Оё чунин нест, ки ҳар гоҳ онон паймоне [бо Аллоҳ таоло ва Расул] бастанд, гурӯҳе аз эшон онро дур афканданд [ва паймон шикастанд]?! Оре бештарашон имон намеоваранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
100. (Чи бадрафторӣ аст дар паймоншикании бани Исроил!) Ҳар бор ки бо Аллоҳ паймоне бастанд, гурӯҳе аз эшон паймоншиканӣ карданд. Пас ононро мебинӣ, ки имрӯз аҳд мебанданд ва фардо аҳд мешикананд, балки бештарашон (ба он чи ки Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст,) бовар намекунанд!
____________________
1. Яъне, имон ба паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Тафсири Табарӣ 2\400
____________________
1. Яъне, имон ба паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Тафсири Табарӣ 2\400
الترجمة الطاجيكية
أَوَكُلَّمَا عَٰهَدُواْ عَهۡدٗا نَّبَذَهُۥ فَرِيقٞ مِّنۡهُمۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
Оё ҳар бор, ки бо Худо паймоне бастанд, гурӯҳе аз эшон паймоншиканӣ карданд? Оре, бештарашон имон нахоҳанд овард!
Tajik - Tajik translation