Ва бар сари ҳар роҳе нанишинед, ки [бо зӯргирӣ ва дуздӣ мардумро] битарсонед ва ҳаркиро имон дорад, аз роҳи Аллоҳ таоло боздоред ва роҳашро мунҳариф бихоҳед [ки ба ҳидоят даст наёбад]. Ва ба ёд оваред, ҳангомеро ки андак будед, сипас Аллоҳ таоло [теъдоди] шуморо фузунӣ бахшид ва бингаред, ки саранҷоми муфсидон [-и табаҳкор] чи гуна буд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
86. Ва бар сари роҳҳо манишинед, то касонеро, ки ба Аллоҳ имон овардаанд бо азобу шиканҷаҳо битарсонед ва аз роҳи Аллоҳ боздоред ва ба каҷравӣ водоред. Ва ёд оред он гоҳ, ки андак (камқувват) будед, Аллоҳ бар шумори шумо афзуд ва шумо дорои қувват ва азиз гаштед. Ва бингаред, ки оқибати фасодкорон чӣ гуна будааст!
الترجمة الطاجيكية
وَلَا تَقۡعُدُواْ بِكُلِّ صِرَٰطٖ تُوعِدُونَ وَتَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ مَنۡ ءَامَنَ بِهِۦ وَتَبۡغُونَهَا عِوَجٗاۚ وَٱذۡكُرُوٓاْ إِذۡ كُنتُمۡ قَلِيلٗا فَكَثَّرَكُمۡۖ وَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُفۡسِدِينَ
Ва бар сари роҳҳо манишинед, то мӯъминони ба Худоро битарсонед ва аз роҳи Худо боздоред ва ба каҷравӣ водоред. Ва ба ёд оред он гоҳ ки андак будед, Худо бар шумори шумо афзуд. Ва бингаред, ки оқибати фасодкорон чӣ гуна будааст!
Tajik - Tajik translation