ترجمة سورة الأعلى

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة الأعلى باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Номи Парвардигори бузурги худро ба покӣ ёд кун, чунон ки лоиқи бузургии Ӯст,
2.       он Зоте, ки офарид махлуқотро ва устувор дошт.
3.       Ва он Зоте, ки андоза муъайян кард. Сипас ҳама халқро ба он чӣ муносиб мешаванд, роҳ намуд.
4.       Ва он Зоте, ки чарогоҳҳоро рӯёнид,
5.       сипас хушку сиёҳ гардонид.
6.       Мо Қуръонро барои ту эй Расул хоҳем хонд ва ту дигар онро фаромӯш нахоҳӣ кард,
7.       ғайри он чи Аллоҳ бихоҳад, ҳамоно Ӯ ошкору пинҳонро медонад.
8.       Ва дар кори ту ва дар ҳамаи умури динӣ ва дунявие, ки ба ту рӯ менамояд, осонӣ падид меоварем.
9.       Эй Расул, агар ба қавмат панд доданат фоида кунад, панд деҳ. Худро азоб мадеҳ дар панд додани шахсе, ки саркашӣ мекунад.
10.   Ҳар касе, ки аз Аллоҳ метарсад, ба зудӣ панд хоҳад пазируфт.
11.   Ва бадбахттарин фард аз он панд дурӣ хоҳад гузид.
12.   Ҳамон кас, ки дар оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад.
13.   Онгоҳ дар он ҷо на бимирад, ки роҳат ёбад ва на зинда мешавад, ки фоида бинад.
14.   Ба дурустӣ, касе ки худро покиза дошт, наҷот ёфт.
15.   Ва растагор шуд, ҳар кӣ номи Парвардигори худро бар забон овард ва барои ризогии Ӯ намоз гузорид.
16.   Балки, шумо эй мардум, зиндагии ин ҷаҳонро аз неъматҳои охират афзал мешуморед?
17.   Ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст.
18.   Бегумон, ин суханҳо дар китобҳои пешина низ ҳаст,
19.   китобҳои Иброҳим ва Мӯсо алайҳимассалом!
Icon