ترجمة سورة التحريم

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة التحريم باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.         Эй Паёмбар, чаро ба худ чизеро, ки Аллоҳ бар ту ҳалол кардааст, ба хотири хушнуд сохтани занонат бар худ ҳаром мекунӣ? Ва Аллоҳ барои ту омӯрзанда ва меҳрубон аст!
2.         Аллоҳ барои шумо эй мӯъминон кушодани (шикастан) савгандҳоятонро муқаррар доштааст; ва он ба даҳ мискин таъом додан ё пӯшондани онҳо ё як ғулом озод кардан аст, пас касе чизе наёфт, лозим аст бар вай се рӯз рӯза дорад. Аллоҳ ёвар ва нусратдиҳандаи шумост, Ӯст доно ба он чи ки салоҳ ва наҷоти шумо дар он аст ва дар афъол ва суханони хеш ҳаким аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\481
3.         Ва он гоҳ ки Паёмбар бо яке аз занони худ (Ҳафса разияллоҳу анҳо) сирре дар миён ниҳод, чун он зан он сир бо дигаре (Оиша разияллоҳу анҳо) боз гуфт, Аллоҳ Паёмбарро аз фош кардани он сир огоҳ сохт ва ӯ баъзе аз он сирро бар он зан (Ҳафса) ошкор кард ва рӯи лутфу меҳрубонӣ аз баъзеи дигараш худдорӣ кард. Чун ӯро аз он хабар дод, (Ҳафса) гуфт: «чӣ касе туро аз ин хабар огоҳ кардааст?» Гуфт: Он Аллоҳи донои огоҳ ба ман хабар додааст, ки бар Вай чизе пинҳон намемонад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\872
4.         Агар шумо ду зан (Ҳафса ва Оиша) ба даргоҳи Аллоҳ тавба кунед, беҳтар аст, ҳамоно каме каҷ шуд дили шумо аз роҳи ҳақ. Ва агар бар зидди ӯ ҳамдаст шавед, пас бидонед, ки Аллоҳ сарвар ва мададгори ӯст ва низ Ҷабраил ва мӯъминони шоиста ва фариштагон баъд аз ин нусрати Аллоҳ ва Ҷабраил ва мӯъминони шоиста пуштибони он хоҳанд буд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\165
5.         Шояд агар шуморо эй занон талоқ диҳад, Парвардигораш ба ҷойи шумо заноне беҳтар аз шумо барояш бидиҳад. Заноне мусалмон, мӯъмин, фармонбардор, тавбакунанда, ахли ибодату рӯзагир, хоҳ шавҳар карда, хоҳ бокира.
6. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, худ ва хонаводаи худро бо анҷом додани амрҳои Аллоҳ ва манъкардаҳош аз оташе, ки ҳезуми он мардум ва сангҳо ҳастанд, нигаҳ доред. Фариштагоне дуруштгуфтору сахтгир бар он оташ муваккаланд. Ҳар чӣ Аллоҳ бигӯяд, нофармонӣ намекунанд ва ҳамон мекунанд, ки ба он амр шудаанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 2 491
7. Барои касоне, ки маъбуди барҳақро инкор менамоянд, ҳангоми партофтанашон ба дӯзах гуфта мешавад: Эй кофирон, имрӯз узр пеш маёред. Фақат барои коре, ки дар дунё кардаед, ҷазо дода мешавед.
8. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, ба даргоҳи Аллоҳ тавба кунед, тавбае аз рӯи ихлос, ки баъд аз он гуноҳе набошад. Бошад, ки Парвардигоратон гуноҳонатонро маҳв кунад ва шуморо ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар зери қасрҳои он дарёҳо ҷорист. Дар он рӯз Аллоҳ Паёмбар ва касонеро, ки бо ҳамроҳии ӯ имон овардаанд, хору зор накунад ва нурашон пешопеш аз самти росташон дар ҳаракат бошад. Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, нури моро барои мо ба камол расон, то аз сироти қиёмат гузарем ва ба ҷаннат муваффақ шавем ва моро биёмӯрз, ки ҳароина, ту бар ҳар коре тавоно ҳастӣ!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\496
9. Эй Паёмбар, бар кофирону мунофиқон бо ҳуҷҷат ва бурҳон ва барпо доштани ҳудуд ва шаъоири дин ҷиҳод кун ва бар онҳо сахт бигир. Ҷойгоҳашон дар охират ҷаҳаннам аст ва бад саранҷомест дӯзах!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\170
10.    Аллоҳ барои кофирон дар омезиш ва муошироти онҳо бо мусалмонон ҳеҷ фоидае надорад мисоли зани Нӯҳу зани Лутро меоварад, ки ҳар ду ҳамсари Нуҳ ва ҳамсари Лут алайҳимассалом дар никоҳи ду тан аз бандагони солеҳи Мо буданд ва ба он
ду хиёнат карданд, чунки он ду зан кофир буданд. Пас он ду паёмбар натавонистанд аз занони худ дафъи азоб кунанд ва барои он ду зан гуфта шуд: «Бо ҳамроҳи дигарон ба оташ дароед!»(1)
____________________
1. Дар ин оят далел аст бар ин ки ҳамнишин будан бо паёмбарон ва аҳли солеҳон чизеро фоида намедиҳад, агар бадкору беимон бошад.
11.    Ва Аллоҳ барои касоне, ки имон овардаанд ва танҳо Ӯро ибодат кардаанд ва ба шариъати Ӯ амал кардаанд, ки омезишу муомилот ва муошироти онҳо бо кофирон ҳеҷ зарарашон намеорад ва аз ин сабаб зани Фиръавнро, ки мӯъминазан буд, дар дасти ашаддитарини кофирон ҳаёт ба сар мебурд мисол меорад, он гоҳ ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман дар биҳишт назди худ хонае бино кун ва маро аз Фиръавн ва амалаш наҷот деҳ, маро аз мардуми ситамкор бираҳон!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\499
12.    Ва низ мисоли дигареро барои мӯъминон меорад, ки Марям духтари Имронро, ки шармгоҳи хешро аз зино нигаҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар он дамидем. (Яъне, ба Ҷабраил фармон додем, то дар кисаи куртаи вай бидамад, пас он дам ба раҳми вай расид, ба Исо алайҳиссалом бордор шуд) Ва ӯ (Марям) калимоти Парвардигори худ ва китобҳояшро тасдиқ кард ва ба шариъате, ки бар бандагонаш муқаррар карда буд, ба он амал намуд. Ва ӯ (Марям) аз фармонбардорон буд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\173
Icon