Ва касонеро, ки нифоқ варзиданд [низ] маълум дорад, ки [чун] ба эшон гуфта шуд: "Биёед, дар роҳи Аллоҳ таоло биҷангед ё [аз хонавода ва қабилаатон] дифоъ кунед". Гуфтанд: "Агар медонистем, ҷанге рӯй хоҳад дод, ҳатман, аз шумо пайравӣ мекардем". Онон дар он ҳангом ба куфр наздиктар буданд то имон; ба забони хеш чизе мегӯянд, ки дар дилҳояшон нест ва Аллоҳ таоло ба он чи [дар дил] пинҳон мекунанд, огоҳтар аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
167. Ва ононро, ки низ нифоқ варзиданд ва он чи дар дил доштанд, Аллоҳ онро маълум намуд.
Чун мӯъминон ба онон гуфтанд: «Биёед, дар роҳи Аллоҳ ҷанг кунед ё дифоъ кунед». Мегуфтанд: «Агар медонистем ҷанг карданро ҳамоно пайравӣ мекардем шуморо». Онон (мунофиқон) дар он рӯз ба куфр наздиктаранд, на ба имон.
Ба забон чизҳоеро мегӯянд, ки ба дил эътиқод надоранд ва Аллоҳ ба он чӣ дар дил пинҳон медоранд, огоҳтар аст! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 7/378

الترجمة الطاجيكية
وَلِيَعۡلَمَ ٱلَّذِينَ نَافَقُواْۚ وَقِيلَ لَهُمۡ تَعَالَوۡاْ قَٰتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ أَوِ ٱدۡفَعُواْۖ قَالُواْ لَوۡ نَعۡلَمُ قِتَالٗا لَّٱتَّبَعۡنَٰكُمۡۗ هُمۡ لِلۡكُفۡرِ يَوۡمَئِذٍ أَقۡرَبُ مِنۡهُمۡ لِلۡإِيمَٰنِۚ يَقُولُونَ بِأَفۡوَٰهِهِم مَّا لَيۡسَ فِي قُلُوبِهِمۡۚ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا يَكۡتُمُونَ
Ва оконро низ, ки нифоқ варзиданд маълум дорад. Ба онҳо гуфта мешуд: «Биёед, дар роҳи Худо ҷанг кунед ё ба дифоъ пардозед». Мегуфтанд: «Агар яқин доштем, ки ҷанге дармегирад, бо шумо меомадем». Онон ба куфр наздиктаранд, то ба имон. Ба забои чизҳое мегӯянд, ки ба дил эътиқод надоранд ва Худо ба он чӣ дар дил пинҳон медоранд, огоҳтар аст!
Tajik - Tajik translation