[Эй паёмбар] Ба ростӣ, ки мо гардондани рӯятро ба [сӯйи] осмон [ки дар интизори ваҳйи илоҳӣ барои тағйири қибла ҳастӣ] мебинем. Акнун туро ба [сӯйи] қиблае бозмегардонем, ки ба он хушнуд мешавӣ, пас, рӯйи худро ба сӯйи Масҷид-ул-ҳаром кун ва [шумо низ, эй муъминон, барои адои намоз] ҳар ҷо будед, рӯйи худро ба сӯйи он бигардонед. Касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онҳо дода шуд, ба хубӣ медонанд, ки ин [тағйири қибла фармони] ҳақ аст [ва] аз ҷониби Парвардигорашон мебошад ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунанд, ғофил нест
الترجمة الطاجيكية - عارفي
144. Эй Паёмбар, Мо чашм дӯхтан ва нигоҳ кардани туро ба тамоми ҷиҳатҳои осмон мебинем, ки бо шавқ дар интизори он ҳастӣ, ки ваҳй нозил шавад. Пас албатта туро ба он қиблае мегардонем, ки ба вай хушнуд шавӣ. Пас рӯй ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, эй мусалмонон чун иродаи намоз кардед, рӯй ба он ҷониб кунед. Аҳли китоб медонанд, ки гардонидани қибла ба сӯи Каъба ҳақ аст ва дар китобашон собит аст. Ва Аллоҳ аз он чӣ мекунанд, бехабар нест!
الترجمة الطاجيكية
قَدۡ نَرَىٰ تَقَلُّبَ وَجۡهِكَ فِي ٱلسَّمَآءِۖ فَلَنُوَلِّيَنَّكَ قِبۡلَةٗ تَرۡضَىٰهَاۚ فَوَلِّ وَجۡهَكَ شَطۡرَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۚ وَحَيۡثُ مَا كُنتُمۡ فَوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ شَطۡرَهُۥۗ وَإِنَّ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ لَيَعۡلَمُونَ أَنَّهُ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّهِمۡۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا يَعۡمَلُونَ
Нигаристанатро ба атрофи осмон мебинем, Туро ба сӯи қиблае, ки меписандӣ, мегардонем. Пас рӯй ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, рӯй ба он ҷониб кунед. Аҳли китоб медонанд, ки ин дигаргунӣ ба ҳақ ва аз ҷониби Парвардигорашон будааст. Ва Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!
Tajik - Tajik translation