Ва пас аз онон ҷонишинон [-и ношоиста]-е омаданд, ки китоб [Таврот]-ро ба ирс бурданд. Онон [сарвату] колои ин [дунёи] пастро мегиранд, [ки суханони Аллоҳ таолоро таҳрифу ба ноҳақ ҳукм кунанд] ва мегӯянд: «Бахшида хоҳем шуд». Ва агар коло [-и дигар]-е ҳаммонанди он барояшон биояд, онро [низ] мегиранд. Оё дар китоб [-и осмонӣ] аз онон паймон гирифта нашудааст, ки дар бораи Аллоҳ таоло ҷуз [сухани] ҳақ нагӯянд? [Пас, нофармонияшон аз рӯйи нодонӣ нест, зеро борҳо Тавротро хондаанд] Ва ончиро, ки дар он аст, омӯхтаанд ва сарои охират барои касоне, ки парво кунанд, беҳтар аст. Оё намеандешед?
الترجمة الطاجيكية - عارفي
169. Баъд аз инҳо гурӯҳе бадкор ба ҷояшон нишастанд ва вориси он китоби Таврот шуданд, ки ба матоъи дунявӣ дил бастанд байни ҳалолу ҳаром фарқе намегузоштанд ва онро мегирифтанд ва иқрор мекарданд, ки ин кор гуноҳ аст ва мегуфтанд, ки ба зудӣ омӯрзида мешавем.
Ва агар монанди он боз ҳам матоъе биёбанд, баргиранд. Оё аз онон дар китоб паймон гирифта нашуда буд, ки дар бораи Аллоҳ ҷуз ба ростӣ сухан нагӯянд, ҳол он ки он чӣ дар он китоб омада буд, хонда буданд? Сарои охират барои касоне, ки мепарҳезанд, беҳтар аст. Оё андеша намекунед?
Ва агар монанди он боз ҳам матоъе биёбанд, баргиранд. Оё аз онон дар китоб паймон гирифта нашуда буд, ки дар бораи Аллоҳ ҷуз ба ростӣ сухан нагӯянд, ҳол он ки он чӣ дар он китоб омада буд, хонда буданд? Сарои охират барои касоне, ки мепарҳезанд, беҳтар аст. Оё андеша намекунед?
الترجمة الطاجيكية
فَخَلَفَ مِنۢ بَعۡدِهِمۡ خَلۡفٞ وَرِثُواْ ٱلۡكِتَٰبَ يَأۡخُذُونَ عَرَضَ هَٰذَا ٱلۡأَدۡنَىٰ وَيَقُولُونَ سَيُغۡفَرُ لَنَا وَإِن يَأۡتِهِمۡ عَرَضٞ مِّثۡلُهُۥ يَأۡخُذُوهُۚ أَلَمۡ يُؤۡخَذۡ عَلَيۡهِم مِّيثَٰقُ ٱلۡكِتَٰبِ أَن لَّا يَقُولُواْ عَلَى ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡحَقَّ وَدَرَسُواْ مَا فِيهِۗ وَٱلدَّارُ ٱلۡأٓخِرَةُ خَيۡرٞ لِّلَّذِينَ يَتَّقُونَۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
Баъд аз инҳо гурӯҳе ба ҷояшон нишастанд ва вориси он китоб шуданд, ки ба матоъи дунявӣ дил бастанд ва гуфтанд, ки ба зудӣ омурзида мешавем. Ва агар монанди он боз ҳам матоъо биёбанд, баргиранд. Оё аз онҳо паймон нагирифтаанд, ки дар бораи Худо ҷуз ба ростӣ сухан нагӯянд, ҳол он ки он чӣ дар-он китоб омада буд, хонда буданд? Сарое охират барои касоне, ки мепарҳезанд, беҳтар аст. Оё ақл намекунед?
Tajik - Tajik translation