[Эй паёмбар, асҳобат] аз ту дар бораи шароб ва қимор мепурсанд, бигӯ: "Дар он ду гуноҳи бузург ва [низ] судҳое барои мардум вуҷуд дорад, вале гуноҳи он ду аз судашон [бештар ва] бузургтар аст"; ва аз ту мепурсанд, чӣ чизе инфоқ кунанд, бигӯ: "Он чӣ афзун ояд [аз ниёзмандии худ]. Аллоҳ таоло оётро инчунин барои шумо равшан месозад; бошад, ки бияндешед"
الترجمة الطاجيكية - عارفي
219. Эй Паёмбар, туро мусалмонон аз шароб ва хариду фурӯши он ва аз ҳар чизе ки хӯрданӣ ё нӯшокии масткунанда аст ва ақлро мепӯшонад ва аз ҳукми қимор мепурсанд. Бигӯ: Дар онҳо зарар ва фасоди бисёрест; (дар дин, дунё, ақл ва молҳо) ва дар он фоидаҳоест барои мардум, аз ҷиҳати касб кардани молҳо ва ғайраҳо.
Ва гуноҳашон аз нафъашон бештар аст, зеро аз зикри Аллоҳ ва намоз боз медорад ва душманию бадбиниро байни мардум воқеъ мекунад ва молро нобуд месозад. Ва аз ту мепурсанд: чӣ қадар нафақа кунанд? Бигӯ: Он чи ки аз ҳоҷати зарурӣ зиёд аст. Аллоҳ оёт ва шариъати худро инчунин барои шумо равшан баён мекунад, бошад, ки дар кори дунё ва охират бияндешед.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/98

الترجمة الطاجيكية
۞يَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡخَمۡرِ وَٱلۡمَيۡسِرِۖ قُلۡ فِيهِمَآ إِثۡمٞ كَبِيرٞ وَمَنَٰفِعُ لِلنَّاسِ وَإِثۡمُهُمَآ أَكۡبَرُ مِن نَّفۡعِهِمَاۗ وَيَسۡـَٔلُونَكَ مَاذَا يُنفِقُونَۖ قُلِ ٱلۡعَفۡوَۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّكُمۡ تَتَفَكَّرُونَ
Туро аз шаробу қимор мепурсанд. Бигӯ: «Дар он ду гуноҳе бузург ва нафъҳоест барои мардум. Ва гуноҳашон аз нафъашон бештар аст». Ва аз ту мепурсанд: «Чӣ чиз нафақа кунанд? Бигӯ: «Он чӣ афзун ояд». Худо оётро инчунин барои шумо баён мекунад, бошад, ки дар кори дунё ва охират бияндешед.
Tajik - Tajik translation