омад, ки он чиро бо шумост, тасдиқ кард, бояд ба ӯ имон оваред ва ёриаш кунед". [Он гоҳ] Фармуд: "Оё иқрор кардед ва паймони муҳками маро дар ин бора пазируфтед"? [Онон] Гуфтанд: "Иқрор кардем". [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Пас, [бар худу умматҳоятон] гувоҳ бошед ва ман [низ] бо шумо аз гувоҳонам"
Пас, ҳар ки баъд аз ин [паймон, аз аҳди хеш] рӯй бигардонад, ононанд, ки фосиқанд
Оё [кофирон, оине] ба ҷуз дини Аллоҳро меҷӯянд? Ҳол он ки ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст – хоҳ ноҳоҳ – сар ба фармони Ӯ ниҳодааст ва [ҳамагӣ] ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешаванд
[Эй паёмбар] Бигӯ: "Ба Аллоҳ таоло ва он чи бар мо нозил шудааст, имон овардем ва [ҳамчунин ба] он чи бар Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва [паёмбароне, ки аз] наводагон [-и Яқуб буданд] нозил гардидааст ва он чи ба Мӯсо ва Исо ва [дигар] паёмбарон аз ҷониби Парвардигорашон дода шудааст; миёни ҳеҷ як аз онон фарқе намегузорем ва таслими Ӯ ҳастем"
Ҳар ки дине ғайр аз ислом баргузинад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёнкорон аст
Чи гуна Аллоҳ таоло қавмеро ҳидоят мекунад, ки баъд аз имонашон ва [пас аз он ки] гувоҳӣ доданд ба ин ки паёмбар [-и ислом] барҳақ аст, барояшон далоили равшан омад, кофир шуданд? Ва, албатта, Аллоҳ таоло қавми ситамгорро ҳидоят намекунад
Ҷазояшон ин аст, ки лаънати Аллоҳ таоло ва фариштагону мардум ҳамагӣ бар онҳост
Дар он [лаънат ва азоби онон] ҷовидона боқӣ мемонанд ва на аз азобашон коста мешавад ва на муҳлат [-и узрхоҳӣ] меёбанд
Магар касоне, ки пас аз он тавба карданд ва [бо дурусткорӣ, рафторашонро] ислоҳ намуданд; пас, бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Ба ростӣ касоне, ки пас аз имони худ кофир шуданд ва бар куфр [-и хеш] афзуданд, ҳаргиз тавбаи онон пазируфта нахоҳад шуд ва ононанд, ки гумроҳанд
Касоне, ки куфр варзиданд ва дар ҳоли куфр аз дунё рафтанд, агарчи рӯйи замин пур аз тилло бошад ва онро ба унвони фидя [ва каффораи аъмоли бади хеш] бипардозанд, ҳаргиз аз ҳеҷ як аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд ва муҷозоти дарднок [дар пеш] доранд ва ёвароне нахоҳанд дошт
[Эй муъминон] Ҳаргиз ба [манзалату савоби] накукорӣ даст намеёбед, магар он ки аз он чи дӯст медоред, инфоқ кунед; ва бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи инфоқ мекунед, доност
Ҳама ғизоҳо барои Бани Исроил ҳалол буд, магар он чи Исроил (Яъқуб) пеш аз нузули Таврот бар худ ҳаром карда буд. [Эй паёмбар, ба яҳудиён] Бигӯ: "Агар рост мегӯед [ва суханамро бовар надоред], Тавротро биёваред ва онро бихонед"
Пас, ҳар ки пас аз он бар Аллоҳ таоло дурӯғ бандад, ононанд, ки ситамгоранд
[Эй паймбар] Бигӯ: "Аллоҳ таоло [дар мавриди Яъқуб ва ҳар чи нозил фармудааст] рост гуфт; пас, аз оини Иброҳим пайравӣ кунед, ки ҳақгаро буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд"
Дар ҳақиқат, нахустин хонае, ки барои [ибодати] мардум қарор дода шуд, ҳамонест, ки дар Макка қарор дорад, ки пурбаракат ва [мояи] ҳидояти ҷаҳониён аст
Дар он [хона], нишонаҳои равшан, [аз ҷумла] мақоми Иброҳим аст ва [дигар ин ки] ҳар ки дохили он [ҳарам] шавад, дар амон хоҳад буд; ва бар мардум [воҷиб] аст, ки барои [ибодати] Аллоҳ таоло қасди он хона кунанд [албатта, барои] касе, ки тавоноии [молӣ ва ҷисмӣ] рафтан ба сӯйи онро дорад; ва ҳар ки [ба фаризаи ҳаҷ] куфр варзад, бе тардид, Аллоҳ таоло аз ҷаҳониён бениёз аст
[Эй паёмбар] Бигӯ: "Эй аҳли китоб, чаро ба Аллоҳ таоло куфр меварзед? Ҳол он ки Аллоҳ таоло бар он чи мекунед, гувоҳ аст"
Бигӯ: "Эй аҳли китоб, чаро касеро, ки имон овардааст, аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоред ва онро мунҳариф [раҳгумзадаву гумроҳшуда] мехоҳед? Дар ҳоле ки шумо [худ ба дурустии он] гувоҳед; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, ғофил нест"
Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз гурӯҳе аз аҳли китоб итоат кунед, шуморо пас аз имонатон ба куфр бозмегардонанд
Ва чи гуна шумо кофир мешавед, дар ҳоле ки оёти Аллоҳ таоло бар шумо хонда мешавад ва паёмбараш миёни шумост? Ва ҳар ки ба [китоби] Аллоҳ таоло [ва суннати паёмбараш] тамассук ҷӯяд, ҳатман, ба роҳи рост ҳидоят шудааст
Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло – он гуна ки шоистаи парво кардан [тарсидан] аз Ӯст – парво кунед [битарсед] ва ҷуз дар мусулмонӣ намиред
Ва ҳамагӣ ба ресмони Аллоҳ таоло [Қуръону Суннат] чанг занед ва пароканда нашавед; ва неъмати [бузурги] Аллоҳро бар худ ба ёд оред, ки чи гуна душмани якдигар будед ва ӯ миёни дилҳоятон улфат эҷод кард ва ба [лутфу баракати] неъматаш бародар шудед; ва [пеш аз он ба хотири куфратон] бар остонаи партгоҳи оташ будед, [ки] Аллоҳ таоло шуморо аз он наҷот дод. Аллоҳ таоло, инчунин, оёти худро бароятон ошкор месозад; бошад, ки ҳидоят ёбед
Ва [эй муъминон] бояд гувоҳе аз шумо бошанд, ки [мардумро] ба кор [-ҳои] шоиста [ки ақлу дин меписандад] водоранд ва аз зиштӣ боздоранд; ва ононанд, ки растагоранд
Ва монанди касоне набошед, ки пас аз он ки далоили равшан барояшон омад, пароканда шуданд ва ихтилоф карданд. Онон азоби бузург [дар пеш] доранд
Рӯзе, ки чеҳраҳое сапед ва чеҳраҳое сиёҳ мегардад; аммо [ба] онон, ки чеҳраҳояшон сиёҳ шудааст [гуфта мешавад]: "Оё баъд аз имонатон кофир шудед? Пас, ба сабаби он чи куфр меварзидед, азобро бичашед"
Ва аммо онон, ки чеҳраҳояшон сапед гаштааст, дар раҳмати Аллоҳ таоло [дар биҳишти барин] ҷой мегиранд ва дар он ҷовидонанд
[Эй паёмбар] Инҳо оёти Аллоҳ таоло аст, ки онро ба ҳақ бар ту мехонем; ва Аллоҳ таоло [ҳеҷ гоҳ] ситаме барои ҷаҳониён намехоҳад
Ва ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст ва [ҳама] корҳо ба сӯйи Аллоҳ таоло бозгардонда мешавад
[Эй уммати Муҳаммад] Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки барои мардум падидор шудаед: Ба кори нек фармон медиҳед ва аз кори нописанд бозмедоред ва ба Аллоҳ таоло имон доред; ва агар аҳли китоб [низ] имон меоварданд, ҳатман, барояшон беҳтар буд; бархе аз онон муъминанд ва [аммо] бештарашон [фосиқу] нофармонанд
[Фосиқони аҳли китоб] Ҷуз озори андак [ҳамчун таъна ва тамасхур] ҳаргиз зиёне ба шумо нахоҳанд расонд ва агар бо шумо биҷанганд, [шикаст мехӯранд ва] ба шумо пушт мекунанд; он гоҳ [низ аз сӯйи ҳеҷ кас] ёрӣ намешаванд
[Яҳудиён] Ҳар куҷо ёфт шаванд, [доғи нангу] хорӣ бар онон зада шудааст; магар он ки дар паноҳи амони Аллоҳ таоло ва мардум бошанд; ва онон ба хашме аз Аллоҳ таоло гирифтор шудаанд ва [доғи] дармондагӣ бар онон зада шудааст. Ин бад-он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ таоло куфр меварзиданд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд; [ва низ] ин [сазо] ба хотири он буд, ки нофармонӣ карданд ва аз ҳудуд [-и илоҳӣ] таҷовуз менамуданд
[Вале ҳамаи онон] Яксон нестанд. Гурӯҳе аз аҳли китоб ҳастанд, ки дурусткоранд, [ва] дар дили шаб, дар ҳоле ки ба намоз истодаанд, оёти Аллоҳро мехонанд
[Бархе аз] Онон ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон доранд ва [мардумро] ба некӣ амр мекунанд ва аз бадӣ бозмедоранд ва дар [анҷоми] корҳои нек мешитобанд ва ононанд, ки аз шоистагонанд
Ва ҳар кори неке, ки анҷом диҳанд, ҳаргиз дар бораи он носипосӣ нахоҳанд дид; ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли] парҳезгорон доност
Бе гумон касоне, ки куфр варзиданд, ҳаргиз амволу фарзандонашон чизе аз [азоби] Аллоҳро аз эшон дафъ нахоҳад кард ва онон аҳли оташанд [ва] ҷовидона дар он мемонанд
Масали он чи [кофирон] дар ин зиндагии дунё инфоқ мекунанд, ҳаммонанди боде аст, ки сармои сахте бо худ дорад ва ба киштзори қавме, ки бар худ ситам кардаанд, мерасад ва нобудашон месозад. Аллоҳ таоло ба онон ситам накардааст, балки эшон худ бар хештан ситам кардаанд
Эй касоне, ки имон овардаед, аз ғайри худатон [дӯсту] ҳамроз нагиред. Онон аз ҳеҷ нобакорӣ [ва шарре] дар ҳаққи шумо кӯтоҳӣ намекунанд [ва] дӯст доранд, ки шумо дар ранҷу заҳмат бошед. Дар ҳақиқат, [нишонаҳои] душманӣ аз гуфторашон ошкор аст ва он чи дар дилҳояшон пинҳон медоранд бузургтар аст. Агар бияндешед, ҳатман, [хоҳед донист, ки] мо нишонаҳо [-и пандомӯз ва роҳи саодати дунё ва охират]-ро бароятон ба равшанӣ баён кардаем
Ҳон! Шумо [эй муъминон] касоне ҳастед, ки ононро дӯст доред, дар ҳоле ки онҳо шуморо дӯст надоранд ва шумо ба ҳама китоб [-ҳои осмонӣ] имон доред [вале онон ба Қуръон имон надоранд]; ва чун бо шумо мулоқот мекунанд, мегӯянд: "Имон овардаем" ва чун танҳо мешаванд, аз шиддати хашм бар шумо сарангуштон [-и худ]-ро ба дандон мегазанд. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ба хашми худ бимиред". Бе гумон, Аллоҳ таоло ба [рози] даруни синаҳо доност
[Эй муъминон] Агар ба шумо некӣ [ва хушӣ] расад, ононро андӯҳгин месозад ва агар ба шумо бадӣ [ва газанде] расад, бад-он шодмон мешаванд; ва агар [бар тақдири илоҳӣ] сабру парҳезгорӣ намоед, макру найрангашон ҳеҷ зиёне ба шумо намерасонад, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи мекунанд, иҳота дорад
Ва [эй паёмбар, ба ёд овар] замоне, ки [дар ҷанги Уҳуд] бомдодон аз хона ва кошонаат берун омадӣ, [ва] муъминонро барои ҷангидан дар мавозеи худ мегуморидӣ; ва Аллоҳ таоло шунавову доност
Ва [ба ёд овар] ҳангоме ки ду гурӯҳ аз шумо [Бани Салама ва Бани Ҳориса] хостанд сустӣ варзанд [ва ҳамроҳи мунофиқон ба Мадина бозгарданд]; вале Аллоҳ таоло ёвар [-у нигаҳдор]-и онон буд; ва муъминон бояд танҳо бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд
Ва [эй муъминон] бе гумон, Аллоҳ таоло шуморо дар [ҷанги] Бадр дар ҳоле ёрӣ кард, ки [ба сабаби камбуди афрод ва аслиҳа] нотавон будед; пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед; бошад, ки сипос гузоред
[Эй паёмбар, ба ёд овар] он гоҳ ки ба муъминон мегуфтӣ: "Оё бароятон кофӣ нест, ки Парвардигоратон шуморо бо се ҳазор фаришта, ки [аз осмон] фуруд меоянд, ёрӣ кунад"
Оре, агар шикебоиву порсоӣ кунед ва душманон дар ин [ҳаяҷон ва] шитоби хеш бар шумо битозанд, Парвардигоратон шуморо бо панҷ ҳазор фариштаи нишондор ёрӣ хоҳад кард
Ва Аллоҳ таоло он [ёрӣ]-ро ҷуз башорате барои [пирӯзии] шумо қарор надод, то [бад-ин васила] дилҳоятон бад-он оромиш гирад; ва [-гарна] пирӯзӣ ҷуз аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазиру ҳаким нест
[Ин пирӯзӣ барои он буд] То [Аллоҳ таоло] гурӯҳе аз касонеро, ки куфр варзиданд, ҳалок созад, ё хору мағлубашон намояд, то маъюс [ва хор ба Макка] бозгарданд
[Эй паёмбар] Ҳеҷ чизе аз кор [-и бандагон] дар дасти ту нест; ё [Аллоҳ таоло] тавбаи онон [мушрикон]-ро мепазирад [ва аз гуноҳашон дармегузарад] ё азобашон мекунад; зеро онон ситамгоранд
Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст. Ӯ ҳар киро, ки бихоҳад [ба раҳмат] меомурзад ва ҳар киро бихоҳад [ба адолат] азоб мекунад; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Эй касоне, ки имон овардаед, риборо [бо суди] чанд баробар нахӯред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед; бошад, ки растагор шавед
Ва аз оташе, ки барои кофирон омода шудааст, бипарҳезед
Ва аз Аллоҳу паёмбар итоат кунед; бошад, ки мавриди раҳмат [-и Аллоҳ таоло] қарор гиред
Ва ба сӯйи омурзиши Парвардигоратон ва биҳиште бишитобед, ки густура [паҳно]-и он [ба андозаи] осмонҳо ва замин аст [ва] барои парҳезгорон муҳайё шудааст
Он касоне, ки дар [ҳангоми] тавонгарӣ ва тангдастӣ инфоқ мекунанд ва хашми худро фурӯ мебаранд ва аз мардум дармегузаранд; ва Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад
Ва [ҳамон] касоне, ки чун муртакиб [-и гуноҳи бузург ва] кори зиште шуданд ё [бо анҷоми дигар гуноҳон] бар худ ситам карданд, Аллоҳро ба ёд меоваранд ва барои гуноҳонашон омурзиш мехоҳанд – ва ҷуз Аллоҳ таоло чи касе гуноҳонро меомурзад? – Ва бар он чи кардаанд пофишорӣ намекунанд, дар ҳоле ки медонанд [гунаҳкоранд ва Аллоҳ таоло бахшоянда ва тавбапазир аст]
Подоши эшон омурзише аз [ҷониби] Парвардигорашон аст ва боғҳое, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст; ҷовидона дар он мемонанд; ва подоши [накукорон ва] аҳли амал чӣ накуст!
[Эй осебдидагони Уҳуд] Бе тардид пеш аз шумо [низ муъминоне будаанд, ки ранҷ кашиданд ва] суннатҳое гузаштааст; пас, дар замин бигардед ва бингаред, ки саранҷоми такзибкунандагон [-и оёти илоҳӣ] чи гуна будааст
Ин [Қуръон] баёни ошкор барои мардум ва ҳидояту андарзе барои парҳезгорон аст
Ва [эй муъминон, аз ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ таоло] суст нашавед ва андӯҳгин нагардед; ва [бидонед, ки] агар имон дошта бошед, шумо бартаред
Агар [дар Уҳуд] ба шумо газанде расид, ба душманони шумо низ [дар ҷанги Бадр ба ҳамон шакл] осеб расид [пас, муқовимат кунед]. Мо ин рӯзҳо [-и шикасту пирӯзӣ]-ро миёни мардум мегардонем, то Аллоҳ таоло, муъминон [-и воқеӣ]-ро маълум дорад ва аз шумо муъминон [онеро, ки собитқадам аст] бар дигарон гувоҳ гирад; ва Аллоҳ таоло ситамгоронро дӯст намедорад
Ва [моҷарои Уҳуд василаи имтиҳон буд] то Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд [аз гуноҳонашон пок кунад] ва холис гардонад ва кофиронро нобуд созад
[Эй асҳоби Муҳаммад], оё пиндоштаед, ки [танҳо бо иддаои имон] ба биҳишт меравед, ҳол он ки Аллоҳ таоло ҳанӯз ҷиҳодгарону шикебоёни шуморо маълум надоштааст?
Ва [эй муъминон] ба ростӣ, ки пеш аз рӯёрӯ шудан бо марг [дар ғазваи Уҳуд] орзуи шаҳодат доштед. Саранҷом он [маъракаи ҷанг]-ро дидед ва [акнун пешорӯйи шумост ва] ба он менигаред
Ва Муҳаммад ҷуз фиристодае нест, ки пеш аз ӯ [низ] фиристодагоне [буданд ва] гузаштанд. Оё агар ӯ бимирад ё кушта шавад, ба ақиб бозмегардед [ва дини худро раҳо мекунед]? Ва ҳар ки [аз ақидаи ростини худ] бозгардад, [бидонад, ки] ҳаргиз ба Аллоҳ таоло зиёне намерасонад ва [ба зудӣ] Аллоҳ таоло сипосгузоронро подош хоҳад дод
Ва ҳеҷ касе ҷуз ба фармони Аллоҳ таоло намемирад, [чаро ки марг] сарнавиште аст замондор [ва муайян]; ва ҳар ки подоши ин дунёро бихоҳад, насибаш мекунем ва ҳар ки подоши охиратро бихоҳад [низ] насибаш хоҳем кард ва [ба зудӣ] сипосгузоронро подош хоҳем дод
Ва чи бисёр паёмбароне, ки тӯдаҳои анбӯҳе ҳамроҳашон набард карданд; онон ҳеҷ гоҳ дар баробари [сахтиҳо ва] он чи, ки дар роҳи Аллоҳ таоло ба эшон расид, сустӣ наварзиданд ва [дар муқобили душман] дармонда нашуданд; ва Аллоҳ таоло шикебоёнро дӯст медорад
Ва суханашон танҳо ин буд, ки: "Парвардигоро, гуноҳонамонро биёмурз ва аз зиёдаравии мо дар корамон [даргузар] ва гомҳоямонро устувор бидор ва моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон"
Пас Аллоҳ таоло, подоши ин дунё ва подоши неки охиратро ба онон ато кард; ва Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад
Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз касоне, ки куфр варзидаанд, итоат кунед, шуморо [ба куфр] бозмегардонанд, онгоҳ [дар дунё ва охират] зиёндида мегардед
[Бар кофирон такя накунед], балки Аллоҳ таоло [ёру] корсози шумост ва Ӯ беҳтарин ёригарон аст
Ба зудӣ дар дилҳои касоне, ки куфр варзиданд, биму ҳарос хоҳем афканд; бад-ин хотир, ки чизеро шарики Аллоҳ таоло қарор додаанд, ки ҳеҷ далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст; ва ҷойгоҳашон оташ аст ва ҷойгоҳи ситамгорон чӣ бад аст!
Ва он гоҳ ки [дар оғози ҷанги Уҳуд] ба фармони Ӯ онон [кофирон]-ро мекуштед, ба ростӣ, Аллоҳ таоло ваъдаи худро ба шумо таҳаққуқ бахшид, то [тарсидед ва дар ҳифзи мавқеияти худ] суст шудед ва дар кор [-и ҷангу ҷамъоварии ғанимат] бо якдигар ба низоъ пардохтед; ва пас аз он ки [Аллоҳ таоло] он чиро дӯст медоштед [пирӯзӣ], ба шумо нишон дод, [аз дастури паёмбар] сарпечӣ кардед; бархе аз шумо хоҳони дунё буданд ва бархе хоҳони охират. Сипас [Аллоҳ таоло] барои он ки шуморо биёзмояд, аз [таъқиби] онон мунсарифатон кард [ва пирӯзиятон ба шикаст анҷомид] ва [чун аз гуноҳ ва кӯтоҳии худ дар нофармонӣ аз расул пушаймон шудед] аз шумо даргузашт; ва Аллоҳ таоло нисбат ба муъминон бахшиш [-и бисёр] дорад
Ва [эй муъминон, ба ёд оваред] ҳангоме ки [дар ҳоли гурез аз кӯҳ] боло мерафтед ва [чунон тарсида будед, ки] ба ҳеҷ кас таваҷҷуҳ намекардед ва паёмбар [ки дар майдони ҷанг муқовимат мекард] аз пушти саратон шуморо садо мезад [ки: "Эй бандагони Аллоҳ таоло, ба сӯйи ман бишитобед"; вале шумо таваҷҷуҳ намекардед]; пас, [Аллоҳ таоло низ] бо андӯҳе дар пайи андӯҳи [дигар] муҷозотатон кард. Ин бад-ин хотир буд, ки бар он чи аз даст додаед [пирӯзӣ ва ғанимат] ва он чи бар саратон омадааст [шикасту тарс], андӯҳгин нашавед ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст
Сипас [Аллоҳ таоло] баъд аз он андӯҳ оромише бар шумо фурӯ фиристод, [ба гунае] ки гурӯҳе аз шуморо [ба сабаби итминону оромише, ки дар дилҳояшон буд] хоби сабук фаро гирифт ва гурӯҳи дигар [мунофиқин] танҳо дар фикри ҷони худ буданд ва дар бораи Аллоҳ таоло гумонҳои нораво [ва ботиле] ҳамчун гумонҳои [даврони] ҷоҳилият доштанд. Онон мегуфтанд: "Оё мо дар ин кор ихтиёре дорем"? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ҳамаи корҳо [ва шикасту пирӯзӣ] ба дасти Аллоҳ таоло аст". Онҳо чизеро дар дилҳояшон пинҳон медоранд, ки барои ту ошкор намесозанд, [ва] мегӯянд: "Агар дар ин кор ихтиёр доштем, дар ин ҷо кушта намешудем". Бигӯ: "Агар шумо дар хонаҳои худ низ будед, касоне, ки кушта шудан бар онон муқаррар шуда буд, ҳатман, [бо пойи худ] ба сӯйи қатлгоҳҳои хеш мерафтанд". Ва [ин рӯйдодҳо] барои он аст, ки Аллоҳ таоло он чиро дар синаҳоятон [пинҳон] доред [дар амал] биёзмояд ва он чиро дар дилҳоятон аст, пок гардонад; ва Аллоҳ таоло ба [рози] даруни синаҳо доност
[Эй асҳоби паёмбар] Афроде аз шумо, ки дар рӯзи бархӯрди ду гурӯҳ [мусулмонон ва кофирон дар ҷанги Уҳуд] фирор карданд, дар ҳақиқат шайтон ононро ба сабаби баъзе аз кирдор [ва гуноҳон]-е, ки муртакиб шуда буданд, ба инҳироф кашонд ва, ҳатман, Аллоҳ таоло аз онон даргузашт. Бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи бурдбор аст
Эй касоне, ки имон овардаед, монанди афроде набошед, ки куфр варзиданд ва дар бораи бародаронашон – ҳангоме ки [дар пайи касби рӯзӣ] ба сафар рафтанд [ва мурданд] ё дар ҷанг ширкат карданд [ва кушта шуданд] – гуфтанд: "Агар онон назди мо буданд, намемурданд ва кушта намешуданд". [Ин эътиқод дар вуҷудашон ниҳода шуд] То Аллоҳ таоло [бад-ин гуна андӯҳ ва] ҳасрате дар дилҳояшон карор диҳад; ва Аллоҳ таоло [аст, ки] зинда мекунад ва мемиронад; ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, биност
Ва агар дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шавед ё бимиред, ҳатман, омурзиш ва раҳмати Аллоҳ таоло беҳтар аст аз чизе [ки] онон [дунёдӯстон] ҷамъ мекунанд
Ва агар бимиред ё [дар арсаи ҷиҳод] кушта шавед, яқинан ба сӯйи Аллоҳ таоло маҳшур мешавед
[Эй паёмбар] Ба [сабаби] раҳмати илоҳӣ аст, ки ту бо онон [асҳоб] нармхӯ [ва меҳрубон] шудӣ; ва агар тундхӯ ва сангдил будӣ, ҳатман, аз атрофат пароканда мешуданд; пас, аз эшон даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онон машварат кун ва он гоҳ ки тасмим [бар анҷоми коре] гирифтӣ, бар Аллоҳ таоло таваккал кун; [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло таваккалкунандагонро дӯст медорад
Агар Аллоҳ таоло шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо пирӯз нахоҳад шуд ва [аммо] агар шуморо ба худ вогузорад, кист, ки пас аз Ӯ ёриатон кунад? Ва муъминон бояд танҳо бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд
Ва сазовор нест ҳеҷ паёмбаре [бо гирифтани саҳми изофӣ аз ғаноим ба асҳобаш] хиёнат кунад; ва ҳар ки хиёнат кунад, рӯзи қиёмат, бо он чи [дар он] хиёнат кардааст, меояд; сипас ба ҳар кас подоши ҳар чи [аз неку бад] кардааст, ба таври комил дода мешавад ва ба онон ситам нахоҳад шуд
Оё касе, ки хушнудии Аллоҳро металабад, ҳаммонанди касест, ки ба хашме аз Аллоҳ таоло дучор шуда ва ҷойгоҳаш дӯзах аст? Ва [дӯзах] чи бад ҷойгоҳест!
[Ҳар як аз] Эшон дараҷот [-и мутафовит]-е назди Аллоҳ таоло доранд ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунанд, биност
Ба ростӣ, Аллоҳ таоло бар муъминон миннат ниҳод, ки миёни онон паёмбаре аз худашон барангехт, то оёти Ӯ [Қуръон]–ро бар эшон бихонад ва [аз гуноҳ] покашон гардонад ва ба онон китоби [Қуръон] ва ҳикмат [суннат] биёмурзад; дар ҳоле ки дар гузашта дар гумроҳии ошкоре буданд
[Эй муъминон] Оё чун ба шумо [дар ҷанги Уҳуд] мусибате расид – [бо он ки дар ҷанги Бадр] ду баробарашро [ба душманони худ] расондед – гуфтед: "Ин [мусибат] аз куҷо [ба мо] расид"? [Эй паёмбар] Бигӯ: "Он [шикаст] аз ҷониби худатон [ва натиҷаи нофармонӣ аз дастури паёмбар] аст". Бе гумон, Аллоҳ таоло ба ҳар коре тавоност
Ва рӯзе, ки [дар ҷанги Уҳуд] ду гурӯҳ [муъминон ва кофирон] бо ҳам бархӯрд карданд, он чи ба шумо расид, ба фармони Аллоҳ таоло буд [то шуморо биёзмояд] ва муъминонро маълум дорад
Ва касонеро, ки нифоқ варзиданд [низ] маълум дорад, ки [чун] ба эшон гуфта шуд: "Биёед, дар роҳи Аллоҳ таоло биҷангед ё [аз хонавода ва қабилаатон] дифоъ кунед". Гуфтанд: "Агар медонистем, ҷанге рӯй хоҳад дод, ҳатман, аз шумо пайравӣ мекардем". Онон дар он ҳангом ба куфр наздиктар буданд то имон; ба забони хеш чизе мегӯянд, ки дар дилҳояшон нест ва Аллоҳ таоло ба он чи [дар дил] пинҳон мекунанд, огоҳтар аст
Касоне, ки [худ дар хона] нишастанд [аз ҷиҳод сар боз заданд] ва дар бораи бародарони худ гуфтанд: "Агар онҳо аз мо пайравӣ мекарданд, кушта намешуданд". [Эй паёмбар, ба ин мунофиқон] Бигӯ: "Агар рост мегӯед, пас, маргро аз худ дур созед"
Ҳаргиз касонеро, ки дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шудаанд, мурда мапиндор; балки зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд
Онон ба он чи Аллоҳ таоло аз фазли худ ба эшон додааст, шодмонанд ва барои [саранҷоми неки] касоне, ки [роҳи] ононро пай гирифтаанд ва [ҳанӯз] ба онон напайвастаанд, шодӣ мекунанд; чаро ки [ҳеҷ як аз] эшон тарсу андӯҳе нахоҳанд дошт
[Ҳамчунин] Ба неъмату фазли Аллоҳ таоло шодмонанд ва ин ки [мебинанд] Аллоҳ таоло подоши муъминонро зоеъ намекунад
Касоне, ки даъвати Аллоҳ таоло ва паёмбарро – пас аз он ки [дар ғазваи Уҳуд] ба онон ҷароҳат [ва сахтии бисёр] расид – иҷобат карданд [ва барои таъқиби мушрикон ба сӯйи "Ҳамро-ул-асад" рафтанд], барои [он идда аз] эшон, ки некӣ ва парҳезкорӣ карданд, подоши бузурге [дар пеш] аст
Ҳамон касоне, ки бархе [аз мушрикон] ба онон гуфтанд: "Мардум [-и Макка] барои [ҷанг бо] шумо гирд омадаанд; пас, аз онҳо битарсед" ва [аммо ин сухан] бар имонашон афзуд ва гуфтанд: "Аллоҳ таоло барои [муҳофизат аз] мо бас аст ва [Ӯ] беҳтарин [муроқиб ва] коргузор аст"
Пас ба неъмату фазли Аллоҳ таоло [аз Ҳамро-ул-асад ба Мадина] бозгаштанд, дар ҳоле ки ҳеҷ осебе ба онон нарасида буд ва ҳамчунон дар пайи [касби] хушнудии Аллоҳ таоло буданд; ва Аллоҳ таоло фазлу бахшиши бузурге дорад
Дар ҳақиқат, ин шайтон аст, ки [шуморо аз ҳайбати] дӯстонаш метарсонад, пас, агар имон доред, аз онон [мушрикон] натарсед ва аз ман битарсед
Ва [эй паёмбар] касоне, ки дар [ёрӣ кардани] куфр мешитобанд, туро андӯҳгин насозанд. Яқинан, онон ҳаргиз зиёне ба Аллоҳ таоло намерасонанд. Аллоҳ таоло мехоҳад, ки баҳрае барояшон дар охират қарор надиҳад ва азоби бузург [дар пеш] доранд
Ба ростӣ, касоне, ки куфрро ба [баҳои] имон хариданд, ҳаргиз ба Аллоҳ таоло зиёне намерасонанд ва азоби дардноке [дар пеш] доранд
Ва касоне, ки кофир шуданд, мапиндоранд, ки чун ба онон муҳлат медиҳем ба судашон аст. Ҷуз ин нест, ки ба онон муҳлат медиҳем, то бар гуноҳи [худ] бияфзоянд ва азоби хоркунандае [пурдарде дар пеш] доранд
[Эй муъминон] Чунин набуд [ва аз ҳикмати илоҳӣ нест], ки Аллоҳ таоло муъминонро бар ин ҳол, ки шумо ҳастед [во гузорад ва муъмину мунофиқро дар канори якдигар] раҳо созад, [балки шуморо бо таколифу озмоишҳои гуногун меозмояд] то палидро аз пок ҷудо кунед; ва чунин набуд, ки Аллоҳ таоло [барои бозшиносии муъминон аз мунофиқон] шуморо аз [асрори] ғайб огоҳ кунад; вале Аллоҳ таоло аз миёни фиристодагонаш ҳар киро бихоҳад, бармегузинад [ва ӯро бар бахше аз ғайб огоҳ мекунад]; пас, ба Аллоҳ таоло ва фиристодагонаш имон биёваред; ва агар имон биёваред ва тақво пеша кунед, подоши бузурге бароятон [дар пеш] аст
Ва касоне, ки ба он чи Аллоҳ таоло аз фазли хеш ба онон додааст, бухл меварзанд, гумон накунанд, ки он [бухл] барояшон хайр аст; балки барояшон шар аст. Дар рӯзи қиёмат он чи ба он бухл меварзиданд, тавқи гарданашон хоҳад шуд [ва бо он азоб мешаванд]; ва мероси осмонҳову замин аз они Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст
Бе тардид, Аллоҳ таоло сухани касонеро шунид, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло фақир аст ва [аз мо қарз мехоҳад ва] мо бениёзем". [Мо ин] Гуфторашон ва [низ] қатли ноҳаққи паёмбаронро хоҳем навишт ва рӯзи қиёмат ба [онон] мегӯем: "Азоби сӯзон [-и дӯзах]-ро бичашед"
[Эй яҳудиён] Ин [муҷозот] ба хотири кирдори пешини шумост; ва [-гарна] Аллоҳ таоло ҳаргиз ба бандагони [худ] ситамгор нест
[Ин яҳудиён ҳамон] Касоне ҳастанд, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло бо мо аҳду паймон бастааст, ки ба ҳеҷ паёмбаре имон наёварем, то [фиристодае ҳамроҳи худ] бароямон қурбоние биёварад, ки оташ [-и аз соиқа бархоста] онро [ба нишонаи пазириш] бисӯзонад". [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ҳатман, пеш аз ман паёмбароне буданд, ки далоили ошкорро ҳамроҳи он чи гуфтед, бароятон оварданд. Агар рост мегӯед, пас, чаро ононро куштед"?
Пас, агар [яҳудиён ва кофирон] такзибат карданд, [ғамгин мабош ва бидон] паёмбароне, ки пеш аз ту буданд ва муъҷизоту навиштаҳо ва китобҳои равшангар оварда буданд, [низ] такзиб шуданд
Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст ва яқинан рӯзи қиёмат подошҳоятонро ба тамомӣ хоҳед гирифт; пас, ҳар киро аз оташ дур доранд ва дар биҳишт дароваранд, ҳатман, растагор шудааст; ва зиндагии дунё чизе ҷуз мояи фиреб нест
[Эй муъминон] Бе тардид шумо дар [мавриди базли] амволу ҷонҳоятон озмоиш мешавед ва [ҳамчунин] аз касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоби [осмонӣ] дода шудааст [яҳудиён ва масеҳиён] ва [низ] аз касоне, ки ширк варзиданд, суханони озордиҳандаи бисёре хоҳед шунид; ва [аммо] агар сабр кунед ва тақво пеша созед, [шоистатар аст; зеро] ин [истодагӣ] баёнгари азми устувор [-и шумо] дар корҳост
Ва [эй паёмбар, ёд кун] ҳангоме ки Аллоҳ таоло аз касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онон дода шуда буд, паймон гирифт, ки: "Ҳатман, [омӯзаҳои ҳидоятбахши] онро барои мардум баён намоед ва [он чиро, ки нубуввати Муҳаммад хабар медиҳад] китмонаш накунед"; ва [-ле] он [аҳд]-ро пушти сари хеш андохтанд [бад-он таваҷҷуҳе накарданд] ва ба баҳои андаке [ҳамчун молу мақом] фурӯхтанд. Чи бад аст, он чи мехаранд!
Касоне, ки аз аъмоли [зишти] худ хушнуд мегарданд ва дӯст доранд дар муқобили кор [-и нек] -е, ки анҷом надодаанд, мавриди ситоиш қарор гиранд, гумон мабар, ки аз азоб [-и илоҳӣ] барканоранд; [балки] барои онон азоби дардноке [дар пеш] аст
Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе тавоност
Ба ростӣ, дар офариниши осмонҳо ва замин ва омадушуди шабу рӯз нишонаҳо [и ошкор]-е барои хирадмандон аст
[Ҳамон] Касоне, ки Аллоҳро [дар ҳамаи аҳвол] истода ва нишаста ва бар паҳлу орамида, ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳо ва замин меандешанд [ва мегӯянд]: "Парвардигоро, инҳоро беҳуда наофаридаӣ; муназзаҳӣ Ту. Пас, моро аз азоби оташ [-и дузах] нигаҳ дор
Парвардигоро, касеро, ки Ту ба оташ [-и дузах] дароварӣ, яқинан, хору расвояш кардаӣ ва ситамгорон [ҳеҷ] ёваре надоранд
Парвардигоро, мо шунидем, даъватгаре ба имон фаро мехонад, ки: "Ба Парвардигори худ имон оваред". Пас, мо имон овардем. Парвардигоро, пас, гуноҳонамонро бибахш ва бадиҳоямонро бипӯшон ва моро дар зумраи некон бимирон
Парвардигоро, он чиро, ки ба василаи фиристодагонат ба мо ваъда додаӣ, ба мо ато кун ва дар рӯзи қиёмат расвоямон магардон. Бе тардид, Ту хилофи ваъда намекунӣ"
Пас, Парвардигорашон дуои ононро иҷобат кард [ва фармуд]: "Ман [подоши] амали ҳеҷ соҳибамале аз шуморо – аз мард ё зан – ки ҳамнавъи якдигаред, табоҳ намекунам; пас, касоне, ки [аз ватани худ] ҳиҷрат кардаанд ва [ё] аз хонаҳои худ ронда шудаанд ва дар роҳи ман озор дидаанд ва ҷангидаанд ва кушта шудаанд, ҳатман, бадиҳояшонро аз онон мезудоям ва [ба унвони] подоше аз ҷониби Аллоҳ таоло эшонро дар боғҳое дармеоварам, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорист ва Аллоҳ таоло аст, ки подоши наку назди Ӯст
[Эй паёмбар] Рафтуомади кофирон [барои тиҷорат] дар шаҳрҳо [ва молу мақоми онон] туро нафиребад
[Ин] Баҳрамандии ночизест; сипас ҷойгоҳашон дузах аст ва чи бад ҷойгоҳе аст!
Аммо касоне, ки тақвои Парвардигорашонро намудаанд, [дар биҳишт] боғҳое доранд, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорист [ва] ҷовидона дар он мемонанд. [Ин] Пазироӣ аз ҷониби Аллоҳ таоло [муҳайё шуда] аст ва он чи назди Аллоҳ таоло аст, барои накукорон беҳтар аст
Ва касоне аз аҳли китоб ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва он чи бар шумо нозил шуда ва он чи бар худашон нозил шудааст, имон доранд; дар баробари Аллоҳ таоло фурӯтан ҳастанд ва оёти Аллоҳро ба баҳои ночизе намефурушанд. Инонанд, ки подошашон назди Парвардигорашон [маҳфуз] аст. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст
Эй касоне, ки имон овардаед, [бар таколифи динӣ ва ранҷҳои дунявӣ] шикебоӣ варзед ва [дар баробари душманон] пойдор бошед ва парҳезгорӣ пеша кунед; бошад, ки растагор шавед