Ва аз ҳар ҷо, ки берун шудӣ, пас, [дар ҳангоми намоз] рӯйи худро ба сӯйи Масҷид-ул-ҳаром кун ва [шумо, эй муъминон] ҳар ҷо ки бошед, рӯйи худро ба сӯйи он [масҷид] кунед, то мардум алайҳи шумо ҳуҷҷате надошта бошанд [то бо истинод ба онҳо баҳонатарошӣ кунанд], магар касоне аз эшон, ки ситам карданд [ва ҳамвора душманатон хоҳанд буд]. Пас, аз онҳо натарсед ва аз ман битарсед [ин тағйири қибла барои он буд], ки неъматамро бар шумо тамом кунам [ва шуморо мутамоиз созам], бошад, ки ҳидоят шавед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
150. Ва аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, эй Паёмбар, рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, эй мусалмонон, шумо низ рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кунед, то ҳеҷ касро, ҷуз ситамкорон, бо шумо баҳсу муҷодалае набошад. Баъд аз рӯй оварданатон ба сӯи Масҷидулҳаром аҳли зулм ва саркашони онон ҳамеша бо шумо баҳсу муҷодала кунанд, аз онҳо натарсед, аз ман битарсед то неъмати хеш бар шумо комил кунам ва бошад, ки шумо ба сӯи ҳақ роҳ биёбед.
الترجمة الطاجيكية
وَمِنۡ حَيۡثُ خَرَجۡتَ فَوَلِّ وَجۡهَكَ شَطۡرَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۚ وَحَيۡثُ مَا كُنتُمۡ فَوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ شَطۡرَهُۥ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَيۡكُمۡ حُجَّةٌ إِلَّا ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡهُمۡ فَلَا تَخۡشَوۡهُمۡ وَٱخۡشَوۡنِي وَلِأُتِمَّ نِعۡمَتِي عَلَيۡكُمۡ وَلَعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ
Аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед рӯй ба он сӯй кунед то ҳеҷ касро, ҷуз ситамкорон, бо шумо баҳсу муҷодалае набошад. Аз онҳо натарсед, аз ман битарсед то неъмати хеш бар шумо комил кунам, бошад, ки ҳидоят шавед.
Tajik - Tajik translation