Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳои покизае, ки ба даст овардаед ва аз он чи аз замин барои шумо баровардаем, инфоқ кунед; ва ба суроғ [-и моли] нопок наравед, ки аз он инфоқ намоед; дар ҳоле ки худатон ҳозир ба пазируфтанаш нестед, магар бо чашмпӯшӣ [ва бемайлӣ] нисбат ба он; [пас, чӣ гуна чизеро, ки барои худ намеписандед, барои Аллоҳ таоло раво медоред]? Ва бидонед, ки Аллоҳ таоло бениёзу сутуда аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
267. Эй касоне, ки имон ба Ман овардед ва пайрави расулони Ман ҳастед! Аз покизаҳои он чи шумо ба даст овардаед аз он чи Мо аз замин бароятон рӯёндем, нафақа кунед ва қасд макунед, ки сифати пасти онро, ба камбағалон бидиҳед ва ҳол он ки агар ин гуна чиз (нафақа) ба шумо дода шавад, худатон гирандаи он нестед, магар он ки аз бадии он чашм бипӯшед. Пас чӣ гуна розӣ мешавед барои Аллоҳ онро, ки худ намеписандед? Ва бидонед, ки Аллоҳ аз садақаҳои шумо бениёз ва дар ҳама ҳол сазовори ситоиш аст.
الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَنفِقُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا كَسَبۡتُمۡ وَمِمَّآ أَخۡرَجۡنَا لَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِۖ وَلَا تَيَمَّمُواْ ٱلۡخَبِيثَ مِنۡهُ تُنفِقُونَ وَلَسۡتُم بِـَٔاخِذِيهِ إِلَّآ أَن تُغۡمِضُواْ فِيهِۚ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ حَمِيدٌ
Эй касоне, ки имон овардаед, аз дастовардҳои некӯи хеш ва аз он чӣ бароятон аз замин рӯёнидем, харҷ кунед, на аз чизҳои нопоку бад, ки худ онҳоро ҷуз аз рӯи чашмпӯшӣ намеситонед. Ва бидонед, ки Худо бениёз ва сазовори ситоиш аст.
Tajik - Tajik translation