Эй касоне, ки имон овардаед, [ҳангоме ки аз паёмбар барои дарки оёти Қуръон дархости муҳлат мекунед] нагӯед: "Роъино" [Зеро таъбири мазкур илова бар маънои аслӣ мафҳуми тавҳиномезе ҳамгуни "нодонӣ"-ро ба зеҳн мерасонад], балки бигӯед: "Унзурно" [каме ба мо фурсат бидеҳ] ва [он гоҳ ба оёти Қуръон] гӯш кунед ва [яқин бидонед, ки] кофирон [ва тамасхуркунандагони паёмбар] азоби дарднок [дар пеш] доранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
104. Эй касоне, ки имон овардаед, магуед ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-«роъино»(1), зеро яҳудиён ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам "роъино" мегуфтанд. Ва қасди онҳо дашном буд. Бигуед эй мӯъминон: ба ивази "Роъино", "Унзурно", яъне. "ба мо нигоҳ кун!".
Ва нек бишнавед, аз китоби Парвардигоратон, он чи ки тиловат карда мешавад. Ва инкоркунандагонро азоби дардовар аст.
____________________
1. Дар асл "Роъино" ба маънои "ту моро гӯш кун ва шафқат кун бар мо" ва ба маънои дигараш "соҳиби руъунат", яъне, аблаҳ аст. Ва мақсадашон дашном ва таҳқир буд. Тафсири Саъдӣ 1 \ 61

الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَقُولُواْ رَٰعِنَا وَقُولُواْ ٱنظُرۡنَا وَٱسۡمَعُواْۗ وَلِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٞ
Эй касоне, ки имон овардаед, магӯед «роъино», бигӯед «унзурно». Ва гӯш фаро доред, ки барои кофирон азобест дардовар!
Tajik - Tajik translation