Дар бораи дунё ва охират [бияндешед]; ва [эй паёмбар] аз ту дар мавриди [чигунагии сарпарастиашон бар] ятимон мепурсанд; бигӯ: "Ислоҳи [кору парҳез аз даромехтан дар амволи] онон беҳтар аст; ва агар бо [ҷамъ кардани амволи онон бо дороии худ дар нафақаҳои зиндагӣ ва маскан бо] онон ҳамзистӣ кунед, [эроде дар ин кор нест; зеро] онҳо бародарони [динии] шумо ҳастанд". Ва Аллоҳ таоло табаҳкорро аз дурусткор бозмешиносад; ва агар Аллоҳ таоло мехост, [дар мавриди ятимон сахтгирӣ мекард ва] шуморо ба заҳмат меандохт. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
220. Туро, эй Паёмбар, аз ятимон мепурсанд: чи гуна ҳамзистӣ кунанд бо онҳо дар зиндагиашон? Бигӯ: Ба салоҳ овардани кори онҳо беҳтар аст. Ва агар бо онҳо ҳамзистӣ дар хӯрданиҳо ва муомилаҳо мекунед, пас онҳо бародарони шумоанд. Аллоҳ фасодкорро аз ислоҳгар бозмешиносад ва агар хоҳад бар шумо сахт мегирад, ки Аллоҳ азизу ҳаким аст!
الترجمة الطاجيكية
فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۗ وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡيَتَٰمَىٰۖ قُلۡ إِصۡلَاحٞ لَّهُمۡ خَيۡرٞۖ وَإِن تُخَالِطُوهُمۡ فَإِخۡوَٰنُكُمۡۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ ٱلۡمُفۡسِدَ مِنَ ٱلۡمُصۡلِحِۚ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَأَعۡنَتَكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ
Туро аз ятимон мепурсанд. Бигӯ: «Ислоҳи ҳолашон беҳтар аст». Ва агар бо онҳо омезиш мекунед, чун бародарони шумо бошанд. Худованд табаҳкорро аз некӯкор бозмешиносад ва агар хоҳад бар шумо сахт мегирад, ки пирӯзманд ва ҳаким аст!
Tajik - Tajik translation