ﯰ
ترجمة معاني سورة الملك
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
Пурбаракату бузургвор аст касе, ки фармонравоии ҷаҳони ҳастӣ ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност
[Ҳамон] Касе, ки маргу зиндагиро офарид, то шуморо биозмояд, ки кадом яке аз шумо накукортар аст; ва Ӯ пирӯзманду бахшанда аст
Он ки ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид. Дар офариниш [-и Аллоҳ таоло] ҳеҷ беназмӣ ва халале намебинӣ. Бори дигар нигоҳ кун; оё нуқсе мебинӣ?
Бори дигар [ба олами ҳастӣ] нигоҳ кун; [нуқсе нахоҳӣ дид ва] чашми ту, дар ҳоле ки хаста ва нотавон аст ба сӯйи ту бозмегардад
Ба ростӣ, Мо осмони дунёро бо чароғҳо оростем ва онҳоро барои рондани шаётин қарор додем ва барои онон азоби [оташи] сӯзон омода сохтем
Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шуданд, азоби ҷаҳаннам аст; ва чӣ бад ҷойгоҳе аст!
Ҳангоме ки дар он андохта шаванд, аз он наърае [ваҳшатнок] мешунаванд, дар ҳоле ки он меҷӯшад
Аз шиддати хашм наздик аст [ҷаҳаннам] пора-пора шавад. Ҳар гоҳ ки гурӯҳе дар он андохта мешаванд, нигаҳбононаш аз онон мепурсанд: «Оё бимдиҳандае ба суроғатон наомад?»
Мегӯянд: «Бале; бимдиҳанда ба сӯи мо омад, он гоҳ мо ӯро такзиб кардем ва гуфтем; «Ҳаргиз Аллоҳ таоло чизе нозил накардааст. Шумо ҷуз дар гумроҳии бузург нестед»
Ва [боз] мегӯянд: «Агар мо мешунидем ё тааққул мекардем, дар [зумраи] дузахиён набудем»
Пас, онҳо ба гуноҳи худ эътироф мекунанд. Пас, дурӣ [аз раҳмати Аллоҳ таоло] баҳраи дузахиён бод!
Бе гумон, касоне, ки дар ниҳон аз Парвардигорашон метарсанд, онон омурзишу подоши бузурге доранд
[Хоҳ] Гуфтори худро пинҳон доред ё онро ошкор созед, [ба ҳар ҳол] Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст
Оё касе, ки [ҳамаи мавҷудотро] офаридааст, [ҳоли бандагонро] намедонад? Дар ҳоле ки Ӯ борикбин ва огоҳ аст
Ӯ касе аст, ки заминро барои шумо ром гардонид, пас, дар гӯша ва канори он роҳ биравед ва аз рӯзии Ӯ бихӯред; ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст
Оё худро аз [азоби] касе, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки [фармон диҳад] замин шуморо фуру барад ва ногаҳон ба ларзиш дарояд?
Ё худро аз касе, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки тӯфони сахте бар шумо фиристад? Пас, ба зудӣ хоҳед донист, ки ҳушдори Ман чи гуна аст!
Ҳамоно касоне, ки пеш аз онон буданд, [низ даъвати паёмбаронро] такзиб карданд; пас, [бингар, ки] уқубати Ман чи гуна буд!
Оё ба парандагоне, ки бар фарози сарашон аст, нигоҳ накарданд, ки гоҳе болҳои худро мегушоянд ва гоҳе фуру мебанданд? Ҷуз [Аллоҳи] Раҳмон [касе] онҳоро [бар фарози осмон] нигоҳ намедорад; бе гумон, Ӯ ба ҳар чиз биност
Оё он касе, ки лашкари шумост, метавонад шуморо дар баробари Аллоҳ таоло ёрӣ диҳад? Кофирон ҷуз дар фиреб [ва ғурурашон] нестанд
Ё он касе, ки шуморо рӯзӣ медиҳад, агар рӯзиашро боздорад, [чи касе метавонад ниёзи шуморо таъмин кунад?]. Вале онҳо дар саркашӣ ва фирор аз ҳақиқат лаҷоҷат меварзанд
Оё касе, ки ба рӯ афтода [ва нагунсор] ҳаракат мекунад, ба ҳидоят наздиктар аст, ё он ки росту устувор бар роҳи рост гом бармедорад?
Бигӯ: «Ӯ касе аст, ки шуморо офарид ва бароятон гӯшу чашмон ва дил қарор дод; [аммо шумо] андаке сипосгузорӣ мекунед»
Бигӯ: «Ӯ касест шуморо дар замин пароканд ва ба сӯйи Ӯ ҳашр мешавед»
Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда [-и қиёмат] чи замоне аст?»
Бигӯ: «Илм [-и қиёмат] танҳо назди Аллоҳ таоло аст ва ман фақат бимдиҳандаи ошкорам»
Пас, чун он [ваъда ва азоби илоҳӣ]-ро аз наздик бубинанд, чеҳраи касоне, ки кофир шудаанд, сиёҳу андӯҳгин мегардад ва [ба онон] гуфта мешавад: «Ин ҳамон чизе аст, ки дархост мекардед»
[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳ таоло маро ва касонеро, ки бо ман ҳастанд, нобуд кунад, ё бар мо раҳмат оварад, пас, кист, ки кофиронро аз азоби дарднок паноҳ диҳад?»
Бигӯ: «Ӯ [Аллоҳи] Раҳмон аст? ба Ӯ имон овардаем ва бар Ӯ таваккал кардаем, пас, [эй кофирон] ба зудӣ хоҳед донист, ки чи касе дар гумроҳии ошкор аст»
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар оби [ошомидании] шумо [дар замин] фуру равад, чи касе метавонад барои шумо оби равону гуворо] биёварад?»