Ба зудӣ касонеро ки ба ноҳақ дар замин [бартариҷӯӣ ва] такаббур мекунанд, аз [фаҳми] оёти хеш бозхоҳам дошт, [чунон ки] агар ҳар нишонае [аз қудратам]-ро бингаранд, ба он имон наоваранд ва агар роҳи ҳақро бубинанд, онро дар пеш нагиранд ва агар роҳи гумроҳиро бубинанд онро баргузинанд. Ин [муҷозот] барои он аст, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд ва аз онҳо ғофил буданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
146. Он касонеро, ки ноҳақ дар рӯи замин саркашӣ мекунанд, ба зудӣ аз фаҳми оёти хеш ва далелҳое, ки бар бузургии Ман ва шариъат ва аҳкоми Ман далолат мекунанд, дилҳояшонро боздорам, чунон ки ҳар оятеро, ки бубинанд, (ки ибодат ба ҷуз Аллоҳ ба касе сазовор нест), ба сабаби кибрашон имон наёваранд ва агар тариқи ҳидоят бубинанд, аз он нараванд ва агар роҳи гумроҳӣ бубинанд, аз он бираванд ва онро барои худ дин гиранд. Зеро инҳо оётро дурӯғ бароварданд ва аз он ғафлат варзиданд ва тафаккур дар оёти Аллоҳ намекунанд ва ибрат намегиранд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/115
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/115
الترجمة الطاجيكية
سَأَصۡرِفُ عَنۡ ءَايَٰتِيَ ٱلَّذِينَ يَتَكَبَّرُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَإِن يَرَوۡاْ كُلَّ ءَايَةٖ لَّا يُؤۡمِنُواْ بِهَا وَإِن يَرَوۡاْ سَبِيلَ ٱلرُّشۡدِ لَا يَتَّخِذُوهُ سَبِيلٗا وَإِن يَرَوۡاْ سَبِيلَ ٱلۡغَيِّ يَتَّخِذُوهُ سَبِيلٗاۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَكَانُواْ عَنۡهَا غَٰفِلِينَ
Он касонеро, ки ба ноҳақ дар замин саркашӣ мекунанд, ба зудӣ аз оёти хеш рӯйгардон созам, чунон ки ҳар оятеро, ки бубинанд, имон наёваранд ва агар тариқи ҳидоят бубинанд, ба он нараванд ва агар тариқи гумроҳӣ бубинанд, бо он бираванд. Зеро онҳо оётро дурӯғ бароварданд ва аз он ғафлат карданд.
Tajik - Tajik translation