Ба ростӣ дар офариниши осмонҳо ва замину гузари шабу рӯз ва киштиҳое, ки барои баҳрабардории мардум дар дарё равонанд ва обе, ки Аллоҳ таоло аз осмон нозил намудааст, ки бо он заминро пас аз хушкӣ ва хазонаш зинда карда ва анвои ҷунбандагонро дар он пароканда аст ва [ҳамчунин] дар тағйири масири бодҳо ва абрҳое, ки дар миёни осмон ва замин ба хидмат [-и инсон] гумошта шудаанд, барои касоне, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
164. Ба дурустӣ, дар офариниши осмонҳо бинобар баландӣ ва васеъияш ва замин бинобар кӯҳу пастӣ ва дарёҳояш ва дар паи якдигар омадани шабу рӯз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва сабаби нафъи мардуманд
ва дар бороне, ки Аллоҳ аз осмон фурӯ мефиристад, то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он пароканда кунад ва дар гардонидани бодҳо ва абрҳои ромшуда, ки миёни замину осмонанд, дар ҳамаи инҳо барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост! Ва ба ин далелҳо мефаҳманд, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас сазовори ибодат нест.

الترجمة الطاجيكية
إِنَّ فِي خَلۡقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱخۡتِلَٰفِ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَٱلۡفُلۡكِ ٱلَّتِي تَجۡرِي فِي ٱلۡبَحۡرِ بِمَا يَنفَعُ ٱلنَّاسَ وَمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن مَّآءٖ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَا وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَآبَّةٖ وَتَصۡرِيفِ ٱلرِّيَٰحِ وَٱلسَّحَابِ ٱلۡمُسَخَّرِ بَيۡنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ
Дар офариниши осмонҳову замин ва дар омадушуди шабу рӯз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва сабаби нафъи мардуманд ва дар бороне, ки Худо аз осмон фурӯ мефиристад то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он пароканда кунад ва дар ҳаракати бодҳо ва абрҳои ромшуда миёни замину осмон, барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост!
Tajik - Tajik translation