Занони шумо [дар ҳукми] киштзоре барои шумо ҳастанд, пас, ҳар гуна ки мехоҳед ба киштзори худ дароед ва [тӯшае ҳамчун фарзанди солеҳ] барои худ пеш бифиристед ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Ӯро мулоқот хоҳед кард ва [эй паёмбар, дар бораи неъматҳои илоҳӣ] ба муъминон башорат бидеҳ
الترجمة الطاجيكية - عارفي
223. Занонатон киштзори шумо ҳастанд, пас ҳар тавре ки дӯст доред, бо занонатон алоқа кунед, (аммо алоқа дар ҷое, ки Аллоҳ ҳалол фармудааст, яъне ҷое, ки фарзанд ба дунё меояд.) Ва бо ба ҷо овардани корҳои хуб ба Аллоҳ наздикӣ ҷӯед.(1) Ва дар ҳамаи ҳолат аз Аллоҳ битарсед. Ва бидонед, ки ҳатман шумо Ӯ таъолоро хоҳед дид. Ва мӯъминонро мужда деҳ аз чизҳое, ки онҳоро дар охират хурсанд мекунанд.
____________________
1. Аз ҷумлаи ин корҳо ин аст, ки мард бо занаш барои наздикӣ ба Аллоҳ ва
бисёр кардани насл ва ба вуҷуд омадани фарзандони солеҳ, ки мояи хайр ва баракати ҷомеъа аст, алоқа кунад. Тафсири Саъдӣ 1 \100.
____________________
1. Аз ҷумлаи ин корҳо ин аст, ки мард бо занаш барои наздикӣ ба Аллоҳ ва
бисёр кардани насл ва ба вуҷуд омадани фарзандони солеҳ, ки мояи хайр ва баракати ҷомеъа аст, алоқа кунад. Тафсири Саъдӣ 1 \100.
الترجمة الطاجيكية
نِسَآؤُكُمۡ حَرۡثٞ لَّكُمۡ فَأۡتُواْ حَرۡثَكُمۡ أَنَّىٰ شِئۡتُمۡۖ وَقَدِّمُواْ لِأَنفُسِكُمۡۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّكُم مُّلَٰقُوهُۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Занатон киштзори шумо ҳастанд. Ҳар ҷо, ки хоҳед, ба киштзори худ дароед. Ва барои хеш аз пеш чизе фиристед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки ба назди Ӯ хоҳед рафт. Ва мӯъминонро хушхабар деҳ!
Tajik - Tajik translation